Дар манзили қайд ҳузур надоштани муҳоҷир барои пеш аз муҳлат аз қайд баровардани ӯ далел шуда метавонад.

Раиси Кумитаи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, масоили иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динии Думаи давлатии Русия Сергей Гаврилов дар бораи таҳияи лоиҳаи қонуне хабар додааст, ки ба сабуксозии тартиби аз қайд хориҷ кардани муҷҳоҷирон равона мегардад, менависад нашрияи «Известия».

Қайд мешавад, ки айни замон барои аз қайд хориҷ кардани шаҳрванди хориҷӣ танҳо якчанд асосҳо вуҷуд доранд: бақайдгузории ин шахс дар суроғаи нав, хориҷ шудан аз Русия, эътирофи қалбакии қайд ё марг. Бо назардошти ин, ҳатто бо аз даст додани робита бо муҳоҷир, ҷониби қабулкунанда ӯро аз қайд бароварда наметавонад.

Акнун вакилон муқаррароти саҳеҳ таҳия мекунанд, ки мувофиқи он, далели ҳузур надоштани муҳоҷир ба қатъи қайди ӯ сабаб шуда метавонад. Барои ин ба русиягиҳо танҳо пешниҳоди аризаи дахлдор ба ВКД лозим аст.

Ба гуфтаи Гаврилов, шакли санад ва тартиби пешниҳоди он аз ҷониби худи вазорат муқаррар карда мешавад.

Дар назар аст, ки ҷорӣ кардани тартиботи нав ба пайгирии равуо (ҳаракат)-и муҳоҷирон дар кишвар имкон фароҳам меоварад.

Моҳи декабри соли 2017 бо пешниҳоди муовини палатаи поёнии парлумон Ирина Яровая ба қонун «Дар бораи қайди муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Русия» тағйирот ворид шуд. Дар як қатор тағйирот муқаррар шуд, ки бақайдгузории қалбакии шаҳрванди хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандӣ натанҳо дар манзилҳо, балки дар биноҳои ғайриистиқоматӣ ҳам ҷой дошта метавонад. Моҳи майи соли 2018 Думаи давлатӣ дар қироати якум ин лоиҳаи қонунро маъқул шуморид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.