Саҳифаи асосӣ Русский | English | Тоҷикӣ Чун саҳифаи шурӯъ пазируфтан | Илова ба мунтахабот



Ном: Рамз:
Рамзро фаромӯш кардед? |
Ҷустуҷӯ:
Маҷмӯи хидматҳо Аксҳо Тамос Бойгонии мақолаҳо Робита бо мо
Ҳизбу ҳаракатҳо
Рақобат байни ҲНИТ ва ҲХДТ сахт мешавад

06.07.2009 09:26

Муаллиф: «Наҷот» №27 02.07.09. Саид БУРҲОН

Тавре аз сарчашмаҳои илмӣ бармеояд, яке аз талаботи асосии низоми сиёсии демократӣ ин интихоботи озоду шаффоф аст. Чун демократия, ки ба истилоҳ «ҳокимияти халқист», бояд дар саромади ҳокимияти сиёсӣ халқ қарор гирад, аммо мутаассифона бошад ё хушбахтона, мусаллам аст, ки кулли халқ ҳокимият ронда наметавонад. Бинобар ин, халқро зарур аст, то касе аз номи ӯ баромад кунад, чаҳорчӯби фаъолияти онро муайян намояд, аз ҳифозати ҳуқуқаш кор гирад, масоиле, ки мушкилоти мардумро зиёд мекунанд, ҳаллу фасл намояд

Ба ҷои сарсухан

                Тавре аз сарчашмаҳои илмӣ бармеояд, яке аз талаботи асосии низоми сиёсии демократӣ ин интихоботи озоду шаффоф аст. Чун демократия, ки ба истилоҳ «ҳокимияти халқист», бояд дар саромади ҳокимияти сиёсӣ халқ қарор гирад, аммо мутаассифона бошад ё хушбахтона, мусаллам аст, ки кулли халқ ҳокимият ронда наметавонад. Бинобар ин, халқро зарур аст, то касе аз номи ӯ баромад кунад, чаҳорчӯби фаъолияти онро муаиян намояд, аз ҳифозати ҳуқуқаш кор гирад, масоиле, ки мушкилоти мардумро зиёд мекунанд, ҳаллу фасл намояд ва ғайра. Ё ба ибораи дигар халқ тақдири хешро ба дасти вакилони боэътимоди худ ҳал кардан мехоҳанд ва бо ин умед назди қуттии "шаффоф" меояд...

                Пушида нест, ки дар ҳама гуна интихоботҳои парлумонй рақибони асосӣ ҳизбҳои сиёсианд. Ҳизбҳои сиёсие, ки идеологияи гуногунро ҷонибдоранд, сари қудрат омадану амалӣ кардани онро нуқтаи олии фаъолияти хеш меҳисобанд. Шумори чунин аҳзоби сиёсй кунун дар Тоҷикистон ба 8 адад мерасад, ки кӯҳансолтарини онҳо Ҳизби коммунистии Тоҷикистон мебошад. ҲКТ ҳизбе мебошад, ки зиёда аз 70 сол дар Тоҷикистон салтанат кард, вале баъди ба даст омадани истиклолият ва фурӯ пошидани Иттиҳоди Шӯравӣ ин ҳизб дар Тоҷикистон на танҳо ҳокимиятро аз даст дод, балки моликияти онро дигарон соқиб шуда, имиҷи сиёсиаш низ поин рафт. Идеологияе, ки ҳизб ба дунболи он буд, кунун фарсуда гардид ва алъон, ки демократияи ғарбӣ (гарчанде мутафаккирони Шарк, низ ақоиди зиёди деморатӣ баён кардаанд), ҳамаро мафтун сохтааст, тарафдорони ин низом режими тоталитариву идеологияи коммунистиро, ки замоне беҳтарин режим: беҳтарин ҳомии ҳуқуқи захматкаш ном бурда мешуд, диктотурае беш намедонанд. Аммо бо вуҷуди ин ҲКТ дар системаи сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон фаъолият намуда, бо рақибони сиёсии худ рақобат менамояд...

Аъзои ҲКТ нисбат ба интихобот бетафовутанд ё...?

                Аслан, ин муборизаи аҳзоби сиёсӣ аз омода кардани аъзо ва тарафдорони худ сарчашма мегирад. Дар робита ба ин масъала нисбат ба Ҳизби коммунистии Тоҷикистон баъзе соҳибназарон бар онанд, ки аксари тарафдорони Ҳизби коммунистиро насли калонсол ташкил медиҳад ва ин насл дар масъалаи дастгирӣ кардани ҳизб аллакай бетафовут шудааст. Ҳамзамон атеизме, ки онро ҲКИШ бо идеологияи коммунизм омехта карда, миёни ҷомеаи шӯравӣ густурда намуда буд, таъсири сиёсии ҲКТ -ро баъди фароҳам омадани баъзе имкониятҳои сиёсиву ақидавӣ дар Тоҷикистон, ки 98% - и ҷомеаи онро мусалмонон ташкил медиҳанд, коста гардонд. Ҷиҳати дигари масъала он аст, ки ин ҳизб дар даврони қавӣ буданаш доҳигариро ба вуҷуд овард, ки акнун манфиати ин равандро дигарон мебинанд. Гарчанде бо ба даст омадани истиқлолияти сиёсӣ режими сиёсии Тоҷикистон дигар шуд, доҳигариву омехтанамоии шохаҳои ҳокимият аз байн нарафтанд ва сиёсатмадорони режими ҷадид устокорона онро истифода карда истодаанд, ки алъон ии раванд ба Ҳизби коммунистӣ ё умуман ба ғайр аз ҲХДТ дигар ба ҳама аҳзоби сиёсии кишвар таъсири "мусбат" - и хешро расонида истодааст. Баъдан, аз як тараф ҲКТ яке аз аҳзобе ба шумор меравад, ки аз ҷиҳати молӣ хеле заиф аст ва қудрат ба тарғиби идеологияе, ки ҳизбро бояд миёни ҷомеа муаррифӣ намуда, имиҷи сиёсии онро баланд бардорад, надорад. Аз тарафи дигар боло гирифтани ғояҳои демократӣ дар ҷаҳон ба ташаккули идеологияи сиёсии ин ҳизб латма ворид карданд.

                Бо вуҷуди он, ки ҲКТ бисёр имконоти худро аз даст додааст, аммо он дар фаъолияти садсолааш ду ташаббуси бузург нишон дод: ки тибқи талаботи демократия бояд имиҷи сиёсии ин ҳизб боло мерафт. Он кӯшишҳо ҳам, албатта, маҳз барои машҳуршавй ва боло бурдани шӯҳрату имиҷи сиёсӣ буданд. Кадом кӯшишҳо? Садобаландкуниҳои сарвари ин ҳизб Шодй Шабдолов дар робита ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи буҷаи давлатӣ дар соли 2009" ва ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон". Гарчанде масъулини дигар аҳзоби сиёсӣ ҳам дар пешниҳоди дуввумӣ саҳм доранд, аммо ҲКТ тавонист дар ироа кардани ин пешниҳодот пешдастӣ кунад ва мавзӯоти дар боло овардашударо мавриди таваҷҷӯҳи бештари васоити ахбори умум қарор диҳад. Аммо чаро ин масъала ба баланд шудани имиҷи сиёсии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон мусоидат накард? Пеш аз оне, ки ба ин суол посух диҳем, гуфтан месазад, ки агар ин пешниҳодҳо дар Аврупо сурат мегирифтанд, яъне агар ин пешниҳодотро яке аз аҳзоби сиёсии аврупоӣ дар кишвараш мекард, имиҷи сиёсии он ҳизб боло мерафт, зеро демократияи кунунй, ки аз кишварҳои аврупоӣ сарчашма мегирад, дар он ҷо нисбат ба кишвари мо ташаккул ёфтааст ва оммаи он кишварҳо нисбат ба оммаи Тоҷикистон бештар аз сиёсат огаҳ асту ҳамзамон ба сиёсат таваҷҷӯҳ дорад. Хуллас, дар ҷавоби суоли боло гуфтан мумкин аст, ки дар Тоҷикистон дониш ва фарҳанги сиёсии мардум то он дараҷае ташаккул наёфтаанд, ки ин нозукиҳои сиёсатро дарк кунанд ва атрофи ҳизбе, ки ҳимоят аз манофеи халқ менамояд, муттаҳид шаванд.

Тоталитаризм оммаро аз сиёсат дур кард ё демократия?

                Бобати чунин бетафовутӣ ва ҷавобгӯ набудани дониши сиёсии эшон ба талаботи мавҷудаи низоми демократӣ ду ақидаи коршиносон мавҷуд аст:

                1.Таъсири режими сиёсии тоталитарӣ. Ҷонибдорони ин ақида бар онанд, ки хркимони ин режими сиёсии диктаторӣ ба сиёсат машғул шудани ҳар касро ҷоиз намедонистанд ва мекушиданд, ки омма ҳарчи камтар аз сиёсат огаҳ бошад. Ва асари ин идеология дар Тоҷикистон то ҳол боқист. Бинобар ин, омма нисбат ба сиёсат ва қарорҳои сиёсиию ҳуқуқӣ бетафовут аст.

                2. Риоя нагардидани талаботи демократия. Ин ҷониб меандешанд, ки ҷомеаи мо дарк кардааст, ки кӯшишҳои он дар роҳи таъмини демократия ва ҳуқуқҳои сиёсии хеш "ба гӯши кар азон гуфтан" - ро мемонад, бинобар ин бетафовутй ва хамӯширо нисбат ба сиёсат машғул шудан авло донистааст. Ё ба истилоҳи дигар беҷавоб мондани хоҳишу талаботи сиёсии халк, онҳоро аз ҳокимияти сиёсӣ дур кардаанд.

                Воқеан ҳам, омӯзиш нишон дод, ки ҳар ду омиле, ки онро сарчашмаи бетафовутии халқ нисбат ба сиёсат медонанд, мавҷуд аст, аммо омили аввалӣ бештар ба назар мерасад ва онро метавон омили аввалиндараҷа донист.

                Вақте ки низоми сиёсй тағйир ёфт ва низоми сиёсие ҳукмрон шуд, ки он ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандро боло аз дигар манфиатҳо медонад, бояд тафаккури сиёсии ҷомеа ҳам тағйиру ташаккул ёбад ва дар ин рох, бештар бояд аҳзоби сиёсиву дигар васоити иҷтимоикунонии шахсият фаъол бошанд. Аммо дар ин маврид Раҳматулло Валиев, ҷонишини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон мегӯяд: яке аз вазоифи асосии ҳизбҳои сиёсиро ин ташаккули тафаккури омма дарбар мегирад. Аммо дар ин зимн фаъолияти аҳзоби сиёсӣ хеле заиф мебошад. Чаро чунин аст? Зеро бояд ба ҳизбҳои сиёсӣ иҷозат дода шавад, ки тавассути ВАО - и давлатӣ баромад намоянд. Вале то ҳол чунин шароит барои ягон ҳизб ба вуҷуд наомадааст.

                - Дуюм, сухан дар бораи он меравад, ки, - мегӯяд ӯ, - чопи рӯзномаҳои моро иҷозат намедиҳанд. Кадом чопхонае, ки наравем, онҳо нашри ҳафтавори моро ба ӯҳда намегиранд. Яъне аз ин бармеояд, ки ҳукумат барои ташаккули тафаккури мардум монеа эҷод мекунад.

                Дар ҳоли дар амал татбиқ нагардидани афкори Р. Валиев ҲХДТ, ки аксари намояндагони палатаи поёнии парлумон намояндаҳои онанд, аз мақоми ҳокимии худ истифода мебарад ва дигар ҳизбҳои сиёсӣ наметавонанд фаъолияти хешро густурда намоянду сафи аъзоро биафзоячд. Ҳамин тариқ усули корбарие, ки Ҳизби коммучистӣ дар даврони мавҷудияти Иттиҳоди шуравй дошт, онро ба дигарон дод ва имрӯз бо он имконоти доштааш садди чиние пеши худ гузоштааст. Бинобар ин, боон имконоте, ки имрӯз ҲКТ дорад, дар интихоботи фавқуззикр тибқи нақшаи кумитаи марказиаш дастболо гардидани ҳизб хаёлу хобро мемонад.

ҲНИТ нисбат ба дигар аҳзоб имконияти бештар дорад, вале...

                Яке аз ҳизбҳои сиёсии дигар, ки дар шакли ҳаракати сиёсӣ 36 сол муқаддам арзи ҳастӣ намудааст, ин Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон мебошад. Аввалан, идеологияе, ки ҲНИТ ихтиёр намудааст - Ислом, як арзиши олии фарҳангии шахрвандони Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Яъне мардуми мо аксаран мусалмонанд, бинобар Ислом будани идеологияи ҲНИТ онро ҷонибдорӣ хоҳанд намуд ва инро мушоҳида кардан осон аст. Гузашта аз ин, дар давоми ду-се соли охир вақте дар Тоҷикистон аз тарафи роҳбари аввали давлат икдоме пеш гирифта мешуду мақомоти поёнии давлат бараъкси онро анҷом медоданд, имиҷи ин ҳизб ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ хеле баланд рафт. Агарчи ҳимоя шудани дини мубини Ислому ҳуқуқи мусалмон аз тарафи Сарвари давлат самимӣ буданд, вале манъ шудани занҳо аз масҷид, хориҷ кардани духтарони сатрпӯш аз муассисаҳои динӣ, сӯистифода аз қонуни танзими анъана ва расму оинҳо ва охирон ба тасвиб расидани Қонуни нави озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ ва таъийд гардидани онҳо аз тарафи Президент он ҳама талошҳоро ҳамчун фиреби назар ба шаҳрвандони кишвар нишон дод. Ба ибораи дигар метавон гуфт, ки шаҳрвандони огоҳ дарк карданд, ки талошҳои мақомоттанҳо барои маҳдуд кардани ҳуқуқи диндорон аст, на чизи дигар. Ба ақидаи баъзе коршиносон ин икдоми мақомот тавонист иддаи зиёде аз руҳониёну диндоронро дар атрофи ҲНИТ мутаҳҳид созад. Зеро ин қишри ҷомеа дигар дар симои ҲНИТ танҳо пуштибони ҳуқуқу озодиҳои худро медид.

                Дуввум, ҲНИТ, ки ҳаллу баррасии мушкилоти муҳоҷирини кории тоҷикро яке аз вазоифи худ дониста, ба ин масъала таваҷҷӯҳи бештаре зоҳир менамояд, ки ин ҳам метавонад дар боло бурдани имиҷи сиёсии ин ҳизб мусоидат кунад, вале...

                Ҳамзамон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон нисбат ба дигар ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон васоити зиёди таъсиррасонӣ ба оммаро дорад. Аммо коршиносон ҳадс мезананд, ки гарчанде ин ҳизб имконоти дар боло зикршударо дошта бошад ҳам, ба омма таьсири бештари сиёсӣ расонида наметавонад, зеро фазои демократии носолим ин имконияти онро маҳдуд месозад ва васоити иҷтимоикунонии ҲНИТ - ро ҳам лозим меояд, то ба ташаккули тафаккури фарҳангӣ - исломӣ бештар диққат дода, аз баъзе масоили сиёсие, ки ифшо ва баррасии онҳо ба зиммаи аҳзоби сиёсиянд, ҲНИТ дар баробари дигар аҳзоби сиёсии Тоҷикистон аз онҳо чашм пӯшад. Гарчанде чунин ақидаҳо мавҷуданд, бархеи дигари коршиносон фаъолияти фарҳангии ҲНИТ - ро низ нокофӣ медонанд. Ин ҷониб ба он назаранд, ки ҷомеаи мо ба таълимоти фарҳанги исломӣ ниёз дорад, аммо ин талаботи онҳоро ҲНИТ қонеъ гардонда наметавонад ва маҳз ҳамин сабаб мегардад, ки ҷомеа, хусусан ҷавононро дигар мубаллиғони сиёсӣ бо сӯистифода аз Ислом аз пайи худ мебаранд.

                Воқеан ҳам, имрӯз ҷомеаи мо ба дониши исломӣ ниёз дорад. Аммо ҲНИТ аз фаъолияти куниние, ки дар робита ба Ислом дорад, гумон мекунам, бештар аз он фаъолият карда наметавонад. Зеро ба Ислом тамғаи бадномӣ задани Ғарб ва болобардории демократияи ғарби ба фаъолияти фарҳангии ҲНИТ низ таъсир мерасонад. Ва гарчанде ағлаби ҷомеаи моро мусалмонон ташкил медиҳанд, аммо низоми идории давлати мо ғарбист ва бӯҳтонҳои бадхоҳони дини Ислом тавассутм ниходҳои гуногуни дунявию давлатӣ ба ҷомеа таъсир манфӣ хоҳад расонд. Икдоми парлумон дар иртибот ба фаъолиятҳои динӣ низ монеаи дигаре дар роҳи ташаккули идеологияи пешгирифтаи ҲНИТ буд. Гарчанде дар робита ба ин масъала ҲНИТ мубориза бурд, аммо ғолибият ба даст наовард ва тавре ки зимомдорони давр мехостанд, ҳамон тавр Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ" қабул гардид. Баъдан, боз ҳам ҳамон нокофӣ будани дониши сиёсии мо сабаби ҳуқуқпоймолшавии мо мегардад. Шояд саволе пайдо шавад, чаро боз сари масъалаи дониши сиёсӣ сухан рафт?

                Вакте ки дар Тоҷикистон даргириҳо оғоз ёфтанд, ҲНИТ ҷониби мухолифини ҳукумат (оппозитсия) - ро ташкил медод. Вале баъди 27 - уми июни соли 1997, ки имрӯз онро ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ ҷашн мегирем, қувваҳои исломию демократӣ бо ҳукумат сулҳ карданд. Аммо идеология нисбат ба ҲНИТ тавре ки пеш аз истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ буд, ҳамон тавр боқи монд. Яъне қувваҳои оппозитсионӣ, ки назар ба қувваҳои ҳукуматӣ имконияти камтари иттилоърасонӣ доштанду иттилоъ дар дохили кишвар яктарафа буд, доғи сиёҳи оппозитсия бештар гардид ва ин то ҳол дар аксари мафкураҳо ба тарзи пешина шакл дорад. Ба ҳамин минвол, кӯшишҳои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар робита ба баланд бардоштани имиҷи сиёсии худ самараи хубу қонеъкунанда нахоҳанд дод.

                Ахиран, ин ҳизб дар интихо бот иштирок хоҳад кард, зеро чунин менамояд, ки 45% - и электоратҳои Тоҷикистон ҷонибдору аъзои ҲНИТ мебошанд ва агар ба гуфти сиёсатшиносон интихобот воқеан демократӣ, шаффоф ва бидуни тақаллуб баргузор шавад, дар ин интихобот ин ҳизб ба ғайр аз намояндагони қаблиаш ҳадди аққал 3 вакили дигарро ба парлумон ворид хоҳад кард, ки имкон медиҳад, дар дохили парлумон як фраксияи ҳизбй ташкил шавад.

 

ҲДТ интихоботро "БОЙКОТ" эълон мекунад, агар...

                Ҳизби демократи Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиал - демократии Тоҷикистон дар масъалаи тарғиб ноқисиҳои зиёд доранду аз бисёр имконот маҳруманд. Аввалй баъди ба маҳкама кашидани сарвари он Маҳмадрӯзӣ Искандаров аз ташаккул бозистод, ҳатто дар дохили ҳизб низоъ сар зада, тавонист, ки ин ҳизбро ду пора кунад. Гарчанде ин амал сохта буд ё воқеан ҳам, нобаробарии манфиатҳои дохили-ҳизбӣ, ҳеҷ гоҳ онро фоидаи ҳизб гуфта наметавонем. Аммо бӯҳрони молие, ки бо ҷомеаи ҷаҳонӣ даст ба гиребон шуд, ҷиноҳи Маҳмадрӯзиевро бетафовут гузошта натавонист ва ҳизб тавонист, ки мавқеи худро бар зидди бӯҳрони молӣ нишон диҳад. Вале натиҷаи он барнома сарбаста боқӣ монд. Зеро қувваҳое дар кишвар вуҷуд доранд, ки мехоҳанд хдма мушкилотро бидуни мушорикати аҳзоби сиёсӣ ҳаллу фасл намоянд. ё умуман, садди роҳи машхуршавии аҳзоби сиёсӣ мегарданд.

                Масъулини ҷиноҳи фавқуззикр омодагии худро ба интихобот иброз медоранд ва умед ба тағйироту иловаҳое, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" пешниҳод шудаанд, бастаанд. Дар ҳоли ба инобат нагирифтани пешниҳоди аҳзоби сиёсии кишвар дар иртибот ба ворид кардани тағйироту иловаҳо ба қонуни интихоботии кишвар ҷиноҳи Маҳмадрӯзи Искандаров тасмим гирифтааст, ки интихоботро "бойкот" эълон намояд ва ба қавли онҳо, дар ин кор ҷиноҳро ҲСДТ ҳамроҳ хоҳад шуд. Агар воқеан ҳам, ҲСДТ бо ин ҷиноҳ пайвандад, ҲСДТ ва ҷиноҳи мазкурро метавон субъектҳои сиёсии ҳамсафар номид. Вале бо вуҷуди ин, ҷиноҳи Маҳмадрӯзӣ Искандаров ва ҲСДТ дар ин интихобот ҳам пирӯзӣ нахоҳанд ба даст овард, зеро онҳо дар миёни ҷомеа на он қадар шинохта шудаанд. Илова бар ин дар интихоботи президентии гузашта расман ҷиноҳи дигари Ҳизби демократии Тоҷикистон шинохта шуда буд. Дар ин интихобот ҳам шояд,..

                Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистонро низ ҳамин такдир насиб гаштааст. Наздик ба интихоботи президентии соли 2006 Мирҳусейн Назриев барои "расмишиносон" "ношинос" ва "ғайрирасмӣ" гашт. Илова бар ин М. Назриев, ки замоне дар матбуот ҷойгоҳи хосае дошт, онро аз даст дод. А. Гаффоровро бошад, нисбат ба М. Назриев камтар мешиносанд, ки ин аз заъфи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дарак медиҳад. Ҳамзамон ҲДТ, ҲСТ ва ҲСДТ бинобар номи ҳаммонанд доштанашон бояд нисбат " ба дигар ҳизбҳои сиёсӣ миёни ҷомеа фаъолияти бештаре дошта бошанд. Шояд ин дар назари аввал хандаовар бошад, ки ном ба фаъолияти ҳизб чӣ иртиботе дошта бошад? Чун номи ин ҳизбҳо, ки бо номи якдигар монанд асту фаъолияти кам доранд, ҷомеа онҳоро бо ҳам омехта менамояд. Масалан, пурсишҳо нишон доданд, баъзеҳо ҲСДТ, ҲДТ ва ҲХДТ - ро як ҳизб - ҳизби Президент медонанд. Ё ҲСТ ва ҲСДТ - ро як ҳизб медонад. Оё дар чунин ҳол, фаъолияти густурдаи аҳзоби сиёсӣ лозим нест магар? Ё дар ҳоли дуруст шинохта нашуданй аҳзоби сиёсӣ аз тарафи кулли электоратҳо метавон ба интихоботи озоду шаффоф умед баст? Албатта, не, баръакс, ин масъала барои ҳизбҳо мушкилзо аст.

ҲХДТ ҳизби ҳоким нест?

                Ҳизби пуриқтидортарин ҳам дар парлумон, ҳам дар ҷомеа ин Ҳизби халқии демокати аст. Бинобар ин ҳизби мазкурро ҳизби ҳоким ҳамном мебаранд. Масъулони худи ҳизб бошанд, аз ҳоким номидани ҳизбашон норозиянд ва иброз медоранд, ки ҳизбашон ҳизби ҳоким набуда, балки ҳизби аксарияти парламентӣ мебошад. Вале ҳизби ҳоким номидани ҲХДТ дар робита ба баъзе масъалаҳо дуруст аст. Тавре дар боло ишора кардем, муборизаи ибтидоии аҳзоби сиёсӣ аз тайёр кардани аъзо ва тарафдорон сарчашма мегирад. Дар ин масъала баъзе ходимони давлатӣ ё ҳокимияти иҷроия, ки худ аъзои ҲХДТ -анд, аз мақоми давлатии худ истифода бурда, шаҳрвандонро иҷборӣ шомили ҳизб мегардонанд. Дар чунин ҳол, аъзоеро аз ҲХДТ пайдо кардан мумкин аст, ки умуман, аз функсияи худ дар ҳизб ва функсияи ҳизб дар ҷомеа хабар надоранд, лекин аъзои ҳизб шудаанду аъзоҳаққӣ месупораид. Хангоми ҳамсӯҳбат шудан бо чунин одамон дарк мекунӣ, ки эшон тамоман идеологияи дигарро тарафдоранд, аммо шомили ҳизбе ҳастанд, ки идеологияи пешгирифтаи он тамоман дигар аст. Аъзое, ки функсияи ҳизбро надонанд, дар дигар ҳизбҳо ҳам ҳастанд, аммо онҳо на маҷбуран ба сафи ҳизб пайвастаанд, балки аз рӯи ҳавас ё дигар омил онҳоро ба ҳизби сиёсӣ бурдааст.

                Камбудии ҲХДТ - ро дар гузаштаи на чандон дур ходимони ҳизбӣ инкор намекунанд, вале мегӯянд, ки онҳо кӯшиш намудаанд, то ба ин амали ғайриқонунӣ нукта гузоранд Гарчанде масъулин ба чунин назаранд, аммо то ҳол ин масъала ҳалли худро наёфтааст. Ва баъзеҳо бо супориш, баъзеи дигар бо тамаллуқкорӣ, бо сӯистифода аз мансаб ба ин кор даст мезананд. Ё худ маҷбуран обуна кардани воситаҳои иҷтимоикунонии шахсияти ин ҳизбро низ метавон аз зумраи таҷрибаҳои гузашта маънидод кард. Зеро обуна ва аъзоҳаққӣ метавонад ба беҳтар шудани шароити молиявии ҳизб мусоидат кунад. Алалхусус дар замоне, ки гаравпулии номзадҳо ба маснади вакилӣ боло рафтааст. Чунин тарзи кор-барӣ "мақсад воситаро ҳақ мебарорад" гуфтани Н. Макиавилиро дар амал пеши назар меорад, ки ин албатта, қобили қабули тарафдорони демократӣ нест.

                Чун дар боло гуфта будем, ки ҲКТ дар замони салтанати Иттиҳоди Шӯравӣ равандеро дар амал пиёда кард, ки имрӯз он раванд барои худи ҲКТ ва дигар аҳзоби сиёсии кишвар мушкил эҷод кардааст. Ана маҳз ҳамин раванд аст, ки ҳамон мероси ҲК аз худ боқӣ гузоштааст ва имрӯз алайҳи худи он истифодааш менамоянд. Яъне баъзе ашхос бо истифода аз соҳибмансаби ҳокимияти иҷроия буданашон ба манфиати ҳизб кор мекунанд, ки ин аз риоя нагардидани тақсимоти шохаҳои ҳокимият дар Тоҷикистон шаҳодат дода, нишонаи ҳокимии ҲХДТ мебошад.

                Бо вуҷуди он, ки ҳизб аз чунин усулҳо истифода мебарад, масъулони ҳизб худ иқрор буданд, ки сардӣ ва бебарқии ду соли охир имиҷи сиёсии ҳизбро коҳиш дод. Вале истифодаи методҳои дар боло овардашуда метавонад ин ҳизбро дар интихоботи дар пешистода кӯмак кунанд.

Хулоса

                Гарчанде ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон имконоти нобаробар доранд, коршиносон ба андешае ҳастанд, ки аҳзоби сиёсӣ танҳо ба проблемаҳои дохилӣ ва байниҳизбии худ машғул шуда, ба масъалаҳои миллӣ ва ҳалталабу рӯзмарра кам таваҷҷӯх, доранд, ки ин ба баланд рафтани имиҷи сиёсии онҳо мусоидат нахоҳад кард. Онҳо дар робита ба ҳалли масъалаҳои умумимиллй ва умумикишварӣ ҳизбҳоро заиф дониста, баъзе пешниҳод менамоянд, ки тамош ахзоби сиёсӣ атрофи ду ё се ҳизб ҷамъ омада, аз бисерҳизбии азиф дида система» дуҳизбй е ақаллан сеҳизбиро ташкил намоянд ва ба ҳалли масоили умуми-миллӣ ва умумиҷумҳуриявӣ даст зананд.

                Аз ҷумла, Абдулвоҳид Шамолов, доктори илмҳои фалсафа мегӯяд, ки ҳизбиҳо баъзе афкори тоза доранд, вале то кай онҳо мунтазири сари ҳокимият омадану амалӣ кардани он менишинанд? Шояд онҳо сари қудрат наоянд. Дар чунин ҳол, роҳҳои ҳалли масоиле, ки онҳо доранд, паси парда мемонанд.

                Воқеан ҳам, кунун замоне расида, ки сари масъалаҳои умда бояд баҳс кард. Аммо ба гумон аст, ки аҳзоби сиёсӣ аз сари қудрат омадан даст кашида, атрофи ду идеология ҷамъ оянд. Ин дар ҳолест, ки бештари коршиносон мегӯянд: дар интихобот ҲНИТ ва ҲХДТ рақобат хоҳанд кард, дигар аҳзоби сиёсӣ бошанд, қудрати бо ҲХДТ истодагарӣ карданро надоранд. Оре, ин фикр қобили дастгирист. Зеро тавре дар боло овардем, ин ду ҳизб нисбат ба дигар аҳзоби сиёсӣ аз ҷиҳатҳои гуногун қавитар ба назар мерасанд. Ва ду хизби навташкил - Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Ҳизби аграрии Тоҷикистон бошанд, ташаббуси назаррасе ҳам нишон надодаанд, аммо шояд ба хотири чашмхокпошиҳо курсиеро ба даст оранд, Зеро дар арафаи интихоботи президентӣ ин ду ҳизб ба осонӣ номнавис шуданд, то аркони "интихоботи демократй" риоя гардад. Дар интихоботи парлумонӣ ҳам эҳтимол меравад, ки барои ин ду ҳизб имконият дода шавад, то интихобот "шаффоф" гузарад. Бинобар ин, бояд интихоботро интизор шуд.


 


Система комментирования от Disqus

МАҚОЛАҲО
  • Рақобат байни ҲНИТ ва ҲХДТ сахт мешавад
    06.07.2009 09:26
  • Шабдолов пешниҳод мекунад…
    01.06.2009 09:50
  • Хишти каҷи интихоботро рост карданием
    16.03.2009 10:01
  • Салоти "ҷаноза"-и интихобот дарёб!!!
    02.03.2009 09:48
  • Муҳиддин Кабирӣ: Дунявияти «толибонӣ» чӣ паёмадҳое хоҳад дошт?
    15.12.2008 10:14
  • Азимҷон Ваҳҳобов: Дар ҲНИТ худро озод ҳис мекунам
    27.10.2008 10:49
  • Бойгонии мақолаҳо
    Маҷмӯи хидматҳо Аксҳо Тамос Бойгонии мақолаҳо Робита бо мо
    PR-CY.ru Locations of visitors to this page free counters

    © 1997 - 2010 Оҷонсии хабарии «ASIA-Plus» (Душанбе, Тоҷикистон).
    Тамоми ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд. Зимни истифодаи хабару мақолаҳои сомона таъкид ба
    www.asiaplus.tj дар шакли hyperlink ҳатмист.
    Тел./Факс: (+992 37) 221-72-20, 221-78-63
    agency@asiaplus.tj