МИНАТ ТО БА ЧАНДУ МИННАТБАРДОРӢ ТО БА КАЙ? 26.10.2009 16:49 Муаллиф: Акбари Турсон Мулоҳизаҳо дар атрофи як ҳангомайи академӣ
Қалам бифкан, ки дастат раъшадор аст,
Варақ бардар, ки фикрат ҳарзакор аст!
Абдураҳмони Ҷомӣ
1
Соли гузашта дар Душанбе ва Москва ҷашни садсолагии академик Бобоҷон Ғафуров баргузор шуд. Дар ҳар ду маърака олимони маъруфи шарқшинос иштирок доштанд. Мутаассифона, гуфта ва навиштаҳои ҷашнӣ ва пасоҷашнии баъзе аз онҳо ба ҳам рост намеоянд. Чунончӣ, ба қарибӣ академики АФ Тоҷикистон Борис Литвинский хотираҳояшро интишор дода зимнан дар ҳаққи устод Ғафуров ва махсусан таърихи иншои китоби «Тоҷикон » ҳарфҳое зад нобоиста ва ношоиста. Вале Академияи илмҳо хомӯширо ихтиёр намуд. Ва ҳол он ки гуфтору рафтори узви пайвастааш на фақат ба торҳойи нозуки асаби миллии мо нохун мезанад, балки аз чорчӯби одоби суннатии илму олимӣ ҳам берун мебарояд.
Дар таърихи Шӯравӣ ва ба хусус Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуровро чунон мавқеъ ва мақоме насиб шудааст, ки ҳеҷ кас лофи баробарӣ зада наметавонад. Китоби «Тоҷикон », ки ба яқини комил гули сари сабати дастовардҳойи илмии устод Ғафуров буд, низ дар рӯйхати таърихномаҳойи машҳури гузаштаву ҳозира номнавис шудаст. Аз ин рӯ баройи ҳимояи нангу номӯси илмӣ ва нақши барҷастайи иҷтимоию сиёсии академик Бобоҷон Ғафуров сина сипар кардан ҳоҷат нест. Ва агар бо вуҷуди ин банда аз гапҳойи пурғарази Литвинскӣ, ки ҷумлатан ва сириштан ботиланду бас, назар напарҳезида бошам, вокунишам се сабаб дорад.
1. Бобоҷон Ғафуровро шахсан мешинохтам ва дар тақвиму тақдири илмии китобашон низ иштирок доштам. Ҳамзамон аз ҳамгинони академии Б. А. Литвинский ҳастам. (Мо ҳар ду аъзойи як шӯъбаи илмии Академия мебошем, албатта агар маро аз рӯйхати узвҳойи вобаста набароварда бошанд!)
2. Масъалаҳойи бунёдӣ ва куллитар низ ҳастанд, ки аз ҷиҳати миқёсу аҳамият аз доирайи муносибатҳойи шахсии Ғафуров ва Литвинскӣ берун мебароянд. Ин масъалаҳо, ки поёнтар таснифу таъбир хоҳам кард, ба худвижагиҳойи таърихию фарҳангии тоҷикон доир мебошанд. Ба хусус имрӯз, вақте ки дар шарқшиносии пасошӯравӣ ақидаҳойи эроншинохтии даврони шӯравӣ мавриди боздиди интиқодӣ қарор гирифтаанд, масъалаҳойи мазкура ба мадди назар мебароянд. Дар партави ин тамоюл, ки зоҳиран илмӣ буда, ботинан идеологист , гуфта ва пардохтайи Литвинскӣ рангу тобишҳое пайдо мекунанд, ки чашмандози худогоҳии таърихӣ ва худшиносии фарҳангии моро хира мекунанд.
3. Даъвойи Литвинскӣ ба ҳарифони таърихиамон, ки то ин вақт дандон ба дандон монда хомӯш мегаштанд, қуввату қудрати нав бахшид. Аҷаб нест, ки дар ташкили кардани маъракайи нави “фошкуниҳо ” ба дасти Литвинскӣ ҳамон нируҳойи берунмарзӣ ва баъзе ҳасудони дарунмарзӣ ҳам ширкат варзида бошанд. Лекин инаш масъалайи илмӣ ҳам несту муҳим ҳам, бинобар ин аз хурдагириҳойи шахсӣ, айбҷӯйиҳойи гурӯҳӣ ва бегонаситезиҳойи байналмилалӣ худдорӣ мекунам. Дигар андешаҳойи ҷиддитар ва муҳимтар ҳастанд, ки бояд мавриди тааммули илмию иҷтимойӣ қарор гиранд.
Чунон ки аз солномаҳойи қадиму ҷадид бармеояд, дигаргунии инқилобӣ, яъне ҷаҳида гузаштани ҷомеа аз як зинайи таърихӣ ба зинайи дигар, басе ба воқеае ҳамроҳ бувад, ки метавон куллан ва маҷозан ҳайкалшиканӣ унвон кард. Рангу раванди ин падидайи моҳиятан харобкунанда аз инкори куллии на фақат бунёди ҳаёти иқтисодӣ ва сохторҳойи сиёсии ҷомеайи дирӯза, балки манзумайи арзишу суннатҳойи маънавии рӯзгори гузашта, қонуну қойидаҳойи маъмули ахлоқу одоби ҳаёти насли пешин ва ҳатто меъёру идеалҳойи фарҳангу тамаддуни суннатӣ иборат аст. Ва ин ҳама фақат натиҷайи хурӯшу хуруҷи издиҳоми “бехабар аз кори ҷаҳон” набуда амру амали ғаразнокест, ки аз партави назарияҳойи фалсафимаоб мунаввар шуда. Чашмрастарини онҳо ниҳилизм мебошад, ки инкори мутлақи гузаштаро ба як ҳисоб ҳақ мебарорад. Беҳуда нест, ки ин маъқулайи номаъқул (ниҳилизм) ба радифи ақидаҳойи фалсафии Урупо баъд аз Инқилоби Бузурги Фаронса ворид шудаст.
Инқилоби Ӯктабр ҳам аз вокунишҳойи ниҳилистона оғоз ёфт: болшевикон таърихи тоинқилобии Русия ро тамоман рад карданд. Гардиши кунунии фалак бошад, зуҳури як навъ ришханди таърих аст. Зеро ки ниҳилизми пасошӯравӣ худро ба дигар ҳадди ифрот зад: рӯзгори шӯрави ро комилан инкор мекунад! Аз ин мавқейи назар худнамоии Литвинскӣ аз минбари киберфазойи чор тарафаш беҳудуд (аз ҷиҳати одоби баҳс низ) намоиши ҷузвии ҳамон падидайи хоси пасошӯравист, ки ҳайкалшиканӣ унвон кардам. Гап болойи ин аст, ки Бобоҷон Ғафуров на фақат ҳамчун олим ва созмондеҳи илми академӣ, балки ба унвони арбоби олирутбайи ҳизбию сиёсии даврони Шӯравӣ низ маъруфанд. Фаъолияти илмӣ ва иҷтимоии эшон як кисми таркибӣ ва рамзии таърихи СССР буд; дар қаламрави худи ҳамон давлати бузурге ҷараён дошт, ки абнойи садайи бистӯм ҳамчун яке аз ду Абарқудрати Ҷаҳон эътибору эътироф мекарду акнун ба туфайли саъю кӯши харобиовари каждумҳойи таги бӯрёаш ба як воқеияти оҷизи таърихӣ табдил ёфтааст – чунон оҷизе, ки ҳар касу нокас зери по карда метавонад.
Литвинскӣ, гӯё дар омади гап бошад, маънидорона мегӯяд, ки дар Кумитайи Марказии ВКП(б) Ғафуров пушту паноҳе дошт. Манзураш Михаил Суслов аст, ки Ғафуровро ҳурмат мекард. («А Суслов любил Гафурова »). Суслов худаш кӣ буд? Дар таъбири муғризонайи бозсӯзони ношуди горбачёвимаоб як идеологи аҳкомпарасту иртиҷойӣ буд. Пас, пурсидан равост, ки сарчашмайи «муҳаббати» чунин як одами «паст» худаш чӣ буда бошад? Дар ин бора Литвинскӣ чизе намегӯяд. Лекин гуфтание дорад, ки онро аз мантиқи афкораш берун кашидан мумкин аст.
Аввал ба назар гиред, ки Суслов ва Ғафуров кадрҳойи баргузидайи Исталин буданд, ки ба талқини хурушчёвиёни чаласавод, ба болойи зулму ситамаш олимтарошӣ ҳам мекард. Сонӣ ба ёд оваред, ки ба дасти қалби ҳамон хурушшовиёни худком на фақат Исталин, балки ҳадди аксари аъзойи номенклатурайи олии камунистӣ, аз он ҷумла Сусловро, ба сифати одамони ҷоҳилу ҷаббор ниҳоят дараҷа бадном карданд. Ва агар дар охир ин ду факти таърихиро андаруни мақоли русии «ба ман бигӯ: дӯстат кӣ , ба ту гӯям: худат чӣ » андеша кунед, мефаҳмед, ки ҷони гап ё нимкосайи таги косайи Литвинскӣ куҷо будаст.
Иллати асосии таваҷҷӯҳи Суслов ба Ғафуров – ҳамсириштию ҳамфикрии идеологӣ-дия!! Дар масхарайи Суслов ва бад-ин тариқ паст задании Ғафуров академики «ҳақгӯю» ҳақношинос мефармояд: вақте донистем, ки ба «Тоҷикон » тақризи манфӣ ташкил карданду дар маҷаллайи «Вопросы истории » дарҷ мешавад, Суслов ба ҳимояи Ғафуров бархост. Гузашта аз ин, собиқ Котиби Аввали КМ ПК Тоҷикистон Ғафуров ҳатто дар соҳайи идеология ҳам чандон донишу малака надоштаанд! Вагарна ҳангоми гуфтугӯ бо Суслов чиҳо гуфтанро ба эшон ҷаноби Литвинскӣ ёд намедоданд!! («Ну, мы с ним перед этим прорепетировали ».)
Ишораву пиндоштҳойи Литвинскиро қаҳрамонҳойи сохтаноми ҷанги пасошӯравии зиндагон бо мурдагон нағз фаҳмидаанд. Ман заҳрханди яке аз онҳоро мисол меоварам, ки аз афташ ба иллати шахси дипломдор ё мансабдор буданаш худашро “м-р Смит” гуфта муаррифӣ кардаст. Дар ифшономае (компромат), ки ӯ дар ҳошияи ёддоштҳойи академик Литвинскӣ навиштааст, чунин омада: “Ана, боз як ҳубоб мавсум ба Бобоҷон Ғафуров, ки ӯро ахтари бузурги илм мехонданд, кафида рафт. Тоҷикон аз ҳамватани машҳурашон, ки дар танаффуси ҷумҳуридорӣ ҳамон китоби маъруфро навишта будаст, он қадр меболиданд, ки акнун ба ҳолашон раҳмам меояд. Охир, маълум мешавад, ки “Таърихи тоҷикон”-ро на ин ки вай, балки як ҷуфт яҳудиҳо – Литвинскӣ ва занаш навишта будаанд! Акнун ба тоҷикони аз ҳад ватандӯст ҳамин мемонад, ки худро ба нодонӣ зада, вонамуд намоянд, ки Литвинскӣ ҳеҷ чизе нагуфтааст; мусоҳибайи ӯро куллан сарфи назар кунанд ва онро тамоман аз ёд бароварда таърифу тавсифи Ғафурови ҷудо ҳам бузургашонро давом диҳанд! ”.
Чунон ки ҳувайдост, “м-р Смит” на фақат Ғафуровро ғайбат карда, балки нисбат ба Литвинскӣ ҳам беҳурматӣ намудааст. Муродам аз овардани суханони як бадгумону бадхоҳ ин аст, ки зимнан мехоҳам сабаби асосии ба таҳлилу тааммули гуфтору навиштори Литвинскӣ пардохтанамро гуфта гузарам: ман ба даъвати майдонталабонайи ҳарифи гумном маҳз аз номи тоҷикон ҷавоб доданиам , ҳарчанд ки аз ҷумлайи ватандӯстони смитҳо мегуфтагӣ (ура-патриот ) нестам.
2
Абдулқодирхоҷайи Савдо гуфтаст, ки «аҳли фитрат пахтаро ҳаргиз намегӯяд пашм ». Шоири шири хом хӯрда-дия! Чаро, мегӯяд! Ҷояш ояд, ҳамоне, ки бо ифтихор худро аз аҳли фитрат медонад, ба сони қаҳрамони як латифайи ҳазломез, ки боре аз забони шоир Акобири Шарифӣ шунида будам, ҳатто «рӯзи равшанро «кун» мега! »
Бесабаб нест, ки аҳлоқи ҷамеи оламиён дурӯягиро манфуртарин ҳислати одамӣ мехонад. Чунончи, дар осори гузаштагон -- аз "Шоҳнома "-и Абӯлқосимӣ Фирдавсӣ сар карда то рисолаҳойи сиёсии Аҳмади Дониш ва аз "Қуръон " гирифта то "Маснавии маънавӣ " -- пеш аз ҳама ва беш аз ҳама мунофиқонро ҳадафи мазаммату накуҳиши аҳлоқӣ қарор додаанд. Ҷиҳати рафтор фарқи хосу ом басе ҷуз он нест, ки зишткориҳойи хосон одатан дар паси пардайи риё пинҳон бувад, ки ба зоҳир аз лутфу навозиш иборат аст, - мисоли ҳамон суханороии тумтароқе, ки дар забони ҳозирайи форсӣ таоруф гӯянд. Ба забони омиёнай тоҷикӣ гӯем, аз рӯ шонаву аз таг фона!
Илм аз осмон нозил нашудааст, кашфиёти одами хокист. Олими хокӣ бошад, аз зоти фариштайи беҷисму беҳис нест холӣ аз ҳирс. Ӯ бад -ин сифат аз ҳама ҳусну кубҳи фарзандони Одам баҳравар аст; аз ҷумла хислатҳое, ки ба рангу раванди пиндору гуфтору кирдораш асар доранд. Ва агар одамизода, ба қавли Хайём, “сириштае аз гили ғам ҳам буд ”, худи он ғам басе ғами дигарон нест, оганда аз озу ниёзе бувад, ки аз ҳисоби бародарони ҳамтанаш қонеъ кардан мехоҳад. Пас, чӣ ҷойи ҳасрату ҳайронист, ки ин вақтҳо таърихнигорон росту дурӯғро рӯйирост ба ҳам омехта (ба ҳарому ҳалол чӣ расад!), ба таъбири Низомии Арӯзии Самарқандӣ гӯям, “накӯро дар хилъати зишт ва зиштро дар сурати некӯ ҷилва медиҳанд ”! Ба яқини комил ин ҳама бедодгарии ақлонӣ маҳсули олими зархарид аст ё олимтароши беинсоф. Пас, чӣ вокунише метавон кард? Охир, як иборайи муассири шарикдарси донишгоҳиам Абулхайр Усмоновро (раҳматӣ устоди испорти СССР дар шамшерзанӣ буд) андак тағйир дода гӯям, инсоф сабзӣ набошад, ки бар даҳони дурӯғгӯ бизанӣ!
Лекин масъала чунон ҷиддист, ки бо ҳазлу писханд қаноат кардан нашояд. Падидайи мазкура табиатан фарозамонист. Бинобар ин ба шарҳи фалсафӣ пардохта зимнан як нуктайи куллии методологиро низ илова мекунам: дар илми ҷомеашиносӣ ихтилофи қавлҳо аз тазодди кунҷи назарҳо сар мезанад, ки на ҳамеша сирф илмӣ бувад . Ба раванду натиҷайи тафаккур ҳатто ҳиссиёти шахсӣ, хусусан таваҷҷӯҳ (симпатия) ва танаффур (антипатия), ҳавас (ба қавли русӣ, белая зависть ) ва ҳасад (черная зависть) таъсир мекунанд, ки нуфузашон таҳтуззеҳнӣ ё ғайрииродӣ мебошад. Дар борайи нақшу нуфузи хурофоти қавмию фарҳангӣ ё пешдовариҳойи идеологӣ хоҷати гап ҳам нест.
Моҳи майи ҳамин сол мулоҳизаҳойи Абдумаҷид Достиев -- сафири мӯҳтарами ҷумҳуриамон, ки бо ихлоси тамом ба Литвинскӣ ордени Тоҷикистонро супоридаанду чун ҷумла тоҷикон аз гуфтаҳойи ногаҳонии ӯ ба ғазаб омадаанд – интишор ёфтанд. Ҷавобномайи эшон аз андешаи ахлоқӣ сар шудаст. Абдумаҷид Достиевич дар ниҳояти тааҷҷуб ва таассуф пурсидаанд: «Наход ки Литвинскӣ дар шӯройи илмӣ дар ҳузури ҳамватанони тоҷикистониаш ва олимони Институти худаш як гап гӯяду ба доирайи васейи одамон чизи тамоман дигарро? »
Дар шарҳи фалсафии ин тазоди рафтор ба унвони шоҳиди рӯйдодҳойи нохуши академӣ афзуданиам, ки илм ҳам торафт аз ахлоқ дур мешавад. Олимоне буданду ҳастанд, ки барояшон ақлу адл ду хатти мувозистанд. Аз қавли Донойи Юмгон Носири Хисрав гӯям,
Ақл дар дасти ин нуфоя гурӯҳ,
Чун накӯ бингарӣ, гирифтор аст!
Дар суннати маънавии мо к ирдори «нуфоя гурӯҳ» (одамони паст) - ро дурӯягӣ хонанд. Аз ин ҷост, ки гуфтори Литвинскӣ ба ҳар як тоҷик и бедор сахт мерасад; хусусан ки «компромат» -и ӯ баъди бо ордени «Шараф » мукофотонида шуданаш дар муҳити Интернет паҳн шуд. Аҷаб нест маҳз ба иллати он ки давлати Тоҷикистон ба шахсияти Литвинскӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир намудааст, академики ордендор ба сурати «мурғи ҳақгӯ» даромад. Ва худро ба ноогоҳон муаррифӣ намуда гӯё ба забони ҳол гуфтанӣ шудаст: «Ман орденро беҳуда нагирифтаам, ба тоҷикон хизмате кардам, ки онҳо намедонанд»! Дар борайи чигунагии хидмати воқеии Б. А. Литвинскӣ поёнтар муфассал мегӯям. Ин ҷо а ндешайи Абдумаҷид Достиевро аз дигар мавқейи назар давом медиҳам.
Шоири машҳури рус Владимир Маяковскӣ дар «Гӯш кунед! » ном як манзумааш истиорайи ҷолиберо кор фармуда буд: агар ситораҳоро дар осмон даргиронда бошанд, пас ин кор ба ягон кас лозим будагист! Литвински як ситорайи дурахшони афлоки сиёсат ва илми тоҷикро аз ҷояш канда ба замин оварда тарконидани шудаст. Пас, даставвал андешидан бояд ки асли мақсаду мароми ӯ чӣ буда бошад? Чаро баъди аз рӯзи вафоти Ғафуров сӣ сол гузаштан одамоне, ки ба онҳо устод самимона бовар доштанд, дар ғояти ғадри шахсӣ арвоҳи эшонро безобита мекунанд? Донистан муҳим аст, ки кадоме аз омилҳойи зерин Литвинскиро такон додаст: шӯҳратпарастӣ , рашки иҷтимойӣ , кине аз дарун ё иғвое аз берун ? Балки ба умеди боз ягон каромоти давлатист , ки дар баробари миннат ҷо-ҷо аз чоплусӣ ҳам парҳез накардааст?! Курра дода шутур мехоҳад? Академик шудагӣ, орден гирифтагӣ, лауреати Ҷойизайи Сино ҳам шудагист! Боз чӣ монда бошад? Хуб, дар муқобили хурдафурӯшӣ хурдагирӣ намекунам: озманд ҳамеша ниёзманд будаст!
Ба ҳар ҳол гуфта ва навиштаҳойи ахири Литвинскиро наметавон ба сони себҳойи тагрехта пиндошт, ки худашон аз шохсор канда шуда ба замин афтидаанд. Яъне ёддоштҳойи ӯро набоястӣ ҳамчун ҳарфҳое пазируфт, ки дар омади гап ё, ба қавле, ҳангоми ба эҳсосот дода шудани гӯянда, нохост пӯкида бошанд. Литвинскӣ ба давлати пирӣ расидааст – умраш боз ҳам дароз бод! – таҷрибайи илмӣ ва амалиаш бошад, ба ҳадде ғанист, ки ҳар фикри ба забонаш омадаро беандеша намегӯяд. Хулоса, мушоҳидаю мулоҳизаҳойи нашркардааш ҳамагӣ гапҳойи тагдор ва нишонбанд ҳастанд. Албатта ман гумон намекунам, ки Литвинскӣ қасдан «исён» карда бошад. Вале дар айни замон гумон намебарам, ки иллати ин хама нақду қалбҳойи ноинсофонааш заъфи пирӣ бошад, чаро ки суханхояш дарҳаму барҳам наомадаанд, калимаву иборахо бадеҳанавозона не, балки ҳадафмандона интихоб шудаанд, задаҳойи мантиқӣ ҳам дар ҷойҳойи даркорӣ гузошта шудаанд.
Ҳангомае, ки Литвинскӣ “ногаҳон“ сар кард, давоми як бозии академии сиёсатолуд аст, ки солҳойи ҳафтодӯм баробари интишор ёфтани китоби Бобоҷон Ғафуров оғоз ёфта буд. Оҳанги суханро пасттар карда гӯям, роҳбарон ва зиёиёни ҳизбии ҳамсояи деворбадеворамон аз иншо ва интишор ёфтани таърихномайи «Тоҷикон » чандон хурсанд набуданд. Вале, чунон ки ҳар кори сиёсатолудро бояд, аксуламалашон мунофиқона буд: Рашидов шахсан ба Ғафуров як гапро (таърифу тавсифи худашону китобашон) гуфтаву таърихнигорони чаласаводашро ба дигар кор (радду бадал кардани “Тоҷикон ”) ҳидоят карда будаст. Вале мушкилии иҷройи супориши “Боло” ин буд, ки зӯри илмии академикҳойи музофотӣ ба академики АИ СССР Бобоҷон Ғафуров намерасид.
Бинобар ин аввал онҳо хостанд китоби “Тоҷикон ”-ро ба дасти олимони олирутбайи аз Русия кирокардаашон илман сиёҳ намуда ҳамроҳа ба сари Ғафуров бори гуноҳи сиёсию идеологиро бор кунанд (албатта, пеш аз ҳама ба «миллатчигӣ » муттаҳам созанд!) ва бад-ин тариқ эшонро аз курсии академиашон ронанд. Диданд, ки нашуд (обрӯю эътибори директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳойи СССР академик Б. Ғ. Ғафуров ба ҳадде буд, ки тақризи дар маҷаллайи расмии академӣ «Вопросы истории » ҳуруфчинишудайи олимони маъруфи русро гирифта партофтанд!), аз пайи бадном кардани худи муаллиф шуданд. Чунончӣ, дасисае паҳн карданд, ки гӯё китобро ба таърихнигори тоҷик дигарон навишта додаанд. Бахилони бадхоҳ ҳатто миёни худи тоҷикон ҳам буданду ҳастанд; онҳостанд, ки солҳойи ҳафтодӯм дар роҳравҳойи Академияи ҷумҳуриамон низ дар ин бора миш-миш мекарданд…
Азбаски мақолаҳое, ки сомонайи «Фарғона » нашр намуд, нақли қавл буд, гумон мерафт, ки шояд торнигор ба хотири обу ранг додани шунидаҳояш калимаву ибораҳойи илман носаҳеҳ ё ғалатро кор фармуда ва ё хатто ҳангомаҷӯёна оҳанги суханро андак тез карда зимнан задаҳойи мантиқии нақлу нақди мусоҳибашро низ тағйир дода бошад. Лекин қойидайи маъмул ин аст, ки агар истифодайи чунин сабку услуби журналистӣ мазмуну маслаки гуфтаҳойи муаллифро сахт тағйир дода бошад, ӯ раддия навишта хонандаро огоҳ мекунад ва агар аз нақли қавлаш мабодо касе ранҷида бошад, аз вай узр ҳам мепурсад. Чунин вокуниш хусусан дар мавридҳое шарт аст, ки сухан аз иззати нафс ё номӯси иҷтимоии шахсони ҷудогона ва ё ҳисси миллии халқе меравад. Албатта тарзу тариқҳойи сириштан ғайриилмӣ ва ахлоқан нопоки радду бадалҳо низ ҳастанд, ки аз замони суфастойиҳо ин ҷониб маълум буда интихобу истифодаашон дараҷайи одоб ва хислатҳойи фардии худи ҷавобгӯро нишон медихаду бас. Чунончӣ, агар ӯ гурги борондида бошаду аз гургаки найранг ҳам маза гирифта, се чизро баҳона карда «халос» шуда метавонад: ноширон гуфтаҳоямро (1) тағйир дода ё (2) ихтисор карда ба дасти чоп додаанд ва ё 3) хонандагони ҳассос пораҳойи ҷудогонайи мулоҳизаҳоямро берун аз қаринайи (контекст) андешаам фаҳмида ё таъбир намуда ба ман қасдан хурдагирӣ кардаанд…
Бо назардошти ҳамин мулоҳизаҳост, ки дафъатан ҷавоб нанавишта м уддате мунтазир истодам; даставвал донистан мехостам, ки худи қаҳрамони ҳангомайи академӣ ба эътирозҳойи хаттию шифоҳӣ чигуна ҷавоб медиҳад. Мутаассифона, Литвинскӣ дар посухи норизогиҳойи тоҷикон аҷаб як тарзи хоси вокунишро интихоб кард. Вай аввал усулеро ба кор бурд, ки низ кӯҳнаву машҳур аст, вале на коргар асту на дархӯрд: даррав чавоб додааст, ки «ман ин гапхоро нагуфтаам ». Зиёда аз ин, ба академик Масов гуфтааст, ки «Матлабе, ки дар ҳамон сайт баромадааст, навиштайи ӯ нест ». Пас, азони кист ?! А ксуламали ҳайратангези Литвинскиро чӣ тавр фаҳмем: (1) худи факти вохӯрӣ ва гуфтугӯяшро бо Яновская эътироф мекунад ё не? Агар эътироф кунад, (2) матни чопшуда куллан хатост ё ҷузван, яъне мухбир кадом гапҳояшро дуруст нақл кардаасту кадомашонро нодуруст? Ва агар эътироф накунад, (3) пас, балки матн сохтаю бофтайи худи журналист аст?! Лекин дар он сурат саволи дигар пеш меояд: чӣ зарурате ё ниёзе Яновскаяро маҷбур кардааст ба коре чунон даст занад, ки расман ҷиноят буда мавриди таъқиби додситон қарор гирифта метавонад?!
Шояд бар асари чавобномайи нимрасмии Абдумаҷид Достиев буд, ки Литвинскӣ ба та ғ офули орифона пардохта ба коре даст зад, ки агар ба хотири ҳурматдошташ оҳанги суханро пасттар карда гӯям, аз кирдори пешинааш дида боз ҳам ҳайратангезтар буд: матнҳойи дар торномайи «Фарғона » дарҷшудаашро оҳистакак гашта гирифта, ҷо-ҷо ислоҳу ихтисор намуда онҳоро зери ҳамон сарлавҳаҳо ва санаҳойи пешина дубора чоп кунонд! Вале бо вуҷуди ин ки ҳар ду матни электронӣ таҳриру тасҳеҳ шудаст, идорайи «Фарғона » фа қ ат ба бахши дуйӯмаш як ҷумла огоҳинома афзудааст: «Матни аввалайи мақола бо хоҳиши Б. А. Литвинскӣ тағйир дода шуд » (Первоначальный текст статьи был изменен по просьбе Б.А. Литвинского .)
Ин ого ҳинома аз ду ҷиҳат диққатангез аст. Якӯм, матни аввала мусоҳиба (интервю) набудаст, мақола будаст. Яъне вай гуфтайи худи Литвинскӣ мебошад, ки Яновская ҳарф ба ҳарф ба руйи қоғаз рехта ва ҳам аз назари муаллиф гузаронидааст. Пас, айб дар кафлес не, балки дар дег будаст. Дуйӯм, дар огоҳинома дар борайи нодуруст, носаҳеҳ, нораво ё носавоб будани ягон фикри муаллиф ишорае нест. Пас, сабаби таҳрири дубора чӣ буда бошад? Хонандаро фақат ҳамин монда, ки гӯяд: “Ба Литвинскӣ аз берун фишор оварданд ва ӯ маҷбур шудаст, ки гуфтаҳояшро ба зоҳир тағйир диҳад ”! Ба ботин чӣ ? Литвинскӣ аввалин садоҳойи эътирозро шунида сар ба гиребон кашид ва боз ба “забони мурғон” ҳарф зад.
Нахуст, ку бубинем, ки Литвинскӣ кадом ҷузъ ё ҷиҳати мақолайи электрониашро тағйир додааст. Муаллиф асосан ҷойнишинҳойи шахсии «ман »-у «мо »-ҳоро («ман кардам », «мо навиштем ») хат зада бад-ин тариқ гӯё аз умдайи мақсадаш, яъне саъю кӯши шарик шудан ба шӯҳрати илмии Ғафуров, даст кашидааст. Инчунин мушоҳида ва мулоҳизаҳойи таҳқиромезашро андар шахсият ва фаъолияти илмии Ғафуров ё умуман гирифта партофтааст ва ё андак тағйир дода. Чунончӣ, дар як зерунвони мақолайи дуйӯмаш дар тавсифи Ғафуров ба ҷойи «мудҳиш » (ужасный) «меҳрубон » (добрый) навишта тасвири «баднамо » будани эшонро «олиҳимматона» кӯтоҳ кардааст.
Лекин ин узри бадтар аз гуноҳ буд! Ҳақиқатан ҳам, модоме ки Литвински ислоху ихтисорҳояшро шарҳ надодааст ва зимнан аз кори содиркардааш афсӯс ҳам нахӯрда, пурсидан равост, ки чорайи андешидааш то чӣ андоза самимӣ буда бошад? Баройи ба ин савол ҷавоб додан ба таҳтушшуури литвинскихо роҳ ёфтан лозим аст, ки амри муҳол бувад. Чунки баройи ин мисли Ифройд (Фрейд) ё Йӯнг (Юнг) касро кудрати равонковӣ доштан мебояд. Ман чунин қудратро надорам, бинобар ин фақат аз рӯйи гуфта ва навиштаҳойи Литвинскӣ ҳукм мекунам. Аммо матнхойи Литвинскиро мутоила намуда ба маънии ниҳонии онҳо сарфаҳм рафтан кори осон аст, зеро ба иллати чандон надонистани забони адабии рус аламҳойи даруниашро ба воситайи рамзу маҷозҳо баён карда наметавонад. Ба ҳар ҳол нишони танзу ишоратҳойи соддааш дар миёни сатрҳойи навиштаҳояш хода барин рост истодааст. Хулоса, баройи ба рӯйи об баровардани фикру зикри тагизабонии Литвинскӣ ба заҳмати иловагӣ ҳоҷат нест.
Точикон мегӯянд, ки ҳар чӣ дар дил ҳаст, ба забон меояд. Вале забон лаҳми гӯшт бошад ҳам, одамон одатан ҳамайи гапҳойи дар дилашон бударо намегӯянд, чаро ки ахлоқу одоб ном лаҷоми маънавие ҳаст, ки роҳи байни дилу забонро посбонӣ мекунад. Ба ҳамин маънӣ ҳикмати мардумӣ низ афзуда: «одамӣ махфист дар зери забон ». Бубинед, Литвинскӣ ин қадар рози дил доштаасту 40 сол боз хомӯш мегашт. Ва факат ба одами худӣ дилашро холӣ кард. Такгуфтораш бошад, тафсири ин ду ҳарф аст: ҷабру ҷафоро кӣ кашиду, шаҳду шакарро кӣ хӯрд !
Инак, Литвинскӣ бо ихтисору ислоҳу иловаҳойи ҷудогона вонамуд кардааст, ки масъалайи мавриди эътироз аз байн бардошта шуд. Лекин тағйири исм тағйири мусаммо (объекти ном) надиҳад!
Якӯмин ва қотеътарин далел ин аст, ки худи сарлавҳайи мақолаашро, ки муҷассамайи иддаойи умдайи ӯст («мы подарили таджикскому народу первую полноценную историю »!), айнан дар ҳамон шаклу мазмуни аввалааш нигоҳ доштааст. Дуйӯмин далел боқӣ мондани ҷумлаест, ки ҷойи порайи партофтаашро мазмунан пур мекунад: «Вале ман бо номи худам ҳам баъзе чизҳоро навиштаам » («но я кое-что сделал и под своей фамилией »). Сейӯмин далел таъкиду талқини хидматаш аз тариқи иқтибос кардани соядастест, ки Ғафуров ба рӯйи китоби ба Литвинскиҳо тақдим кардаашон навиштаанд: «Ба олимони барҷаста, меҳнаткашони кордӯст ва дӯстони азизи ман …бо арзи сипоси фаровон ва эҳтиром …» Зимнан, муродаш аз овардани тақдимномайи Ғафуров низ бо як тир ду нишонро задан аст: фақат зикри хидматаш нест, аломати худнамойӣ низ баръалост («олими барҷаста »!).
Академик Масов сабаби ба навиштаҳойи ҳамгини москвагиаш аксуламале нишон надодани Академияи фанҳоро умуман ва таърихнигоронро махсусан шарҳ дода дуруст гуфтааст, ки «дар журнали «Мерос» Литвинский дар ин бора бисёр хуб навиштааст », яъне ки Ғафуров ва «Тоҷикон »-ро тавсифу таъриф кардааст. Ман фақат ба як детали аз назар соқитшуда эътибор медиҳам. Ш уморайи ҷашнии «Мероси ниёгон » (№ 11, 2008)-ро ёфта нусхайи ҳамон мақолайи Литвинскиро хонда баромадам. Маълумам шуд, ки мақолайи мазкура матни андак тағйирёфтайи сарсуханест, ки Литвинскӣ ба нашри дуйӯми «Тоҷикон » афзуда буд. Мақолаҳойи дубора таҳрирхӯрдайи интернетиашро дар муқойиса бо матнҳойи академиаш мутоила намуда ба хулоса омадан душвор нест, ки фикру мулоҳизаҳойи ба Яновская гуфтааш дар мақолаҳойи худаш навиштагӣ ҳам ҳастанд, фақат рӯйирост нею рӯйбастона қаламӣ шудаанд. Гуфтаҳойи Литвинскӣ ба торнигор Яновская фақат як навъ «ҳикояи шавқоварест», ки даъвоҳойи илмиашро ба таври аёнӣ ё оммафаҳм шарҳу тафсир медиҳад.
Пас, моро мебояд, ки гуфта ва пардохтайи академикро ба ҷид бипазирему ба ҷид таҳлилу тақвим намоем.
3
Таърихи ақлонии инсоният гувост, ки муаллифони чандин асарҳойи барҷастайи илмӣ, адабӣ ва ҳунарӣ ба ҳамлаҳойи ноҷавонмардона дучор омадаанд. Басе дар атрофи аслияти асар ва ҳатто кӣ будани муаллифи аслии он ҳам баҳсу талош кардаанд. Чунончӣ, «компромат»- йи даврони Шӯравиро як ба ёд оварем: Михаил Шолоховро ба он муттаҳам мекарданд, ки ҳангоми иншо кардани романи «Дони ором » дастхати кадом як афсари гумноми ҷанги ҳамватаниро истифода бурдааст. Чингиз Айтматовро бошад, ба он забонкӯтоҳ мекарданд, ки ғояи асосии «Дуроҳайи Бӯронӣ »- ро аз осори нависандайи қазоқ Абиш Кекилбоев рабудааст. Иддаои Литвинск ӣ ҳам аз ҷумлайи ҳамин гуна часпу талошҳост, ки ба тоҷикӣ даъвойи нони қоқ гӯянд. Вале азбаски чунин даъво аз забони олими намоён садо додааст, лозим меояд, ки ба забони илмии оммафаҳм ҷавоб диҳам.
Аз назари фарҳангшинохтӣ ҳар гуна китоб , аз ҷумла асаре, ки ба қалами як муаллиф навишта мешавад (монография), ба ду маъно маҳсули кори дастаҷамъӣ мебошад. Аввалан, вай дар заминайи тахлилу таркиби асарҳойи гузаштагону муосирон навишта мешавад. Сониян, муаллиф хангоми иншо ва ба чоп хозир кардани китоб бо чандин кас – аз ҳамкору ҳамкасбонааш гирифта то муҳарриру мунаққидон ба муҳокима, муколима ё мубоҳиса мепардозад. Ин хулоса махсусан ба «Тоҷикон » барин таърихномайи ҷомеъ дахл дорад, ки баройи нигоштанаш садҳо маъхази таърихӣ ва ҳазорон китобу мақолаҳойи илмиро мутоила кардан ва маводи онҳоро истифода бурдан лозим меояд. Бадеҳист, ки чунин кори бузургу сангинро бе мадади дигарон анҷом додан амри муҳол аст.
Баройи конкретона шарҳ додани ин нукта се бахши асари илмӣ --- ғоя (идея), ақида (консепсия) ва матн ро аз ҳам фарқ кардан даркор аст. Ин се дар нардбони китобнависӣ як навъ зинаҳостанд, ки ба онҳо муаллиф ба навбат мебарояд. Дар ҳар зина ӯ бо дигарон б а ин ё он тарз ҳамдастӣ мекунад, ки аз назари ахлоқи суннатии илм комилан равост. Масалан, ҳатто шарт нест, ки ғояи китоб ба унвони ният ё матлаб азони худи муаллиф бошад. Агар мавзӯйи китоби оянда ҳангоми хондани китоб ё мақолайи олими дигар дар лавҳи хотираш нақш бандад ва ё вақти муҳокимайи маърӯзайи ҳамкасбаш, мутоилайи рисолайи шогирдаш ва ҳатто кори дипломии донишҷӯе дар зеҳнаш пайдо шавад, ин як падидайи маъмулист -- на айб асту на аҷаб.
Дар тафсири ин қазияи умумӣ аввал таҷрибайи эҷодии худамро мисол меоварам, чунки онро беш аз ҳама медонам. Ғояи китоби «Эҳёи Аҷам » ҳангоми гуфтугуҳоям бо шодравон Лоиқи Шералӣ пайдо шуд, ки дар арафайи ҷашни ҳазорсолагии Абӯалии Сино дар идорайи маҷаллайи «Садойи Шарқ » доштем. Сонӣ дар рафти сӯҳбатҳойи тӯлонӣ бо Сотимхони Улуғзода ва Шарифҷони Ҳусейнзода консепсияи асарам шакл гирифт. Минбаъд Нодири Шанбезода, Муҳаббат Диловаров ва Урбатулло Тоиров дар ҷамъоварии мавод ёрӣ доданд. Ман ҳангоми гуфтугӯҳоям бо Ҷумъабой Азизқулов ва Иброҳим Раҳматов (дар идорайи Қомӯси Тоҷик) низ баҳрае бардоштаам, ки вақти навиштани китобам ба кор омад.
Акнун ба таърихчайи иншойи «Тоҷикон » рӯ меоварам. Ба худи Бобоҷон Ғафуров тааллуқ доштани нияти нигоштани таърихи илмии халқи тоҷикро Литвинскӣ ҳам инкор намекунад. («То ба Душанбе кӯчида омадани мо Ғафуров ба хулоса омада буд, ки таърихи тоҷиконро навиштан даркор аст ».) Ҳақиқатан ҳам ҳар киро аз баҳри коре сохтаанд, меҳри ӯро бар дилаш андохтаанд ! Ба хотири сари вақт ба ҷо овардани ҳамин кори худофармуда буд, ки устод баландтарин мақоми ҳизбию давлатиро ихтиёрӣ тарк карда ба иҷройи вазифайи илмиашон камари ҳиммат ба миён бастанд. Дар биографияи партиявии академики оянда Ғафуров ин факти басе ҷолиб аст, вале Литвинскӣ эътиборе надодааст. Сабабаш ин аст, ки агар онро ёдрас мекард, ӯро мебоист ба як саволи барояш нохуш ҷавоб гӯяд: агар Ғафуров ба дасти дигарон оши илмӣ мепухта бошанд, эшонро чӣ зарурате пеш омада, ки аз Москва баройи гирифтани «отпуски эҷодӣ» иҷозат хоҳанд ва ҳатто тақозо кунанд, ки агар илоҷи рухсат ӣ гирифтан набошад, аз вазифайи олии ҳизбию давлатиашон озод кунад?!
Ба шарҳи ташаккули ақидайи муаллифи асари илмӣ гузашта бояд гуфт, ки дар илми ҷомеашиносӣ ба раванди тарҳрезии матлаби нависанда бисёр омилҳо таъсир расонда метавонанд: ҳам дарунӣ ва ҳам берунӣ . Сифати илмии китоб фақат ба қудрати эҷодии муаллиф ва дараҷайи инкишофи илм вобаста нест; ба корбандии ғояи асар муҳити идеологию сиёсӣ ва иқлими иҷтимоию фарҳангии ҷомеа низ сахт таъсир карда метавонанд. Аз ин мавқейи назар қиссайи ташаккулу такмили консепсияи китоби “Тоҷикон ” ҷолиб аст. Литвинскӣ онро якҷониба нақл кардасту ғаразмандона нақд.
Агар гуфта ва навиштаҳойи парокандайи Литвинскиро ба як низом оварем, он вақт гоҳномайи таърихчайи фаъолияти илмии Ғафуровро ба ду даврайи сифатан нобаробар тақсим кардан мебояд, ки “то” ва “баъд” ишора шудаанд. То шиносойӣ бо Литвинскӣ эшон асарҳойи “журналистонаю тарғиботӣ ” (ибора аз мақолайи илмию ҷашнии Литвинскӣ дар “Мероси ниёкон ”) ё “китобчаҳойи нимбадеӣ ” (аз гуфтугӯйи интернетиаш) менавиштанд. Рост аст, ки минбаъд Ғафуров бо ёрии донишмандон аз журнализм дур шуда китоби бузургтар (“Таърихи мухтасари халқи тоҷик ”) навиштанд. (Литвинскӣ онро монография наменомад, ки бесабаб нест.) Аммо ду нашри аввали китоб асосан таърихи адабиётро дарбар мегирифту бас. Зеро ихтисоси илмии онҳое, ки бо Ғафуров ҳамдастӣ кардаанд (нахуст Абдулғанӣ Мирзоев ва сонӣ Иосиф Брагинскӣ), адабиётшиносӣ буд. Нашри сейӯми китоб гапи тамоман дигар аст, чаро ки ин дафъа дасти рости Ғафуров ҷаноби Литвинскӣ будаанд!
Аз байн даҳ сол гузашт. Табиист, ки дар ин байн илми таърих хеле пеш рафт. Пас, дастовардҳойи онро дар саҳифаҳойи «Таърихи мухтасар » қаламӣ кардан даркор буд. Литвинскӣ дар мақолайи академиаш хоксорона менависад, ки Б. Ғ. Ғафуров «то гуфтугӯямон ҳам медонист, ки ҳиссайи калони китоб кӯҳна шудаст ». Модом ки чунин будаст, маълум нест, ки чаро Литвинскӣ баъдан бо истифода аз забони дипломатия мегӯяд: «Мо вазъи ба амал омадаро кушоду равшан муҳокима кардем »? Мазмуни аслии ин гуфтугӯро Литвинскӣ ба Яновская ҳикоя кардааст, лекин аз он хулосайи акс бармеояд: то оғози гуфтугӯйи навбатӣ Ғафуров ҳанӯз намедонистаанд, ки «Таърихи мухтасар » кӯҳна шуда будаст. Ба ҳар ҳол, эшон дар борайи ба чоп ҳозир кардани нашри чоруми китоб («дар муқовайи зебо » ва «бо иловайи расмҳо ») гап кушодаанд. Акнун давоми нақли Литвинскиро хонда ба оҳангаш эътибор диҳед: «Ҳамин вақт ман фаҳмидам, ки ҷидддан гуфтугӯ кардан лозим меояд . (Бинобар ин) ба Ғафуров бо қиёфайи ҷиддӣ нигариста гуфтам: ҳама ҷоҳойи ин китоб кӯҳна шудаст, аз оғоз то анҷом »!
Аҷабо, наход ки ҳама қисмҳо ва ҷиҳатҳойи «Таърихи мухтасар », ҳама нукта ва хулосаҳойи Ғафуров саропо кӯҳна шуда буданд?! Методологияи марксистии китоб ҳам? Аз он ҷумла табақабандии зинаҳойи тараққиёти таърихӣ (ба истилоҳ форматсияҳо ) низ? Консепсияи прогресс чӣ (охир, ин маъқула яке аз аз рукнҳойи мутлақи таърихшиносии марксистию ленинӣ буд! Бе вай мафҳумҳойи сотсиализму камунизм умуман маънӣ надошт!)? Наход ки Литвинскиҳо таърихи адабиёт ро ҳам (ба ҷойи Брагинскӣ ё бе маслиҳати ӯ!) батамом аз нав навишта бошанд-а?!
Литвинскӣ дар идомайи нақлаш гуфтааст: «Вай (Ғафуров) наранҷид. Фақат пурсид: Шумо ёрдам мерасонед? » Баройи фаҳмидани нақши аслии Литвинскӣ дар иншойи «Тоҷикон» нахуст бояд донист, ки худи ёрдами дархостайи Ғафуров мушаххасан иборат аз чӣ буд. Ана ин ҷо ихтилофи ду матни Литвинскӣ ба рӯйи об мебарояд. Дар матни электрониаш (сомонайи «Фарғона ») Литвинскӣ ёрдамашро мушаххас намекунад, зеро он ҷо ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест: буду шуди масъала тавассути даъвойи “мо навиштем ” ва “мо тақдим кардем ” баён шудаст. Дар зимн ишорае низ рафта, ки эшон “супориш”–и Ғафурови болонишинро аз ночорӣ иҷро кардаанд. Аввал мегӯяд: «Ин кор бароям ифтихори бузург буд ». Вале худи ҳамон замон меафзояд: «Аз дасти ман чӣ ҳам меомад – ӯ котиби КМ буд, ман бошам, як номзади илм ». Дар мақолайи академиаш Литвинскӣ эҳтиёткорона ҳарф мезанад, танҳо мегӯяд, ки Ғафуров аз ӯ дархост, ки “дар ҷамъ кардан ва ба низом овардани мавод ёрӣ расонад ”. Вале пасон ҷумлае омада, ки маънии тагакиашро пай бурдан кори чандон душвор нест: “Ман бо пешниҳоди вай хушҳолона розӣ шудам – фикри эҷод кардани чунин асар дили маро рабурд ” ( «я с радостью согласился с его предложением – идея создания такого труда увлекла меня»).
Инаш аҷибу ғариб аст. Литвинскӣ дидаю дониста аниқ накардааст, ки асли супориш иборат аз чӣ буд: сухан дар борайи ғун кардани мавод оид ба ҳамайи фаслҳойи китоб мерафт ва ё Ғафуров фақат соҳаҳоеро дар назар доштанд, ки ихтисоси илмии Литвинскиҳо буд? Яқин аст, ки сухан аз маводи бостоншиносӣ ва сиккашиносӣ мерафт, ки он ҳам бошад марбут ба даврайи муайяни таърихӣ. Пас, модом ки асли ҳол чунин буд, пурсидан равост, ки чаро фикри эҷод кардани чунин асар дили ёрдамчии Ғафуровро ба якборагӣ рабурд? Баройи он ки хонандагони босалоҳият асли муроди ӯро дуруст бифаҳманд Литвинскӣ зимнан гуфта: супориши Ғафуров «вазифайи осон набуд » («задача была нелегкой»). Аз он ба баъд дар матни академиааш ишораҳое карда, ки ба хаттӣ мехӣ нест, ки нафаҳмем: «Заҳмати сангини қариб панҷсола (азони кӣ ?) паси сар шуду дастнавис ба рӯйи миз (мизи кӣ ?) гузошта шуд. Вай матни комилан нав буд, ҳаҷмаш аз китоби пешина («Таърихи мухтасар») се баробар бузургтар ».
Хонандаро бо дигар муқоисаву мулоҳизаҳо хаста накарда ба бахши сейӯми матлабам мегузарам, ки ба иншойи матни асари илмӣ доир аст. Ман шубҳае надорам, ки Литвинскӣ дар ҷамъоварии маводи таърихӣ хидмати калон кардааст. Хусусан ҳамчун муҳаррири масъул китоби «Тоҷикон »–ро такмил додааст, аз ҷумла аз тариқи навиштани иловаҳо онро вусъат ҳам бахшида. Вале низ яқин меравад, ки вай ба таҳрир ва хусусан иловаҳояш аз будааш зиёдтар баҳо додаст. Они гап инҷост, ки ҳар гуна иловаро на ин ки ба худиии худ, балки дар қаринайи матни асосӣ тақвиму тақдир кардан мебояд; ислоҳу иловаҳо берун аз чорчӯби ғоя ва консепсияи асар аҳамияте надоранд. Вагарна ман метавонистам худро ҳаммуаллиф ё ҳатто муаллифи ҳеҷ набуд ними мақолаҳое шуморам, ки дар идорайи «Қомӯси Шӯравии Тоҷик » таҳрир карда будам! Охир, банда фақат забони навиштаҳойи дигаронро ислоҳ намекардам; таърифи илмии мафҳумҳоро такмил медодам, ба мақолаҳо факту далелҳойи навро меафзудам, консепсияи муаллифро тағйир ё такмил медодам ва баъзан мақолаашро аз нав менавиштаам!
Ман ин далелро, ки шоҳидони зинда дорад, бо мақсади худнамойӣ наовардам. Танҳо ҳарорати ҳарбу зарби баъзеҳоро, ки зӯр зада кори дигаронро ба номи худ нависондан мехоҳанд, андак паст фуровардан мехоҳам! Дар воқеъ, рухсат диҳед, як саволи «беҷо» диҳам: муаллифи мақолаҳое, ки дар сомонайи «Фарғона » дарҷ шудаанд, кист?! Зоҳиран онҳоро Яновская навиштааст. Аслан бошад, моли Литвинскӣ мебошанд; маводҳо, пиндорҳо ва далелҳо ҳамагӣ азони ӯстанд! Аз ин рӯ ҳам дар матнҳо пеш аз зикри номи Яновская «навишта » не, балки «навиштагирифта » (записала) омадааст! Аз ин факти оддӣ андар муносибати муаллиф ва матн як хулосайи куллӣ баровадан мумкин аст. Агар Литвинскӣ фикру андешаҳояшро ба дасти дигарон ба қолиб дароварда бошаду ба ин ҳақ ҳам дошта бошад, чаро айни ҳамин корро Ғафуров карда наметавонистаанд? Пас, аҷаб нест, ки баройи Ғафуров нақши Яновскаяро Борис Анатолйевич ва Елена Абрамовна бозида бошанд, хусусан ки ба қавли онҳо, Бобоҷон Ғафурович «ба русӣ бисёр бад менавишт »! Хидмати мирзогии он дуро эътирофу эҳтиром мекунем, вале на зиёдтар аз ин!
Инак, ҳамкорию ҳамдастии муаллиф бо дигарон дар ҳар се савияи китобнависӣ -- ташаккули ғоя , таъйиди ақида ва таълифи матн – як амру амали муқаррарӣ буда онро танзу таъна кардан тамоман беҷост. Вале одоби илм ду қойидайи нонавишта дорад, ки риоя кардани онҳо баройи муаллиф ҳатмист: якӯм, тамоми адабиёти истифодашударо зикр карда зимнан тадқиқоти пешаҳдонро қадр намудан ва дуйӯм, дар сарсухан ё охирсухани китоб муосирони ёрирасонда, маслиҳатдода ва ҳатто танқидкардаро (дар илм танқид такондиҳандайи афкор буда тақриз -- ҳатто тақризи ғаразмандона, вале нишонрас, сарфи назар аз оҳанги сухани мунаққид – қобили қабул аст) як ба як ном гирифта миннатдорӣ кардан мебояд. Устод Ғафуров айнан ҳамин ду қойидаро бо намакандешии тоҷикона иҷро кардаанд. Чунончи, дар муқаддимайи «Тоҷикон » чунин омада: «Муаллиф ба ҳамайи онҳое, ки бо маслиҳатҳо , мулоҳизаҳо , иловаҳо ва танқид мадад расонидаанд, - махсусан ба А. Е. Бертелс, И. С. Брагински, Э. А. Грантовски, Е. А. Давидович, А. М. Мирзоев, И. М. Орански, В. А. Ранов, В. А. Ромодин ва албатта ба мухаррири ин китоб Б. А. Литвинскӣ самимона ташккур мегӯяд ». Чунон ки аз ин феҳристи номҳо ҳувайдост, ки ҳангоми таълифи «Тоҷикон » Ғафуров бо донишмандони гуногун ҳамдастӣ кардаанд. Ҳатто дар рӯйхати бостоншиносон Литвинскӣ ва Давидович танҳо набуданд. (Ғафуров исмҳойи В. А. Ранов и В. А. Ромодинро ҳам алоҳида зикр карда гузаштаанд.)
Литвински таърих ро ба бостоншиносӣ баробар кардааст Ва ҳол он ки таърихи халки точик, чун таърихи дигар мардумони дунё, факат аз таърихи маданияти моддӣ иборат нест. Маданияти моддӣ бошад ба археология мусовӣ нест, ки Литвинскиҳо мутахассиси ӯстанд. Гузашта аз ин, археология ҳам ба давраҳо ва ареалҳо ихтисос ёфтааст. Чунончӣ, таърихи маданияти моддии қадимтарин марҳилаҳойи аҳди бостонро Литвинскиҳо мисли ҳамкори академии ман В. А. Ранов васеъ ва амиқ намедонанд. Вадим Александрович дар тадқиқи Осиёи Марказии қарни санг шӯҳрати ҷаҳонӣ дорад. Беҳуда нест, ки Ғафуров дар сипосномаашон ӯро алоҳида номбар кардаанд.
Дар борайи маданияти маънавӣ ҳоҷати гап ҳам нест. Возеҳу равшан аст, ки на Литвинскӣ ва на Давидович дар бахши таърихи забону адабиёти тоҷик аз худ ҳеҷ чизи нав афзуда ё хатто ягон чизи бударо таҳрир карда наметавонистанд. Баройи собит кардани хулосаам як воқеаро қисса мекунам, ки иллаташро намедонам айб гӯям ё аҷаб. Агар дар бахши таърихи адабиёт Ғафуров аз маводу машварати Абдулғанӣ Мирзоев ва Иосиф Брагинскӣ баҳра бардошта бошанд, дар бахши таърихи забон мушовиру муҳаррирашон И. М. Оранскӣ буд. Зимнан, пас аз даргузашти Ғафуров вай кирдоре содир кард, ки аз рафтори кунунии Литвинскӣ ҳам бадтар буд. Соли 1979–ӯм Оранскӣ матнпораеро, ки ба «Тоҷикон » илова карда будаст, зери имзойи худаш чоп кунонд (дар маҷмӯайи «Основы иранского языкознания »). Ҳамон вақт ман хостам дар матбуоти академӣ вайро ба асардуздӣ муттаҳам кунам. Албатта аз асли ҳол хабар доштам, вале кунҷковона донистан мехостам, ки Оранскӣ чӣ тавр , бо кадом тариқи илмӣ исбот хоҳад кард, ки мақола зотан моли худи ӯст. Вале устод Осимӣ маро намонданд, ки ба чунин кори масхаромез даст занам. Бо вуҷуди ин, масъала ҳанӯз кӯҳна нашудааст: акнун ба Литвинскӣ лозим меояд исбот кунад, ки қисми лингвистии «Тоҷикон » ҳам маҳсули қалами ҳамакорайи ӯст!
Тоҷикони содда замоне мегуфтанд, ки «доно бевафогиро ор медорад ». Чунки онҳо хидмати худро миннат накарданро камоли фазли мард медонистанд. Лекин, чунон ки рафтори литвинскию оранскиҳо баръало нишон медиҳад, ин гапҳойи дақёнусӣ ба доноёни охирзамон дахл надорад; онҳо одатан аз паси ёфтани бомаки паст мебошанд. Миннати хидмат (ҳатто хизмати хирсона!) низ аз ҷумлайи одатхойи онҳост.
Хулосайи калом, Литвинскию Оранскиҳо Ғафуровро илман «фош» накардаанд , пеш аз ҳама ва беш аз ҳама симойи маънавии худашонро нишон додаанду бас ! Чоҳкан – зери чоҳ!
4
Хусусияти гуфта ё навиштайи Литвинскиҳост, ки шунаванда ё хонандаро, агар чизе фаҳмиданӣ ё пиндоштанӣ бошад, боястӣ сари ҳар ҷумла, ибора ва ҳатто вожа савол додан: яъне чӣ ? Дар арафайи аз чоп баромадани “Тоҷикон ” Литвинскӣ ба Ғафуров бо ташвиш гуфта будааст, ки «дар Ӯзбакистон ба баъзе чизҳо хурдагирӣ хоҳанд кард ». (Ман мақолайи дубора таҳриркардаашро иқтибос мекунам. Дар мақолайи аввалааш ба ҷойи Ӯзбакистон, “ӯзбакҳо ” гуфта буд. Ислоҳаш ҷузвӣ нест, нишоне дорад: дар Ӯзбакистон тоҷикон ҳам ҳастанд!) Ҳангоми дарёфти ин андеша донистан муҳим бувад, ки дар Ӯзбакистон маҳз ба кадом “чизҳо” эрод гирифта метавонистанд? Литвинскӣ бошад, эродҳойи имконпазирро мушаххас намекунад. Вале азбаски китоби “Тоҷикон ” маҳсули қалами худи Борис Анатолйевич будаст, ҳувайдост, ки ҳамон “чизҳои” эродпазир низ навиштаҳойи ӯстанд. Хурдагириҳояшон ғаразнок буд ё ҷон ҳам дошт? Агар ҷон дошт, пурсидан ҷойиз аст, ки ҳамон “чизҳо”-ҳоро Литвинскӣ дидаю дониста навиштааст ё надониста? Агар дониста кардааст (надониста намекард, чаро ки вай ҷиҳати эҳтиёткорӣ ҳам таҷрибайи калон дорад), сабабаш чӣ буд? Шояд Ғафуров фикрҳойи “баҳсноки” худашонро ба зӯрӣ сари ӯ бор карда буданд? Балки худи Литвинскӣ “он чизҳо”-ро бо ягон мақсади дигар (фитна ё хизмати хирсона?) ба матн афзуда бошад? Ба ҳар ҳол, муродаш аз огоҳ кардани Ғафуров худаш чӣ буд? Мабодо ҳам дуздию ҳам пешгирӣ набошад?!
Саволи дигар ҳам ҷойиз аст: андешайи ташвишомезеро, ки Борис Анатолйевич ба ёд овардааст, дар воқеъ ҳам замоне ба Бобоҷон Ғафурович гуфта бошад ё онро танҳо ба мо мегӯяд? Яъне ки фаразан ба хотири post factum ҳақ баровардани кирдоре, ки баъди аз дунё гузаштани Ғафуров содир кардааст (матни “Тоҷикон ”-ро гӯё бо маслиҳату машварати пешакӣ бо худи муаллиф ислоҳ карда будаст)? Хулоса, саволҳойи беҷавоб бисёранд...
Баройи мо дигар чиз муҳим аст: модом ки китоб нуктаҳое доштааст, ки бо онҳо Литвинскӣ розӣ набудаст ва ё розӣ бошад ҳам меандешидааст, ки мабодо онҳо мавриди танқид қарор нагиранд, аз ин мебарояд, ки даъвогар ҳатто ба унвони муҳаррири масъул тамоми матнро таҳрир накарда будаст, вагарна андешаҳояшро на ин ки баъди аз чоп баромадани китоб, балки аққалан ҳангоми корректурахонӣ мегуфт. Ва агар пеш аз чоп гуфта бошад, ҷолиб аст, ки худи Ғафуров хавотиркашиҳойи Литвинскиро ба назар нагирифтаанд. Аз ин мебарояд, ки пас аз вафоти эшон Литвинскӣ ҳақ надошт, ки ба матни асл даст занад.
Азбаски худи Литвинскӣ хурдагириҳойи имконпазири ҳарифони таърихиамонро бозгӯ накардаст, лозим меояд, ки онҳоро худамон аз рӯйи мантиқи гуфтааш ва натиҷайи кардааш дарёбем. Мавриди эътирози сахт аст, ки Литвинскӣ баъди даргузашти устод Ғафуров худаш худашро васӣ ва вакили илмии эшон таъйин намуда бад-ин унвони қалбакӣ хангоми нашри дуйуми русии «Тоҷикон » бар хилофи иродайи муаллифи «Тоҷикон » ба матни китоб худсарона тағйиротҳойи ҷиддӣ ворид кардааст. Ҳамон қиссайи нашри душанбегии «Таджики »-ро гиред, ки баъзе эпизодҳойи нохушашро Қодири Рустам ба унвони шоҳиди гуфтугӯҳо дар идорайи нашриёти «Ирфон » дар матбуот нақл кард. Маълум мешавад, ки дар ду зербобе, ки мувофиқан «Адабиёт ва илми тоҷик дар асрҳойи XI - оғози XIII » ва «Адабиёт ва илми тоҷик дар асрҳойи XIII – миёнайи XIV » ном доштанд, Литвинскӣ исми «тоҷик »-ро хат задаст! Ин кораш таконе аз берун ҳам дошт. Эроди асосии «оппозитсияи илмӣ» ба равишу тариқи таърихнигории Ғафуров ин буд: мероси таърихии ҷамеи халқҳойи Осиёи Миёнаро ба номи халқи худаш нависондааст! Ин ақидайи интиқодиро бори аввал солҳойи чилӯм академики ифтихории АФ Ӯзбакистон С. П. Толстов хаттию шифоҳӣ изҳор карда буд. Солҳойи ҳафтодӯм гуфта ва навиштаҳойи ӯро академикҳо А. П. Окладников ва Б. Б. Пиотровскӣ такрору таъкид намуданд.
Чунончӣ, ба қавли академикҳойи мазкур (А. П. Окладников ва Б. Б. Пиотровскӣ), дар боби «Адабиёт ва илми тоҷик дар асрҳойи XI - оғози XIII »-и китоби Ғафуров “сухан дар борайи ҳамон арбоби маданият ва санъат меравад, ки аслан олимон ва нависандагони тоҷик набуданд; эҷодиёти онҳо як қисми ҷудонашавандайи ганҷинайи фарҳанги асримиёнагини Осиёи Миёна мебошанд ”. Аввалан, пурсидан баҷост, ки эҷодиёти классикони адабиёти форсу тоҷик ба кадом маънӣ “як қисми ҷудонашавандайи ганҷинайи фарҳанг” –и ҷамеи халқҳойи минтақа хондан бояд? Магар осори онҳоро дигарон ҳам мисли тоҷикон дар забони асл мехонанду дар рузгорашон пайваста иқтибос мекунанд? Сониян, ба қавми мушаххас мансуб будани арбоби барҷастайи илму адабро ба сандуқи маънавиёти умумиинсонӣ тааллуқ доштани эҷодиёташон муқобил гузоштан илман нодуруст аст: Дар воқеъ, магар аз бозе, ки эҷодиёти Достоевскӣ ба ганҷинайи адабиёти Урупо ва умуман адабиёти ҷаҳонӣ ворид шуд, минбаъд аслу насаби ӯро рус гуфтан норавост?
Муаллифони тақризи мазкур хоку хун ро меъёри мансубияти қавмӣ дониста баройи исбот кардани ақидаашон Хайём ва Беруниро мисол овардаанд ва зимнан ба Ғафуров хабар додаанд, ки зотан аввалӣ эронисту охирӣ хоразмӣ (“ӯзбак ” хонед!). Азбаски ин эроди маъмулист, лозим меояд, ки ба вай мушахас ва муфассал ҷавоб гӯям.
Хайём осори адабӣ ва таърихиашро ба худи ҳамон забони соддаву равон навиштааст, ки суханшиносон “ширинтарин лаҳҷайзабони форсӣ ” хондаанд ва мавсум ба тоҷикист. Ин бесабаб нест: Хайём дар Хуросон (Нишопур) ба дунё омада, дар Самарқанду Бухоро ба камоли маънавӣ расидааст, яъне дар шаҳрҳое, ки он ҷоҳо то кунун тоҷикон зиндагонӣ мекунанд. (Дар омади гап гӯям, Окладников ва Пиотровскӣ дар боби «Адабиёт ва илми тоҷик дар асрҳойи XI - оғози XIII » зикр шудани номи Хайёмро маъқул надониста ҳамзамон аз он ки Ғафуров Низомиро “фарзанди даҳойи халқи озарбойҷонӣ ” хондаанд, дидаю дониста сарфи назар кардаанд!) Мунаққикидони академии “Тоҷикон ” бошанд, омили ҷуғрофиро якҷониба истифода бурдаанд: Хайём дар қаламрави Тоҷикистони кунунӣ таваллуд нашуда буд ва гӯраш ҳам дар Эрон мебошад. Албатта ин дуруст аст, вале агар мо ҳам аз рӯйи чунин мантиқ меъёри ҷуғрофиро корбаст кунем, онгоҳ метавонем бипурсем: магар Рӯдакӣ дар Эрон ба дунё омада, дар ҳамон ҷо зиста ва ё хок шудаст, ки ӯро “падари адабиёти форсӣ ” хонда ҳамзамон номи “тоҷик” -ро ба забон намегиранд?! Абӯрайҳони Берунӣ чӣ? Ба ёдам ҳаст, ки шарқшиносон боре дар боби он ки номи ин олимро ба шакли форсии эронӣ (Би рунӣ) ё забони тоҷикӣ (Бе рунӣ) навиштан бояд, баҳс карда буданд, ҳол он ки ӯ ҳам ба Эрон нарафта буд.
Абӯрайҳони Берунӣ аз миёни қавми ориёие бархоста буд, ки дар таърихномаҳо аҳли Хоразм ё хоразмиён унвон шудаст. Дар рӯзгори вай (садайи даҳӯм) ватанаш Хоразм ҳанӯз турконида нашуда буд, ҳамзамон забони тоҷикии форсӣ торафт ҷойи забони маҳаллиро (хоразмӣ) мегирифт, ки дузабонагии худи Берунӣ шоҳиди ӯст. Бино ба ҳуҷҷатҳойи таърихие, ки марҳум А. А. Семёнов таҳлил карда баромада буд, шоҳҳойи Хоразм ҳатто ду қарн пас аз ин (садайи дувоздаҳӯм) ҳам фармон (маншур)-ҳойи худро ба тоҷикӣ менавиштанд. Баъзан баройи собит кардани ба фарҳанги килоссикии тоҷику форс тааллуқ надоштани Берунӣ далеле меоранд, ки олим забони арабиро таъриф карда забони форсиро наҳ задааст. Худи ин факт ҷойи баҳс надорад. Лекин бояд ба назар гирифт, ки Берунӣ қудратҳойи забонҳойи арабӣ ва форсиро дар илм муқойиса карда хулоса баровардааст. Вале хулосааш аз як ҷиҳат дуруст бошад ҳам (ба арабӣ истилоҳ сохтан нисбатан осон аст), аз дигар ҷиҳат нодуруст буд. Гузашта аз ин, Берунӣ сонитар ба забони форсӣ нахустин рисолайи астрономӣ (“Ат -Тафҳим ”) эҷод карда бо ҳамин кораш хулосайи пешинаашро худаш дар амал рад кард. (Вай дар баробари Абӯалии Сино яке аз бунёдгузорони терминологияи илмиамон ба шумор меравад.) Пас, мероси Берунӣ пеш аз ҳама ва беш аз ҳама ба кадом халқ тааллуқ дорад? Аз рӯйи кадом меъёр ё ба кадом сабаб ӯро олими араб ё ҳатто турк хонем?!
Дар зимн як нуктайи куллиро низ афзудан даркор аст. Ҳамсоягӣ ба худии худ баройи ба мероси дигарон шарик шудан замина буда ё шуда наметавонад. Чунончӣ, замоне, ки дар сарзамини Итолиё гулхани Растохези фарҳангӣ ҳамаро мунаввар мекард (садаҳойи XIV-XVI ), муҳити фарҳангии кишварҳойи ҳамсоя ҳанӯз торику хомӯш буд. Ва фақат пас аз 100-200 сол ( дар қарнҳойи XVII-XVIII) ба ҷунбиш омад. Бинобар ин касе аз ҳамсояҳойи итолиёвиҳо дар борайи қонунӣ будан ё набудани мафҳуми “Эҳёи Итолиёвӣ ” баҳс накардаасту намекунад, ҳеҷ кас дар хуни Галилей ё Микеланҷело қатрае аз хуни немисҳо ё фаросавиҳоро намеҷӯяд, ҳамчунин ягон кас аҳду арзи падидайи Эҳёро мавриди шакку шубҳа қарор намедиҳад. (Масалан, ҳеҷ кас даъво накардааст, ки Ренессанси Фаронсавӣ аз Эҳёйи Итолиёвӣ дида пештар содир шудаст.) Лекин ҳамин ки сухан аз Эҳёи Аҷам рафт, тамоми ҳамсоягони дуру наздики тоҷикону эрониён “онвақт мо ҳам будем! ” гуфта ба по мехезанд!
Хулосайи калом, ҳангоми нақлу нақди осори илмӣ ва адабии аҳди Сомониён ва Ғазнавиён ба хотири ҳамон даъвогарони таърихдузд хат задани номи “тоҷик” амру амали комилан худсарона буд. Вале баройи он ки ҳукми ман ҳам якҷониба ё ғаразнок нанамояд, боз як эроду эътирози илмиро дида мебароям, ки гӯё ба мероси аҳди Оли Сомон ва Давлати Ғазнавӣ ҳаққу ҳуқуқи комил доштани тоҷиконро бекор мекунад. Дар воқеъ, ба назари аввал Литвинскӣ таърихро таҳриф накарда, баръакс, гӯё ҳақиқати таърихиро, чунон ки буд, барқарор намудаст: охир, он замонҳо худи мафҳуми «халқи тоҷик » вуҷуд надошт! Ин эроди зоҳиран асосноку ботинан беасосро акнун баъзе мардумшиносони навбаромади Русия (масалан, Сергей Абашин ном як мардумшиноси навбаромад, ки аз сарқути собиқ шӯравишиносони амрикойӣ илҳоми “илмӣ” гирифтааст!) то дараҷайи сафсата расонидаанд: аввал «халқ »-ро ба «миллат » баробар мекунанд ва сонӣ эълон медоранд, ки «тоҷикон » низ ҳамчун воҳиди антропологӣ дар радифи “ӯзбакҳо ” зодайи сиёсати замони шӯравистанд!
Лекин «халқ » худаш кист ё чист? Дар илми мардумшиносии суннатӣ (этнография ё, чунон ки акнун мегӯянд, этнология) ҳар гуна умумияти забонию фарҳанги ро «халқ » мегуфтанд . Вале агар ба масъала васеътар бингарем, онгоҳ дармеёбем, ки ин мафҳум нопурра аст. Халқ фақат тӯдайи одамон ё анбӯҳи мардум нест. Ва агар тӯда ё анбӯҳ ҳам буд, он бетартиб нест, тӯда ё анбӯҳи ҳамбастаест: баста бо торҳойи маънавии се рукни му ҳ им аст, ки ӯро ба унвони қавм дар замону макон муайян ва мушаххас мекунанд: на фақат забон ва фарҳанг (урфу одати насл ба насл гузаранда ва ҷаҳонбинию ахлоқи динӣ), балки инчунин шаҷара (ба истилоҳ устурайи этногенетикӣ, яъне ривоят андар пайдоиши мардуме, ки эҷодкори ӯст), ки хаттӣ ё даҳонӣ буда метавонад.
Оре, аз даврони Сомониён ба таърихнигорон ягон ҳуҷҷате дастрас нашудааст, ки дар он касе аз бузургонамон худашро тоҷик хонда бошад. Лекин масъала дигар як ҷиҳати муҳим низ дорад. Муассисону муосирони Оли Сомон бо забоние гап мезаданд, ки ҳанӯз барҷост; меҳанпарастони он замон ба унвони «Шоҳнома » шаҷараномайи манзуме нигоштаанд, ки имрӯз бе луғат хонда мефаҳмем; муаллимони ахлоқ одоберо талқин мекарданд, ки рукнҳойи онро мо, муосирони қарни бисту якӯм, низ пайваста пос медорему ҳамоно риоя мекунем. Пас, онҳо кӣ буданду мо кистем ?! Мо ба якдигар маҳз аз кадом ҷиҳат бегона буда бошем?! Модом ки забониамон, урфу одатҳоямон, адабу одобамон ва дину мазҳабамон яксон будаанд, чаро мардуми аҳди Сомониёнро аҷдод нахонему худамонро ворис ?!
Лекин оё худи Оли Сомон ҳам зодайи таъриху парвардайи фарҳанги тоҷик буд? Оре, Давлати Сомониён бе ягон шакку шубҳа зодайи таъриху парвардайи фарҳанги тоҷик буд. Ин ҳақиқатро ду далели қотеъ тасдиқ мекунад. Аввалан, Оли Сомон дар сарзамине қомат афрохт, ки он ҷо аҷдоди мо аз қадимзамон сар карда зиндагӣ мекарданд; хидмати таърихии Сомониён иборат аз ин буд, ки онҳо бори аввал ҷумла заминҳойи точикнишинро дар қаламрави як давлати мутамарказ муттаҳид карда тавонистанд. Ба ин маънӣ андаруни қаламрави Давлати Сомониён якҷинсагии қавмию ваҳдати фарҳангӣ ҳукмфармо буданд. Дар воқеъ, онвақт, чунон ки академик В. В. Бартолд дақиқкорона ба мушоҳидайи илмӣ гирифта буд, сарҳадди сиёсӣ асосан ба сарҳадҳойи қавмию фарҳангӣ (байни тоҷикон ва туркон), иқтисодӣ (байни водиҳойи зироаткорӣ ва даштҳойи кӯчию рамадорӣ) ва динӣ (байни мусулмонон ва кофирон) рост меомад. Сониян, тамаддуни сомонӣ мисоли тамаддуни қибтӣ (Мисри Қадим) нест, ки ба таърихи арабҳо мансуб донистани он комилан норавост; миёни гузаштайи ориёнӣ ва ҳозирайи сомонӣ робитайи бефосилайи фарҳангӣ вуҷуд дошт. Аз ин ҷиҳат тоҷикон ҳақиқатан ҳам тамаддуни сеҳазорсолае доранд, ки миёни аслҳою фаслҳояш пайванди ногусастанӣ ҳанӯз ҳам боқист; макону замонҳойи маънавиамон, бо вуҷуди он ҳама парокандагие ҷуғрофие, ки моро дар таърихи пурпечутобамон насиб шуда, ягонагии маънавии худро воқеан ва куллан ҳифз карда тавонистааст.
Хулосайи калом, тоҷикон таърихе доранд зинда ва зоҳир , пас, ягон озу ниёзе низ надоранд, ки валинеъматҳо ё мӯҳсинҳойи навбаромади хориҷӣ аз пораҳойи таърихи бегонагон барояшон кӯрпайи қуроқӣ дӯхта диҳанд! Албатта, ин як “ҳақиқати объективӣст”, ки ба «ҳақиқати субъективии» баъзе таърихнависони охирзамон рост намеояд. Сабабаш ҳам равшан аст. Азбаски субъекти пажӯҳиш фарди зинда аст, субъектгаройӣ (субъективизм) ҳатто ба олимони табиатшинос низ бегона нест. Вале дар илми таърих нуфузи назари субъективона шояд бесобиқа бувад. Аз ин рӯ дарёфтани мотив ё иллате, ки Литвинскиро водор кардаст «Тоҷикон »-ро аз номи Ғафуров, вале ба коми худаш дубора таҳрир намояд, фақат аломати кунҷковӣ нахоҳад буд. Такрор мекунам: ман равонков (психоаналитик) нестам: ягона воситайи пиндорам мантиқи суварист.
Инак, нахуст як ба ёд оварем, ки вақти бознашри «Тоҷикон » (соли 1989 - ӯм) андаруни бозсозии горбачёвӣ аллакай бозсӯзии ёлтсинӣ дуд мекард. Дар «канорҳойи миллӣ» бошад, ҷо -ҷо оташи бархӯрдҳойи пораҳойи ҷудогонайи “халқи советӣ” забониа мезаданд, ки дар барангехтани онҳо дар баробари қудратталабони нодидаю музофотзада қаламбадастони “оташсухан” низ ширкат доштанд. Ба ҳар ҳол ҷанги Арманистону Озарбойҷон аз таърихталошиҳое сар шуд, ки дар рафти онҳо академикҳойзабони маҳаллӣ тамоми фасоди кашмакашҳойи чандинасрайи ду халқро аз бойгониҳойи илми таърих берун бароварда муҳити маънавии ҳамсоягонро бо токсинҳойи адоват заҳрогин карда буданд.
Литвинскӣ гӯё миёни обу оташ монда буд. Аз як тараф, баръало медид, ки миллатгаройии ифротӣ асосан миёни аҳли туркизабон, аз ин ҷумла ашрофи сиёсӣ ва академии Ӯзбакистон, мавҷ мезанад – ба дараҷае, ки бунёди маънавии Давлати Шӯравӣ, ба хусус пиринсипи “дӯстии халқҳо”-ро аз дарун хароб мекард. Аз тарафи дигар, хавотир дошт, ки мабодо нируҳойи иртиҷоии Шӯравии ба роҳи фурӯпошии сиёсӣ қадамниҳода ба по хеста бозсозии ҳаваскоронайи горбачёвиро пахш кунанд ва ҳамроҳа боз ба таъқибу террор пардозанд. Табаддулоте, ки моҳи августи соли 1991-ӯм ба истилоҳ ГКПЧ ба амал бароварданӣ шуд, нишон дод, ки хавотиркашии Литвинскӣ беасос набуд. Хусусан ки дигар пуштупаноҳе надошт, ки мисли Ғафуров ҳам нуфузи академӣ ва ҳам қудрати сиёсӣ дошта бошад.
Аз ин мавқеи назар як детали ҳаёти илмии даврайи Исталин ҷолиб аст, ки зикраш дар мусоҳибайи Литвинскӣ бо Яновская гузаштааст: шарқшиноси яҳудитабори ленинградӣ Александр Бернштамро «миллатчии умдайи халқи қирғиз » хонда аз кор ронда буданд! Гӯё ки дар омади гап гуфта гузаштааст, вале агар ба ин қисса аз айнаки ҳамон дурнамойи имконпазири пасобозсозӣ бингарем, пай мебарем, ки аз таҳтуззеҳни Литвинскӣ ғаризайи худнигаҳдорӣ нуфуз мекунад, ки як эҳсоси табиӣ бувад.
Қисса кӯтоҳ, эҳтиёткориҳойи Литвинскӣ комилан фаҳмост ва ҳатто метавон бахшид. Фақат ҳаминаш боиси тааҷҷубу таассуф аст, ки олими баландпоя ба ҷойи ба интизоми академӣ овардани таърихорою таърихдузду таърихсозони навбаромад ва бад-ин тариқ ҳимоя кардани ҳақиқати илмию адолати таърихӣ худ замонасозӣ карда матни “Тоҷикон ”–ро мувофиқи табъи ҳамонҳо “ислоҳ” намудааст! Гузашта аз ин, Литвинскӣ дар баъзе мавридҳо худаш ба таърихсозӣ пардохтааст. Инаш албатта набахшиданист, зеро индафъа ӯ аз чорчӯби қонуну қоидаҳое берун баромадааст, ки мавриди эътирофу эътибору эҳтироми ҷамоайи илмии ҷаҳон қарор гирифтаанд.
Сухан аз ҳамон иқдоми комилан ғайриилмии Литвинскӣ меравад, ки Қодири Рустам нақл кардааст. Ман маълумотеро вай лутфан бароям фиристода буд, тафтиш карда баромадам. Литвинскӣ дар баробари дар фаслҳойи ҷудогонайи китоби Ғафуров ихтисор кардани исми «тоҷик» бо ишора ба сарчашмайи маълуму маъруфи садайи даҳӯм «Таърихи Бухоро » ба таърихсозие пардохтааст, ки намунаҳоййи барҷастааш кайҳост дар осори “илмии” ҳамкасбони ӯзбакистонии ӯ солҳост мушоҳида мешаванд. Хабари дар “Таърихи Бухоро ” дарҷшуда бошад, чунон возеҳу равшан аст, ки ба кӯр асо буда метавонад: «Мардумони Бухоро ба аввали ислом дар намоз Қуръон ба порсӣ хондандӣ ва арабӣ натавонистандӣ омӯхтан ».
Дар китобе, ки ҳангоми дар қайди ҳаёт будани Б. Ғ. Ғафуров нашр шуда буд, ин маълумоти таърихӣ айнан истифода шуда буд: “Аз суханони Наршахи (асри Х) маълум аст, ки... дар масчиди Бухоро Қуръонро ба форсӣ мехонданд ”. Литвинскӣ ин ҷумлайи Ғафуровро аз нав таҳрир карда ба шакли зерин навиштааст: “Аз қиссайи Наршахӣ (асри Х) бармеояд, ки... дар тарғиби ислом ва маросими исломӣ забони маҳаллии (ё забонҳойи маҳаллии) сокинони Бухороро истифода мебурданд ”.
Таҳрири Литивинскӣ бояд аз се ҷиҳат мавриди эътибору эътироз қарор гирад. Якӯм , Литвинскӣ навиштайи Наршахиро айнан иқтибос наоварда гапро “аз қиссайи Наршахӣ бармеояд, ки ...” гуфта оғоз менамояд ва бад-ин тариқи нораво худсариашро рӯйпӯш кардан мехоҳад: хулосаҳое, ки ӯ гӯё аз қиссайи Наршахӣ баровардааст, ба гуфтайи муаллифи «Таърихи Бухоро » тамоман рост намеоянд! Дар зимн усули ба кор бурдайи Литвинскӣ ҳам нав нест; онро аз ӯ пештар академикҳойи чапдасти ӯзбакистонӣ истифода бурдаанд. Чунончӣ, академик Бӯрӣ Аҳмадов аз номи Абӯҷаъфари Табарӣ, ки таърихномааш (“Таърихи Табарӣ ”) яке аз мӯътабартарин сарчашмаҳойи аҳди ислом ба шумор меравад, эълон дошт, ки гӯё дар асрҳойи ҳафту ҳашти солшумории насронӣ аҳолии Балху Бухоро асосан аз туркон иборат будаст! (Туркшиноси маъруф Брегел аз Амрико истода таърихнависони наву кӯҳнайи Ӯзбакистонро ба ин ва дигар корҳойи ношоямашон бо танаффур муттаҳам карда буд.)
Дуйӯм , Литвинскӣ сухани Наршахиро дидаю дониста таҳриф кардаст: номи забони модарии тоҷикони Бухороро (форсӣ) хат зада ба ҷойи он “забони маҳаллӣ ” навиштааст, ки чӣ будани онро худаш медонаду бас! Сейӯм , ба хабари таърихии Наршахӣ Литвинскӣ як тахмини тамоман беасосро илова намудааст, ки на дар бел меистаду на дар панҷшох: баъди зикри “забони маҳаллӣ” дар қавсайн аз худ афзуда: “ё забонҳойи маҳаллӣ” ! Инаш албатта таҳрири илмӣ нест, замонасозисту бас . Аввал ин ки мувофиқи суннати исломӣ салот (намоз)-ро боястӣ ба арабӣ хондан, чаро ки Қуръон ба арабист! Ва агар дар садайи даҳӯм ба тоҷикони Бухоро иҷозат дода бошанд, ки иҷройи фарзи айнро ба забони худашон “ният кардам бигзорам намози бомдод ” гӯён сар кунанд, ин фақат амри хайр набуд, зарурати таърихӣ буд. Чаро ки истилойи рӯҳонии ориёзамин ба садди маънавие бархӯрд, ки аз дарвозайи арки Бухоро ҳам ба маротиб баландтару бақувваттар буд: «гузашт он, ки араб таъна ба Аҷам мезад »! (Аҷнабиёни дигар таъна задану танз гуфтанро кай бас мекарда бошанд?!)
Дигар ин ки дар паси таҳрири нави Литвинскӣ ғарази сиёсие ниҳон аст, ки ягон заминайи илмӣ надорад. Дар воқеъ, иборайи «забонҳойи маҳаллӣ ” нисбат ба Бухоройи оғози ҳазорайи дуйӯми милодӣ худаш чӣ маънӣ дорад? Дар шаҳри Бухоро ба ҷуз забони форсӣ боз забони дигар низ будаст, ки ба андозайи забони тоҷикон нуфуз доштаст ва аз ин сабаб арабҳойи мусулмонро зарурат пеш омада, ки Қуръонро ба он забон ҳам тарҷума кунонанд! Киҳо будаанд онҳое, ки ба ин забони бонуфуз гап мезадаанд? Киҳо ҳам мешуданд, аҷдоди ҳозира соҳибони сиёсии шаҳр-дия! Яъне ки Бухоро аз азал ватани фақат тоҷикон набуд, шаҳри “интернатсионалӣ” буд, яъне ки ... бигузор тоҷикон ба даҳонаш нигоҳ карда гап зада ягон даъвойи таърихӣ накунанд!
Литвинскӣ на мисли Бартолд сарчашмашинос асту на монанди Брагинскӣ забондон, вале модоме ки худашро ҳамбару ҳамдасти илмии Ғафуров муаррифӣ мекунад, ӯро донистан мебоист, ки дар Бухоройи садайи даҳӯм туркон умуман набуданд. Лекин дар бозори бардафурӯшии пойтахти Оли Сомон асирон ва ғуломони туркнажод бисёр буданд. (Муаррихи эронинасли фаронсавӣ Алии Мазоҳирӣ, ки бо ӯ ифтихори шиносойӣ доштам, боре, вақте ки сухан аз сабабҳойи иқтисодии инқирози Давлати Сомониён рафт, гуфт: “Тиҷорати бардайи кофар ” яке аз манбаъҳойи сарвати Сомониён буд. Дар охирҳойи садайи даҳӯм ба иллати ба гунайи дастаҷамъӣ мусалмон шудани туркони Баласоғун ва Тароз ин сарчашма хушк шуд.) Ба шаҳодати сарчашмаҳойи таърихӣ туркон ба тоҷикони Бухоро нағз шинос буданд, вале фақат ба сифати яғмогар . Ҳамон “Таърихи Бухоро ” шоҳиди гӯёст. Наршахӣ арзу шикояти зерини мардуми тагҷойиро нақл намудааст. “Аҳли Бухоро гуфтанд: моро аз кофарони турк ранҷ аст, ки ба ҳар вақт ногоҳ меоянд ва деҳҳо ғорат мекунанд ”. Аз ин мебарояд, ки туркон на фақат дар худи шаҳри Бухоро, балки дар гирду атрофи наздик ё музофоти пойтахт ҳам намезистанд.
Пас, Литвинскӣ “забонҳойи маҳаллӣ ” гуфта забони боз киҳоро дар назар дорад?! Балки забони яҳудиҳоро? Оре, дар Бухоройи онвақта яҳудиён (авлоди онҳое, ки як вақт Куруши Кабир аз асорати бобулиҳо озод карда буд) низ буданд, вале ҳамагон ба тоҷикӣ гап мезаданд. (Мутаассифона, акнун миёни яҳудиёни тоҷикзабони сокини Нйу Йорк ҳам баъзе қавмпарастони чаласавод нуфуз пайдо карда истодаанд, ки лаҳҷайи сад дар сад тоҷикиашонро “забони бухорӣ ” унвон мекунанд. Дар як конфронсашон бо даъвогарони навбаромад бархӯрди сахт доштам.)
Хулосайи калом, дар Бухоройи садайи даҳӯм фақат як халқ мезисту фақат як забон ҷорӣ буд, ки ҳанӯз ҳам зинда аст. Дигар гапҳо тамоман сохта ва бофтайи бостоншинос Литвинскӣ мебошанд, ки ба маълумоти мавҷуди таърихӣ комилан зид буда ба рӯҳи илм тамоман бегонаанд .
5
Литвинскӣ дар ёддоштҳояш як эпизоди даврони шӯравиро нақл мекунад, ки гӯё дар омади гап гуфта гузаштааст. Аммо агар дурустар зеҳн монед пай мебаред, ки дар таги коса нимкосае низ ҳаст. Боре ба КМ ПК Тоҷикистон пешниҳод намудаст, ки маводи мавҷудайи илмиро дар боби таъриху маданияти тоҷикон ҷамъоварӣ намуда ва бо аксу нақшҳо оро дода онҳоро ба шакли як силсила китоб ба русӣ нашр кардан салоҳи кор мебуд. Он ҷо ба ӯ гуфтаанд: «Агар ягон ҷумҳурӣ чунин силсиларо чоп карда барорад, он вақт мо ҳам айни ҳамонро мекунем. Набошад, чаро мо бояд пешдастӣ кунем? Мо кистем, ки худамонро ба тамоми дунё намоиш диҳем?! » Ҳарчанд ки ҳикояи Литвинскӣ чандон боварибахш нест, чунин рангу раванди тафаккури музофотӣ ба рӯҳи он замон комилан мувофиқ аст. Фақат ҳаминаш ҳаст, ки эпизоди мазкур зуҳури падидайи куллитаре буд. Манзурам писихологияи сиёсии масъулиятгурезӣ (перестраховка) мебошад, ки танҳо ба номенклатурайи ҳизбию шӯравии Тоҷикистон хос набуд. Чунин тариқи рафторро тамоми низоми тарбияи идеологӣ талқин мекард ва таҷрибайи фоҷиабори рӯзгори пешини шӯравӣ (таъқибу террор) қувват медод. Махсусияти сиёсати идеологиязадайи онвақта ин буд, ки дар саҳро пахтаро шутур мехӯрду дар шаҳр гӯши бофандаро мебуриданд! Литвинскӣ бошад, қариб аст, ки тақлидкориро аз ҷумлайи хислатҳойи миллии тоҷикон ҳисоб кунад.
Ба ҳар ҳол ҳангоми маънидод кардани сабаби ба тоҷикшиносӣ рӯ овардани Ғафуров, ки он вақт котиби КМ буданд, рост ба ҳамин иллат ишора кардааст. «Дар охирҳойи ҷанг дар Ӯзбакистон ба навиштани таърихи серҷилдайи халқи ӯзбак сар карданд , – нигоштааст Литвинскӣ. – Ва Ғафуров биандешид: агар таърихи ӯзбаконро менавишта бошанд, пас чаро таърихи тоҷиконро нанависем ». Ин ҷо як ғалати маҳзи муаллиф ба чашм бармехӯрад. Лекин ман аз он сарфи назар мекунам: гарчанде ки хатойи мазкур дар матни таҳрирхӯрдайи ёддоштҳойи Литвинскӣ ҳам боқӣ мондааст, онро ба қалами Яновская мансуб медонам. Асли ҳол бошад, тамоман дигар буд: дар ҷумҳурии ҳамсоя «таърихи халқи ӯзбак »–ро навиштанӣ набуданд ва ҳанӯз ҳам аз ин кор худдорӣ мекунанд. Сабабаш ба таърихшиносон ойина барин равшан аст: дар он сурат қиссаро аз Дашти Қибчоқ сар кардан лозим меомад! Таърихномайи аввалро (соли 1950–ӯм аз чоп баромадааст) «Таърихи халқҳойи Ӯзбакистон » номида буданд, китоби баъдина (1956) бошад, «Таърихи РСС Ӯзбакистон » унвон дошт.
Сабаби аслии ба таърихи тоҷикон таваҷҷӯҳ намудани устод Ғафуров чизи тамоман дигар буд: бар хилофи гумони Литвинскӣ, на ин ки «тақлид ба ёрон» ё хусусан ватанпарастии худнамоёна, балки зарурати мавқуфнопазир эшонро водор карда буд, ки ба омӯзишу пажӯҳиши гузаштайи дуру наздики тоҷикон машғул шаванд. Баройи аз рӯйи ақлу адл нақду қадр кардани фидокории илмии Ғафуров аз сарнавишти таърихии тоҷикон ба некӣ бохабар будан даркор аст. Таъкид мекунам: ба некӣ . Яқин аст, ки Литвинскӣ таърихамонро нағз медонад, вале таърихдонии ӯ аз ҳамдардии маънавӣ орист. Намегӯям, ки назараш хайрхоҳона нест. Гуфтанистам, ки дарди дили дилсӯхтаро дилсӯхта донад !
Умдатарин нукта ин аст, ки ба халқи тоҷик дар тӯли тамоми ҳазорсолайи дуйӯми мавҷудияташ хатари ба хок яксонгардонии ҷисмонӣ (анниҳилятсия) ва маҳлулшавии маънавӣ (ассимилятсия) дар муҳити истилогарон таҳдид мекард. Вале боиси ифтихори таърихии мост, ки ба хилофи ин ҳама хавфу хатарҳо мардуми тоҷик зинда монд. Охир, дар вазъияти ҳамгун баъзе қавмҳо, ҳатто халқҳойи мутамаддин, мисли бобулиҳою мисриён, ки соҳиби тамаддунҳойи қадиму ғанӣ буданд, ба фишори фарҳанги бегона тоб оварда натавонистанд ва дар натиҷа аз забон у суннатҳойи маънавиашон маҳрум монда охир дар байни истилогарон ҳаллу фасл шуда рафтанд. Мо бошем, бигузор бар ивази талафоти сангини моддию маънавӣ, қавмияти худро таърихан ҳифз карда тавонистем.
Ашрофи ақлияи халқи таърихан азияткашида ва ҷисман хастагашта, вале маънан ҳанӯз бақувват оғози дигаргуниҳойи инқилобии болшевикиро ҳамчун нури умед истиқбол намуд. Чунончӣ, Садриддини Айнӣ, ки эшонро сарбозони рус аз зиндони амир озод карда буданду духтурон рус муолиҷа, бо самимияти тамом қасидайи мадҳия суруда Ӯктабрро ба унвони Офтоби адолат таърифу тавсиф карданд. (Ғофил аз он ки марксизм худи «адолат»ро мафҳуми нисбӣ мехонад. Ленин мегуфт, ки мазмуну мароми ин мафҳум аз назари синфҳойи гуногун яксон нест: ҳар он чӣ, ки ба манфиати инқилоб хизмат мекунад, яъне аз рӯйи меъёрҳойи «умумиинсонӣ» хоҳ бад хонанду хоҳ нек, комилан ахлоқист ва баръакс!) ) Аммо баъди «Инқилоби Бухоро» дигаргуниҳойи сиёсию иҷтимойӣ аз рӯйи мантиқе ҷараён гирифтанд, ки на фақат аз доирайи фаҳму фаросати шоири аз ҷиҳати сиёсӣ на чандон пухтайи тоҷик берун буд, балки ба ақли салим ҳам рост намеомад. Манзурам албатта ба истилоҳ тақсимоти миллию территоривии Осиёи Миёна аст, ки онро агар ҷинояти таърихӣ хонем муҳобот намешавад. Қурбони асосии ин ҷиноят, ки ба дилу зеҳни ҳар як тоҷики бедор захми мункар задаст, мардумони ориёнажод ё эрониасли минтақа буданд. Ин ҷиноят ба сабаби ба ҳам печидани се омил: таассуби идеологии саркардаҳойи болшевикӣ , кӯтоҳбинии сиёсии элитайи тозазу ҳ ур маҳаллӣ ва нопухтагии таърихии мардуми тагҷойӣ содир гардид.
Натиҷа ҳамин шуд, ки бар хилофи омоли таърихию умедвориҳойи чандинасра тоҷиконро ногаҳон зарурат пеш омад, ки ҳамаро монда аввал баройи дар куҳандиёри худашон бо ному нишони худашон зиндагӣ кардан ҳаққи таърихӣ доштанашон мубориза баранд! Охир, қариб монда буд, ки озодкунандагони навбаромад худи исми «тоҷик»-ро дар китоби таърих кӯр карда қавми моро дар миёни ба истилоҳ «миллатҳойи таърихан фаъол » ҳаллу фасл карда партоянд! (Ин истилоҳ бофтайи сиёсатмадорони беилм набуд; вай аз худи доктринайи марксистӣ андар ҳамоиши ногузири миллатҳо дар рафти сохтумони коммунизм бармеомад.)
Аз сабаби он ки дар оғози ташаккули низоми камунистӣ дар Осиёи Миёна чунин зарурати сарнавиштсоз пеш омад, ду кори муҳимму мубрами таҳқиқотию ташвиқотиро дар ҳамбастагӣ анҷом додан лозим шуд: аз як сӯ, мавҷудияти таърихии қавмамонро ҳамчун куллияти худвижайи мардумони ҳамтану ҳам забон ва ҳаммарзу ҳамсуннат дар ҳошияи тафовути турку тоҷик собит кардан ва аз сӯйи дигар, дар мероси муштараки эрониёни ғарбию шарқӣ ҳиссайи хоси ӯро муайяну мушаххас намудан. Ин кори осон набуд, чунки дар адабиёти илмӣ с аҳми тоҷикон андаруни мафҳумҳойи номушаххаси “адабиёти форсӣ ”, “илми арабӣ ” ва “тамаддуни исломӣ ” маҳлул шуда буд. Хушбахтона, дар сахттарин солҳойи набарди нобаробар баройи шинохту эътирофи таърихии тоҷикон (1924-1929) таърихдонон ва шарқшиносони рус, хусусан В. В. Бартолд ва М. С. Андреев, моро дастгирӣ кардаанд.
Масъалайи ниҳоят душворе, ки Ғафуров пеш аз ҳама рӯ ба рӯ шуданд, сирф илмӣ ё таърихӣ набуд: пеши сари роҳашонро идеология ва сиёсат мебаст. Масъала аз он сабаб гиреҳ баста буд, ки тоҷикон халқи таърихан ва воқеан мунқасим мебошанд. Пас, аз таназзули сиёсии Давлати Сомониён дар натиҷайи истилогариҳойи пайдарпайи туркон, муғулҳо, паштунҳо, чиниҳо, русҳо ва англисҳо сарзамини тоҷикон миёни чандин империяҳо ва давлату давлатчаҳо тақсим шуд. Дар оғози садайи бистӯм сарҳадҳойи сиёсии Русия, Чин, Ҳиндустон, Афғонистон, хонигариҳойи Бухоро, Хӯқанд ва Хева тоҷиконро аз ҳам ҷудо ва ба ҳам бегона мекарданд. Марзбандиҳойи солҳой бистӯм сарнавишти таърихии моро боз ҳам чигел карданд. Чунки марказҳойи асосии тамаддуни тоҷик аз ҳудуди “Тоҷикистони Сурх” берун монданд. Ба иллати ин хусусан тақсими мероси фарҳангӣ оҳанги тезу тунди сиёсӣ пайдо намуд.
Дар ҷумҳуриҳойи шӯрависохта таърихи халқашон ро ба таърихи ҷойи зиндагии кунуниаш баробар карда самарқандию бухоройӣ, чочию хоразмӣ, гурганҷию фарғонагӣ, ганҷавию марвазиҳоро аҷдод эълон намуданд ва биноан осори онҳоро ба ҷумлагӣ мероси миллӣ хонданд. Идеологияи ҳоким бошад, ба ин ҳама бедодгариҳойи таърихӣ чашм мепӯшид, зеро доктринайи камунистӣ ҳамоиши ниҳойии забону маданияту тамаддунҳойи гуногунро талқину таъкид карда зимнан худвижагии миллӣ ё тафовутҳойи байналмилалиро як падидайи муваққатӣ мепиндошт. Бинобар ин дар сиёсати ҷорӣ барояш муҳимтар аз ҳама ин буд, ки миёни бахшҳойи ҷудогонайи “халқи советӣ” мабодо ихтилоф наафтад, то ки шоҳроҳашон ба сӯйи ояндайи камунистӣ ҳамеша тозаву равшан бошад. Хулоса, идеология ва сиёсат ҷумла бахшҳойи илмҳойи ҷомеашиносӣ, ба вижа таърихнигориро “дар миёни чор дарё” тахтабанд карда буданд. Аз ин ҷиҳат метавон гуфт, ки таърихнависӣ ва ҳақиқатнигорӣ торафт ба ҳам бегона мешуданд
Бо вуҷуди ин ки Ғафуров ҳангоми навиштани “Таърихи мухтасари халқи тоҷик ” дар ҳудуди диёршиносӣ (краеведение) намонда “Тоҷикистони таърихӣ” –ро ба мадди назар гузоштаанд. Албатта чунин адолатҷӯйиҳойи таърихӣ ба соҳибони ҷадиди сарзаминҳойи қадим тамоман маъқул набуд, гарчанде ки устод Ғафуров дар ғояти эҳтиёткории илмию сиёсӣ кӯшидаанд, ки ба иззати нафси миллии ҳамсоягонамон нарасанд. Ва азбаски баройи рад кардани хулосаҳойи илмии Ғафуров зӯри худи даъвогарони маҳаллӣ намерасид, онҳо то тавонистанд аз қудрати дигарон истифода бурданд. Ҳатто китоби солҳойи ҷанг навиштайи Ғафуров («Халқи тоҷик дар мубориза баройи озодӣ ва истиқлолияти ватани худ », Сталинобод, 1944), ки онро Литвинскӣ асари “журналистию тарғиботӣ ” гуфта наҳ задааст (замоне, ки баройи ҳаёт ё мамот мубориза мерафт, магар баройи таърихнигор аз ташвиқоти ватандустона дида дигар кори муҳимтар буд?!) ба ҳамлайи шадиди шарқшиносони русизабони муқими Тошканд дучор шуд. Яке аз онҳо академик С. П. Толстов буд, ки таърихи минтақаро хуб медонист, вале дар замонасозӣ ҳам майлу малакайи калон дошт. (Бо назардошти “баромади иҷтимоии” Толстов -- аз хонаводайи як генерали подшоҳӣ буд – замонасозиҳойи олими ба ҳоли гаравгони сиёсӣ афтодаро фаҳмидан мумкин аст, лекин вай басе аз ҳад мегузаронд. Дар омади гап гӯям, дар авҷи террори “мавҷи дуйӯм” ҳамон А.Н. Бернштами Литвинскӣ номбурдагиро аввалин шуда Толстов “фош” карда буд!) Кор ҳатто то тӯҳмати ноҳақ расид: аз миллатгаройӣ ҳам дуртар рафта Ғафуровро ба майли нажодпарастӣ (расизм) айбдор карданд!
Бинобар ин Ғафуров фақат як илоҷ доштанд: ба худи Исталин муроҷиат кардан! Устод боре гуфта буданд, ки вохӯриро бо Исталин котиби СЕКА оид ба идеология Андрей Жданов созмон дод, зеро қаблан ӯро аз вазъияти ногувор огоҳ карда буданд. Ва бино ба маводе, ки рӯзноманигор Шарифи Ҳамдампур аз бойгонӣ ёфта интишор дод, Жданов дар сӯҳбат худаш иштирок карда будаст. Зимнан вай мавзӯйи мулоқотро ноаён тағйир дода ва Ғафуровро ҳамчун таърихнигор муаррифӣ намуда баройи эшон фурсати муносиб фароҳам овардааст, ки мулоҳизаҳойи илмиашонро арз кунанд. Ва маҳз ҳамин гуфтугӯйи таърихӣ (соли 1948) ба шинохти расмии таърихи қадими тоҷикон роҳ кушод. Тарҷумайи русии китоби Бобоҷон Ғафуров «Таърихи мухтасари халқи тоҷик », ки пас аз саҳл кам ду сол бо ишора аз “Боло” дар Москва нашр шуд, муборизайи сисолайи арбоби илму сиёсати тоҷикро баройи худшиносию худшиносонии таърихӣ ҳусни анҷом бахшид.
Мақомоти олии Москва Бобоҷон Ғафуровро ба шарофати обрӯю эътибори академӣ ва сиёсию иҷтимоие, ки доштанд, минбаъд ҳам дастгирӣ кард. Инро таърихчайи муборизаҳойи идеологию сиёсие, ки баъди интишори “Тоҷикон “ сурат гирифтанд, собит мекунад. Чунон ки пештар ишора кардам, ҳамлаҳо ба китоб аз майдагапиҳойи илмӣ оғоз шуда то айбмониҳойи идеологӣ расиданд. Ва агар ин вокуниши фитнаангез бо «чорабиниҳойи маъмурӣ» (ба истилоҳи ҳизбию шӯравӣ: «оргвывод ») анҷом наёфта бошад, яъне ба пешонайи Ғафуров тамғайи «миллатчӣ»-ро зада эшонро аз мансаби академиашон наронда бошанд, сабабаш ҳамон обрӯю эътибори калони он кас буд.
Литвински мегӯяд, ки сабаби беҷазо мондани Ғафуров дахолати Суслов буд. Дуруст мегӯяд, вале рафти воқеаро чаппа ҳикоя кардааст: гӯё матни ҳуруфчинишудайи тақризро ба Суслов пешакӣ фиристодаанду Котиби КМ оид ба идеология баъди онро хонда баромаданаш ба Ғафуров телефон карда фикри эшонро пурсида бошад. Агар дар воқеъ ҳам чунин мебуд, магар гуфтайи худситоёнайи Литвинскӣ «мо пешакӣ (ба гуфтугӯ) тайёрӣ дидем » («мы с ним перед этим прорепетировали» ) ягон маънӣ медошт?!) Ва ҳол он ки одати ба котиби идеологӣ фиристодани гранкайҳойи тамоми маколаҳойи дарҷшаванда умуман вуҷуд надошт. (Котиб магар ин қадар фурсат дошт, ки садҳо мақолаву тақризҳоро хонда баромада масъалайи чоп кардан ё накарданро худаш ҳал кунад!) Асли ҳол дигар аст: баъди шунидани хабари тақриз Ғафуров худашон ба Суслов телефон карда вазъиятро фаҳмонида буданд. Сонӣ Суслов аз идорайи маҷалла талаб буд, ки тақризро ба ӯ нишон диҳанд. Дар ҷавоби саволи Котиби СЕКА муҳаррири маҷалла гуфтааст, ки тақризро таърихнигорони номдор навиштаанд. Эроди Суслов бошад, ба ҳамон шакле ки Литвинскӣ овардааст, бағоят соддалавҳона менамояд: «Вале китобро касе навиштааст, ки худаш тоҷик аст »! («А книгу написал человек, который сам – таджик! ») Агар тоҷик, ӯзбак ё рус будан меъёри ҳақиқат мебуд, илм сару калобаашро гум мекард! Ранги суханро бинеду ҳоли гӯяндаро напурсед: Литвинскии донишманд ба Суслови сиёсатманд эроди бемантиқеро нисбат дода ӯро ҳавобаландона масхара кардаасту бас!
Зимнан, агар Ғафуров гапҳойи «менторашон» (Литвинскӣ) ёддодаро ба Суслов гуфта бошанд, пас эроди Суслов ҳам бозтобе аз ҳамон маслихатҳойи бемантиқи Литвинскӣ будаст!! Ин вазъияти ногуворро шояд худи «ментор» ҳам ҳис карда бошад (ё касе ба ӯ гуфтаст), ки дар матни дуйӯми электрониаш (таҳрирхӯрда) ба Суслов эроди дигарро нисбат додааст: «Дар тақриз танқиди илмӣ нест, Ғафуровро фақат ба миллатчигӣ айбдор кардаанду бас, асли ҳол-ку ин тавр нест! » («В рецензии нет научной критики, все обвинения против Гафурова – в национализме, но ведь на самом деле это не так »). Акнун ёбеду гиред, ки Суслов дар ҳақиқат чӣ гуфта бошад, хусусан ки Литвинскӣ худаш шоҳиди гуфтугӯйи котиби СЕКА бо сармуҳаррири маҷалла набуд. Ва низ метавонед хулоса бароред, ки дигар иқтибосҳо ва нақлҳояш то чӣ андоза боварибахшанд...
Ай роҳзан, аз даври мукофот битарс,
Роҳе, ки занӣ, туро ҳамон роҳ занад!
6
Акнун ба муҳокимайи иддаойи асосии Литвинскӣ мегузарам, ки сарахбори нақлу нақди ӯст. Чунон ки пештар гуфтам, дар матни таҳрирхӯрдайи Борис Анатолйевич (сомонайи «Фарғона ») «ман »-у “мо ”- ҳо ихтисор шудаанд, вале умдайи матлабаш дар сарлавҳа мондаст: «Мо ба халқи тоҷик нахустин таърихи комилро такдим кардем ». Пас, мувофиқи фармудайи ҳикмати мардумӣ, бадкина нашавем ҳам, бадгумон мемонем.
Инак, онҳо ба мо таърихи комилро такдим кардаанд…
«История »-и русӣ ба ду маъно меояд: таърихи воқеӣ ва таърихнома . Зоҳиран, Литвинскӣ маънойи сониро дар назар дорад. Вале агар менталитети истишроқии (ориенталистӣ) литвинскиҳоро ба назар гирем, пас равшан бувад, ки маънойи аввал ҳам ҳузур дорад. Ба мо рӯйирост нагӯянд ҳам ба худу бархудашон мегӯянд: «Мо ба тоҷикон таърих сохта додем »! Аслан бигирем, дар байни амру амалҳойи ғайриилмие, ки дар Шӯравӣ аз солҳойи бистӯм сар карда ба расмият даромада буданд, таърихсозӣ аз таърихорои ю таърихдуздӣ ҳам бадтар аст. Тоҷикон нахустин қурбонии сохтакориҳойи ҳамонвақта буданд. Пас, чун таърихамон сохтайи дигарон будаст, ҳамин ки ягон зарурати сиёсӣ пеш омад ва ё испонсори босаховаттаре пайдо шуд, худи ҳамон таърихсозон метавонанд таърихсӯзӣ ҳам кунанд, яъне тафсиру таъбири рӯйдодҳойи гузаштаро худсарона тағйир диҳанд!
Акнун як ба вожайи «тақдим » рӯ оварем. Баройи тоҷикон ин мафҳум фақат воҳиди луғавӣ нест, мафҳумест, ки дар суннати фарҳангии мо рангу раванди баръалойи ахлоқӣ дорад. Азбаск забони тоҷикӣ ва русӣ аъзойи як хонаводайи забонҳо (ҳиндуурупойӣ) мебошанд, феълҳойи «(по)дарить » ва «ҳадя (инъом, тақдим) кардан » ҳаммаъностанд. Бахшоиш ба унвони маъқулайи маънавӣ ду ҷиҳати хос дорад. Аввалан, чизи худӣ ё ба пули худ харидаро тақдим мекунанд ва, сониян, - аз ҳама муҳиммаш - тақдим подош напазирад, чаро ки вай зодайи саховат ва парвардайи лутфу эҳсон бувад. Пас, ҳатто агар бовар кунем, ки «Тоҷикон » маҳсули қалами Литвинскиҳо будаст, дар он сурат ҳам китобро «тақдим » хондан камоли бемаънигист. Узр, инро ман аз мавқейи назари ахлоқе мегӯям, ки танҳо дар тамаддуни пасмондайи эронию исломӣ риоя мешавад. Албатта аҷаб нест, ки дар оянда ба туфайли ҷаҳонигардонӣ мо ҳам ба қаламрави арзишҳойи тамаддуни пешрафтайи яҳудию насронӣ ворид шавем, лекин худи ҳозир то омадани табар кунда дар осоиш аст...
Литвинскӣ муаррихонеро, ки ба китоби «Тоҷикон » тақризи манфӣ навишта дар маҷаллайи академӣ дарҷ кунонданд, бе зикри номашон ҳамчун «ду шарқшиноси кирояи москвагӣ ва ленинградӣ » муаррифӣ намудаст. Возеҳу равшан аст, ки вай худашро аз ҷумлайи чунин олимони кирокаш намедонад. Дуруст, Ғафуров ҳам Литвинскиҳоро киро накарда буданд. Баръакс, эшон бо як ихлоси тоҷикона онҳоро дӯстони содиқи худ ҳисоб мекарданд. Ғофил аз он ки дар замони Ғафуров ҳам, чунон ки дар аҳди Саъдӣ буд, басе ба дӯстии дӯстон эътимод набуд, ба тамаллуқи душманон чӣ расад! Хусусан ки дар навиштайи Литвинскӣ тамаллуқ бо тамасхур ҳамроҳ омадааст. (Баройи ба ин бовар кардан ҳамон қисми мақолайи ӯро бадиққат хонда бароед, ки «давомдиҳанда » ном дорад. Гӯё ба таърифу тавсиф пардохтаст. Лекин гапаш духӯра бувад, чаро ки дар истилоҳоти пасохурушчёвиёни Шӯравӣ «продолжатель » бадномшудатарин сифат буд!)
Сирату сурати ҳамдастии эҷодии Ғафуров бо Литвинскӣ дар воқеъ чӣ гуна буд? Борис Анатолйевич нақши киро бозидааст: мардикори кироя (мирзо), ҳамкори қаторӣ ё балки раҳбари илмии лоиҳайи “Тоҷикон ” –ро? Ҳамагон медонем, ки иморат бо як худи мардикор буд намешавад; кори хиштрезу хиштчин дигар асту кори дуредгари дару тирезасоз дигар. Баройи иморат андохтан аввал устойи хонасоз даркор аст, сонӣ чӯбкору гаҷкор ҳам лозим мешаванд. Устод Ғафуров ба маънии тамом меъмори «Тоҷикон » буданд, боқӣ ҳама - дастёру мушовиру муҳаррир ! Албатта меъмор ҳам ёвару маслиҳатгар дошта метавонад, вале усул дар дасти нақорачӣ буд! Аз ин рӯ, ҳар гуна кӯшиши эшонро наҳ задан ва ё ба шӯҳрататашон шарик шудан амри муҳол аст: якӯмӣ кори таърихан бебақо бошад, дуйӯмӣ амали ахлоқан нопок аст …
Ҳамзамон донистан муҳим аст, ки хизмати Литвинскӣ ихтиёрӣ буд ё маҷбурӣ ? Беғаразона буд ё манфиатҷӯуёна ?
Ҷ авоби ин саволҳо ойина барин равшан аст: Литвинскиҳо дар сояи қудрату нуфузи Бобоҷон Ғафуров баройи худашон имкону имтиёзҳое пайдо намуданд, ки дигарон надоштанд! Ғафуров онҳоро аввал аз Тошканд ба Душанбе оварда сонӣ ба Москва бурда ва дар марказ доимӣ «прописка» кунондаю манзил гирифта дода барояшон шароите фароҳам оварданд, ки дигарон танҳо орзу карда метавонистанд. Охир, ҳамон вақт олимони аз Литвинскиҳо бамаротиб бақуввате буданд, ки ба иллати мисли ин ду «исчасливчик » пушту паноҳ надоштанашон дар кунҷу канорҳойи дурдасти СССР дарбадар буданд! Литвинскӣ бошад, бо дастгирии устод Ғафуров узви Академияи илмҳойи Тоҷикистон шуд, эшон ӯро ба ЮНЕСКО муаррифӣ намуда ба арсайи илми ҷаҳонӣ бароварданд ва агар зинда мебуданд, аз эҳтимол дур нест, ки археологи «тоикшинос» узви Академияи илмҳойи СССР ҳам мешуд.
Онҳое, ки мисли Литвинскӣ ба устод дар навиштани «Тоҷикон » ёрӣ додаанд, як тиру ду нишон доштанд. Аввалан, акидаҳойи баҳснокашонро (чунончӣ, дар борайи макону замони пайдоиши забони порсии дарӣ –тоҷикӣ) ба унвони «охирин дастоварди илми эроншиносӣ» ба воситайи китоби Ғафуров «қонунӣ» кардан хостаанд. Сониян, бештар натиҷаҳойи тадқиқоти худашону ҳамтаборашонро гирд оварда ва дар феҳристи адабиёти истифодашуда ғолибан ба асарҳои худашону шиносҳояшон ишора карда бад-ин тариқи худбинона хидматҳойи илмии хешро аз будааш зиёд карда нишон додаанд.
Пас, кӣ киро бештар ба манфиати худаш истифода бурд – Ғафуров литвинскиҳоро ё баръакс – литвинскиҳо Ғафуровро?!
Кофтукови археологие, ки Литвинскӣ дар Тоҷикистон бурдаст, ва ё ҳамкории эҷодие, ки бо Ғафуров доштааст, кори илмии фавқуллоддае набуд, ки аз ӯ фидокорӣ ё ҷоннисориро талаб карда бошад. Дар воқеъ, магар баройи Литвинскӣ муҳим буд, ки маҳз дар куҷо -- Тоҷикистон ё Туркманистон ҳафриёт мекунад: гӯри дудмони тоҷикро кушода мебинад ё қабри аҷдоди туркро?! Барояш муҳимтар аз ҳама он буд, ки кӯзайи гулкоришуда, хуми шикаста ё ҳатто наъли зангзадаеро кофта ёбад, ки осори қадимзамон бошаду дигарон аз ӯ пештар наёфтаанд. Чунончӣ, худи Литвинскӣ бад шудани муносибатҳойи хонаводагиашро бо бостоншиноси маъруф В. М. Массон аз он дониста, ки занаш ҳангоми ба кор набаромадани устодаш тасодуфан як сандуқ ритон (зарфи қадими майнӯшист, ки монанди шохи ҳайвон месохтанд) ёфта оташи рашку ҳасади шефашро барангехта будаст. Ё тахмини дигар, ки беасос нест: агар оилайи Литвинскиҳоро ягон Туркбошӣ даъват мекарду ҳамзамон ваъда медод, ки барояшон Институти археология сохта медиҳад, магар онҳо намерафтанду мегуфтанд, ки ба онҳо сарзамини тоҷикон азизтар аст?! Хобатона ба об гӯед!
Литвинскӣ ҳатто кореро анҷом надодааст, ки барояш ҳамчун узви хориҷии Академияи миллии мо фарз набошад ҳам, қарз буд. Бубинед, дар шарҳи мактаби бостоншиносӣ ташкил накарданаш чиҳо мегӯяд: «Ман ҳар сол шашмоҳӣ дар ҳафриёт будам. Вале бо вуҷуди он ҳама саъю кӯше, ки ба харҷ додем, мо натавонистем, ки дар Тоҷикистон дар риштайи бостоншиносӣ як мактаби миллии хуберо ба камол расонем. Ҳол он ки дар кишвар ёдгориҳойи таърихӣ бисёранд… Аммо тоҷикон гумон доранд, ки агар маълумоти олӣ дошта бошӣ, туро ҳоҷат нест, ки худат замин кобӣ. Тоҷики бостоншинос куртайи шоҳиро мепӯшиду дар теппае нишаста коргаронашро назорат мекард. Басе аз дур истода мушоҳида менамуд, баъзан ба воситайи дурбин …» Чунон ки ҳувайдост, Литвинскӣ айби ошро дар мош ҷустааст. Лекин дигар нишон ҳам дорад: зимнан ба ҷониби ҳамкасбони академиаш Нӯъмон Неъматов ва Йӯсуфи Яъқубшоҳ низ гап мепарронад. Магар онҳо намояндагони ҳамон «мактаби миллии хуб» нестанд, ки Литвинскӣ ташкил карда натавонистааст ё, пӯсткандайи гапро гӯям, ташкил кардан нахостааст?!
Хулоса, Литвинскӣ баройи Точикистон ягон хидмати нодир накардааст – кори худашро баҷо овардаасту бас. Аз ин рӯ ман ҳайронам, ки чаро аз қатори бостоншиносон маҳз Литвинскиро ҷудо карда гирифта хизмати ӯро алоҳида қадр кардаанд Магар ковишҳойи В. А. Ранов дар Помир ё ҳафриёти Б. И. Маршак дар Панҷакат (Борис Илйич дар худи ҳамон ҷо дафн шудаст) аз ҷустуҷӯҳои Литвинскӣ дида камаҳамияттар буданд?
Аз ҷиҳати хидмати воқеӣ Литвинскиро хусусан бо И. С. Брагинскӣ муқойиса кардан ҷолиб аст, ки аз шахсияту эчодиёташ нағз хабар дорам. Иосиф (худашон Йусуф талаффуз мекарданд) Самуилович ҳам узви вобастайи Академияамон буданд, вале эшонро ба сафи академикҳо пешбарӣ накарданд. Ва ҳол он ки хизмати вай ба тоҷикон аз хизмати Литвинскӣ дида ба маротиб бештар буд! Ягона эроншиноси пойтахтнишине, ки дар муборизайи дарозмуддат ва хатарноки тоҷикон дар арсайи худшиносии миллӣ ва худшиносонии фарҳангӣ дар паҳлуйи Садриддини Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров истода баройи барқарор шудани адолати таърихӣ бо мо самимона ҳамдастӣ мекард, Иосиф Брагинскӣ буданд. Ҳамкории пурсамари Брагинскӣ бо Ғафуров аз худи оғози иншойи «Таърихи халки тоҷик » сар карда то охири умри устод (1977) давом дошт. Дилпурона гуфта метавонам, ки дар даврони шӯравӣ аз миёни эроншиносони Москваю Ленинград дар роҳи химояи манфиати миллию фархангии халқи тоҷик ҳеҷ кас мисли Иосиф Самуилович ин қадар ҷон накоҳонидааст. Баъзе ҷузвиёти муборизаҳойи худро ба ёд оварда Брагинскӣ мегуфтанд, ки ба хотири дар илми шарқшиносӣ ҷорӣ намудани мафҳуми «адабиёти форсу тоҷик » лозим омада буд, ки ҳатто бо Е. Э. Бертелс барин посдорони суннати академӣ даст ба гиребон шаванд. Ин вақтхо азбаски дар Москва Брагинскӣ барин пушту паноҳи илмӣ надорем, он ҷо аз корбурди истилоҳи «адабиёти форсу тоҷик » даст кашиданд. Пас, баройи мо ин муборизайи гӯё лингвистӣ таърихан на талоши аввал асту на халоси охир!
Брагинскӣ то тавонистанд ба ташаккули шуури миллию маънавии тоҷикон низ ҳамаҷиҳата мусоидат карданд. Агар Литвинскӣ дар ҷануби Тоҷикистон ба ҳафриёт пардохта бошад, Брагинскӣ чоряк аср пеш аз ӯ дар худи ҳамон минтақа вазифайи ҳизбию фарҳангиро ба ӯҳда доштанд. (Мудири шӯъбайи сиёсии совхози «Данғара » ва узви райкоми Данғара буданд.) Як факти муҳимми таърихӣ ин аст, ки Ғафуровро ба дастгоҳи КМ ПК Тоҷикистон маҳз бо тавсия ва исрори Иосиф Самуилович ба кор даъват карда буданд (ба сифати инструктор дар шӯъбае, ки Брагинскӣ сарварӣ мекард). Солҳойи сийӯм фаъолияти ҳизбиро, ки дастури идеологиаш интернатсионализм буд, бо кори миллию маданӣ пайвастан кори осон набуд, зеро бар асоси як хати сиёҳ (донос) шахси соҳибтафаккурро ба «миллатчигӣ » ё «ҷаҳонватанӣ » (космополитизм) гунаҳкор намуда террор карда метавонистанд. Аз рӯйи рангорангии мавзӯъ ва ҳаҷми таҳқиқоти илмӣ низ Брагинскӣ дар байни ҳамнаслонашон камназир буданд. Пас, дар байни шарқшиносони шӯравӣ дар навбати аввал маҳз Брагинскиро қадр кардан мебоист.
Аслан масъалайи тақдири тоҷикшиносони берунмарзиро куллитар ба миён гузоштан лозим буд. Дар баробари Брагинскӣ расман қадр кардани хидматҳойи шоёни Иржи Бечка (Чехистон), Ричард Фрай (Амрико), Манфред Лорентс (Олмон) ва Игор Пиянков (Русия) низ аз рӯйи адолат ва айни муддао мебуд.
7
Ҳақиқати таърихӣ мисли ширмоли самарқандӣ нони самину гирде нест, ки онро сари дастархон ҳар кас битавонад пора кардану ҳиссайи дилхосташро гирифта хӯрдан! Ҷони гап инҷост, ки ҳақиқатро пора кардан умуман мумкин нест. Порайи ҳақиқат ва ҳатто ними ҳақиқат дурӯғ аст! Ҳақиқат хурду калон ҳам намешавад. Дар ин маврид қойидайи чор амал низ ба кор намеояд, яъне ҳосили ҷамъи ду нимҳақиқат як ҳақиқат нест, дурӯғ асту бас. Гапдуздӣ ё бозгуфти нопуррайи воқеа низ як навъ дурӯғ аст. Беҳуда нест, ки дар ойинномайи маҳкамайи англисӣ, ки қадимтарин ва суннатгаротарин идорайи ҳуқуқи урупоист, як қойидайи ҷолиб ҳаст: аз шоҳидон талаб мекунанд, ки ҳақиқат, танҳо ҳақиқат ва буду шуди ҳақиқатро гӯянд.
Дар илми таърих ин қойидайи муҳимму муфид ҷорӣ нашудааст ва ҷорӣ шуданаш ҳам амри муҳол бувад. Ин ҷо ҳикмати некбинонайи “ҳақ ба ҳақдор мерасад ” ба кор намеояд! Албатта иллаташ беинсофии таърихдонони ҷудогона аст. Аммо агар масъаларо илман ба миён гузорем, онгоҳ дармеёбем, ки дар паси иллати мушаххас сабаби куллитаре ҳаст. Асл инҷост, ки таърихнигорон дар Ҳаҷлайи Оҷ ё дар холигоҳе байни замину осмон зиндагӣ намекунанд. Худашон узви миллате, пайрави ягон идеология, эътиқодманди дине ё мазҳабе, аъзойи ҳизби сиёсӣ ё ҷунбишҳойи иҷтимоие ҳастанд, ки ҷиҳатгирӣ хислати умдайи онҳост. Аз ин маънӣ коргоҳашон дар миёнҷойи шабакайи вобастагиҳойи иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва рӯҳонию равонӣ қарор дорад.
Мутассифона, дар ин шабака ахлоқ ба андозае, ки мебояд нуфуз надорад. Чунон ки зикраш гузашт, академик Литвинскӣ ду олими баландпояи академиро, ки ба “Тоҷикон ” тақризи манфӣ навиштаанд, «киро карда буданд » гуфта муаррифӣ мекунад. Вале на кирошудагон ва на кирокардагонро номбар накардааст. Ман ҳам ном намегирам; ин чандон муҳим нест. Худи факти киро шудани олимон баройи сиёҳкорӣ ҷолиб аст , ки ақли салим фаҳмида наметавонад. Акнун аз кӣ мепурсед, ки идеолҳойи волойи олимӣ – беғаразию ростравӣ, ҳақиқатҷӯию адолатпарвариҳо – куҷо шуданд? Боз мегӯянд, ки «ҳар кӣ оқил нест, одил нест »!
Ва аммо баъд… инро дар замони феодализми пасмонда гуфтаанд. Ҳоло бошад, замон замони капитализми пешрафта аст, ки ақлу одобро аз якдигар ҷудо мекунаду торафт аз ҳам дур меандозад. Чаро ки масрифгаройӣ (консюмеризм) «муҳаррики дарунсӯз»-и вусъати ӯст; ҳарбу зарби аҷаб ғаразнокест, ки ҳушу ёди ширкаткунандагонаш фақат ба пулу фойида банд асту бас. Пешоҳанги ин пайкори худкомона бошад, ба истилоҳ маданияти оммавист , ки мағзшӯйиро касб кардааст. Гузашта аз ин, акнун ҳатто илмро, ки як вақтҳо ҳамчун посдори ҳақиқати беғашу беғараз рамзу нишонайи ақлу адл буд, ба бозори чаканафурӯшӣ баровардаанд; дониш пеш қудрати маънавӣ буд, ҳозир бошад, ба мол табдил ёфтааст. Хусусан илмҳойи иҷтимойӣ ба иллати вижагиҳойи эпистемологию методологие, ки доранд, аз камоли матлуби илму фазл дур шуда истодаанд -- то ҳадде, ки агар ба истилоҳ закази иҷтимойӣ ё испонсори пулдор бошад, сиёҳро сафед мегӯянд.
Муҷассамайи барҷастайи ин падида бозаргониши (коммерсализатсия) илм бувад. Чунончӣ, таърихи Осиёи Марказӣ кайхост, ки ба бозори хариду фурӯш табдил ёфтааст. Вале чунин навъи бозор аз бозори маъмулӣ куллан фарқ мекунад: дар он кӯзафурӯш ҳам ҳасту кӯзахар ҳам, даллол низ ҳасту брокер ҳам, фақат худи кӯзагар нест, ба ҳузури ӯ ниёзе надоранд! Чаро ки ҷиҳати хоси тамоюли мазкур он аст, ки барояш ягон чорчӯби ахлоқӣ ё садди маънавӣ нест! Ҷилвагоҳи «интернатсионалистон»- и саховатманд ана ҳамин бозори таърихфурӯшию таъриххарист. (Он ҷо устохонаҳойи таърихтаъмиркунӣ ҳам ҳастанд!) Бо дахолату далолати ҳамон вофурӯшони олимтарош аст, ки имрӯзҳо сарватҳойи маънавии гузаштаамонро миёни об овардагону кӯзашикастагон баробар тақсим мекунанд. Харҷ агар аз кисайи қурбон бувад, Ҳотами Тойӣ шудан осон бувад! Ва ҳол он ки дар суннати мо молу мулкеро мерос хонанд, ки аз одами мурда боқӣ мондааст. Шукри сарнавишти таърихӣ, тоҷикон ҳанӯз зиндаанд! Пири чандон солхӯрда ҳам нестанд, ки ному насабашонро фаромӯш карда умедашонро аз ин дунё канда бошанд!!
Таърих алифбойи ҳуввияти миллию иҷтимойист . Дар ҷараёни гузаштан аввал ба алифбои арабӣ ва сонӣ ба алифбойи русӣ алифбойи таърихамон ҳам иваз шуд. Дар садайи бистӯми милодӣ баройи бедор кардани ҳофизайи таърихии мардум ва камол ёфтани ҳуввияти миллии ӯ пеш аз ҳама ва беш аз ҳама ду фарзанди фарзонайи халқи тоҷик Садриддини Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров камари ҳиммат ба миён баста буданд ва камоли адолати иҷтимоист, ки номашон дар сархатти феҳристи «Қаҳрамонҳойи Тоҷикистон » нақш бастааст. Ҳақиқатан ҳам «масъуд бувад оне, ки ба ин дунё дар лаҳзаҳойи сарнавиштсози олами кавну фасод омада рафтааст » (Тютчев)! Айнӣ ва Ғафуров ҳамнасл набуданд, ҳамасрони ҳампару ҳампуште буданд, ки бо даъвати худи таърихи халқу Ватан ба пешгоҳи корзори миллат баромадаанд. Ҳар яке дар ҷойи худаш ду кори ҳамбастаро сарбаландона адо намуд: ҳам таърихи қавмашро навишту ҳам таърихи халқашро эҷод кард. Айнӣ таърихи фарҳанги ро, Ғафуров -- таърихи сиёси ро.
Қарори Раёсати Олӣ дар бобати ба англисӣ гардонда дубора ҷоп кардани шоҳкории Бобоҷон Ғафуров тадбири саривақтӣ ва айни муддаост, чаро ки китоби «Тоҷикон » яке аз қуллаҳойи таърихнигории даврони шӯравӣ буд. Бо вуҷуди тангу сахт будани чорчӯби идеологию сиёсии ҷомеашиносии онвақта, устод Ғафуров бар асари нуфузи илмию эътибори иҷтимоие, ки доштанд, илми тоҷикшиносиро дар заминайи чунон ғанӣ ва қавӣ бунёд афканда тавонистанд, ки самтҳойи асосии вусъати минбаъда ёфтани таърихнигории минтақавиро низ муайян мекунад. Вале агар мо «Тоҷикон » -ро аз русӣ (на аз «нашри пурра ва саҳеҳшудайи тоҷикие », ки ба болойи норасоиҳойи нашри русӣ камбудҳойи дигарро афзудааст!) ба дигар забон ҳо гардонда ба ҷаҳониён ба унвони шиносномайи таърихии миллат пешкаш карданӣ бошем, даставвал лозим меояд, ки ба он диққаткорона ҳошия нависем - бо назардошти ҳам сатҳи кунунии илми таърихнигорӣ ва ҳам дараҷайи ҳозирайи шуури миллиамон.
Нахуст як чизи муҳимро ба назар гирифтан даркор аст: китоби «Тоҷикон » қариб 40 сол пеш иншо шуда буд ва бинобар ин худаш ба ёдгории таърихӣ табдил ёфтааст. Пас, акнун вай ба чопи интиқодӣ ниёз дорад. Мурод аз ҳошиянависии китоби «Тоҷикон » албатта танқиди китобу мазаммати муаллифаш нест. Бинобар ин ба Литвинскӣ тақлид карда намегӯям, ки шоҳасари устод Ғафуров саропо кӯҳна шудаст! Ҳукме чунин аз назари илмӣ нодуруст буда аз ҷиҳати ахлоқӣ беадолатист. Манзури назарам дигар чиз аст: чашмандози рушди ояндаи тоҷикшиносиро муайян намудан мехоҳам .
Бад -ин андеша ба ду норасоии ҷиддии «Тоҷикон » дидайи эътибор медӯзам, ки аз назари сирф илмӣ айбу аҷаб нест. Яке норасоии методологист ва он дигар норасоии назариявӣ .
Гузаштае, ки дар ҳамайи таърихномаҳойи миллӣ, аз ҷумла «Тоҷикон »-и устод Ғафуров, қаламӣ шудааст, силсилайи воқеаҳоест, ки аз мавқеи назари материализми таърихӣ сарчин ва таъбир шудаанд. Вале методологияи марксистии китоби Ғафуровро куллан рад кардан набояд ва нашояд. Дар тайи саду панҷоҳи соли ахир марксизм ба ҳамлаю айбҷӯйиҳойи бешумор рӯбарӯ шуд, аммо онро касе бекор карда натавонистааст. Гузашта аз ин, худи марксизмро низ мисли тухми мурғ тасаввур кардан лозим нест, ки қобили тағйир ё такмил набошад. Аввалан, таъбираш яксон нест. Манзури назарам таъбирҳое нест, ки онҳоро охирҳойи садайи нуздаҳӯм ва аввалҳойи садайи бистӯм «ревизионистӣ » ва «реформистӣ » хонда бадном карда буданд. Дар нимайи дуйӯми асри гузашта андаруни худи марксизм наҳзати бунёдгаройӣ ба вуҷуд омад, ки таъбири Плеханову Ленинро ба унвони «марксизми рошидин » рад карда фаҳмиши худашро «марксизми асил » мехонд. «Марксизми айнӣ ё аутентикӣ » (мактаби югославӣ) ва «марксизми ғарбӣ »-ро ном гирифтан кофист, ки таълимоти рангоранги Лукач, Ҳабермас, Сартр, Мерло-Понтӣ ва дигарон файласуфону ҷомеашиносони Урупо баёнгари ӯст. Минбаъд (аз нимайи дуйӯми солҳойи ҳаштодуми садайи гузашта сар карда) постмарксизм низ шакл гирифт, ки аз даствовардҳоой равонковӣ (психоанализ) баҳра бардоштааст.
Хулосайи калом, таърихан маҳдуд будани марксизм кайҳо дарк шудаст, вале ин сарнавишти ҷумла ақидаву назарияҳойи фапсафӣ будаст. Аслан айб дар худи Маркс нест, дар марксизмгаройиҳойи даврони шӯравист, ки таълимоти ӯро ғаразмандона ба идеологияи давлатӣ табдил дода ҷумла таълимотҳойи фалсафию ҷомеъашинохтии ғайримарксистиро ё батамом рад мекард ё бунёдан норасо хонда наҳ мезад. Ва ҳол он ки худи муносибати марксистӣ ба таҳлилу таркиби падидаҳойи таърихӣ якҷониба буд. Якҷонибагии методологияи материалистию диалектикии таърихшиносӣ бошад, дар он аст, ки нақши омилҳойи иқтисоди ро муболиға карда, таърихи сиёсӣ ва муборизайи синфи ро ба мадди назар гузошта қуввату қудрати созандайи фарҳанги маънави ро, чунон ки бояду шояд, ба назар намегирад, аз ҷумла нақши воқеии дин ро дар ҷомеа эътироф намекунад, зеро ин ба рӯҳи атеистии марксизм тамоман бегона бувад. Дар натиҷа дар мавриди арзёбии дину мазҳаб якҷонибагии муносибат ба ниҳилизми таърихӣ мубаддал шуд. Ҳақиқатан ҳам, марксизм, ки зимнан дастовардҳойи равоншиноси ро низ писанд намекард, динро тарёк ё заҳри рӯҳонӣ дониста фақат ҳамчун садде дар шоҳроҳи тараққиёти иҷтимойӣ муаррифӣ намуд ва ҳамвора талқину таъкид мекард, ки онро боястӣ ҳатман шикаста партофтан, вагарна пешравӣ ба пасравӣ мубаддал мешаваду бас. Ва ҳол он ки ҳамон диалектика, ки пояи методологии ақидайи марксистист, ба назар гирифтани ҳама паҳлуҳо йи падида ё ҳодисаро талаб мекунад, ки дар ваҳдати зиддиятнок қарор доранд.
Фақат пас аз як аср аввал мактаби англисӣ (мушаххасан Арнолд Тойбӣ), сонӣ мактаби фаронсавӣ (маҳфили «Анналҳо ») ва ниҳоят мактаби амрикойии таърихнигорӣ, ки дар маҷройи ҷунбиши интеллектуалии пост/пост/модернистӣ шакл гирифт, нақши маънавиёт ро дар тараққӣ ва таназзули ҷомеа мавриди пажӯҳиши гуногунтарафа қарор доданд. Метавон гуфт, ки мавзӯйи умдайи таърихшиносии муосир Инсони Маънан Фаъол мебошад, яъне ҷиҳати антропологии таърих ба мадди назар баромадааст. Навиштани чунин таърихи таърихи халқи тоҷик вазифайи насли ояндайи муаррихон аст. Ҳоли ҳозир бошад, дар муҳити академии мо ҳатто худи зарурати корбурди тариқи тозайи таърихнависӣ дарк нашудааст. Ва ҳол он ки маҳз дар ҷодайи консептуалии равияҳойи навини илми гузаштаомӯзӣ, ки онҳоро ба ҷумлагӣ тамаддуншиносии антропологӣ унвон мекунам, ба саволҳое ҷавоб ёфтан мумкин аст, ки дар қолаби танги ҷаҳонбинӣ ва методологияи марксистӣ ё умуман ба миён гузоштан мумкин набуд ва ё, агар гузошта шаванд ҳам, ба онҳо посухи дуруст ёфтан амри муҳол бувад.
Як саволи муҳими худшинохтиро гирем, ки касе аз таърихнигорони муосир ба миён нагузоштааст: маҳз чӣ боис шуд, ки тоҷикон дар масири таърихи сангини минтақа зинда монданд ? Ба масъала аз кунҷи назари фалсафайи ғайримарксистӣ нигариста пиндоштан мумкин аст, ки сабаби умдайи и н падидайи нодирайи таърихӣ аз банди се омили маънавӣ иборат буд: (1) забон и тавоное доштему дорем, (2) ин забон муҷассам, муарриф ва муҳофизи фарҳанги ғание буду ҳаст ва (3) суннатҳойи маънавие доштему дорем, ки аслҳову наслҳоямонро бо занҷири кандашавандайи рӯҳонию равонӣ ба ҳам мепайвандад. Бо факту далелҳойи мушаххаси таърихӣ собит кардани ин пиндошт вазифайи гузаштаомӯзонест, ки методологияи тамаддуншиносии муосирро бо дастовардҳойи сарчашмашиносии интиқодӣ пайваста метавонанд.
Вале ин ҳам кам аст; боз як нуктайи муҳимми методологиро ба назар гирифтан лозим меояд. Омилҳойи мазкуррро ҷудо -ҷудо таҳлил кардан кардан нашояд , зеро мероси маънавӣ зотан тамомияти таърихӣ бувад. Дар зимн фақат дар сурати андаруни секунҷайи герменевтикаи таърихшиносии Аҷам , ки қуллаҳояшро метавон «тафсир », «таъбир » ва «тафҳим » ном дод, ҷараён гирифтани таҳлилу таркиби рӯйдодҳойи гузашта натиҷайи матлуби илмӣ ба даст меояд. Таърихнависони марксист бошанд, мероси маънавиамонро бо корди кунди атеистӣ ба динию дунявӣ тақсим карда ва ҳам берун аз контексти мушаххаси замонаш андешида ба сиришту аҳамияти хоси маънавиёти гузаштаамон сарфаҳм нарафтанд. Хулоса, дар қолаби консептуалии таърихнигорие, ки дар замини идеологии марксизми рошидин бунёд афкандааст, маънӣ ва мароми асили рӯйдодҳойи пешин чандон, ки бояду шояд, бароямон равшан нахоҳанд шуд.
Гузашта аз ин, ҳатто дар дар шоҳасари устод Ғафуров баъзе ҷузвиёту ҷиҳатҳойи сарнавиштсози таърихамон чандон амиқ тасвиру таъбир нашудаанд. Агар «Тоҷикон » -ро «хурдагирона» хонда бароем, онгоҳ як саволи андешаангез пеш меояд, ки ба худи бунёди ҳуввияти миллии мо асар дорад: агар номамон аз исми як қабилайи забони араб (Той ) баромада омадаву бо туркони «маҳаллӣ» ҳамнажод буда бошем (тоҷику ӯзбак аз як ирқ, ба истилох нажоди помирию фаргонӣ будаанд!) ва боз ба болойи ин забон и модариамонро ҳам аз беруни зодбумамон бегонагон (аввал монавиён, сонӣ маволиён, ки думравони лашкари араб будаанд) оварда миёни мо паҳн карда бошанд, пас, ба чӣ далел ва ба чӣ тариқ исбот карда метавонем, ки мо, тоҷикон, мардуми зотан асилу таърихан тагҷойӣ ҳастем ?!
Ман дар таъбиру тахминҳойи мазкур нақши қалами муҳарриру мушовиру изофанависонро мебинам, ки парвое аз худшиносии миллӣ мо надоштанд. Албатта асари илмӣ китоби дарсӣ нест, ки дар он фақат маълумоту хулосаҳойи собитшуда ё тасдиқгардида зикр шаванд. «Тоҷикон » монографияи илмист, ки таъбиру тахминҳойи баҳснок доштанаш як навъ ҳусни ӯст. Мутаассифона, ба китоб баъзе нуктаҳое низ ворид шудаанд, ки онҳоро «баҳснок» унвон кардан кам аст. Масалан, дар «Тоҷикон » зикр шуда, ки ақидайи аз номи қабилайи забони араб «Той » баромада омадани «тоҷик » хулосайи «аксарияти забон шиносон » мебошад. Ва ҳол он ки дар илм «аксарият » ё «аққалият » маънӣ надорад; тарафдорони зиёд доштани ақида ё гумони илмӣ меъёру маҳаки ҳаққонӣ будани вай нест. Басе омада, ки дар ниҳояти кор маҳз фикри аққалият рост баромадааст. Гузашта аз ин, дар мавриди пайдоиши вожайи «тоҷик » фикри «аксарияти забон шиносон » ғалати машҳур буд.
Дар воқеъ, дар қатори онҳое, ки ба ҳамон «аксарият » шомил буданд, дар ҷойи аввал академик Бартолд меистод. Вай худаш забон шинос набуд (гарчанде ки забон ҳойи арабӣ, форсӣ ва туркиро медонист) ва шояд аз ин рӯст, ки ба таъбири бесасоси луғатсозони тоҷик (хусусан мусаннифи «Бурҳони қотеъ ») бовар кард ва онро ҳаматарафа насанҷида иқтибос намуд. Дар сурате, ки босалоҳияттарин сарчашмашиноси тоҷик Садриддини Айнӣ таъбирҳойи фарҳангнависони пешинро, ки пояи такягоҳи ҳамон «аксарияти забон шиносон» буд, «подарҳавойи ночаспон » хонда зимнан афзудаанд, ки дар манбаъҳойи мазкур ”ягон таҳлили забоншиносӣ ҳам карда нашудааст ». Бо вуҷуди ин, бар асари обрӯю эътиборе, ки Бартолд дар ховаршиносӣ дошт, тахмини аз «той »-и арабӣ баромада омадани «тоҷик » то дараҷайи ақидаи илмӣ расид.
Лекин баройи паҳн шудани ин ғалати машҳур олими мӯътабару мӯҳтарамро забонкӯтоҳ кардан лозим нест. Хусусан ки вай ақидаашро дар ҳошияи як мақолайи илмию оммафаҳмаш изҳор дошт, ки ба хотири ҳимояи ҳаққу ҳуқуқи таърихии тоҷикон соли 1926-ӯм навиштааст – зимнан, худи ҳамон вақте, ки муаррифиномайи Айнӣ «Намунайи адабиёти тоҷик »-ро бо иғвойи пантуркистон аз фурӯшгоҳҳо гирифта, «ба утилсирё» (қавли худи Айнӣ) фиристода буданд.
Даъвойи академики ояндайи АФ Ӯзбакистон С. П. Толстов гапи тамоман дигар буд. Ҳангоми муҳокимайи нахустин таърихномайи Ғафуров (соли 1944) вай таъбири аз «тоҷ » баромада омадани «тоҷик »–ро «ваҷҳи тасмияи ҷоҳилона » (дикая этимология ) хонда бо қатъяти тамом мегуфт: «Ин масъала дар илми таърих кайҳо ҳаллу фасл шудаст. Аслан ҷойи ягон савол ҳам нест! » Лекин ду сол пеш аз ин баҳс устод Айнӣ баройи Москва тафсирномаи «тоҷик »–ро тартиб дода буданд, ки он ҷо муносибати «тоҷ » ва пасванди «ик »–ро ҳамаҷиҳата таҳлилу таъбир кардаанд. (Яқин бувад, ки Ғафуров як нусхайи навиштайи устодро дар даст доштанд.)
8
Ними умри шаҳрвандони фаъоли шӯравӣ дар майдони ҳарбу зарби идеологӣ баройи «ояндайи дурахшон » гузашт. Ва он бо муборизайи беамон бо «гузаштайи торик» ҳамроҳ буд. (Дар Осиёи Миёна таърихи тоинқилобиро «гузаштайи бою феодалӣ » меномидаанд, ки сифтаи куллиаш «нангин » буд.) Дар замони пасошӯравӣ бошад, айни ҳамон мубориза рангу раванди нав гирифт: акнун ашрофи тозазуҳури сиёсӣ ва собиқ «образовантшинайи шӯравӣ » (таъбири Солженитсин) баройи «гузаштайи дурахшон » сахт пайкор мекунанд. Албатта дар замони шӯравӣ ҳам ба рушди шуури миллӣ каму беш мусоидат мекарданд, вале худи роҳу тариқи мубориза баройи «гузаштайи пурифтихор » дар зери назорати сахти идеологӣ буд. Ва агар мабодо ягон ватандӯсти ифротӣ дар мадҳ ё қадҳ аз ҳад гузаронад, аввал АФ СССР ва сонӣ органҳойи марказӣ ё маҳаллии ҳизби ҳукмрон таноби ӯро кашида мемонданд. Чунончӣ, дар вақташ маҳз таърихдонони академии Москва файласуф Иброҳим Мӯъминов (вассофи Темури Ланг) ва шоир Олжас Сулаймоновро (вай решайи турконро дар хоки Байнуннаҳрайн меҷуст) ба худ оварда буданд.
Акнун «ихтиёр дар дасти бахтиёр »! Дар охирҳойи «бозсӯзии» горбачёвӣ як гурӯҳ ҳаваскорон (дилетант) лагоми илми таърихро аз дасти ҳирфаиён (профессионал) гирифта онро ба майдони қилу қоли пурғараз табдил доданд: шоиру нависандагон, публисистони навбаромаду агитаторони кӯҳнаойин, синамогарону мунаққидони адабӣ дар баробари экспертҳойи сиёсатдону мутахассисони собиқи «коммунизми илмӣ» худро ба майдони таърихшиносӣ зада ба танқиду «ислоҳи» мафҳуму консепсияҳойи кайҳо собитшудайи илмӣ пардохтанд. Ҳоли ҳозир бошад, баҳсгоҳи таърихдонҳойи ҳаваскор аз ҳисоби фазойи элекронӣ (Интернет) васеъ шудаст, ки ҷиҳати одоб ҳам ҳадду ҳудуд надорад. Аз сӯйи дигар, ба иллати ногаҳон шикаста шудани қолибҳойи идеологӣ ва беқурб шудани методологияи марксистии илми ҷомеашиносӣ бисёр муаррихони соҳибихтисос дар муқобили «ҳуҷуми ақли хом» оҷиз монданд. Агар ба болойи ин ба назар гирем, ки ҳоло тамоюли сиёсатониши илми таърих, яъне ба мақсадҳойи сиёсӣ суиистифода кардани донишу маълумоти таърихӣ, аз нав қувват гирифта сирату сурати аз пештара ҳам зишттар пайдо намудааст, метавон пиндошт, ки сатҳи академии таърихшиносӣ то чӣ андоза паст рафтааст.
Дар натиҷа ба таърихороёну таърихсозону таърихдуздони собиқадор ҳам худо дод! Солҳойи охир онҳо дар ин майдони бесоҳиб мисли тосбози сирк ҳунарнамойӣ мекунанд. Босмачигарии маънавӣ беш аз пеш вусъат меёбад! Агар пеш бо як навъ оҳанги ранҷиш «онвақт мо низ ҳамон ҷо будем » гуфта аз тариқи корбурди мафҳумҳойи баробарсози «адабиёти форсӣ » (ба маънойи он ки дар садаҳойи миёна забони форсӣ нақши лингва-франка ро мебозид, яъне ки туркон низ ба ин забон менавиштаанд), «мутафаккир ё ҳунарманди осиёимиёнагӣ » ва «Ренессанси мусулмонӣ » ба мероси килоссикии мо шарик шудан хоҳанд, акнун пештозони ин наҳзати ғайриилмӣ ҳатто ба қаламрави давлати сирф тоҷикии Оли Сомон рӯйирост турктозӣ карда истодаанд! Чунончи, Гога Ҳидоятов ном як даъвогар бо истифода аз як қайди ҷузвии Бартолд (болотар нигаред) ва ҳамон хулосаҳойи куллие, ки «изофанавис» Литвинскӣ маҳсули қалами «интернатсионалии» худаш медонад, заминро ба осмон дӯхта аҷдоди моро «арабзодаҳойи эронишуда» гуфта таҳқир карда истодааст! Зимнан, ҳамон ӯртоқ Ҳидоятовро ба ҷодайи илм ҷода сиёсат ворид карда буд. Дар даврони Шӯравӣ вай мутахассиси таърихи тоинқилобӣ набуд; шӯравишинос и рошид (ортодокс) буд ва бо роҳу тариқҳойи ҳарому ҳалол шӯравишиносони хориҷиро «фош» карда мегашт! Илмашон бошад, ба андозаест, ки агар онро пашша бардорад, бемалол то Сурайё бурда метавонад! Охир, ҳидоятовҳо на сарчашмаҳойи арабию форсии асилро хонда метавонанду на аз дастовардҳойи илми ҷаҳонии таърихшиносӣ хабар доранд! Вагарна баройи исботи даъвоҳойи мутлақо ботилашон дар борайи «омада» будани тоҷикон ҳатто Сарқонуни Ҷумҳурии Туркистонро ҳуҷҷат нишон намедоданд, ки фақат ӯзбекон, қазоқҳо ва туркманҳоро «халқҳойи такҷойӣ » эълон карда буд!
Хулосайи калом, дар илми таърих ҳам майдон азони зӯру тамошо азони кӯр шуд!
Бо вуҷуди ин муқовимати илмиро ба бедодгариҳойи олимтарошони шӯравипарвард кори саҳл пиндоштан лозим нест. Дар муқобили хомгуфторҳойи сӯхтамағзони ҳасуд моро пуркорӣ бояд, на ҳақорату ситеза, зеро, чунон ки Сайидойи Насафӣ моро огоҳонидааст, «аз ҷавоби талх гардад ҳирси соил бештар »! Пайдоиши қавми тоҷик ва худи номи «тоҷик », замону макони ташаккули забони порсии дарӣ, инчунин нақши иҷтимоии нируйи маънавӣ (на фақат илму адаб, балки дин низ, ба хусус тасаввуф), аз ҷумлайи муҳимтарин масъалаҳое мебошанд, ки бояд пеш аз ҳама мавриди таҳқиқу тадқиқи ҳаматарафайи илмӣ қарор гиранд, то мо битавонем бо сипари далелҳойи мушаххаси таърихӣ ва бурҳони қотеонайи назариявӣ ба даст бо ҳарифони чаласаводу ҳангоматалаб рӯ ба рӯ шавем. Ҳошияи методологию таърихшинохтие, ки зарурати навиштану афзудани онро ба китоби «Тоҷикон » зикр кардам, оғози ҳамин рӯёрӯйӣ илмӣ хоҳад буд.
Дар радифи масъалаҳойи мазкур муҳимтарин ва ҳассостаринаш мавзӯйи забон аст. Аз ин мавқейи назар ба як қазияи (тезис) куллӣ эътибор надодан мумкин нест, ки шояд «изофанавис» Оранскӣ ё «муҳаррири масъул» Литвинскӣ ба китоби «Тоҷикон » илова карда бошанд: «Эътирофи забон ба сифати ягона нишондиҳандайи қавмият раво нест ». Мунаққидони академии китоб Окладников ва Пиотровскӣ дар тақризашон тезиси мазкурро ба унвони «мулоҳизайи методологӣ » алоҳида қайд карда ва ба вижа маъқул дониста буданд. Ин сабаб дошт. Бо назардошти айнан ҳамин “мулоҳиза” онҳо ба Ғафуров эрод гирифтанд, ки чаро эшон аз рӯйи гуфти худашон амал накарда Хайёмро ба таърихи адабиётӣ тоҷик (садаҳойи ёздаҳӯму дувоздаҳӯм) даровардаанд?!
Дар таърихи ҷаҳон фақат як халқ буду ҳаст, ки дар хештаншиносиаш на зодгоҳ, на забон ва ҳатто дини қавмиаш ҳам омил нест; дар раги аъзойи парокандаумматаш як қатра хуни «асил» воқеан ё тахминан буда бошад кофист. Сарнавишти тоҷикон тамоман дигар аст. Баройи мо забон мустаҳкамтарин ва муҳимтарин пояи ҳуввияти миллию маданӣ мебошад ; мисли олмониҳо ва русҳо тоҷикон миллати забонзода ва забонпарварда ҳастанд . Худвижагии таърихи мост, ки пайдоиши забони порсии дарӣ ва ташаккули худи қавми тоҷик дар як маҷро ҷараён гирифтаанд ва ба ин маънӣ аз ҳам ҷудонашавандаанд . Аз ин ҷиҳат комилан фаҳмост, ки чаро Фирдавсӣ заҳмати сисолаашро бо як мисраъ ҷамъбаст кардааст: «Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ ».
Дар таърихи мардумони ориёӣ як тазодди ҷолиб ба чашм мерасад. Сарнавишту саргузашти ду бародари ҳамтан – Эраҷу Тураҷи асотирӣ ё тоҷику эронии кунуниро гирем. Эрониён ба таърихи инсоният ҳамчун аҳли сайф ворид шуданд. Тоҷикон бошанд, худро ба ҷаҳониён ҳамчун аҳли қалам
шиносонданд. Ба қавли Саиди Нафисӣ, «б узургони Эрон ағлаб (аксар) аз ин сарзамин (Хуросону Вароруд, яъне аз миёни тоҷикон) бархостаанд. То авосити (миёнаҳойи) қарни дувоздаҳӯм сатре аз таърихи Эрон нест, ки як бор исми Бухоро ё Самарқанд ва ё Балх дар он бурда нашуда бошад ».
Аммо баъд… Саиди Нафисӣ ҳама гапро нагуфтааст. Аз ҷумла масъаларо васеътар ба миён гузошта наандешидааст, ки сабаби таърихии ин падидайи нодирайи фарҳангӣ худаш чӣ буда бошад. Ва чӣ тавр мешавад, ки забон зодайи Эрони кунунӣ будасту адабиёт парвардайи Тоҷикистони таърихӣ шудаст? Ва чаро забони бародаронии эронии мо ба корбурди истилоҳи айнии Айнӣ «адабиёти форсу тоҷик » (дурустараш: «адабиёти тоҷику эронӣ ») ҳанӯз ҳам намегардад? Балки иллат он аст, ки идеоли этикии мову онҳо (Саъдӣ бародаре ро афзалтар донистааст, ки дӯст бошад!) ҳанӯз ҳам амалӣ нашудаст?
Мутаассифона, мо, ду бародари ҳамтан, дарди муштараке дорем, ки онро метавон аз қавли Нодири Нодирпур «зи худ бегонашавӣ » унвон кард. Дар замони шӯравӣ аз асли хеш дур мондани тоҷикон бозтобе аз сиёсати таҳмилии давлат буд (талқини идеологию лингвистии се забони гуногун будани форсию дарию тоҷикиро ба ёд оваред). Бо вуҷуди ин, охирҳойи солҳойи ҳаштодӯм, бо як азоб бошад ҳам, формулайи «забони тоҷикӣ (форсӣ) »-ро ба Қонуни забон пайваста будам. Дар замони истиқлол бошад, ба ҷойи «форсӣ»-ро аз қавсайн баровардан онро гирифта партофтанд. Ғофил аз он ки фақат дар чорчӯби мафҳуми «забонии тоҷикии форсӣ » (ин формула, ки ба ҷойи баромади забон ишора мекунад, аз «форсии тоҷикӣ » дида ба ҳақиқати таърихӣ наздиктар аст) мо, тоҷикон, ба мероси килоссикии Аҷам шарик шуда метавонем!
Аз қазойи Яздон бошад ё аз наҳси Кайвон, ки ба мо аз азал ҷасомати ақлу фаросат насиб шуда бошад ҳам, аз ҷасорати азму ирода ба маротиб камтар расида будаст. Мавлонойи Рум Ҷалолиддин шояд бо ишора ба ҳамин насибайи таърихиамон фармудааст: “ чустӣ куну туркӣ кун, не нармиву тоҷикӣ” ! Ба болойи ин бепарвойи ро ҳам илова кунед, ки низ аз одатҳои дерин ва музмини мост. Дар таърихномаҳо мазкур аст, ки тоҷикон ҳатто дар сангинтарин солҳойи рӯзгорашон ҳам ғами худро нахӯрдаанд ва басе ба сони ҳамон мурғи камҳавсалайи Ҳофиз наҳ задагӣ ба умеди раҳми касоне менишастаанд, ки барояшон дом ниҳода буданд!
Дар занҷири рушди миллиамон сусттарин ҳалқа сиёсати кадррасонӣ буду монд. Аз ин ҷост, ки мо ҳанӯз ҳам ба мушовирону мутарҷимону муҳаррирони бегона мӯҳтоҷ ҳастем! Устод Ғафуров бист сол дар Москва раиси як институти машҳури академӣ буданд, метавонистанд бо истифода аз фурсати мусоиду имкони воқейӣ як мактаби бонуфузи тоҷикшиносиро ташкил диҳанд; хусусан ки ба истилоҳи ҳамонвақта гӯям, қобилияти ташкилотчигие доштанд фавқулодда. Э кош, ҷавонони болаёқати тоҷикро ёфта дар Москва ҷамъ мекарданду онҳоро ба доирайи мутахассисони варзидайи илми шарқшиносӣ ҷалб намуда (аз он ҷумла таърихнигорону таърихшиносони ояндаро ба мактаби “Анналҳо ” баройи кормӯзӣ фиристода) дар баробари ҳамкорӣ бо литвинскиҳо ба тарбияи олимони баркамоли худӣ ҳам эътибор медоданд!
Литвинскӣ ҳангоми нақл кардани қиссайи бо дахолату далолати Ғафуров сокини Москва шудани хонаводааш эътирози ноиби райиси шаҳрро иқтибос оварда, ки басе ҷолиб аст: «Бобоҷон Ғафурович, ман Шуморо бисёр ҳурмат мекунам, вале ба Шумо инҳо… баройи чӣ даркор? Магар дар Москва дигар ду доктори илмро ёфта наметавонед?» Ғафуров гӯё чунин ҷавоб додаанд: «Онҳо барин олимон дигар нестанд !» («Таких больше нет»!) Ноибраиси пойтахти онвақтаамон аҷаб одами дурбин будаст! Ман бо мулоҳизайи ӯ комилан розӣ ҳастам: литвинскиҳо нодирагони замона набуданд. Гаҳвораашон аз осмон бе ресмон наафтода буд! Ҳамон вақт низ олиму олимшавандагони шойистатару арзандатар буданд ва ҳозир ҳам ҳастанд, фақат онҳоро сари вақт ёфта бо кор и сазовор у шароити мусойид таъмин намудан даркор аст, яъне айни ҳамон корро кардан бояд, ки Ғафуров дар ҳаққи як ношукр кардаанд.
Лекин асл ва умдайи гап дар болойи фактҳойи ҷудогонайи зиндагиномайи илмию сиёсии Бобоҷон Ғафуров нест. Масъаларо куллитару васеътар ба миён гузоштан мебояд, зеро ки як нӯги хислати мазкур то менталитети халқи тоҷик рафта мерасад. Қавитарин бахши менталитети суннатиамон бошад, дар хирадномаҳойи гузаштагони қадимзамонамон ба унвони ҳикмати мардумӣ зикр ёфтааст: оби дари хона қадр надорад. Ин на ба он маъност, ки тоҷик бегонапараст бошад. Як китоби зарбулмасалҳоямонро кушода бинед, ки халқ худаш чиҳо мегӯяд: «об ки барояд аз миёни хона, худмо ҳар ду хӯрем, санга хӯрад бегона» ! Бояд низ афзуд: тоҷик бегонаситез ҳам набуд, вале дар сурати бегона худу бархудро фарқ намекард ва биноан аз хеши дур дида ҳамсояи наздикро беҳтар мешуморид. Гузашта аз ин, минбаъд ҷудойиҳойи ҷуғрофӣ ба тафовутҳойи фарҳангӣ табдил ёфта ҳамроҳа дар таҳтуззеҳнамон фалсафайи иҷтимойии «туро газад, маро чӣ ғам » реша гирифт. То чӣ андоза мустаҳкам будани ин решайи рӯҳонию равониро метавон аз рӯйи муносибати ҳозирайи тоҷикони дарунмарзӣ ба тоҷикони берунмарзӣ, хусусан зодагони Самарқанду Бухоро қиёс кард.
Хулоса, аз мост, ки бар мост! Ман истилоҳи “кадррасонӣ ”-ро аз осори Айнӣ иқтибос карда гуфтанӣ будам, ки аз ин бобат заъфи миллиамонро ман худам кашф накардаам: маҳз устод Айнӣ, ки ҷиҳати дилсӯзии ватанпарварона ҳамрадифи Аҳмади Дониш буданд, бори аввал зарурати мавқуфнопазири таълиму тарбияи одамони соҳибмаълумоту соҳибихтисосро – аз муаллими мактаби ибтидойӣ гирифта то соҳибкасбони олитахассус – ба миён гузоштанд. Эшон дар худи оғози таъсиси ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1924) ба мушоҳида гирифтаанд, ки “баъд аз Инқилоби Ӯктабр ҳамайи ватандорони Туркистон соҳиби рӯзнома, соҳиби мактаб, соҳиби илму қалам шуданд. Аммо қавми тоҷик ҳамон Аҳмади порина, ки ҳастанд, ҳастанд ”. Ва мазамматомезона афзудаанд: “Дар пас мондани тоҷикон аз дигар қавмҳойи Туркистон, албатта, сабаб бисёр аст. Сабаби калон камсаъйии худи тоҷикон аст ”. Аз байн беш аз бист соли тамом гузашт, вале вазъият ба андозае, ки мебоист, тағйир наёфт. Ва боз (соли 1947) устод Айнӣ қалам ба даст гирифта ҳамон масъалайи кӯҳнаро аз нав ба миён гузоштанд ва бо ҳамон оҳанги пешинайи гилаомез таъкид карданд, ки Тоҷикистон “бо ҳамайи ин ки саҳми калоне аз бюджети давлатӣ дар роҳи кадрасонӣ тахсис ва сарф шуда омада истодааст, аз ҷиҳати ба воя расонидани кадрҳо нисбат ба бисёр республикаҳойи бародарӣ дар қафост ”.
Дар воқеъ, Тоҷикистони мо мисли Арманистону Гурҷистон, Озарбойҷону Қазоқистон ва ҳатто Ӯзбакистон аз тамоми имкону имтиёзҳойи низоми шӯравӣ самаранок истифода бурда натавонист. Чунончӣ, ҷумҳуриамон аз аввал як барномайи давлатии тарбияи кадрҳойи олиихтисосро надошт, ки аз рӯйи талаботи ҷорӣ ва бо назардошти ниёзҳои ояндайи халқу кишвар тарҳрезӣ шуда бошад. Агар медошт, магар якумр ба бисёр корхонаҳойи ҳозиразамонаш мутахассисонро аз берун даъват карда меовард? (Ҳатто коргарони қаториро баройи корхонаҳойи саноати сабук!) Дар риштайи тарбияи кадрҳойи илмӣ фақат замоне, ки устод Султон Умарӣ Раиси Академия буданд, дигаргунии назаррас ба амал омад. Дареғу дард, ки умрашон кӯтоҳ будаст. Минбаъд об боз ба маҷройи аввалааш баргашт. Натиҷа ҳамин шуд, ки «ҳама хармӯҳраҳо рафтанд ба савдо, ба марворид харидорӣ намондаст »…
Акнун ки шоҳасари устод Бобоҷон Ғафуровро ба воситайи забони англисӣ ба арсайи илми ҷаҳонӣ бароварданием, кунҷковии бемаврид набуд, агар пурсида шавад, ки шиносномайи таърихии миллатамонро киҳо дар сатҳи баланди илми ҷаҳонӣ ҳошиянависӣ хоҳанд кард ?! Охир, бо вуҷуди он ҳама ҳурмату эҳтироме, ки аъзойи ҷудогонайи Академияи миллиам сазоворанд, пӯшида нест, ки дараҷайи миёнайи илми академии мо аз он, ки пеш буд, хеле паст рафтааст. Магар худи факти аз майдони баҳс бо Литвинскӣ гурехтани академикҳойи таърихнависи тоҷик худаш шоҳиди гӯё нест?! Лекин агар давлатдорон боз ба умеди бегонагон бошанд, умедашонро кананд : даври Литвинскиҳо гузашт, хусусан ки акнун хориҷӣ шудаанд. Бар болойи ин, акнун барояшон ҷойҳойи баландтар набошанд ҳам, корҳойи даромадноктар ёфт мешаванд!
Нолайи об аз ноҳамвории замин аст…
Моро ҳам фарзу ҳам қарз бувад, ки аввал замини илму маорифамонро ҳамвор намоем, то ки тафаккури эҷодиамон, чунон ки бояд, рушду камол ёфта оҳиставу пайваста ба уқёнуси афкори ҷаҳонӣ роҳ ёбад. Манзури назарам ба амал баровардани ислоҳоти куллӣ дар сохтори илм ва низоми мактаби олӣ мебошад. Дар борайи роҳу тариқи ба амал баровардани ин пешниҳод фикру андешаҳоямро дар мақолайи дигар муфассал баён хоҳам кард. Ин ҷо ҳамин қадарашро гуфта мегузарам, ки мақсади асосии ислоҳот ба дастгоҳу дастёри ӯҳдабаройи давлату миллат табдил додани Академия мебошад. Онро бо ду роҳу тариқи зерин ба амал баровардан салоҳи кор аст. (1) Аз нав сохтани таркиби идории илми академӣ ва мувофиқан тағйир додани мавзӯъҳо ва равандҳойи асосии таҳқиқоти бунёдӣ (фундаменталӣ). (2) Фароҳам овардани шароити моддию маънавӣ баройи ба воя расонидани зумрайи эҷодкорони асил дар мактаби олӣ ва муассисаҳойи академӣ; таълиму тарбияи онҳоест, ки дар баробари соҳибистеъдод будан соҳибшахсият низ бошанд. Аломати асосии шахсияти худогоҳу дилсӯз тафаккури интиқодӣ доштан аст, яъне баҳравар будан аз қудрати андешайи мустақилона мебошад, ки мутаассифона дар ниҳоди маънавии аксари мо, ховарзодагон, решайи дарозу мустаҳкам надорад.
Сухан аз касби камол меравад. Муҳимтарин бахши он таълиму талқини хислатест, ки аз қавли Алии Шариатӣ «истиқлол дар қазоват » (муҳокима) унвон мекунам. Манзури назарам тарбияи муносибати озодона ва сарбаландонаест «ба ҷаҳоне, ки дар онем, ба вазъе, ки дорем, ба таърих, мазҳаб, сарнавишти фардо ва билохира моҳияти хеш ва мояҳо, камбудҳо, ноҳанҷориҳо (каҷравиҳо), ранҷҳо, ниёзҳо ва ормонҳойи хеш ». Агар миёни мо, тоҷикон, ҳам насле чунин баҳравар аз асле чунон ба воя расад, онгоҳ бароямон зарурати иҷтимоие намемонад, ки минбаъд бори гарони миннати литвинскиҳоро бардорем. Хусусан ки бузургонамон ба мо “миннат макаш ар дӯст бувад Ҳотами Той ” гуфта пайваста насиҳат мекарданд.
Вале то кунун, ба қавли Мӯъминшоҳи Қаноат,
Дидаем ин хокро бо чашми танг,
Ки дар ин дарёст гулмоҳӣ наҳанг!..
Please enable JavaScript to view the comments powered by Disqus.
Система комментирования от