Саҳифаи асосӣ Русский | English | Тоҷикӣ Чун саҳифаи шурӯъ пазируфтан | Илова ба мунтахабот



Ном: Рамз:
Рамзро фаромӯш кардед? |
Ҷустуҷӯ:
Маҷмӯи хидматҳо Аксҳо Тамос Бойгонии мақолаҳо Робита бо мо
ҲАМКОРӢ
Ҳар дардро давоест

17.12.2009 16:30

Табобати ҷойивазкунандаи ёрирасон - усули беҳтарини муолиҷаи истеъмолгарони мухаддароти тазриқӣ.

Дар Тоҷикистон ба монанди дигар кишварҳои ҷаҳон, алалхусус, ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, дар солҳои охир раванди паҳншавии сироятёбӣ ба вируси норасоии масунияти одам (ВНМО - ВИЧ) ва истеъмоли ғайриқонунии маводи нашъаовар мушоҳида карда мешавад. Яке аз манбаъҳои ташвишовари сироятёбӣ ба ВНМО паҳншавии босуръати он дар байни истеъмолгарони мухаддароти тазриқӣ ба шумор меравад.

Вобастагӣ ба маводи нашъадор ҳолати бағоят мураккаб буда, таъсири манфии он на танҳо ба саломатии шахсони истеъмолкунанда, балки ба ҳаёти ҷомеа низ эҳсос карда мешавад. Хусусан, агар сухан дар бораи истеъмоли мухаддароти тазриқӣ меравад. Тадқиқот ва дастовардҳои илмии 20 соли охир нишон медиҳанд, ки вобастагӣ ба маводи нашъаовар бемории музмини мунтазам хуруҷёбанда аст ва аз таъсири тӯлонии маводи мухаддир ба мағзи сар пайдо мешавад. Хуруҷи беморӣ дар натиҷаи таъсири мутақобилаи мураккаби истеъмоли такрории маводи нашъаовар, омилҳои биологӣ, иҷтимоӣ ва берунӣ, инчунин тағйироти бебозгашт дар механизмҳои ҳавасмандӣ (мотиватсионӣ) дар сатҳи мағзи сар ба амал меояд. Муолиҷаи вобастагӣ ба маводи нашъадор то имрӯз яке аз муаммоҳои мушкил ва умдаи тиббию иҷтимоӣ маҳсуб мегардад. Зарурати ҷорӣ кардани усули замонавии муолиҷа, хусусан, табобати ҷойивазкунанда дар охирҳои даҳаи 90-ум аз сабаби афзоиши босуръати шумораи сироятёфтагони ВНМО дар байни истеъмолгарони мухаддароти тазриқӣ меафзояд.

Ин тамоюл боиси изтироби аҳли ҷомеаи мо низ гардидааст, чунки аксари гирифторони ВНМО дар ҷумҳурӣ истеъмолгарони мухаддароти тазриқӣ мебошанд. Мувофиқи маълумоти оморӣ, то 1 октябри соли 2009 аз шумораи умумии сироятёфтагони ВНМО 54%-и онҳоро истеъмолкунандагони маводи нашъадори тазриқӣ ташкил медиҳанд.

Бо назардошти паст будани самаранокии усулҳои мавҷудаи табобатию барқароркунӣ барои шахсони вобаста ба маводи афюнӣ ва ҳамчунин баҳри паст кардани суръати афзоиши сироятёбӣ ба ВНМО, ҷорӣ сохтани табобати ҷойивазкунандаи ёрирасон дар ҷумҳурӣ бамаврид хоҳад буд. Табобати ҷойивазкунандаи ёрирасон ба воситаи метадон яке аз усулҳои беҳтарини муолиҷаи шахсони вобаста ба маводи афюнӣ маҳсуб мешавад. Тавассути ин усул дар баробари кам кардани ҳодисаҳои истифодаи героин ва фавти беморон аз истеъмоли беш аз меъёри он, ҷинояткориҳои вобаста ба рафтори хатарнок ва сироятёбӣ ба ВНМО низ коҳиш меёбад. Ҳамзамон хароҷоти зиёде, ки аз вобастагии афюнӣ ба шахси бемор, оилаи ӯ ва умуман, ба ҷомеа мерасад, кам мегардад. Табобати ҷойивазкунандаро на танҳо ҳамчун як амали оддии таъини маводи афюнӣ баҳри муолиҷаи беморон метавон шуморид, балки он бояд ҳамчун як барномаи мукаммали ёрӣ ба шахсони вобаста ба маводи нашъаовар амалӣ шуда, дар бисёр маврид бо истифода аз усулҳои муолиҷаи рӯҳию барқароркунии иҷтимоӣ ва табобати дигар бемориҳои соматикӣ гузаронида шавад.

Табобати ҷойивазкунанда дар тамоми ҷаҳон ҳамчун яке аз усулҳои бартаридошта дар табобати нашъамандони вобаста ба маводи афюнӣ паҳн гардидааст. Он ҳаддалимкон истеъмолгарони маводи нашъадори афюниро ба низоми ёрии тандурустию иҷтимоӣ ҷалб сохта, сатҳи зарар аз истеъмоли маводи нашъадори ғайриқонунӣ ва худ сатҳи ҷинояткориро дар байни онҳо хеле кам мекунад. Дар айни замон пажӯҳишҳои зиёди илмӣ гузаронида шудаанд, ки самаранокии муолиҷавӣ ва иқтисодии ин усули табобатиро собит кардаанд. Муҳокимарониҳо танҳо оид ба маводи ҷойивазкунанда, миқдори табобатии истеъмоли он, муддати истеъмол, шартҳои қабули беморон ба барномаҳои табобатӣ, нақшаҳои оғоз ва анҷоми муолиҷа доир карда мешаванд.

Айни ҳол бояд иқрор шуд, ки гузаронидани табобати ҷойивазкунанда на танҳо як масъалаи тиббӣ, балки проблемаи сиёсати давлатӣ дар самти назорати маводи нашъадор, низоми қонунгузорӣ ва биоэтикӣ ба ҳисоб меравад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми қонунгузории худро дар самти назорати қоидаҳои муомилоти қонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо дорад, ки бо санадҳои байналмилалӣ дар ин самт мувофиқа шудаанд. Бояд қайд кард, ки дар ҳеҷ яке аз ин ҳуҷҷатҳо барои татбиқи барномаҳои табобатии ҷойивазкунанда монеа дида намешавад. Дар робита метавон гуфт, ки ҷорӣ кардани ин усули табобатӣ танҳо салоҳияти худи сохторҳои тандурустист. Бинобар ин, он ба мисли таъиноти дигар маводи доруворӣ ғайриқонунӣ шуморида намешавад.

Моҳияти ворид сохтани табобати ҷойивазкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Барномаи пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва беҳдошти хизматрасонии наркологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005-2010» (Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №113 аз 2 апрели соли 2005 тасдиқ шудааст) ва «Барнома оиди мубориза бо паҳншавии вируси норасоии масунияти одам ва бемории СПИД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2007-2010» (Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 86 аз 3 марти соли 2007 тасдиқ шудааст) дарҷ гардидааст.

Дастрасии истеъмолгарони мухаддароти тазриқӣ ба хизматрасонии профилактикӣ, табобати нашъамандӣ, чорабиниҳои паст кардани зарар, машварат ва муоинаи ВНМО, табобати ҷойивазкунанда, муолиҷаи бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда бояд мувофиқи меъёрҳои миллӣ беҳтар гардонида шавад. 

Декларатсияи Дублин (2004с.)

Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ низ дар мамлакатҳое, ки шумораи беморони вобаста ба маводи афюнӣ зиёданд ва алалхусус, дар он ҷойҳое, ки аз сабаби истеъмоли мухаддароти тазриқӣ ин шахсон хатари зиёди сироятёбӣ ба ВНМО ва дигар ангезандаҳои тавассути хун гузаранда доранд, табобати ҷойивазкунандаи ёрирасонро яке аз усулҳои муҳими табобатӣ мешуморад. Дар «Декларатсияи ҳавасманд будан ба кори мубориза алайҳи ВНМО/БПНМ», ки дар ҷаласаи махсуси Ассамблеяи Генералии СММ, №26/2 аз 27 июни соли 2001 қабул шуда буд, дар қатори дигар тавсияҳои муҳим, инчунин як банд оид ба зарурати афзоиши барномаҳои паст кардани зарар аз истеъмоли маводи нашъаовар вуҷуд дорад. Яке аз қисматҳои он таъмин ва дастрас кардани табобати ҷойивазкунанда барои истеъмолгарони мухаддароти тазриқӣ мебошад.

Ҳамчунин дар Мавқеи муштараки Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, Барномаи муштараки СММ оид ба ВИЧ/СПИД ва Раёсати СММ оид ба мубориза алайҳи нашъаҷалобӣ ва ҷинояткорӣ (2004с.) омадааст, ки «Табобати ҷойивазкунандаи ёрирасон яке аз усулҳои самараноки табобати вобастагии афюнӣ ба шумор меравад».

Бо қарори Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ аз 2 июли соли 2005 ҳамчун маводҳои асосии табобати ҷойивазкунанда метадон ва бупренорфин ба Рӯйхати маводи дорувории асосӣ, ки барои таъмини меъёрҳои минималии ҳифзи саломатӣ дар ҳама давлатҳо заруранд, дохил карда шуданд.

Яке аз масъалаҳои муҳим дар татбиқи барномаҳои табобатии ҷойивазкунанда самти ахлоқии он ба ҳисоб меравад. Ҳар як духтур дар таҷрибаи худ бояд муаммоҳои одоби касбиро ҳал кунад ва ба таҷрибаи худ баҳои ахлоқӣ диҳад. Табобати ҷойивазкунанда дар соҳаи наркология истисно набуда, он ба мисли исқоти ҳамл, трансплантатсияи узвҳо ва модаршавии сунъӣ аз сабаби таваҷҷӯҳи зиёди сиёсатмадорон ва ҷомеа, ба як майдони баҳсу мунозираҳо табдил ёфтааст.

Чун анъана, паҳлӯҳои ахлоқии табибӣ хусусияти фоидабахшӣ дорад, ки он дар ифодаи машҳури «noli nocere» (зарар нарасон) зоҳир гардидааст. Баръало маълум аст, ки таъиноти маводи вобастакунанда ба беморон боиси гирифтории дубора намегардад ва зарари иловагӣ нахоҳад дошт. Таъсири манфӣ, ки ҳангоми муддати тӯлонӣ истеъмол кардани маводи ҷойивазкунанда ба вуҷуд меояд, аз тарафи мутахассисони гуногун пурра омӯхта шудаанд ва он наметавонад ҳамчун амали ғайринишондодӣ муаррифӣ шавад ва садди роҳи табобати ҷойивазкунанда гардад.

Агар ба таърихи масъала рӯ оварем, мебинем, ки ақидаи таъин кардани маводи нашъадор барои табобати нашъамандӣ ғояи нав набуда, табибон бо мақсади муолиҷаи вобастагии афюнӣ онро дер боз истифода мебурданд. Ҳатто дар давраи Иттифоқи Шӯравӣ шахсоне, ки аз вобастагии афюнӣ азият мекашиданд, то соли 1959 имкон доштанд, ки доруи морфинро барои истифодаи шахсӣ аз дорухонаҳо тариқи варақаҳои таъинотии духтурон дастрас кунанд (ба истилоҳи “ҳаққи нашъа” / ”наркопайки”).

Соли 1959 духтури канадагӣ Роберт Холлидей ва соли 1963 пизишкони амрикоӣ Винсент Доул (V.Dole) ва Мэри Нисвандер (M.Nyswander) якумин шуда, барои табобати ҷойивазкунанда метадонро истифода бурданд. Дар Аврупо метадонро барои табобати ҷойивазкунанда бори нахуст соли 1967 психиатри шведӣ Л.Ган (L.Gunne) истифода бурд. Ин дору якчанд бартарӣ дошт - онро метавон ба воситаи даҳон дар шакли маҳлул истеъмол кард, яъне зарурат ба истифодаи он бо роҳи тазриқӣ набуд ва таъсири дарозмуддати ин дору имкон медод, ки онро дар як шабонарӯз ҳамагӣ як маротиба истифода баранд. Аз охири солҳои 60-ум муолиҷа бо истифода аз метадон яке аз усулҳои аввалиндараҷаи табобати вобастагии афюнӣ қариб дар тамоми ҷаҳон мегардад.

Мо ваъда медиҳем, ки то соли 2010 тамоми тадбирҳои зарурӣ баҳри таъмини дастрасии бештар ба барномаҳои бисёрпаҳлӯи профилактикӣ, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ амри воқеӣ мегардад.

Баёноти Сиёсӣ оид ба ВНМО/БПНМ,

Ассамблеяи Генералии СММ,

2 июни 2006с.

Истифодаи васеи барномаҳои табобатии ҷойивазкунанда бо оғози эпидемияи ВНМО дар солҳои 80-ум ва 90-ум бо суръати нав оғоз меёбад. Дар ин муддат табибон аллакай доруҳои зиёдеро барои табобати ҷойивазкунанда истифода мебурданд (бупренорфин, морфин, дигидрокодеин). Исбот гардид, ки табобати ҷойивазкунанда хавфи сироятёбиро ба ВНМО ва дигар бемориҳо, ба монанди ҳепатитҳои В ва С хеле кам мекунад. Дар айни замон ба барномаҳои табобати ҷойивазкунанда дар тамоми ҷаҳон зиёда аз 1 миллион нафар мизоҷон шомиланд. Шумораи онҳо дар ИМА (дар 45 штати он) тақрибан 260 ҳазор нафар, дар кишварҳои Аврупо (Британияи Кабир - 109 000, Испания - 103 000, Франсия - 99 500, Италия - 97 000, Германия - 65 00, Голландия - 13 500, Португалия - 12 500, Австрия - 7500) зиёда аз 500 ҳазор, дар Эрон 30 ҳазор, дар Ҳиндустон 80 ҳазор, дар Хитой 38 ҳазор ва дар Австралия 20 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар солҳои охир як қатор мамолики Аврупои Ғарбӣ ва давлатҳои нави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба истифода аз барномаҳои табобати ҷойивазкуннада оғоз кардаанд. Имрӯзҳо табобати ҷойивазкунанда дар Литва, Латвия, Эстония, Қирғизистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Украина ва Белорусия истифода бурда мешавад. Табобати ҷойивазкунанда ягон зарра имконоти беморонро баҳри пурра даст кашидан аз истеъмоли маводи афюнӣ кам нахоҳад кард. Бо хоҳиши сахту иродаи қавӣ ва дастгирии хуби иҷтимоӣ мизоҷони барномаҳои табобатии ҷойивазкунандаи ёрирасон, ҳатто пас аз чанд соли иштирок дар табобати ҷойивазкунанда, баъд аз гузаштани безаҳркунӣ метавонанд бомуваффақият аз истеъмоли маводи ҷойивазкунанда даст кашанд.

Ба ин тариқ, табобати ҷойивазкунанда ҳамчун як қисмати барномаи ёрӣ ба беморони вобаста ба маводи нашъаовар илман собитшуда ва ахлоқан асоснок мебошад, ки ба беҳдошти сифати ҳаёт ва дарозии умри беморони вобастагидошта ба маводи афюнӣ оварда мерасонад.

Саидмӯъмин Холов,
Мутахассиси барномаҳои
профилактикии
Лои
ҳаи ВИЧ/СПИД-и
Барномаи Рушди СММ

БО МУСОИДАТИ БРСММ ДАР ТОҶИКИСТОН ОМОДА ГАРДИД


 


Система комментирования от Disqus

МАҚОЛАҲО
  • Об барои ҳаёт
    02.04.2010 19:17
  • Гуногунии биологӣ – асоси ҳаёти инсоният
    02.04.2010 18:08
  • Шарики рушд
    28.01.2010 20:21
  • Растагории мӯътодони зиндонӣ
    28.01.2010 20:17
  • Назорати сил тақвият меёбад
    28.01.2010 20:06
  • Таҳкими мубориза алайҳи бемориҳои сироятӣ
    17.12.2009 16:48
  • Дастоварди Тоҷикистон
    17.12.2009 16:42
  • Кӯмаки воқеӣ
    17.12.2009 16:36
  • Ҳар дардро давоест
    17.12.2009 16:30
  • Раҳнамо ба фардои нек
    02.11.2009 19:02
  • Бойгонии мақолаҳо
    Маҷмӯи хидматҳо Аксҳо Тамос Бойгонии мақолаҳо Робита бо мо
    PR-CY.ru Locations of visitors to this page free counters

    © 1997 - 2010 Оҷонсии хабарии «ASIA-Plus» (Душанбе, Тоҷикистон).
    Тамоми ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд. Зимни истифодаи хабару мақолаҳои сомона таъкид ба
    www.asiaplus.tj дар шакли hyperlink ҳатмист.
    Тел./Факс: (+992 37) 221-72-20, 221-78-63
    agency@asiaplus.tj