Саҳифаи асосӣ Русский | English | Тоҷикӣ Чун саҳифаи шурӯъ пазируфтан | Илова ба мунтахабот



Ном: Рамз:
Рамзро фаромӯш кардед? |
Ҷустуҷӯ:
Маҷмӯи хидматҳо Аксҳо Тамос Бойгонии мақолаҳо Робита бо мо
Ҷомеа
Алафдарав дар Тавилдара

03.08.2009 09:35

Муаллиф: «Нигох» №19 30.07.09. Фаридуни РАҲНАВАРД

Тавилдара. Имрӯз бо шунидани номи ин мавзеи хушманзари шарқи Тоҷикистон бисёриҳо даст ба гиребон мебаранд. Бахусус дар пойтахт, гумон мекунанд, ки вазъият дар ин мавзеъ рӯзҳои охир нотинҷ аст. Ин фаҳмо аст... Агарчи дар пойтахт дастрасӣ ба иттилоот нисбат ба дигар минтақаҳо беҳтар аст ва ҳама хабарҳои нав асосан аз марказ ба навоҳии дигар паҳн мегардад, номуайянӣ дар муҳити иттилоотӣ ва зидду нақиз садо додани як факт аз забони воситаҳои ахбори омма ба оташ равған мепошаду таҳлукаро дар дили мардум меафзояд.

«Нигоҳ» ба ҷустуҷӯи «Шайх Неъмат » ва писари Мирзо Зиё то Тавилдара рафт.

 

Тавилдара - номуайянии кулл

                Тавилдара. Имрӯз бо шунидани номи ин мавзеи хушманзари шарқи Тоҷикистон бисёриҳо даст ба гиребон мебаранд. Бахусус дар пойтахт, гумон мекунанд, ки вазъият дар ин мавзеъ рӯзҳои охир нотинҷ аст. Ин фаҳмо аст... Агарчӣ дар пойтахт дастрасӣ ба иттилоот нисбат ба дигар минтақаҳо беҳтар аст ва ҳама хабарҳои нав асосан аз марказ ба навоҳии дигар паҳн мегардад, номуайянӣ дар муҳити иттилоотӣ ва зидду нақиз садо додани як факт аз забони воситаҳои ахбори омма ба оташ равған мепошаду таҳлукаро дар дили мардум меафзояд.

                Фарзияҳо атрофии кушта шудани собиқ вазири Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ва собиқ қумондони ИНОТ Мирзо Зиёев, маъруф ба Мирзо-Ҷага; дар ҳамин ҷо дастгир ва кушта шудани муҷоҳидони ҷавон, ки ҳуҷҷатҳои шаҳрвандии Русияро бо худ доштаанд; кушта шудани афсарони вазорати мудофиа дар задухӯрд бо террористони зархарид дар ҳамин минтақа, дар дилҳо шубҳаву тахлука ангехтанд. Дар қаламрави Тоҷикистон пайдо шудани ҷангиён бо сардории кумондон Мулло Абдулло, ки чанд моҳ пештар ҳама уро мурда мешумурданд; зери суол рафтани амалиёти «Кӯкнор - 2009» дар ҷануби кишвар, ки ба натиҷаҳои ғайричашмдошт овард ва ҳатто дар кӯчаҳои пойтахт пайдо шудани яроқдорон ва ҳамин вақт акси собиқ афсари Вазорати ҳолатҳои фавқулодда Неъмат Азизов, маъруф ба «Шайх Неъмат», ки гӯё бо яроқу аслиҳаи зиёд ба кӯҳҳои Тавилдара паноҳ бурдааст ва боз даҳҳо иттилоти дигар. Дар назари аввал ҳамаи ин хабарҳо гӯё ба ҳам алоқамандӣ доранду ҳама чй фаҳмо аст, вале суолҳо ҳамоно зиёд мешаванд: Кист ин шайхаш? Чаро ба кӯҳ фирор кард? Киҳо бо ӯянд? Онҳо чй мехоҳанд? Чаро Тавиладара ноором шуд? «Кӯкнор -2009» ба ин чӣ дахл дошт? Чаро хабарҳои расонаҳои расмӣ зидду нақизанд? Чиро аз мо пинҳон медоранд? Хулоса, дар Тавилдара чӣ гап бошад?

 

Душанбе - Тавилдара; Ба дидори Шайх Неьмат

                Ҳарчӣ бодо бод гуфта, мо тасмим гирифтем, ки ба Тавилдара равем. Дар ин сафар моро чӣ интизор аст, Худо медонад, вале рисолати касбй ба ҷо меорем ва аз ҷойи ҳодиса ба хонанда иттилоъ меорем гуфта, ду нафар рахти сафар бастем. Муҳим он буд, ки мо медонистем, ки чй мехоҳем: агар корамон омад кунад, бо худи Шайх Неъмат, ё аққалан бо нафаре аз одамонаш вомехӯрем. Аз ин рӯ, дар роҳ мо аз касе касбу кор ва мақсадамонро пинҳон накардем. Дар ҳамаи дидбонгоҳҳо аз Нуробод боло ҳуҷҷати журналистӣ нишон додем. Ба умед. Шояд хабари омадану дар куҷо будани журналистони «Нигоҳ» ба одамони Шайх Неъмат маълум ва ҳатто худи ӯро ба дидори мо орад? Агар не, боке нест. Аққалан воқеияти Тавилдараро бо чашми худ бинем, якчанд рӯз бо мардуми инҷо бошем. Пурсем, ки чӣ ҳол доранд? Бо ҳамин ният субхи 25-уми июл ба роҳ баромадем.

                Дар истгоҳи таксиҳои самти Нуробод, Ғарм, Тавилдара, Сағир дашт, дар махаллаи ДОК ронакдаҳо гурӯҳ-гурӯҳ шишта роҳи мусофиронро мепоянд. Қариб аз ҳар нафар мепурсанд: «Ғарм мерафтагӣ нест?!, Нуробод...? Биё!!!» Аз мо ҳам марди тануманде пурсид. Вақте фаҳмид, ки ба Тавилдара рафтанием, хандида гуфт, ки «Ба Тавилдара мошин нест! Ҳозир кй Тавилдара мера?! Ҳич кас!...» мо ҳам дигар чизе напурсидем. Ҳамааш фаҳмо. Метарсанд.

                Билахира, мӯсафеди тақрибан 65-сола бобои Раҳмон розӣ шуд, кй бо «уазик»-и кӯҳнааш моро то Тавилдара барад. Бобои Раҳмон ҳам 7-нафарро ба «уазик» бор карда дуоироҳхонд.

 

Раҳ ба раҳ то Нуробод

                То Нуробод мошини моро дар чор ҷо манъ карданд. Ростӣ, кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ умуман назди мошин намеомаданд. Мӯсафед ҳар бор 3-4 дона «турсунзодадор»-ро ба даст мегирифта назди милисаҳо мерафт. Ба саволи мо, ки «чанд пул гирифтанд?» бобои абдураҳмон шӯхӣ мекард, «ман пулро майда карда омадам...» Касе ҳуҷҷатҳои мусофиронро ҳатто аз мӯсафед намепурсид, ё шояд мӯсафед ба мо чизе намегуфт, ки ба ҳар ҳол мо дар роҳҳои санглохи Обигарму Нуробод аз чашмаҳои яхоб ташнагӣ шикаста мерафтем. Атроф аз пушти тирезаи шикастаи «УАЗ»гик то рафт сабзтар мешавад.

                Дар даромадгоҳи Нуробод мошини моро боз нигоҳ медоранд. Мӯсафед боз ҳуҷчатҳояшро ба даст гирифта «пулмайдакунӣ» рафт, гумон кардем мо. Аммо ин ҷо мӯсафед андак дер кард. Дар ин муддат пули зиёдеро майда кардан мумкин буд, -шӯхӣ кард асалпарвар аз Сағирдашт, ки ҳамроҳи мо дар «УАЗик»-и тангу тор мерафт.

                Мӯсафед аз дидбонгоҳ баромад. Ба шиштаистода, «ма Неъматитра ай куҷо мешношум, мега, ки Неъмата мешношй?» зери лаб ғурунгид мӯсафед. Ба гуфти бобои Раҳмон дар дидбонгоҳ ба ӯ сурати 6-нафарро нишон додаанд, ки аз ҷониби мақомот ҷустӯҷӯ мешаванд. Дар суратҳо аксаран ҷавонҳоянд, -гуфт мӯсафед.

                Мошин моро бо роҳи печ дар печ лаб-лаби дарёи Вахш мебурд.

                «Уазик»-и мо назди ошхонаи канори роҳи Нуробод қарор гирифт. Касе гӯё парвои чизе надорад. Ошхона пур аз одам, мусофирони хаста баъд шӯрбову гӯшти бирён, дар ҳуҷраҳои салқин кӯфти роҳ аз тан мебароранд. Пас аз андаке мошин боз ба роҳ мебарояд.

 

Сари ҷар

                Мошини моро дар Сари ҷар манъ карданд. Ҷое, ки роҳ ба ду самт: Ғарм ва Тавилдара тақсим мешавад, кормандони Отряди милитсияи таъиноти махсус (ОМОН), амният ва «бача»-ҳои Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар китф ярок, роҳро посбонӣ мекунанд. Вале ростӣ намедонам аз чӣ бошад, ки онҳо ҳам мошини моро тафтиш накарданд. Аз афташ ба мӯсафед бовар доранд ё дар ин ҷойҳо дар ҳиқикат ҳам тинҷиву амонӣ аст. Танҳо вақту соати омадан ва ракамҳои мошинро кайд карданд. Лекин ин ҷо дар чеҳраи ҳар як афсар ҷиддуят ва дар айни замон изтиробе ҳис мешавад.

 

Раҳ ба раҳ то Тавилдара

                Мошини бобои Раҳмон чанги роҳро ба фалак бардошта, мерафт.

                Мо аз деҳае ба деҳае мегузаштем. Аҷиб, дар роҳ касеро намебинем. Ба деҳаи Посбун наздик мешавем Касе наметобад. Камингоҳҳои сангини ҳарбиён, ки аз се тараф чри тарпаррони доранд, зери дарахтҳои азиму куҳансоли чормағз сохта шудаанд. Ногоҳҷавонеро мебинем. Аз мӯсафед хоҳиш мекунем, ки мошинро нигоҳ дорад.

                Абдувалии 18-сола сокини ҳамин деҳа будааст ва дар колеҷи тиббии Ғарм таҳсил мека рдааст.

-Вақте вазъият безеб шуд, бачаҳо аз тарси он ки ба ҷанг мебаранд ҳама ба шаҳр гурехта рафтанд. Имрӯз ки вазъият ором шуд, силоҳбадастон аз деҳаи мо дур шуданд, бачаҳо аз шахр ва хонаҳояшок баргашта омаданд. Вақте ситаҳбадастон аз деҳа баромаданд, мардум ба деҳа баргаштанд. Ду рӯз мешзвад, ки мардум ба кӯҳ барои гандуму алафдаравӣ рафтанд. Мардумдоим дар ҳамин таги бед менишастанд. Ҳозир вазъият дигар шуд, ба берун камтар мебароянд, - мегӯяд Абдувалӣ. -Фаҳмо,- хулоса мекунам ман.

                Мошин боз ба роҳ мебарояд. Манзараҳо зеботар мешуданду роҳ хатарноктар. Дарёи Вахш ҳам дигар Вахш нест. Акнун ӯ ними Вахш - Хингоб аст. Мусафед дар бораи ҳама чиз гап мезад, вале дар бораи вазъияти Тавилдара чизе намегуфт Вақте сӯҳбати мо аз ин мавзӯъ мерафт, ӯ сукут мекарду чеҳрааш андешаманд мешуд.

                Баъди чанд километр боз аз мошин фуромада бо занҳои даравгар ҳамсӯҳбат шудем.

- Ҷавонҳо ва мардони деҳз дар, Русия дар муҳоҷирати кориянд, -мегӯяд холаи Нихолбй шармптона.

- Бачам, намедонам кӣ киро паронд, Ин муҷоҳидон аз кучо пайдо шудавд? Дар Сирхав бегоҳии шанбе буд, садои тирпаронӣ шуд. Пагоҳ саҳар аз бачам шунидам, ки Мирзора куштанд. Намедонем кй бо кӣ ҷанг карда истодаст. Лекин шукри Худо ҳолй садои тир нест.... Э, бачам ҳолй хукумат зурай ранги вактои пеш нестай. Лекин ба мардуми деҳа кордор нест. Дар кӯҳҳо муҷоҳидонро кофта истодаанд. Фаҳмидем, ки Неъмата бо ҳамроҳош мекобанд, -мегӯяд холаи Ниҳолби.

                Ин даъфа моро истодани мошин дар як ҷой беодам аз хоб бедор кард. -Инҷо Хамдара аст,-гуфт бобои Раҳмон ва аз мошин берун шуд. Хонаи ман хамин ҷо аст, дар он тарафи дарё. Бо купрук мегузарем. Ӯ ба писараш занг зада хоҳиш кард, ки сари роҳ барояд: то харбузаву тарбузҳоро ба хона барад. Писари мӯсафед ҳам тақрибан гапҳои холаи Ниҳолбиро гуфт. -Ин ҷо мардум намедонанд, кӣ ҷанг кард. Медонанд, ки дар Сирхав Мирзо Ҷагаро куштаанд. Неъматро мекобанд. Ба назар чунин мерасад, ки барои мардуми ин ҷо муҳимтар аз алафдарав ҳало кори дигаре нест. Дар гирду атрофии Хамдара ягон сишҳдорро надидем. Ҷавон куртаи аз дото юнучқа зардшудаашро аз тан кашида харбузаҳоро печонда, рафт. Мо шин боз ба роҳ даромад.

 

Як шаб дар Тавилдара

                Вақти намози аср шуд. Мошин ҳам гӯё хаста шуда буд, ки лакот-лакот роҳ мерафт. Мӯсафед ба мо қасри Мирзо Зиёевро нишон дод. Қасри боҳашамати бомаш сабз аз он суи Хингоб дар дур ба чашм менамояд.

                Мошини Моро назди дидбонгоҳи даромадгоҳи маркази ноҳияи Тавилдара нигоҳ медоранд. Афсарони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, Кумитаи амникти миллӣ ва Гвардияи миллии Тоҷикистон бо автомату пулемётҳои дастии Калашников мусаллаҳ, ҳама зиреҳпуш ба «уазик» наздик мешаванд. Журналист будани моро фаҳмида, моро ба маркази ноҳия даромадан намемонанд. Ба гуфти онҳо ҳамаи ҳуҷраҳои меҳманхонаи ноҳия банд аст.

-Меҳмонҳо аз Душанбе омадаанд, - мегуфтанд афсарон ба якдигар. Баъдтар аз забони як афсари дидбонгоҳ фаҳмидем, ки он рӯз Асадулло ҒУЛОМОВ, муовини сарвазири Точикистон меҳмони Тавилдара будааст. Яке аз муовини сардори Шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳия, ки дар дидбонгоҳ будааст, телефонӣ аз омадани журналистон ба «боло» хабар дод. Моро дар меҳмонхонаи шахсии деҳаи Лангар чойгир карданд. Мо хуб гуфтем.

                Меҳмонхонаи «Лангар» дорои чор ҳучраи ҳар кадомаш панҷ ҷои хобдошта аст, ки аз ҳар Ду тарафи он дидбонгоҳ хаст. Хӯрок аз хӯроки ошхонаҳои шаҳр фарқе надорад: тухмбирет, ҳасиб, лағмон... Он шаб факат мо меҳмон будем.

                Сокинони деҳаи Лангар зуд-зуд мёҳмонхонадорро хабар мегиранд. Ба кавли ҷавонони деҳа афсарон чанд рӯз боз дехаву чангалҳои кухиро «проческа» мекунанд. Онҳо аъзои гурӯҳи Неъмат Азизовро мекобанд, ки ба гуфта мардуми деха дар зодгоҳаш, деҳаи (Кальи Ҳусейн хамаги 10-15 километр аст, аммо ёфтани ШАйх Неъмат кори осон нест, мегуяд яке аз онхо.

                Шаб бонуи Ҳарамгули Қодирро ба ҳамроҳии зани соҳиби меҳмонхона ба хонаи онҳо гусел карда, то поси шаб омадани одамони Неъматро интизор шудам- Касе наомад.

 

Шайх Неъмат кист?

                Ба гуфти мардуми Лангар Неъмат Азизов дар Қалъаи Ҳусайн дар мактаби миёна муаллими тарбияи ҷисмонӣ будааст ва баъди солҳои ҷанги шаҳрвандй аслан дар Қалъам Ҳусейн то ба имрӯз зиндагй мекардааст. То соли 2003 кумандони баталёни Вазорати ҳолатҳои фавкуллода ва мудофиаи гражданӣ дар Тавилдара будааст. Соли 2003 аз ки вазифа барканор шуда, ба ҷои ӯ барсдараш ба ин вазифа таъин мешавад То соли 2006 як муддат бо Мирзо Зиёев, ки устодаш меҳисобид, дар Вазорати ҳоштҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе кор мекардааст.

-Баъди баркамор шудани устодаш аз курсии Вазорати ҳолатҳои фавкулодда Неъматро кормандони милиса бо ҳар баҳона фишор овардаанд, - мегӯяд ки лангарӣ, ки нахост номаш ифшо шавад.

                Аз мардуми деҳа, аксаран аз занҳо шунидем, ки гӯё мақомота ҳукуматй ба Шайх Неъмат борҳо фишор овардаанд. Онҳо аз шунидаҳояшон накл мекарданд, ки Неъмат аз да фишорҳо маҷбур шудааст, ки хонаҳои дар Душанбе доштаашро фурӯшад «ҷони худро харуд» ва ба Тавилдара баргарда дар Тавилдара хам ӯро ба ҳоли худ нагузоштаанд. Ҳар рӯз ӯро мақомот ба пурсиш (допрос) даъват мекардаанд. Ду хонаи дар маркази Тавилдара доштаашро фурӯхта, ҳамроҳи зани дуюмаш ба Қалъаи Ҳусеӣн, назди падару модар ва бародаронаш мекӯчад. Ба ӯ хатто дар Қалъаи Ҳусейн, иҷозат надодаанд, ки ба кори пештарааш муаллимӣ баргардад. Ба гуфти як сокйни деҳаи Лангар Неъмат Азизов аз ду ҳамсараш 13 фарзанд доштааст. Ҳар ду ҳамсар ва фарзандони Неъмат Азизов ҳоло дар Қалъаи Ҳусейн зиндагӣ мекунанд, тасдиқ карданд сокинони деҳа. Хуллас, ҳама ин ҷо ба он боваранд, ки Неъматро хамин маҷбур кардааст, то силоҳ гирифта, ба кӯҳ фироркунад.

Ҳукумат чи мегуяд?

                Рӯзи дигар билахира мо ба маркази ноҳия роҳ доданд. Ростй ҳар кадамамон таҳти назорати афсарони мусаллаҳ буд, ки аз дару тирезаи ҳар бино моро назорат мекарданд. Дар ҳукумати ноҳияи Тавилдара, нисбат ба дигар навоххи хатто рӯзҳои якшанбе хам раис ё муовинонашро ёфтан мумкин аст. Шояд ин муваққатӣ ва вобаста ба вазъияти рӯзҳои ахир бошад, аммо тозагии маркази ин ноҳияро пештар дар ягон ҷо надида будем. Маркази ноҳия, он қадар калон нест. Мо муовини аввали раиси Ҳукумати ноҳияи Тавилдараро дар як мағозачаи ноҳия вохурдем.

                Ба гуфти муовини аввали раиси нохияи Тавилдара Мирзо САФАРОВ, раиси ноҳия Ғайратшо ҲИКМАТОВ он рӯз ба маъракаи чамъоварии асал рафта будааст. У дар бораи ҳодисаҳои ахирӣ мегӯяд ки «ман он чизеро медонам, ки дар телевизор тамошо кардам». Вонамуд мекунам, ки ба гапҳои бовар кардам ва боз хам ҷукуртар мепурсам.

- Дар бораи Мирзо Зиёев бошад, ҳаминро медонам, ки Мирзо- Ҷага солв 3-4 маротиба ба Тавилдара меомад. Вақте ҳамин ҷо буд, зуд-зуд ба бинои ҳукумат медаромад. Сари як пиёла чой шишта сӯҳбат мекардем, Бо хама муносибати хуб дошт, намедонам чӣ шуд, -мегӯяд Мирзо Сафаров.

 

Туристҳо дар Тавилдара

                Боз ним рӯзи дигари дар кӯчаву идорахо бо мардумон ҳамсӯҳбат шудам. Ғайри интизор мардуми ин ҷо аз зиндагиашон розиянд. Мушкилоташон ҳам аз мушкилоти ману шумо фарқе надорад: ҷойи кор нест, нархҳо қимат, замину чарогоҳ намерасад, роҳҳо вайронанду ҳукумат пул надорад... Вале ҳеч гуна эътирози хосае бар зидди ҳукумат эҳсос намешавад. Мардуми инҷо зебоянд, аксаран крматбаланд ва мухимтар аз ҳама ТИНҶАНД, зеро меҳнатиянд. Имрӯзх,о алафдаравй дар чӯшу хурӯш аст да Тавилдара Мардум дар талу теппаҳои атроф озодона алаф медараванд. Аксаран барои худ, вале нафароне ҳам хастанд, ки кирояанд: 2 сомонӣ барои даравидан, сатрй кардан ва бастани як дарза алаф.... Хуллас зиндагӣ пеш меравад бо маҷрои пешина.

                Тақрибан соати 14:30 ба роҳ баромадем. Ба Душанбе бармегардем. Дар баромадани ноҳия чанд хориҷиро мебинем, ки савори велосипеданд. Ана ҳамин тавр. Дар Душанбе воҳима. Дар ин ҷо бошад хориҷиён велосипедсаворӣ мекунанд.


 


Система комментирования от Disqus

МАҚОЛАҲО
  • Алафдарав дар Тавилдара
    03.08.2009 09:35
  • Зиёӣ ва қумандон
    27.07.2009 10:16
  • Кандани ҳайкали Сангаку Лангарӣ
    13.07.2009 10:23
  • Ба ҳаҷ наравед!
    06.07.2009 09:39
  • Мошинамро куҷо барам?
    22.06.2009 10:45
  • Тӯраҷонзода агенти КГБ - 2
    15.06.2009 09:39
  • Ҳиҷоб ба оромии кишвар хатар дорад?
    25.05.2009 10:53
  • Ҳадаф – танзими масъалаҳои асосии ҳаёти динии кишвар
    18.05.2009 10:03
  • Шарм доред, мансабдорони мӯҳтарам!
    12.05.2009 09:45
  • Нархҳо поён нарафтанд. Чаро?
    04.05.2009 10:20
  • Бойгонии мақолаҳо
    Маҷмӯи хидматҳо Аксҳо Тамос Бойгонии мақолаҳо Робита бо мо
    PR-CY.ru Locations of visitors to this page free counters

    © 1997 - 2010 Оҷонсии хабарии «ASIA-Plus» (Душанбе, Тоҷикистон).
    Тамоми ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд. Зимни истифодаи хабару мақолаҳои сомона таъкид ба
    www.asiaplus.tj дар шакли hyperlink ҳатмист.
    Тел./Факс: (+992 37) 221-72-20, 221-78-63
    agency@asiaplus.tj