Саҳифаи асосӣ Русский | English | Тоҷикӣ Чун саҳифаи шурӯъ пазируфтан | Илова ба мунтахабот



Ном: Рамз:
Рамзро фаромӯш кардед? |
Ҷустуҷӯ:
Маҷмӯи хидматҳо Аксҳо Тамос Бойгонии мақолаҳо Робита бо мо
Мушкилот
Сомониён ва истиқлол

23.02.2009 10:56

Муаллиф: «СССР» №08 19.02.09. Сафват БУРХОНОВ

Аввалин бор зиёни мо аз Давлати Сомониёнро бо ифтихори махсус солҳои бозсозии Горбачёв мегуфтанд. То имрӯз он қадар аз Сомониён фахр кардем, ки таърих ба афсона мубаддал шуд. Замони Сомониёнро тасаввур мекунем, ки гӯё биҳишт буд ва моро аз шарри шайтон аз он ронанд. Боре намегӯем, ки чаро ин давлат шикаст хӯрд. Боре намегӯем, ки аз дасти чӣ мо бедавлат мондем 1000 сол. Сомониён дар замони худ як давлати пешрафтаи дорои институтҳои пешрафтарини давлатӣ буд. Рушди илм дар сатҳи пеши замона буд. 9 вазорат, армияи замонавӣ, системаи гирои ҳуқуқӣ, экономикаи мавзун дошт. Чаро шикаст хӯрд? Ва оё мо аз ин гуна тақдир эмин ҳастем?

Хонандаи азизи ман, агар мехоҳӣ давлати миллатат барои абад бошад, мисли миллатҳои дигар барои ях парча замин ҷон наканӣ, Ватан дошта бошӣ, фарзандат Ватан дошта бошад, бояд андешаи ВАТАНДОРӢ як лақза сари моро тарк накунад.

КОНСТИТУТСИЯ ВА ПАЛАНГ

Ватан чист? Ватан пораи хок аст, ки дар он инсон зиндагӣ карда, ризқу рӯзй дарёфта, худро амон ҳис мекунад. Ҳатто ҳайвони ваҳшии баномус, ки рамзи мардиву матонат аст мисли шеру паланг, бе мафҳуми Ватан зистан наметавонад. Ҳар рӯз гирди ватани худро гашта, марзҳояшро нишона мекунад.

Яъне Ватанро, Миллатро, Буданро барои ҳар намуди биологӣ маҳз пораи замин муайян мекунад. Ҳатто рустаниҳову ҳашарот бе ватан зистан наметавонанд. Ҳазорон миллатҳо забон, дин, расму оини худро аз даст додаву аммо хоки худро ҳифз карда, ҳамчу миллат боқӣ мондаанд. Аммо лӯлиёни бечора забон, дин, расму оини худро сахт ҳифз карда, хоки худро бохтаанд. Қисмати эшон ба ҳама рӯшан аст. Пас нишони миллатдорӣ танҳо Ватан будааст.

Барои ҳифзи Ватан шояд мо як бори дигар Конститутсияи худро таҳрир кунем. Конститутсияи имрӯзаи мо чанд ҷои мулоим дорад, ки амни миллати камшуморро дар баробари ҷаҳонситезии давлатҳои худкома ба пурраги наметавонад таъмин кунад.

Як нукта ба шакли ФАҲМО ва бо хати зар бояд дар Қонуни Асосии миллат сабт шавад, ки замин ва ягон намуди иншооти рӯизаминиву зеризаминӣ ба давлат ва шаҳрванди хориҷӣ фурӯхта, ҳадя карда намешавад. Соҳибмулкии хориҷӣ дар Тоҷикистон ба таври конститутсионӣ манъ эълон шавад.

Худо накунад, ки Гейтсу Соросҳо хоҳанд Исроилро аз ҳисоби хоки харида, мисли Фаластин вусъат бахшанд, оё метавонем, ки хоки худро нигаҳ дорем? Яке Роғунро харад, дигаре Бадахшону Зарафшонро...

Фурӯхтани ҳар гуна иншоот ба хориҷиён манъ карда шавад. Дар бисёр давлатҳо чунин таҷриба истифода мешавад. Мо миллати камзаминем ва бояд пеши замини миллат масъулияти бештар дошта бошем.

Бовар кардан ба санадҳои транснатсионалӣ, ки гӯё кафили ватандории миллатҳои камқудрат бошанд, нишони ҳушёрии сиёсӣ нест.

ОСИЁ АЗ ОСЕТИЯ МАНША МЕГИРАД

Ҳоло сол нагашта аст аз ҳодисоти Осетия. Зери прессинги иттилоотӣ як нуктаи ниҳоят муҳим дар ин гирудор пинҳон монд. Сабаби асосии ворид шудани армияи Русия ва асоси даъвои ин кишварро ҳимояи шаҳрвандони Русия ташкил медод. Азбаски аксари аҳолии Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазия шаҳрвандии Русияро қабул карда буданд, ин кишварҳо ба тарзи автоматӣ зеркишвари Русия буданд. Ҳоҷати референдум карда, армияи бегонаро даъват кардан набуд. Агар армияи бегона хоҳад ҳар вақти дилхоҳ "ба ҳимояи шаҳрвандони худ" вориди чунин кишвар мешавад.

Мо низ иҷозати душаҳрвандӣ дорем, ки хатар ба амнияти миллӣ ворид мекунад. Барои ҳамин ин нукта низ дар Қонуни Асосӣ бояд дарҷ шавад. Шаҳрванди Тоҷикистон бояд танхо шаҳрванди Тоҷикистон бошад. Ва душаҳрвандие, ки то ин дам вуҷуд дошт, лағв шавад. Агар ба касе шаҳрвандии кишвари дигаре маъқул бошад, марҳамат, мутобиқи қонунҳо барои шаҳрвандони хориҷӣ зиндагӣ кунад.

Ба хотири гурӯҳе, ки манфиати шикамии худро бо гирифтани шаҳрвандии кишвари бегона ҳифз мекунад, чаро манфиати миллиро қурбон кунем? Сиёсат ҳамеша як хел намеистад.

Ин далел аксиома аст; оё медонед, ки чанд сад, ҳазор, даҳ хазор, сад ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро қабул кардаанду мекунанд? Ҳар рӯз ба чанд тан паспорти русӣ медиҳанд дар сафорати ФР дар ҶТ. Ба чӣ хотир? Ба ин суол посух ҷустаед? Оё шаҳрванди Русия шудан, мардуми моро аз ситами скинхедҳо, ки "бют по морде а не по паспорту" шиор доранд, мераҳонад? Ва ё гастербайтери тоҷикро бо ин паспорт пагоҳ биргадир ва пирараб мемонанд? Душаҳрвандй теъдоди табааи Русияро дар хоки Тоҷикистон афзудан дорад ва мабод рӯзе, ки дивизияи 201 ҳамчун дар Осетияи Ҷанубӣ ба ҳифзи ҳазорон шаҳрванди худ бархезад. Ин фарзия аст, албатта, аммо перомуни он боре андешидаем?...

МАОРИФ ВА ВОЗДУХ

Имсол хеле мо хурсанд, ки Президент бо чанд донишгоҳи бообрӯи ҷаҳонӣ мувофиқа кард, филиал мекушоянд. Воқеан яке аз беҳтарин корҳо ва дастовардҳо буд. Вале биёед як бор фикр кунем, ки фардо дар ин донишгохҳо кӣ таҳсил мекунад ва чигуна аз он истифода мекунем? Тоҷикон дар мактабҳои русии имрӯза на бештар аз 20-30% ро ташкил медиҳанд. Русхо бошанд 1-1,5% беш не. Пас агар дар зинаи ибтидоии донишгоҳҳо, базаи ибтидоии онҳо Тоҷикон кам бошанд, мешавад, ки умеди манфиати зиёд дошт? Имрӯз дар мактабҳои русӣ асосан ӯзбакҳо таҳсил мекунанд. Ин гурӯҳи шаҳрвандони комилҳуқуқи кишвари мо, шояд бо сабаби нарасидани синфу мактабҳои ӯзбакӣ маҷбуранд, ки фарзандони худро ба мактаби русӣ монанд. Одаме, ки аз маҷбурият дар ин мактабҳо таҳсил карда аст, ба фикрам хоҳиши давоми таҳсилу ёди он филиали донишгоҳ, намекунад. Вазорати Маориф бояд сари ин масъала андешаи ҷиддӣ намояд. Набояд сиёсатмадорони миллати мо хатои сиёсатмадорони Ӯзбакистонро такрор кунанд. Вазорати Маориф барои мактабҳои ӯзбакӣ бояд шароити мусоид фароҳам орад, ки бародарони мо роҳат таҳсилро ба забони худ гиранд.

Таъмини база барои ин донишгоҳҳо бояд аз мадди назар дур намонад.

БОЗ МАСЪАЛАИ ТОҶИКОНИ БУРУНМАРЗӢ

                Солҳои охир чанд бизнесмен ректори баъзе донишгоҳҳо шуданд ва манфиатҳои миллиро ба чорчӯбаи тафаккури танги савдогарӣ кашиданд. Доғтарин масъала имрӯз масъалаи таҳсили Тоҷикони бурунмарзӣ дар кишвари мост. Ин масъала аз диди дурбинии сиёсӣ аҳамияти бузурги стратегӣ дорад. Ҳар донишҷӯе, ки 4-5 сол дар кишваре таҳсил карда аст, хоҳу нохоҳ барандаи фарҳанг ва ғояҳои он кишвар мешавад. Ба хотир оред, ки 20 таҳсилдидаи Туркия ибтидои асри 20 Аморати Бухороро вайрон карданд. Ректорҳои савдогар Тоҷикони бурунмарзиро ба зангию ҳинду баробар карда, онҳоро ба гурӯҳҳои шартномавӣ гузаронданд. Аз онҳо ҳамчун аз хориҷй пул гирифтанд. Куҷо шуданд ин пулҳо? Панҷара гуфта дуздиданд, ремонт гуфта дуздиданд. Просто дуздиданд. Манфиати миллии моро дуздиданд. Ин амал сабаб шуд, ки соли гузашта дар Донишгоҳи Омӯзгорӣ, ки машҳуртарини донишгоҳҳои Тоҷикистон дар байни ҳаммилатони мо буд, довталаби бурунмарзӣ недобор шуд. Имсол касе намеояд. Намедонам, ки мактабҳои Тоҷикии кишварҳои дигар аз куҷо муаллим киро мекунанд, ки Тоҷикчаҳои бурунмарзиро Тоҷик доранд? Соли оянда Президент рафта байни онҳо корҳои фаҳмондадиҳй мегузаронад, ки Тоҷикистон хонаи умеди Тоҷикони ҷаҳон аст, биёеду хонед, мо ба шумо пул медиҳем. Эй савдогарони манфиатҳои миллӣ, як бор андеша кунед, ки чароТуркия, Корея, Русия бачаҳои шуморо аз ҳисоби худ мехононанд! Сиёсат панҷарапечии мактаб нест ва бо аз мансаб рафтани шумо ин миллат фано намешавад! Ин масъаларо саҳл гирифтан даркор нест, ин фоҷиа аст, фоҷиа!

ИСРОИЛИ ХУДРО ДАРЁБ

Воситаҳои иттилоотии мо сад бор дар як рӯз мушкилоти Исроилу Фаластин, роҳзанҳои Сомали ва пиллаи Никарагуаро баррасӣ мекунанд. Мо ягон сарчашмаи иттилоотӣ надорем, ки аз вазъи зисти кишварҳои ҳамсоя нақл кунад. Имрӯз вилояти Самарқанди кишвари ҳамсояи мо аз ҳукуматаш дар эътироз аст. Дар ноҳияҳои Ургуту Тайлоқ газ нест ва мардум лӯлаҳоро ихтиёран мебурад. Ҳукумат маҷбуран аз моҳонаву бачапулиҳои мардум ҳаққи гази набударо меситонад, ки норизоии мардумро ба миён оварда аст. Каримов на танҳо Тоҷикистонро ба парҳези газӣ шинондааст, балки кулли Ӯзбакистони Тоҷикнишинро низ. Мардуми деҳоти атрофи Самарқанд барои зимистонгузаронӣ ба шаҳр рӯ овардаанд, ки нархи хонаву иҷора ба маротиб афзуда аст. Воқеият аз муқоиса мехезад. Мо бовар дорем, ки вазнинтарин рӯз ба сари мо омада асту мардуми Ӯзбакистону Афғонистон дар биҳишт зиндагӣ доранд. Агар имкон медоштам, тамоми Тоҷиконро як бор барои тамошо ба ин ду кишвар мебурдам. Он гоҳ шояд ба қадри кишвари худ мерасидем. Таги 5 миллион шаҳрванди Ӯзбакистон имрӯз дар Русия мардикор аст. То 2 миллионаш дар Қазоқистон. Мардуми бечораи Узбакистон аз дасти сиёсати Каримов рӯ ба чор сӯи олам зада аст. Ҳатто дар Душанбею Хуҷанд ҳазорон мардикори Ӯзбакистонӣ кор мекунанду қутилоямут меёбанд. Арзонтарин гастербайтери хориҷӣмардикори шикамқарор дар Конибодом ӯзбакистонист ва дар Ғарм (оре, дар водии Рашт!) қиргиз!

Бале, дар муқоиса бо Англияву Германия мо ҳазорҳо маротиба бадтар зиндагй дорем, вале агар ба назар гирем, ки кишвари осиёии мусулмонӣ ҳастем, беҳтар аз Покистон, Афғонистон, Ӯзбакистон... зиндагй дорем. Фақат камтарак кор кардан даркор аст. Меҳнат не! Кор функсияи иҷрошаванда аст, ки бо музди муносиб қадр мешавад, меҳнат бошад машаққат, азоб, шиканҷа, ҷонкании аблаҳона аст, ки барои кӯтоҳ кардани умр аст. Худованд коргаронро дӯст медораду меҳнаткашонро ба муродашон мерасонад, ки шиканҷаву ноумедист.

АНКЛАВҲО ВА АССИМИЛЯТСИЯ

Шӯравӣ деҳоту маҳаллаҳои шахрҳоро аз рӯи мансубияти миллӣ созмон медод. Ва пеш аз СССР низ ҳама миллиятҳо ва халқу қабилаҳо аз рӯи баромади миллӣ сарҷамъ зиндагӣ доштанд. Ҳатто дар Америка миллиятҳо дар мавзеъҳои хос сарҷамъона умр мебаранд. Яке аз сабабҳои шикасти Сомониён ин ассимилятсияи стихиявӣ буд, ки ҳамсоя зидди ҳамсоя баромад. Ва Аморати Бухоро низ маҳз аз ин сабаб ҳамчун давлат боқй намонд. Ин падида дар минтақаҳои наздисарҳадй рӯшан ба назар мерасад. Ва воқеан 20 километр минтақаҳои наздисарҳадиро кӯчонида, иншооти марзбонӣ сохтан даркор аст, ки хеле ба амният мусоидат хоҳад кард.

Таърихро низ бояд ҳамаҷониба омӯхт. Аз дастовардҳо дида, бештар бояд хатоиҳоро омӯзем, ки болои як мина ду бор натаркем. Он гоҳ миллати муваффақ ва соҳиби амн мешавем, ки чунин ҳам хоҳад шуд.


 


Система комментирования от Disqus

МАҚОЛАҲО
  • Чаро дар Бадахшон худкушӣ меафзояд?
    03.08.2009 09:29
  • Тавилдара: Кист дар бомаки ларзонаки мо?
    27.07.2009 10:29
  • Тавилдара ором аст!
    01.06.2009 09:57
  • Баҳси об ва заъфи дипломатияи тоҷик
    18.05.2009 09:52
  • Амри президент масъулият металабад!!!
    04.05.2009 10:15
  • Роғун сохта шуд! Баъд чӣ?
    30.03.2009 09:53
  • Сомониён ва истиқлол
    23.02.2009 10:56
  • Амир-Дмитрий ва Лже-Ислом
    02.02.2009 09:57
  • Сомониро чӣ тавр бояд нигоҳ дошт?
    26.01.2009 09:54
  • Ифрот
    12.01.2009 09:34
  • Бойгонии мақолаҳо
    Маҷмӯи хидматҳо Аксҳо Тамос Бойгонии мақолаҳо Робита бо мо
    PR-CY.ru Locations of visitors to this page free counters

    © 1997 - 2010 Оҷонсии хабарии «ASIA-Plus» (Душанбе, Тоҷикистон).
    Тамоми ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд. Зимни истифодаи хабару мақолаҳои сомона таъкид ба
    www.asiaplus.tj дар шакли hyperlink ҳатмист.
    Тел./Факс: (+992 37) 221-72-20, 221-78-63
    agency@asiaplus.tj