Роғун сохта шуд! Баъд чӣ? 30.03.2009 09:53 Муаллиф: «Миллат» №12 26.03.09. С.ФИҒОНӢ Ё аз «қарзҳои сталинӣ» то «қарзҳои Раҳмонӣ». Се сол пеш, вақте ки дар матбуоти тоҷик роҷеъ ба сохтмони нирӯгоҳи барқиву обии Роғун хабару мақолахои тоза пайдо шуданд, бисёр коршиносон, зери суол мондани фаъолияти ширкати "Русал "-ро дар сохтмони ин иншоот бад қабул карданд. Ин масъалагузориро коршиканӣ ва ғайриқабул меҳисобиданд. Вале вақт нишон дод, ки ин пешниҳодҳо саривақтӣ буданд ва аз ҳаёти воқеӣ.
Имрӯз сохтмон дар ин иншоот пеш рафта истодааст. Гап дар сари он аст, ки ниругох моли Тоҷикистон мемонад. Ва ин дастовардест, болоарзиш. Мусаллам гашт, ки барномаи энергетикии Тоҷикистон воқеист ва анҷоми босамари он Тоҷикистонро ба катори давлатхои пешрафта мебарад. Сохтмони ниругохи барқии обии Рогун ба охир расад, баъд чи мешавад?
Дар ҳамон мақолаҳо роҷеъ ба ин саволҳо ҳам гуфтугузарҳое сурат гирифта буд. Аз ҷумла, дар бораи оғози сохтмони НБО-и Дашти Ҷум пешниҳодҳо рӯйи коғаз омад. Оё ин пешниҳод арзиш дорад? Имкониятҳои молӣ, ки монеаи асо сии оғози сохтмон дар иншооти мазкур мебошанд, чӣ гунаанд?
ҶӮЯНДА ЁБАНДА АСТ?
Баъди ду соли ҷанги дувуми ҷаҳонӣ иқтисодиёти Иттиҳоди Шӯравӣ ба нуқтаи охирин расида буд. Тадбирҳои ҷиддӣ ҷӯстан лозим меомад. Дар ин ҳолатҳо ҷалби сармояи хориҷӣ яке аз омилҳои асосӣ мебошад. Шӯравӣ ҳам имконият дошт. Баъди пирӯзӣ ба фашизми Германия бисёр кишварҳои хориҷӣ ҳозир буданд, ки ба ғолиб Сталин қарзи имтиёзноқ бидиҳанд. Вале Ҳукумати Шӯравӣ ба ин роҳ нарафт. Тадбирҳои дигар ҷӯсту рӯ ба қарзи дохилӣ овард. Қарзи бурднок 2 % ба ёд биёрем, иқтисоди кишварро на танҳо барқарор, балки хеле зуд пеш бурд.
Роҳҳои харобшуда обод шуданд, заводу фабрикаҳои аз кор монда эҳё шуданд. Охирин варақҳои арзишнок барои аз худ кардани заминҳои бекорхобидаи Қазоқистон сарф шуданд. Ҳамин қарзҳои дохилӣ буданд, ки мушкилотро ҳал карданд ва Ҳукумати Шӯравӣ тавонист, илму амалияи кайҳоншиносӣ ва кайҳоннавардиро сармоягузорӣ кунад.
Бисёрҳо шунидаем, ки дар сӯҳбатҳо мегӯянд: Мардуми Қатар, Баҳрайн пулдоранд, шайхҳои араб фалон иншоотро сохтанд, фалон кори савобро тамом карданд. Оё медонем, ки арабҳо аз куҷо пул ёфтанд? Кони тилло ку надоранд?
Ҳама кор аз дарёфти истиқлолияти сиёсӣ насибашон шуд. Онҳо корхонаҳои нафтии аз кишварҳой аҷнабй мондаро аввал давлатӣ, баъд ширкатҳои саҳҳомӣ карданд. Саҳмҳоро тақсим карданд, хариданд ва фурӯхтанд. Иқтисоди корхонаҳо сол то сол меафзояд, даромад ҳам аз саҳмҳо зиёд мешавад. Яъне араб не, пули ӯ кор мекунад.
Ҳамин ҳолат моро ҳам дар пеш аст. Баъди анҷоми сохтмони ниругоҳи обии Сангтӯда ва Роғун пулдорҳои тоҷик пайдо мешаванд. Агар оқилона ва дилсӯзона амал кунем, баъди сохтмони ниругоҳибарқи Дашти Ҷум... гӯё сафи пулдорони тоҷик даҳҳо баробар мёафзояд. Чӣ тавр?
Барои ин бояд ниругоҳи барқи обии Дашти Ҷум корхонаи саҳомии шакли кушода сохта шавад ва дар мадди аввал бо пули шахрвандони Тоҷикистон. Пул аз куҷост?
Тавре ки дар боло гуфтем, пулро танҳо аз шаҳрвандони Тоҷикистон бояд дарёфт кард. Яъне ру ба қарзҳои дохили бояд овард.
Оё мардум ҳамин саҳмияҳоро мехаранд, ё қарз медиҳанд? Ба андешаи инҷониб, бале.
1.Агар мардум бидонанд, ки ин пули онҳо баъд аз 10 сол ба онҳо фоида меорад, яъне "дарки манфиати молӣ" пайдо кунанд. Ба сарватмандии араб бо назари шубҳаву ҳасад не, бо диди эътимод нигоҳ кунанд. Маданияти молиро касб ва аз бар кунанд.
2.Бовар кунанд, ки пулҳои онҳо кор мекунанд ва ба яғмо намераванд. Имруз ин масъала ҳам матраҳ аст. Мардуми кишвар ба сарвари давлат эътимод доранд. Ҳамон гуна, ки дар боло гуфтем, қарзҳои давлатии соли 1947 барои он зуд ва бетаъхир ҷамъ мешуданд, ки мардум ба давлат боварӣ доштанд. Шояд ба нишони эҳтиром онро "қарзҳои сталинӣ" ном мебурданд. Ҷойи шаке нест, ки баъди харидани ин варақҳои арзишнок, истилоҳи "қарзҳои раҳмонӣ" пайдо шавад.
З.Оғози ин амал кори як рӯзу ду рӯз нест. Вазорати иқтисод, пажӯҳишгоҳи иқтисодй даричаро ба бонкҳои байналмилалӣ напӯшида, дарвозаҳояшонро ба рӯи мардум кушояд. Онҳо арзиши умумии иншоот, мӯҳлати сохтмон ва иктидори он, фоидаоварии онро ба мардум эълом бидоранд. Навидҳои хеле нек дар ин ҷода алакай ҳастанд. Муроҷиати соҳибкорони тоҷики берун ва баъзеҳо аз дохили ҷумҳурй ба Раиси Ҷумхур гувоҳи ин гуфтаҳост. Онҳо ба сарвари давлат мустақиман ҳамкорӣ пешниҳод карда, дар рушди иқтисоди кишвар саҳм гирифтаниянд. Онҳо ҳақ доранд аввалин саҳҳомон ва сармоягузорони ин ниругоҳи аср бошанд...
Баъди даҳ сол "шайхи пулдори тоҷик" тобистонашро дар уқёнуси яхбастаи шимолӣ, зимистонашро дар кишварҳои тропикӣ хоҳад гузаронд.
Ниругоҳи барқи обии Роғун, иншоолоҳ, сохта хоҳад шуд. Ҳукумат формулаи кориро дар ин иншоот муайян кард. Бо истифода аз манбаъҳои гуногун рӯз то рӯз корҳои сохтмонӣ авҷ гирифта истодаанд.
Баъд чӣ? Оё дар барномаи энергетикии Тоҷикистон сохтмони ин иншоот марраи ихирин аст? Зеро дар як вакт бунёди ниругоҳҳои хурди обй идома дорад.
Вале бояд гуфт, ки ҳалли барномаи энергетикӣ ҳоло дар пеш аст. Сухани охиринро бо бунёди ниругоҳи барқи обии Дашти Ҷум хоҳем гуфт. Ин иншоот калонтарин ва марғубтарин ниругоҳ дар рӯи олам хоҳад буд. Санъати бунёди он низ беназир ва нотакрор аст. Сохтмони обанбор зарурат надорад.
Проблемаҳои имрӯзаи таъмину истифодабарии об авҷ намегирад. Ҳарифон дар ин бора эроде нахоҳанд дошт. Махсусан, баъди бунёди шохроҳи Душанбе - Кӯлоб - Хоруғ шароитҳо пурра мусоид гаштанд. Яъне барои оғози кор вақт расидааст...
Р. S .: Андешахои муаллиф-як пешниҳод аст. Олимон ва мутахассисон дар ин бора чи мегӯянд. Дар шуморахои оянда дар ин бора хоҳем гуфт.
Please enable JavaScript to view the comments powered by Disqus.
Система комментирования от