Ҳайати мушовара (коллегия) оид ба парвандаҳои ҷиноии суди вилояти Суғд сокини 45-солаи шаҳри Исфара Нозим Каримовро ба иттиҳоми қатли ҳамсараш ба 20 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Тавре як манбаъ дар суди вилоят хабар дод, маҳкумшуда рӯзи 15 марти соли 2017 дар ҳолати мастӣ аз машрубот ҳангоми муноқишаи оилавӣ бо ҳамсараш - Муҳайё Каримоваи 40-сола занро, ки модари ду фарзанди хурдсолаш аст, мавриди лату кӯби сахт қарор медиҳад.

Зимнан зикр гардид, ки дар натиҷаи лату кӯб зан ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.