Ба панҷиҳои хонавайрон кӣ манзил месозад?
 10.06.2009 10:17
 Муаллиф: Сайраҳмон Назриев, Қӯрғонтеппа - Хуросон- Панҷ- Қӯрғонтеппа
Оиди ҳодисаҳои Хуросон қариб расонае набуд, ки аз ҷои ҳодиса маводу хабаре дарҷ накарда бошад. Аммо аз деҳаи Тоҷиксой ба ғайр аз телевизиони Хатлон, дигар касе маводе пешкаши омма накард. Ин деҳа низ зарари ҷиддӣ дидаасту ба кӯмакҳои ҷиддӣ ниёз дорад. Ва барои ин ноҳияи Панҷ сари танҳо аз бартараф намудани оқибати табиӣ нахоҳад баромад.
Чунин ба назар мерасад, ки ба мушкилоти якгунаи Панҷу Хуросон бархӯрдҳои дугуна мекунанд.
Руҷӯъ аз Хуросон
Ҳукумат ба вазорату кумитаҳо, ташкилоту муасисаҳои вилоятӣ ва бонкҳою ширкатҳои алоҳида дастур дод, ки барои мардуми аз селбориш бехонашуда дар деҳаҳои навбунёди "Шоҳроҳ" ва "Офтобак"-и ноҳияи Хуросон манзили зист сохта диҳанд.
Ахиран мо шоҳиди ин манзара будем, ки "бинокорон"-и вазорату муассисаҳо бо як суръати баланд ба кори худ машғул буданд, чун мӯҳлаташон ҳам андак аст: бояд то 6-уми ноябр - Рӯзи таҷлил аз 15-солагии қабули Конститутсия мардуми осебдидаи деҳаҳои 18-ум Партсъезд ва қисман шаҳраки Уялӣ вориди манозили нави худ шаванд.
Ростӣ, мушоҳидаи корҳои сохтмонӣ ва мизони тақсими кӯмакҳои башардӯстона дар ноҳияи Хуросон моро хушҳол намуд. Хурсанд аз он будем, ки чи аз вилояти Сугду чи ташкилотҳои дигари ҷумҳуриявию вилоятӣ бо як ҳамрайъиву талошҳои дастаҷамъӣ машғули корҳои сохтмонӣ буданд. Яке мегуфт, ки имрӯз бомпӯшии хонаҳоро оғоз мекунему дигаре мегуфт, ки хишти хонаи дуюмро мечинем. Муовини раиси вилояти Суғд, ки ҳайати суғдиҳоро роҳбарӣ мекард, арз намуд, ки аз 12 хонае, ки сохтмонашро аҳли вилояти Суғд Шакарбек Самадов бар ӯҳда гирифтааст, то ҷашни Ваҳдати Миллӣ кӯшиш мекунем, 7-8 хонаашро ба оилаҳои осебдида супорем. Ҳамин тавр, намояндагони Бонки Миллӣ, «Тоҷиксодиротбонк», Ширкати Холдингии «Исмоили Сомонӣ», ноҳияҳои Шаҳритӯсу Восеъ, ширкати давлатии «Суғурта», «Қӯрғонтеппагаз» ва дигар ташкилоту муассисаҳо заҳмат мекашиданд, ки дар ин бора поёнтар хоҳем гуфт.
Аммо айни баръакси ҳамин манзара дар ҳамин вилояти Хатлон, дар ҷанубтар, дар мавзеъҳои аз назар дур, на дар шоҳроҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа, ки ба чашми мақомот мехӯрад, дида мешавад. Мардуми як деҳаи ноҳияи Панҷ, ки дар 200-километрии ҷануби Душанбе воқеъ аст, низ дар пайи селбориш, мисли ҳамтақдирони хуросониашон, чанде пеш бехона монданд. Аммо бархӯрди мақомот ба мушкили панҷиҳо на ба мисли Хуросон будааст.
Дар роҳи Панҷ
Дар роҳ ба сӯйи ноҳияи Панҷ, ки хабари сел заданашро дарёфта будем, вобастаи таассурот аз деҳаи "Офтобак"-и Хуросон будам. Дар воқеъ, чунин ранг гирифтани кор дар ноҳияи Хуросон касро наметавонист хушҳол насозад. Ва мо умед доштем, ки дар ноҳияи Панҷ низ чунин манзараро хоҳем дид. Вале аз сӯҳбат бо сардори ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Хатлон Абдусаттор Хушвахтов, ки гуфт ба зарардидагони ноҳияи Панҷ низ кӯмакҳо расида истодаанд, як навъ оҳанги ноустуворӣ дар лаҳнаш эҳсос мешуд.
Пай бурдем, ки вазъият дигар аст.
Аз ин хотир тасмим гирифта шуд, ки ҳарчанд аллакай нисфи рӯз асту то ноҳияи Панҷ аз шаҳраки Уялӣ даҳҳо километр роҳ аст, меравем ба маҳали офат. Ростӣ, ҳангоме ба деҳаи зери сел мондаи «Тоҷиксой»-и ноҳияи Панҷ расидем, табъамон хира гашт. Агар дар ноҳияи Хуросон роҳбарони тамоми ташкилоту идораҳо, намояндагони ташкилотҳои байналмилалию ғайридавлатӣ ҳузур доштанд, дар ин ҷо ба ғайр аз мардуми зарардида, ки зери хаймаҳои Ҳилоли Аҳмар ба сар мебурданд, дигар нафари масъулеро дарнаёфтем. Мошини моро дида раиси маҳаллаи хаймаҳо акаи Абдуҷалил, ки ҳамроҳи ҳамдеҳагонаш болои кати хаспӯш нишаста буд, ба пешвозамон баромад. Баъди салому алайк худро раиси маҳалла ва ҳамзамон намояндаи Ҳилоли Аҳмар муаррифӣ намуд. Маҳаллаи Хаймаҳо болои баландие, ки поёнаш деҳаи зери лойқа монда буд, ҷойгир буд. Ҳангоми расидани мо ба маҳалла шамоли пурчангу хок мевазид. Дар даромадгоҳи маҳалла хаймаи ёрии таъҷилӣ қарор гирифта буд. Назди хаймаҳо мардум нишаста аз ину он сӯҳбат мекарданду интизори тақдири ояндаашон буданд. Мардум моро дида аввалан гумон карданд, ки ягон ташкилоти кӯмакрасон бошем, вале роҳбалади мо акаи Тошмат инро пай бурда дар холл ба онҳо фаҳмонд, ки мо рӯзноманигорем. Баъди ин каме ором шудаю ба арзи дил кардан оғоз намуданд. Аслан мардуми ин деҳа бо чорводорию ғаллакорӣ ва кишти пахта рӯзи худро мегузаронанд.
Таърихчаи ҳодиса
Абдуҷалил Аминов рӯзи ҳодисаро ба мо чунин нақл кард:
- Тақрибан соатҳои 16-и рӯзи 14 май борон сар кард ва дидам, ки селоб кам-кам ба ҳавлӣ ҷорӣ шуда истодааст. Дарҳол модарамро, ки бемор асту роҳ рафтан наметавонад, ба мошин бор карда тарафи баландӣ ҳаракат кардам. Зану кӯдаконам пои пиёда ба адир баромаданд. Худам бо мошин бо байни деҳа ҳаракат карда мардумро дод задам, ки наҷот ёбед, сел омад. Мардум танҳо кӯдаконашонро бардошта, ба ду тараф ба адир баромаданд. Баландии лойқа наздики ду метр буду бараш бошад, аз 60-70м зиёдтар. Вақте модарамро болои баландӣ бурда мондаю баргаштам, аллакай деҳа зери лойқа монда буд. Деҳа аз ин офат бе талафоти ҷонӣ халос нашуд. Селобу лойқа кӯдаки чорсола Эмомрасул Арабовро ба коми худ кашид. Агар Тошмат Мавлонов ва домодаш намешуд, хоҳару додари ин кӯдаки марҳум низ зери лойқа мерафтанд. Ман ҳамчун раиси маҳалла пеши ин ду нафар сари таъзим фуруд меорам. Онҳо дар ҳақиқат қаҳрамонӣ нишон доданд. Ҳангоме кӯдакони худро тарафи баландӣ равона мекунанд, овозе бар гӯшашон канда-канда мерасад, ки кӯдаке фарёд мезанад. То самти овозро муайян мекунанд, ки алакай то синаашон зери обу лойқа мемонанд. Аммо ҳарду даст ба даст намуда ба хонае, ки овози кӯдак аст, медароянд. Духтарчаи синфи панҷум додаракашро аз гаҳвора гирифта, бо як дасташ кӯдакро, бо дасти дигараш сутуни айвонро часпидасту дод мезанад, ки наҷот диҳед, Эмомрасулро об бурд, гуфта гиря дорад. Духтаракро бо додаракаш гирифта, вале Эмомрасулро пайдо карда наметавонанд ва мебинанд, ки худашон низ зери лойқа мемонанду ин ду кӯдаки дигар низ ҳалок мешаванд. Бо чӣ илоҷе ҳамроҳи кӯдакон аз даруни лойқа мебароянд. Ҳангоми сар задании ҳодиса модари кӯдакон дар чобуқи пахта будаю падарашон дар навбати пода. Аз ин хотир, кӯдакон тарсида, худро гум кардаанд. Локин Тошмат ҳамроҳи домодаш ҷони худро дар хатар гузошта, кӯдаконро наҷот доданд. Ба ғайр аз ин, Тошмат мӯйсафедеро, ки то гардан зери об мондаю аллакай шах шуда буд, наҷот дод. Кӯдакро танҳо рӯзи дигар аз зери лойқа аз ҳавлии ҳамсоя, ки симхор кашида буду хасу хошок маҳкам шуда буд, ёфтем. Ҳамонам як дасти кӯдак каме намоён буду халос, ин ҳодисаро акаи Абдуҷалил нақл мекарду гиря гулӯгираш мекард.
Тошмат ро ба роҳ аз маҳаллаи хаймаҳо то деҳа бароямон ҳодисаи наҷоти кӯдаконро нақл кард. Аввал овозе ба гӯшам расид, касе имдод металабад. Ҳамроҳи домодам зада даромадем, аллакай писарбачаи ҳамсояамон Эмомрасулро селоб бурда буд. Эмомрасулро мо ҳамсояҳо Орёно гуфта шӯхӣ мекардем. Зеро ҳангоме таваллуд шуда буд, ки телевизорҳо ҳар дақиқа бонки «Ориёнбонк»-ро реклама мекарданд.
Ҳамагӣ 15-20 дақиқа борид, агар як ё ду соат меборид, аз деҳа ному нишоне намемонд. Ҳама 55 хонае, ки дар деҳа мебошад, зери лойқа мемонд. Роҳбарияти ноҳия бо роҳбарии Раис Мирзодавлат Сабуров дарҳол расида омаданд ва мардумро дар ҷойҳои бехавф ҷо ба ҷо намуданд. Техника ташкил карданд, то пеши обро кофта маҷрояшро кушояд, ки ба деҳа наравад. Субҳ бо супориши раиси ноҳия нону дигар хӯрока барои мардум оварда тақсим карданд. Ман кӯдакон ва оилаамро баъди ду рӯзи ҳодиса пайдо кардам, мегӯяд Абдуҷалил.
Баъдан намояндагони Ҳилоли Аҳмар барои 20 оила хайма оварданд, ки ба 5 оилаи дигар хайма нарасид ва онҳо имрӯзҳо дар хонаҳои хешонашон зиндагӣ доранд. Бояд бигӯям, ки дар натиҷаи ин офати табиӣ 25 хонаи деҳа пурра валангор шуд. Дар ҳар як хона ду то чор оила зиндагӣ мекард. Имрӯз танҳо дар ҳамин маҳаллаи Хаймаҳо 139 нафар зиндагӣ дорад. Мушкили асосии мо айни замон нарасидани доруворӣ мебошад. Байни бошандагони хаймаҳо бемориҳои шикамдард, фишори хун ва ғайраҳо хело зиёд шуданд. Вале духтурон имкони таъмини дорувориро надоранд. Масалан, чанд рӯз қабл писари калониам бемор шуду ӯро ба беморхонаи ноҳия бурдам. Духтур доруворӣ тавсия кард. Ростӣ, имкони харидории дорувориро надорем, зеро ҳама дороиамон зери лойқа мондааст. Хайрият, дӯстам, ки дорухона дошт, аз он қарз гирифтам, то писарамро табобат бикунам. Дирӯз зане фишораш баланд шуду ӯро низ ба беморхона бурданд. Имруз оварданд.
Сокини маҳалаи Хаймаҳо Гулчеҳра Арабова зимни сӯҳбат бо мо чунин гуфт, ҳаво гарм аст ва хаймаҳо рӯзона гарманду шабона хунук, болои ин шамол зиёд аст, ки хаймаҳо бозӣ мекунанд. Аз оби нӯшокӣ кӯдакон шикамдард мешаванд. Ҳангоме деҳаро сел зад, ман ба меҳмонӣ рафта будам, вақте акаи Абдуҷалил фарёд кардааст, кӯдакҳо баромадаанд. Дар ҳамин хайма 10 нафар зиндагӣ мекунем, ки бисёр танг аст. Тасаввур кунед, ду оила дар як хайма мардҳо дар берун хоб мераванду мо занон ва кӯдакон дар хайма. Дирӯз борон борид, қисмамон ба хаймаи ҳамсоя рафтем. Камбуди асосии мо хона аст, ки мо имкони сохтумони онро дигар бо қувваи худ надорем. Ҳоло замин надоданд, фақат ваъда карданд, ки 0,10 га замин медиҳанд, вале мо ду оилаем ва дар манзили пештараамон 0,20 га замин доштем. ҳоло барои кӯмаки масолеҳи сохтумонӣ ягон ваъдае аз тарафи масъулин нашудааст.
Абдуҷалил низ ин гуфтаҳои апаи Гулчеҳраро тасдиқ карда иброз намуд, ки айни замон дар масъалаи кӯмаки масолеҳи сохтмонӣ роҳбарият чизе ваъда накардааст.
Майна Ғуломова, ки пештар аз расидани мо аз беморхонаи марказӣ ба хаймаи худ расида омаданд, зимни сӯҳбат гуфт, ки фишори хунаш баланд шудаю ӯро ба беморхонаи марказӣ бурданд. Духтур ба ӯ фармудааст, ки табобат кунад ва рӯйхати доруворӣ додааст. Ба гуфти домоди холаи Майна, 150 сомонӣ аз шиносаш қарз кардаю барои хушдоманаш доруворӣ харидааст. Ва минбаъд чунин имконро надорад. Холаи Майна ба сӯҳбат ҳамроҳ шуда илова мекунад, ки мо писар надорему пиру кампир ба умеди ҳамин домодамонем. Имрӯз мо фақат нафақа мегирем, вале 60 сомонӣ нафақаи мо чӣ мешавад. Барои як маротиба духтур рафтан намешавад.
Занҳои дигар шикоят карданд, ки ин ҷо каждуму дигар ҳашаротхои хазанда зиёданд, ки барои кӯдакон ва худи мо хатарнок аст. Шабона бо тарсу ҳарос хоб мекунем, ки кӯдаконро нагазад, мегӯянд занҳо.
Раиси ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Панҷ Маҳмадрасул Ёрматов зимни сӯҳбат бо мо қайд кард, ки бар асари боришоти 14 майи соли равон 389 хоҷагӣ зарар дидаанд ва аз 25 хочагӣ пурра зарар диданд. Яъне ин 25 хона тамоми дороии худро аз даст додаанд. Дар ноҳия бо роҳбарии раиси ноҳия ситод таъсис ёфт. Осебдидагон бо хӯрока таъмин ҳастанд ва Ҳилоли Аҳмар хайма ҷудо кард. Баъди 10 июн заминҳояшон ҷудо шудааст, хаймаҳояшонро ба сари заминҳояшон бурда зиндагиашонро давом медиҳанд, илова намуд раиси ҷамоат.
Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия ҳамаи дорухонаҳои ноҳияро рӯйхат карда роҳбарони онҳоро хабардор намуданд, ки рӯйхати доруворие, ки ба сокинони зарардида аз тарафи духтурон дода мешавад ройгон бидиҳанд ва маблағҳояшро ситод пардохт мекардааст. Аслан худи ҷамоат маблағ надорад, ки дар ин самт ба ин оилаҳо кӯмак расонад. Дар масъалаи кӯмаки масолеҳи сохтумонӣ бошад, айни замон ягон хел супориш ё хабарнома нагирифтем. Агар аз ҳукумати ҷумҳурӣ ё дигар ташкилотҳои мададрасон масолеҳи сохтумонӣ фиристода шавад, мо ҳатман ба мардум мерасонем, то сари вақт сохтумони манзилҳояшонро ба анҷом расонанд.
Бозгашт ба "Хуросони обод"
Чуноне хонандаи гиромӣ дар боло ваъда кардем, дар ду деҳаи навбунёди ноҳияи Хуросон корҳои сохтумонӣ бо суръати баланд идома доранд. Масъулин ният доранд, зарардиагони офати табиӣ то саршавии тирамоҳ ба манзилҳои доимии нав гузаранд.
Ноҳияи Шаҳритӯс, ки ҳамеша яке аз фаъолтарин ноҳияҳост, дар корҳои сохтумонӣ дар деҳаи навбунёди Шоҳроҳ низ фаъол аст. Ба гуфти муовини раиси ноҳия Раҳимқул Очилдиев, ноҳия тасмим гирифтааст, барои зарардидагони ноҳияи Хуросон ду хона бисозад. Имрӯз корҳои сохтумони анқариб 70 дар сад ба анҷом расидааст. Ва ният дорем, дар наздиктарин рӯзҳо онро ба анҷом расонида бо таҷҳизоти рӯзгораш ба оилаҳои муаяйншуда супорем.
Муовини раиси ноҳияи Восеъ Нурулло Мирзоев аз якбора болоравии нархи масолеҳи сохтумонию қувваи корӣ шикоят кард. Ӯ мегӯяд, агар нархҳо танзим нашаванд, соҳибкорон ҳарчӣ аз даҳонашон ояд, гуфтан мегиранд. Тайи ду рӯзи охир нархи сементу хишт хело боло рафтааст. Ҳамчунин як мошин шағал ё санг то 400 сомонӣ расидааст. Он сметаи хароҷотие, ки мо пешбинӣ карда будем, имрӯз бо дарназардошти нархҳо рост намеояд.
Ҳомидҷон Ибронов, раиси ширкати давлатии «Суғурта»-и вилояти Хатлон гуфт, ки идораи онҳо тасмим гирифтааст, се хона барои зарардидагон бисозад. Айни замон дар ду хона хишт чида шудаю дар хонаи сеюмаш оғоз ёфтааст. Мо се бригадаи сохтумончиёнро кироя кардем, то сари вақт ва бо сифат хонаҳоро сохта ба истифода бидиҳем. Ман аз соҳибкорон хоҳиш дорам, ки нархи масолеҳи сохтумониро воқеӣ намоянд. Зеро он ташкилотҳое, ки ин ҷо ба сохтани манзилҳо машғуланд, барои кори савоб мекунанд. Агар хуб мешуд, соҳибкорон низ бо нигоҳ доштани нарх ба ин савоб ҳамроҳ мешуданд.
Муовини раиси вилояти Суғд Шакарбек Самадов, ки гурӯҳи сохтумончиёни вилоятро роҳбарӣ мекунад, зимни сӯҳбат иброз намуд,ки вилояти Суғд тасмим гирифтааст, 12 хона барои Хуросониёни зарардида бисозад. Мо кӯшиш дорем аз 12 хона 8-тоашро то ҷашни Ваҳдати Миллӣ ба ниёзмандон бисупорем. Мо пеш ба Хуросон омадан ҳис намудем, ки ҳангоми оғози корҳои сохтумонӣ мушкилии устоҳо ва болоравии нархи масолеҳи сохтумонӣ шуданаш аз эҳтимол дур нест. Аз ин хотир, 50 нафар сохтумончиёнро бо худ аз Суғд овардем. Ҳамзамон мо яке аз аввалинҳо шуда расида омадем ва дарҳол бо оилаҳое, ки хишти хом мерезанд, шартнома бастему ба онҳо 1000 сомонӣ пешпардохт намудем. Нархи хишт мувофиқи шартномаи имзошуда 40 дирам пешбинӣ шуд. Айни замон бошад, нархи хишт то 70 дирам расидааст. Мо бошем, бо ҳамон 40 дирамӣ хиштро харида истодаем. Ростӣ, як ҳолате, ки дигарон нархи хишти моро 45 дирам кардаю онро бурданӣ буданд, вале мо тавонистем онро пешгирӣ намоем. Ва дигар масолеҳи сохтумониамонро барвақт захира кардем. Хулоса, то мӯҳлати ба ӯҳда гирифта мо тамоми корҳои сохтумониро ба анҷом хоҳем расонид, мегӯяд муовини раиси Суғд.
Ба ғайри оне, ки 132 хонаи истиқоматӣ сохта мешавад, ба 312 оилаҳое, ки қисман зарар диданду манзилҳояшон дар мавзеъҳои хавфнок қарор доранд, 6 тонна семент, 6 метри куб тахта, 100 адад шифер ва мошин барои кашондани сангу шағал ҷудо карда мешавад. Ва мувофиқи нақша ба гуфти сардори ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Хатлон Абдусатор Хушвахтов то моҳи ноябр бояд пурра ҳамаи зарардидагон ба манзилҳои нави худ гузаранд.
Ин беҳтарин кӯмак барои оилаҳои зарардидаи ноҳияи Хуросон мебошад, ки ҷои дастгирист. Дар мавриди ноҳияи Панҷ бошад, сардори ситод қайд кард, ки мувофиқи супориши раиси вилоят, ноҳияи Панҷ бояд худаш ба зарардидагони деҳаи Тоҷиксой манзил бисозад. Аммо ба суоли он, ки оё ноҳияи Панҷ метавонад дар танҳоӣ бо буҷаи ночизаш 25 манзил бисозад, Абдусатор Хашвахтов гуфт, ки мувофиқи имкониятҳояш ва баъдар аз ҳисоби имкониятҳои вилоят низ кӯмак расонида мешавад. Ба онҳо низ масолеҳи сохтумонӣ ба ноҳияи Панҷ фиристода хоҳад шуд, илова намуд сардори ситод.
Ба ҷои Хулоса
Бошад, ки деҳаи Тоҷиксой ба гӯшаи фаромӯшӣ нараваду ба онҳо низ дар наздиктарин рӯзҳо кӯмакҳо расонида шавад. Аммо ба деҳаи Тоҷиксойи ноҳияи Панҷро то чӣ андоза кӯмаку дастгириҳо мерасанд, вақт нишон хоҳад дод. Ва мо аз ин ҷараён ба Шумо хонандаи азиз хабар хоҳем дод.
Шояд яке аз сабабҳои саривақт ҷудо нашудани кӯмакҳои сохтумонӣ ба ин деҳаи дурдаст аз назари васоити ахбориумум дур мондани он бошад. Оиди ҳодисаҳои Хуросон қариб расонае набуд, ки аз ҷои ҳодиса маводу хабаре дарҷ накарда бошад. Аммо аз деҳаи Тоҷиксой ба ғайр аз телевизиони Хатлон, дигар касе маводе пешкаши омма накард. Ин деҳа низ зарари ҷиддӣ дидаасту ба кӯмакҳои ҷиддӣ ниёз дорад. Ва барои ин ноҳияи Панҷ сари танҳо аз бартараф намудани оқибати табиӣ нахоҳад баромад.


 Система комментирования от
|