Аммо дар нишасти хабарии масъулони ширкати "Барқи тоҷик" дар моҳи апрели соли равон зикр шуд, ки Талко яке аз қарздорони асосии ин ширкат аст ва то моҳи апрел ҳаҷми қарзҳои он 90 миллион сомониро ташкил медиҳад. Албатта ин 90 миллион, ки ҳосили зарби панҷ дирамӣ барои ҳар як киловат соати барқ аст, вале дар сурати 17 дирамӣ (нархифурӯши нерӯи барқбарои корхонаҷоти дигари санъатии Тоҷикистон) баровард шудан он як рақами воҳиманок хоҳад шуд. Вале боз ҳам агар "роҳбарияти Талко" то аввали январ ҳеҷ тине(шояд дирам-воҳиди хурди асъори миллиро дар назар дошта бошанд) қарздор набошанд, пас мантиқан ин маблағ қарзи танҳо се моҳ:- аз январ то апрели соли равон аст, ки моҳона сӣ миллиой сомониро ташкил додааст. Аҷиб аст, ки Талко 90 миллион сомонӣ (20 миллион доллар бештар) пули истифоди нерӯи барқи давлатро наметавонад бисупорад, вале бар пояи маълумоти мунташира метавонад бидуни мушкилӣ ширкати ҳавоии хусусӣ таъсис диҳад, тайёраи гароннарххаридорӣ кунад, барои таксопарки Душанбе " метавонад садҳо " Саманд "- и иронӣ бихарад ва меҳмонсаро бунёд кунад ва ғайра. Ин ҳам албатта "қиёс " аст. Инҷо метавон "дарунтар"-и қазияи Талко рафту гуфту гуфт, ки он то чӣ андоза "сарвати миллй " аст ва ё баровардасози ниёзҳои афроди алоҳида. Бахусус ки суратҳисоби корхонаи давлатии Талко-парчамдори иқтисоди миллӣ на дар бонки давлатии Амонатбонк балки дар "Ориёнбонк"- муассисаи тиҷоратии ғайридавлатӣ "амал" мекунад ва масъули ин бонк бино ба навиштаи бархе аз сомонаҳои интернетӣ ҳамзамон соҳиби ширкати CDH-шарики толлингии Талко мебошад. Ва боз ҳам ба навиштаи ин сомонаҳо, ки масъулони CDH онро таъйид кардаанд, даромади ин ширкати таъминкунандаи гилхоки Талко дар соли 2005 70 миллион долларро ташкил додааст. Тааҷҷубовар аст, ки маблағҳои Талко бештар барои рушди тиҷорати хусусй масраф мешавад, вале онро хуни гарми иқтисод ва сарвати миллӣ муаррифӣ мекунанд. Ва агар дар воқеъ ин корхона дар шумори даҳгонаи корхонаҳои бузурги мушобеҳ дар дунёст, пас чаро дар як чунин шароит барқро аз аҳолии бе ин ҳам қашшоқу бенаво арзонтар мехарад? Ва онро ҳам дар вақташ пардохт наменамояд ва 90 милион сомонӣ аз Барқи тоҷик қарздор аст. Ва агар зӯру тавоност чаро наздики 700 ҳазор доллари қарзи "Тоҷиктрансгаз"-ро низ ним сол аст, ки намепардозад? Вале агар нафаре дар ин бора садо баланд кард бо шеваи шадиду лаҳҷаи хашин ӯро қариб, ки душмани миллат муаррифӣ мекунанд. Яъне бояд сукут варзид, дам фурӯ баст ва лому мим нагуфт, ки тоифае аз ҳисоби сарвати мутааллиқ ба ҳамаи миллат сарватманд бишавад, вагарна сазовор ба нафрину дучор ба бӯҳтон мешавад.
Раиси Бонки миллӣ ҳамчунин аз 286 миллион сомонӣ пардохтҳои молиётии Талко ба иқтисоди кишвар гӯшзад карда ва носеҳона мефармоянд, кй "... саҳми корхонаи ТАЛКО" дар иқтисодиёти кишвар бузург аст ва ин нуктаро сарфи назар кардан, иштибоҳи маҳз аст...Ба андешаи мо: мӯҳтарам Тӯраҷонзода дар мақолаи худ "Дуруғи бе ҳадду марз" барои исботи назари худ гуфтаҳои моро нодуруст тавзеҳ додаанд,...".( Боз ҳам аҷиб аст, ки худи "роҳбарияти Талко" дар матлаби"Сарвати миллат фурӯхта намешавад" гуфтаанд, ки пардохтҳои Талко дар соли гузашта 270 миллион долларро ташкил додааст, аммо ҷаноби раиси Бонки миллӣ рақами 286 -ро аз куҷо пайдо карда бошанд)
Ин кори иқтисодчиҳо ва муҳосибон аст, ки тавзеҳ диҳанд пардохти 286 миллион сомонӣ аз як миллиарду чаҳорсад миллион доллари воридотии Талко кам аст ё зиёд. Вале як нукта мусаллам аст, ки чанде аз ширкатҳои хусусии мобилии муваффақ, ки барои рушди кору корхона як сенте ҳам аз бюҷет ва маблағи давлат истифода накардаанд, молиёти бештар аз Талко ба давлат месупоранд. Ва онҳо бо забони дарозу рӯи сурх аз даромади холиси худ сӯҳбат мекунанд, вале то имрӯз Талко ягон маротиба аз даромади софу холиси худ лаб боз накардааст ва нагуфтааст, ки парчамбардори номуси миллӣ ба миллат ва бюҷети давлат чанд доллар фоидаи соф овардааст.
Аммо вакили порлумони Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов дар бораи нақш ва ҳиссаи ширкати Талко дар иқтисод ва бюҷети кишвар назари дигар дорад: «Масъала ин ҷост, ки се-чаҳор сол муқаддам саҳми алюмин ва пахта дар буҷаи кишвар 17 дар садро ташкил медод. Аммо дар буҷаи соли 2009 саҳми ин маҳсулоти стратегӣ фақат ду дар садро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест ки 76 дар сади содироти мо ба ҳисоби фурӯши алюмин ва пахта аст.
Аммо дар мавриди ширкати алюмин бояд гуфт, ки дар соли 2008 бамизони тахминан якуним миллиард маҳсулот истеҳсолкарда ба буҷаи кишвар фақат 800 ҳазор доллар даромад доштааст. Ин дар ҳолест, ки ҳамасола корхона 6-6,5 миллиард киловат –соатбарқро бо қимати 90 миллион доллар масраф мекунад. Агар Талкоро аз андози даромади изофии 20 фоиза озод намекарданд, дар он сурат корхона ба буҷа ба мизони на кам аз 200 миллион доллар даромад дошт. Мешавад натиҷагирӣ кард, ки барои такмили буҷа маншаъи лозимӣ дорем, фақат онро бояд ёфт.»
«Азия плюс» 16 октябри соли 2008.
Фикр накунам, ки Шабдолов бо ин ҳама собиқаи тӯлонии сиёсӣ дар саҳна ва дониши амиқ дар ин соҳа ҳарферо носанҷида ва чуноне дар кори бархеҳо мушоҳида мешавад, тӯтийор аз қавли дигарон такрор кунад. Ва ҳарчанд "роҳбарияти Талко", ҳамвора мункири имтиёзоти хосаи қоилшудаи ҳукумат мешаванд аммо бархе аз коршиносон, аз ҷумла Саймуддин Дустов ин нуктаро, ки Талко аз марҳамати ҳукумат хуб баҳраманд аст, дар як сӯҳбат тасдиқ кардааст: