«Пулат бошад сафар кун, вагарна дар хона шиштан гир», чунин аст хулосаи мантиқии ин тағйироти ба «Қонун оид ба истифодабарии рохҳо....» дохил намудаи намояндагони халқ. Гӯё агар ин роҳ пулакӣ ва шахсӣ нашавад, таъмиру беҳдошти он ғайриимкон будааст ва соҳиби он барои дар беҳтарин ҳолат нигоҳ доштани роҳ кӯшиш мекардааст. Аммо кӣ гуфта метавонад, ки корхонаҳое, ки то имрӯз «соҳибдор шуданд», то ҳол «дар беҳтарин ҳолат» қарор доранду аз рӯи самти фаъолияти худ кор карда истодаанд ва мардум аз онҳо баҳра мебаранд?
Чӣ тавр нақби пулакишаванда аз ман қарздор шуд…
Роҳ воситаест ки маҳалҳоро, мардумонро, кишварҳоро ба ҳам мепайвандад ва дар маҷмӯъ яке аз муайянкунандаҳои пешрафти давлат ва миллат аст. Дар гузашта барои он ки пеши роҳи душманро гиранд, сари роҳи ӯ монеаҳо ба вуҷуд меоварданд ва саддҳои сунъӣ барқарор менамуданд.
Яъне агар роҳ набошад, на дӯсту на душман коре карда наметавонанд. Реформатори бузурги рус Пётри якум деҳаҳоеро, ки сари роҳи Санкт-Петербург ва Маскав қарор доштанд ба ивази ободии ин роҳ аз андоз озод намуда буд. Замони Шӯравӣ, дар охири солҳои сиюми қарни гузашта барои колхозчиёне, ки дар сохтмони роҳ аз тариқи ағбаи Анзоб ва сохтмони роҳи Бадахшон ширкат меварзиданд, ба ивази як рӯзи меҳнаташон се рӯзи меҳнат сабт мегардид.
Хулоса, роҳ ва роҳсозӣ ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи ҳукуматдорон қарор дошт. Имрӯз ҳам дар Тоҷикистон аҳамияти бузург доштани роҳро ба назар гирифта, сохтмони онро бо кӯмаки молиявии хориҷиён дар ҳамаи самтҳо идома дода истодаанд, ки боиси хурсандии мардум ва беҳтар гардидани алоқаи қисматҳои гуноногуни кишвар мегардад. Аммо тавре, и дар мақолаи «Оҳ, ин роҳ...» («Тоҷикистон» №26,25.06.09) навишта будем, ҳанӯз сохтмони рохи Душанбе-Хуҷанд Конибодом ба охир нарасида, депутатҳои мӯҳтарами мо ба он «чашм ало карданд» ва натиҷа чунин шуд, ки минбаъд дар ҷумҳурии мо дар ҳолати набудани роҳи алтернативӣ ҳам_метавонанд роҳи ягонаро пулакй кунанд.
Интихоби маҷбури ва ё...
«Пулат бошад сафар кун, вагарна дар хона шиштан гир», чунин аст хулосаи мантиқии ин тағйироти ба «Қонун оид ба истифодабарии рохҳо....» дохил намудаи намояндагони халқ. Гӯё агар ин роҳ пулакӣ ва шахсӣ нашавад, таъмиру беҳдошти он ғайриимкон будааст ва соҳиби он барои дар беҳтарин ҳолат нигоҳ доштани роҳ кӯшиш мекардааст. Аммо кӣ гуфта метавонад, ки корхонаҳое, ки то имрӯз «соҳибдор шуданд», то ҳол «дар бехтарин ҳолат» қарор доранду аз рӯи самти фаъолияти худ кор карда истодаанд ва мардум аз онҳо баҳра мебаранд? Оё вакте, ки роҳ монополия шуд, чунин намешавад, ки гӯянд: «мо барои таъмир маблағ надорем, хоҳӣ пулашро дода аз ҳамин роҳи вайрона сафар кун, нахоҳӣ чор тарафат қибла». Дигар илоҷ надорӣ, зеро дар кадом ҳолате набошад, ин роҳ ягона аст ва ту имкони интихоб надори. Аммо он ҳам аллакай соҳиб дорад. Ин мавзуи баҳси дигар аст ва алҳол ки ҳанӯз нақшаи намояндагони интихобнамудаи мо амалӣ нагардидааст, хостем боз як бори дигар тариқи ин роҳ сафар намуда, аз лаззати сафари роҳи нав бозсозӣ гардида баҳраманд шавем.
Чиниҳо барои он, ки ба корашон халал ворид нашавад, убурро аз роҳи.
Реконструксияшаванда танҳо аз соати 19 бегоҳ то соати 7 саҳар иҷозат медиҳанд ва дуруст ҳам мекунанд. Зеро бо он маданияту менталитете, ки ронандагони мо доранд, дар як вакт ҳам сохтмони хатти баландшиддати Шимол-Чанубро идома додану ҳам сохтмони роҳравҳо ва қиррезии роҳро ба охир расондан ғайриимкон аст. Аксари ронандагони тоҷик ба ягон қоида риоя намекунанд. Бесабаб нест, ки зуд-зуд дар бозори Султони Кабир ронандаи навбатиеро дучор меоед, ки шишаи пеши мошинаш қурбони санги дасти коргари чинӣ шудааст ва ӯ шишакобӣ мекунад. «Худкардаро даво нест» мегуфтанд замоне дар ин ҳолатҳо...
Аммо дар навбати худ, чиниҳо низ ба реҷаи муайяннамудаи худ риоя намекунанд ва соати боз намудани роҳро аз 19 ба 20-21 мебаранд ва бастани онро баъзан аз 4.30-5 субҳ сар мекунанд. Ё онҳо ҳам аллакай «тоҷик шудаанд»?
-Сӯрохӣ ҳам дораду чорчӯба ҳам. Ин моем, ки дар БДА барои мондани рақам чорчӯбаи пластмасӣ медиҳем ва бо андак фишори об рақам аз дохили он меафтад,- олмониҳоро тарафдорӣ кард ҳамсафарам ва илова намуд, Он бечораҳо аз куҷо медонанд, ки мошинашон аз роҳи пулакишавандаи мо ҳаракат мекунад...
Ноилоҷ аз коргари нақб, ки ба тагу дави ман бо истезо менигарист, ёри пурсидам!,
-Шояд коргарони мо ёбанд. Ана ба он ҷо нигаред, «ҳосили» якрӯзаи рақамҳои ҷамъ овардашуда нигоҳ дошта мешаванд.
Дар баромадгоҳи нақб болои тахтае чанд рақами аз даруни нақб ёфтшуда гузошта шуда буд. (Ба акс нигаред)...