Саҳифаи асосӣ Русский | English | Тоҷикӣ Чун саҳифаи шурӯъ пазируфтан | Илова ба мунтахабот



Ном: Рамз:
Рамзро фаромӯш кардед? |
Ҷустуҷӯ:
Маҷмӯи хидматҳо Аксҳо Тамос Бойгонии мақолаҳо Робита бо мо
Андеша
Қоидаи 14

22.06.2009 10:27

Муаллиф: «СССР» №25 18.06.09. Раҷаби МИРЗО

14-уми июн дар Маскав сарони кишварҳои узви Созмоми Паймони Аинияти Дастаҷамъӣ (СПАД) бояд ба он хотир ҷамъ меомаданд, ки дар якҷоягӣ созишномаи Нерӯҳои муштараки вокуниши фаврии СПАД-ро имзо мекарданд. Аммо ин мулоқоти раҳбарони кишварҳои созмон, ки 7 кишвари пасошӯравиро дар бар мегирад, низ бе «аммо» сурат нагирифт.

Кремл боз як шарики сиёсии худро аз даст медиҳад

                Мински расмӣ — пойтахти Белорус бо сабаби пайдо шудани «ҷангҳои ширӣ» ба ин нишастҳозир нашуд. Тибқи хабарҳо Русия воридоти маҳсулоти ширии ин кишварро манъ намуд. Минск, ки дар сол беш аз 6 миллион тонна маҳсулоти ширӣ барориш дораду беш аз 4 миллиони онро ба Русия интиқол медиҳад, ба ин хабар вокуниши ҷиддӣ нишон бояд медод ва дод. Аммо пас аз ҳозир нашудани Лукашенко - президенти Боларус ба нишасти Маскав, Медводев - президенти Русия дар аввал тавре худро нишон медод, ки гӯё ягон ҳодисаи фавқулодда рух надодааст. Гуфт, таъсиси чунин нерӯҳо кори саҳл нест ва дар як солу ду сол наметавон онро анҷом дод. Зеро қабл аз ин Кремл эълон карда буд, ки нерӯҳои дар ин замина таъсисмедодааш бояд ҳамвазни НАТО бошанд. Ин норпҳо дар сурати рӯи кор омадан, аз 20.000 сарбоз иборат хоҳанд буд. Русия дар ҳайати он бештарин нерӯ - як дивизияи ҳавоӣ ва як бригадаи ҳамалотии чатрбозон, Қазоқистон як бригадаи чатрбоз ва кишварҳои дигари узв танҳо як даста ё як баталион сарбози чатрбоз хоҳанд дошт.

                Зимнан, котиботи СПАД, ба гуфтаи коршиносон, хеле вакт боз сари лоиҳаи бузурггари таъсис додани нерӯҳои азими ҷангӣ дар Осиёи Марказӣ талош доранд ва гуфта мешавад ин нерӯҳо ҳангоми «ҷанги калон» ба кор хоҳанд омад. Ҳарчанд ҳоло эълом нашудааст, ки зори мафҳуми «ҷанги калон» Кремл чиро дар назар дорад, ба назари тахлилгарон ҳаводиси чанд вакти охир рухдода дар Ӯзбекистон, овозаҳо аз Тоҷикистон, шиддат гирифтани муҳорибаҳо дар Афғонистон, нооромтар гардидани Покистон, пайовардҳои интихоботи президенти дар Эрон масъаларо то андозае барои онҳо рӯшан намудааст. Аз ҳамин хотир, гуфта мешавад, ки Русияро бояд ташаббускори аслии таъсиси нерӯҳои низомӣ дар Осиёи Миёна ҳисоб кард. Зеро Кремл мехоҳад шарикони худ дар СПАД-ро аз наздикшавӣ бо НАТО нигаҳ дорад.

                Бояд гуфт, СПАД як моҳ пеш аз нишасти Маскав 17-сола шуд. Он замон раҳбарони 6 кишвари акнун мустақил - Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар Тошканд гирд омада, Созишномаи амнияти дастаҷамъиро ба имзо расониданд. Дар банди 4-уми ин созишнома гуфта мешуд, ки «дар сурати сар задани таҷовуз ба хоки яке аз кишварҳои узви созмон ҳамаи дигар кишварҳои узв метавонанд ба он кӯмак расонанд, ҳатто кӯмаки низомй».

                Аммо воқсаҳои дар солҳои 90 асри гузашта аз ҷумла дар Тоҷикистон рухдода, нишон доданд, ки ин созмон ва раҳбарияти он ба шартномаҳои имзокардаашон то куҷо содиқанд. Ҳатто дар ин давра ва баъд бархе аз кишварҳои узви созмон нишон доданд, ки натанҳо ба мамлакати ҳампаймо ни худ кумак намекунанд, балки дар масъалаҳои марзӣ бо ҳам мухолифатҳо ҳам доранд.

                Каме дертар ҳайати созмон низ бо ҳамроҳшавий Белорус, Гурҷистон ва Озарбойҷон фарох шуд. Вало соли 1999 дуи ахир ҳамроҳ 60 Ӯзбекистон онро тарк карданд. Бовуҷуд, созмон аз мавҷудияти худ бо нишастҳои сарварони кишварҳо ва баргузории машкҳои низомӣ дарак медод. Пас аз ҳаводиси Андиҷон дар соли 2005 Тошканд аз нав маҷбур гардид ба ин созмон баргардад. То ин вақт дар соли 1999 дар доираи СПАД нақшаҳои нав рӯи даст гирифта шуда буд ва соли 2001 нерӯҳои зудамал дар ҳайати 1,5 ҳазор нафар аз Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон таъсис ёфт. Аммо ин нерӯҳо тавре ишора рафт, то ин замон танҳо аз мавҷудияти худ замони баргузории машқҳои низомӣ хабар медоданд. Феълан бошад дар бораи таъсиси нерӯҳое сухан моравад, ки теъдоди низомиёнаш беш аз 10 маротиба аз он давра бештар аст ва барои «ҷанги калон» равона хоҳад шуд. Бовуҷуд, коршиносон ба таъсисёбии бе мушкили ин нерӯҳо чандон бовар надоранд, зеро дар ин ҷо ҳам масъалаҳои ҳуқуқӣ вуҷуд доранд, ҳам сиёсӣ. Зеро то ҳанӯз масъалаҳои дар кадом шакл ворид гардидани нерӯҳо ба хоки як кишвари дигар ҳангоми «лаҳзаи X» мушаххас нест. Ҳамчунин кишварҳои узви ин созмон байни ҳам мушкилоте доранд, ки замони таъсиси он надоштанд.

                Аммо паҳлӯи аз ҳама баҳсноки масъалаи таъсиси ин нерӯҳоро боз ҳам Минск пешорӯи кишварҳо гузошт. Масъулини ин кишвар гуфтанд, чун президенти Белорус дар нишаст ҳузур надошт, қоидаи 14-и тартиби таъсисёбии ниҳодҳои СПАД вайрон гардид. Аз ин хотир, таъсисёбии ин нерӯҳоро Минск номашрӯъ меҳисобад. Вале Маскав мегӯяд, дар ҳолате масъалаи машрӯъияти ниҳод пайдо мешуд, ки агар Минск ба таври ошкоро норозигии худро барои таъсиси ин нерӯҳо баён менамуд. Медведев бо асабоният гуфт, Лукашенко ҳатто ба ӯ занг назадааст ва мавқеи худро маълум ҳам накарда.

                Дарвоқеъ, дар ин замина Минск шарики нав ёфт: Ислом Каримов! Президенти Ӯзбекистон дар нишаст ҳузур дошт ва гуфт танҳо ҳангоме ба ҷонибдории таъсиси ин нерӯҳо имзо хоҳад гузошт, ки 4 шарти ӯро иҷро намоянд: якум, тасмими корбасти ин нерӯҳо зимни ризоияти умумӣ гирифта шавад, на бо аксарияти оддии раъйҳо; дуввум, нерӯҳои кишваре, ки қонунгузорияш инро манъ мекунад, ба кишвари дигар интикол дода нашаванд; саввум, ширкати ин нерӯҳо дар ҳалли низоъ миёни аъзои созмон мамнӯъ бошад ва чаҳорум, созишнома бояд танҳо пас аз тасвиб дар кишварҳои муассис ҳукми қонунро пайдо кунад.

                Аммо ба гуфтаи таҳлилгарон, агар аз яктараф дар шартгузориву устувориҳои Ислом Каримов ҳимоя аз манфиатҳои давлати эҳсос шавад, аз ҷониби дигар маъноҳои дигарро ҳам бояд ҷустуҷӯ намуд. Зеро қаблан назарҳое буданд, ки Тошканд авзоъ дар Андиҷонро охирҳои моҳи майи имсол сохтакорӣ намудааст ва ҳадафҳои дигаре дораду овозаи нооромихои шарқи Тоҷикистон ҳам эҳтимол ба он вобаста бошад. Илова ба ин чанде пештар авзоъ бо Қирғизистонро низ ҳандақкобӣ намуда, муташанниҷ кард, ки дар натиҷа одам кушта шуд.

                Яқин масъалаи асосӣ ба қудратхоҳиҳои Ислом Каримов дар минтақа иртибот мегирад, аммо метавон дар ин замина гуноҳро ба сари Маскав бор кард. Зеро маҳз ваъдаҳои Медведев дар Тошканд, ки ба масъалаи оби минтақа дахл доштанд, президенти ӯзбекро умед бахшида буданд. Вале як ҳафта то вохӯрии Маскав Путин — сарвазири Русия гуфт ба ваъдаҳои худ содиқ асту ба Бишкек сармояи ваъдашуда барои бунёди нерӯгоҳҳоро хоҳад дод. Яъне Русия бори дигар нишон дод, ки дар баробари кишварҳои ИДМ, хосатан Осиёи Миёна сиёсати санҷидашудаву мушаххас надорад. Танҳо бо умеди «ишқи пулакӣ»ст, ки ҳар лаҳза нодурустии худро нишон медиҳад. Воқеан, ҳоло гап — гап аст, ки Барак Обама - президенти ИМА, ки сафари таърихии худ ба ОМ-ро дар соли оянда бояд баргузор мекард, акнун ба он бознигарй намуда, шояд то охири ин сол ба минтақа биёяд. Зеро аз рӯи қарори Бишкек амрикоиҳо Манасро бояд то моҳи август холӣ намоянд. Хабарҳо аз Душанбеву Тошканд ва Бишкек дар бораи ҷойгир кунонидани ин пойгоҳи низомӣ гуногунанд ва барои Пентагон умедворкунанда. Пас Русия барои безобита шуданаш аз минтақа асос дорад. Вале бо он ки акнун ҳатто бо «славянҳои» худ - Белорусия забон ёфта наметавонад, бори дигар исбот намуд, ки дар сиёсати хориҷии худ мушкил дорад. Вагарна ҳафтаи гузашта Кремл бовиҷор мегуфт, масъалаи ташкили Иттиҳоди гумрукй бо Белорусу Қазоқистонро 97, ҳатто 100 фисад ба анҷом расонидааст. Аз Маскав сарони кишварҳои узви СПАД, ки ҳамчунин узви Созмони Ҳамкории Шанхай ҳастанд, ба Екатеринбург рафтанд. Дар ин ҷо онҳоро аъзо ва нозирони дигари созмон бояд ҳамроҳӣ кунанд. Аммо Ахмадинажод пас аз «мушкилоти интихоботияш» рӯзи аввали нишаст ба дидори онҳо мушарраф нагардид. Зардорӣ - президенти Покистон бошад умед дорад, акнун аъзои комилҳуқуқи СҲШ мешавад. Вале гуфта мешавад ин созмон бештар аз дунболи Чин меравад.

Пас аз пушти Медведеву-Путин кӣ хоҳад рафт?


 


Система комментирования от Disqus

МАҚОЛАҲО
  • Оқибати пулчинӣ дар «рагҳои хунгузар»
    20.07.2009 09:47
  • Бозӣ бо хотираи мардум?!
    13.07.2009 10:04
  • Қоидаи 14
    22.06.2009 10:27
  • Дар паси шонаҳои президент. То ба кай?
    25.05.2009 10:43
  • Анкета барои Асрорӣ
    18.05.2009 10:02
  • Беҷуръатӣ дар Рӯзи матбуоти озод
    12.05.2009 09:16
  • Дурӯғи бе ҳадду марз
    12.05.2009 09:11
  • «Армуғон»-и дуввуми Раҳмон
    04.05.2009 09:59
  • «Маро фурӯхтан мумкин, аммо харидан имкон надорад!»
    27.04.2009 09:47
  • Шукри ҷавонон
    20.04.2009 10:05
  • Бойгонии мақолаҳо
    Маҷмӯи хидматҳо Аксҳо Тамос Бойгонии мақолаҳо Робита бо мо
    PR-CY.ru Locations of visitors to this page free counters

    © 1997 - 2010 Оҷонсии хабарии «ASIA-Plus» (Душанбе, Тоҷикистон).
    Тамоми ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд. Зимни истифодаи хабару мақолаҳои сомона таъкид ба
    www.asiaplus.tj дар шакли hyperlink ҳатмист.
    Тел./Факс: (+992 37) 221-72-20, 221-78-63
    agency@asiaplus.tj