Кормандони Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ фаъолияти яксолаи Рустами Эмомалӣ дар мансаби сардори ин хадамотро мусбат арзёбӣ мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки Рустами Эмомалии 27-сола, писари калонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як сол пеш, моҳи ноябри соли 2013 роҳбари Хадамоти гумрук таъин шуда буд.

Муовини аввали сардори Хадамоти гумрук Неъмат Раҳматов зимни нишасти хабарии имрӯза қайд кард, ки таҳти раҳбари Рустами Эмомалӣ хадамот дар соли 2014 ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Аз ҷумла ӯ таъкид дошт, ки соли гузашта Хадамот аз ҳисоби ҷамъоварии боҷҳои гумрукӣ ба буҷети давлатӣ беш аз 4,3 млрд. сомонӣ маблағ ворид намуд, ки аз нақшаи пешбинишуда қариб 204 млн. сомонӣ зиёдтар аст. «Ин ҳам сарфи назар аз на он қадр мусоид будани вазъи тиҷорату иқтисод дар минтақаву ҷаҳон дар соли гузашта бинобар сабаби мухолифат миёни Русия ва Украина», - иброз дошт Раҳматов.

Ба қавли ӯ, ҳаҷми маблағи ҷамъоваришудаи боҷҳои гумрукӣ дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои соли 2013 тақрибан ба миқдори 788 млн. сомонӣ афзудааст. «Соли 2014 аз ҷониби кормнадони хадамоти гумрук беш аз 5,3 ҳазор далелҳои риоя нашудани қонунгузории гумруки кишвар ошкор карда шуданд», - қайд кард вай.

Ӯ таъкид намуд, ки дар ин давра зиёда аз 113 кило маводи нашъаовар аз муомилот мусодира шудааст, ки 44 килои онро героин ташкил медиҳад. «Маблағи умумии ҷаримаҳо, борҳои мусодирашуда ва боҷҳои гумрукӣ аз ҳисоби ошкор ва пешгирии ҳолатҳои қонуншикании гумрукӣ 74 млн. сомониро ташкил дод», - гуфт муовини аввали сардори хадамот.

Ҳамчунин таъкид шуд, ки бо мақсади беҳбуди вазъи моддиву маишии ҳайати шахсӣ ояндаи наздик 54 нафар кормандони хадамот дар биноҳои баландошёнаи пойтахт бо манзилҳои зист таъмин карда мешаванд.

Дар идома Раҳматов зикр кард, ки соли 2014 бори нахуст дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар қабули кормандон ба Хадамоти гумрук тариқи озмун ба роҳ монда шуда, бо мақсади пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, давоми сол ҷойивазкунии кори 784 кормандони хадамот сурат гирифтааст.

Раҳматов ҳамчунин  дастовардҳои сершумори Хадамот дар самти ҳамкориҳои байнулмилалиро зикр карда, илова намуд, ки «ҳамаи ин ба фаъолияти мусбати раҳбарияти Хадамоти гумрук марбут аст».

Рустами Эмомалӣ 19 декабри соли 1987 ба дунё омада, Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси «Муносибатҳои иқтисодии байнулмилалӣ» хатм кардааст ва шунавандаи курсҳои Академияи дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Русия мебошад. Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ва ба ҳайси муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон фаъолият намудааст. Яке аз муасисон ва моликони дастаи футболи «Истиқлол», президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошад. Оиладор ва соҳиби ду фарзанд аст.