Се ҷониб ба « компромисс» омад, Ӯзбакистон «хомӯш» аст… 22.06.2009 10:33 Муаллиф: «Миллат» №24 18.06.09. Неъматуллои НУРУЛЛО Пешдастӣ карда, «оши оштии обӣ»-ро намояндагии «Институти оид ба инъикоси ҷанг ва сулҳ» (IWPR) дар Тоҷикистон бар ӯҳда гирифт ва ҷонибҳои «ба ин гирдоб афтодаро» сари як миз, рӯзи 12 июн, дар толори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ гирд овард, то роҷеъ ба ин масоил «дил холӣ кунанд».
Ё то итмоми «Роғуну» «Қамбарота-1» ин баҳсҳо идома меёбанд?!
"Ҳақиқат дар баҳс ошкор гардад"
Пешдастӣ карда, «оши оштии обӣ»-ро намояндагии «Институти оид ба инъикоси ҷанг ва сулҳ» (IWPR) дар Тоҷикистон бар ӯҳда гирифт ва ҷонибҳои «ба ин гирдоб афтодаро» сари як миз, рӯзи 12 июн, дар толори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ гирд овард, то роҷеъ ба ин масоил «дил холӣ кунанд». Ибтикори олиҷаноб. Ин сохтори бритониёии "сулҳхоҳу ихтилофбадбин", ки дар ин минтақа кормандону амалисозони тарҳҳояш аз ҷавонони маҳаллианд, кӯшиданд, ки ҷонибҳои "ба як мақсад наомадаро", ҳамроҳ бо коршиносону мутахассисони соҳаи обу барқашон гирди мизи маслиҳату мушовара биоваранд ва оварда ҳам тавонистанд. Беҳуда нагуфтаанд, ки "Ҳақиқат дар баҳс ошкор гардад".
Ба ин баҳс давлатҳои Қазокистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон даъват шуда буданд. Инчунин дар вараки барнома исми сафирони Бритониёи Кабир-Мур Тревор, Узбакистон-Шоқосим Шоисломов, Русия-Юрий Попов, Қазоқистон- Абутолиб Ахметов, Қирғизистон- Туратбек Ҷунушалиев, Туркманистон-Нурбердӣ Амонмуродов, инчунин аз намояндагиҳои Барномаи рушди СММ, Бонки ҷаҳонй, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, кайд шуда буд, ки даъват шудаанд. Аз сафирони давлатҳои дар боло ёдрасшуда ё намояндаи онҳо шояд касе набуд, ки сухане ва ё андешае аз онҳо нашунидем. Шояд онҳо ба ин ранг "ташкилотчаҳоро" ба назар намегиранд, ки хузурашонро зарур надонистанд? Ва ё наомаданашон ба ин маъно буд; "туро газад, маро чй ғам..."
Аз Ҷумҳурии Туркманистон низ намояндае иштирок надошт, шояд аз он сабаб, ки "ин масъала ба онҳо он қадар дахл надорад ва медонанд, ки оби Тоҷикистону Қирғизистон чун чанд садсола пештар ҳам имрӯз бо роҳи хеш равон асту ҳеҷ касе пеши роҳи онро нагирифта".
Аз Қирғизистон пас аз Тоҷикистон бештар намоянда ҳузур дошт ва ин гӯё ёдрас аз он мекард, ки ин давлат кори худро ҳақ мешуморад ва медонад, ки заррае сохтмони ниругоҳҳояш бар зарари ҳамсояҳо нест ва манфиати миллии хешро хуб дарк кардаанд.
Қазоқистон низ як-ду нафарро шояд чун арзи эҳтироми ҳамсояҳо ба ин ҷо фиристода буд ва дар баромади эшон ҳам ҳеҷ ихтилофи назаре нисбати ниругоҳсозӣ дар обҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба гӯш нарасид, ки ин шояд аз он даракгӯст, ки онҳо воқеиятҳоро дарк кардаанд.
Чун ҳамеша Узбакистон дар ҳамон мавқеъаш "устувор" монд ва лозим надонист, ки намояндаи бештар, ғайри ёвари сафири хеш дар Тоҷикистонро чун нозир ва ё коршинос ба ин ҷо бифиристад.
Ҷаласаро бо сухани кутоҳ Директори иҷрояи IWPR дар давлатҳои Осиёи Марказӣ Абахон Султонназаров ифтитоҳ карда, ҳозиринро барои кори самарабахшу сӯҳбати муфид даъват карда, барор орзу намуд.
Ҳамдигарфаҳмй имкон дорад?
Мавзӯи ин нишаст: "Масоили обу барқи Осиёи Миёна: ҳамдигарфаҳмӣ имкон дорад?", унвон дошта, тайи як рӯз идома ёфт.
Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ мақсаду ниятҳои некхоҳонаи ҷониби Тоҷикистонро дар ин росто назди ҳозирин ироа дошта, аз ҷумла қайд кард, ки мо хоҳем нахоҳем ҳама гуна захоири табиӣ абадӣ нестанд ва ба охир мерасанд ва бояд аз ин бумбасти нокушода, якдигарнофаҳмиҳо бо фаҳмишу дарки воқеияти имрӯза бароем. Зеро норасоии об на танҳо дар минтақа, инчунин дар бисёр кишварҳои олам, аз ҷумла Чини ҳамсояи мо низ ба назар мерасад, вале онҳо роҳҳои ҳаллашро ҷустуҷӯ доранд ва пайдо ҳам кардаанд.
Ҳайратовар ин аст, ки бештар аз 100 км дарё аз сарҳади ҳамсояе дур бошаду ниругоҳи барқӣ бояд насозӣ. Дер ё зуд мардуми аз бебарқӣ ба дод омадаи мо, "овоз баланд мекунанд", ки ин ҳаққи табиӣ онҳост. Имрӯз сохтмони ниругоҳҳо, аз ҷумла ниругоҳи Роғун ба идеяи миллӣ табДил ёфтааст, ки "муқобилони сохтмони он дар дохил" ҳатто ба "ватанфурӯшӣ" муттаҳам мешаванд. Ин аст, ки мо бояд ин масъаларо сатҳӣ напиндорем. Шояд дар ин баҳсҳои обию барқии минтақа "бозингарони" бузургтаре ҳам иштирок дошта бошанд? Давлатҳои поёноб чаро намегӯянд, ки зимистон давлатҳои болооб чӣ кор кунанд? Миллат ва халқҳо мехоҳанд, ки дар амонӣ бошанд ва "ҳамроҳ" дар гармию "нармӣ" ҳам...
Мо бояд чӣ кор кунем? Ин суол ба ҷониби Узбакистон аст. Чӣ бояд кард, агар ки ниругоҳи Роғунро насозем?... "Алтернатива" ва ё "варианти" дигаре ҳаст?!
Ва дар ҳақиқат, агар ниругоҳ насозем, Узбакистон қувваи барқи ба Афғонистон ва ё дигар давлат мефурӯхтаашро ба мо медиҳад ё мефурӯшад?!
Эсен Жусуматов, муовини аввали директори генералии Департаменти хоҷагии оби назди Вазорати хоҷагии оби деҳот ва коркарди саноати Қирғизистон дар мавзӯи "Мавқеи Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба масоили оби Осиёи Марказӣ" муфассал андешаронӣ намуда, қайд кард:
-Оғози солҳои 2000-ум, вакте ки овозаи сохтмони ниругоҳҳои Тоҷикистону Қирғизистон баромад, "овози" ҳамсояҳо ҳам баланд шуд. Дар солҳои шӯравӣ ҳам дар ин ду ҷумҳурӣ ниругоҳҳо сохта мешуданд, вале чаро он замон ин ҳамсояҳо хомуш буданд? Соли 2008 "Созишнома"-еро дар ин, росто муовинони сарвазирони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба имзо расониданд, мутаассифона ҷониби Узбакистон ҳеҷ яке аз он пунктҳои муайяншударо иҷро накард. Ҳамеша ҳамсояҳои мо, аз ҷумла Узбакистон, шартномаҳоеро, ки манфиати дигарон низ ба инобат гирифта мешавад, иҷро кардан намехоҳад. Дар ҳоле ки бояд баробарии манфиатҳо бошад, на ин ки танҳо барои худам. Ҳамсоягони мо бояд мушкилоти моро дар ин росто хуб дарк бикунанд. Сиёсатмадорон бояд бифаҳманд, ки аз сохтани НБО-ҳо об заррае кам намегардад. Ва истифода накардани ин табиати худодод гуноҳ аст, он ҳам дар ҳоле ки миллате дар фасли сармо аз сардӣ ва торикӣ меларзад. Ба ин масъала ҳар давлат бо диди худ менигарад. Орозбек Молдалиев (Қирғизистон) чунин мегӯяд: -Барои об пул додан зарур аст ё не? Олимон ҳануз хомушанд. Вале Президенти давлати ҳамсоя Ислом Каримов мегӯяд: "Дар дунё ҳеҷ чизи бе пул нест". Вале вақте ин масъала дар рӯёрӯи ишон қарор мегирад, худ чӣ муносибате доранд?
Намояндаи порлумони кишвар Мирзошариф Исломиддинов ба масъалаи баҳси онрӯаа рӯшанӣ андохта, таъкид сохт: -Мо бояд дар кадом хусус ба маслиҳат биёем? Кадом ҷониб ҳавасманд ба ин бӯҳрон аст? Болообҳо ё поёнобҳо? Айни замон дар ниругоҳи бузурги Роғун корҳо бо маром идома доранд ва соли 2012 ду агрегати ин ниругоҳ ба истифода дода мешавад. Қамбарота ҳам сохта мешавад ва шояд пеш аз Роғун.
Шодӣ Шабдолов, вакили мардумӣ дар порлумони кишвар ва мутахассиси энержӣ зимни суханронии худ гуфт: -Модоме ки ҳар давлате захираҳои дохилии худро "моли миллии худ" мепиндорад, оби Қирғизистону Тоҷикистон ҳам моли ҳалоли худи ҳамин давлатҳост. Мо бояд ба онҳо об барои "раҳмат" бидиҳем, онҳо барои мо газу нафтро бо нархҳои "лондонӣ" бидиҳанд?...
Намояндаи сафорати Узбакистон дар баромади бо овози нимшунавову сӯҳбати кӯтоҳаш иброз дошт, ки "модоме ки сохтмони ниругоҳи Роғун ва Қамбарота идеяи миллии мардуми ин кишварҳо будааст, бо об таъминкунии саҳрову кишоварзони Узбакистон ҳам "идеяи миллии" ҷониби Узбакистон ба ҳисоб меравад". Ҷаноби Нагай, охир обро батамом Роғуну Қамбарота "намехӯранд-ку?!" Ва ғайри "ин идея", дигар Нагай барои ҳамсӯҳбатонаш чизи аниқу рӯшантаре нагуфт. Дар сӯҳбатҳои берун аз ҷаласа ҳам, аз ҷаноби Нагай андешаи аниқу рӯшане ғайри суханҳои умумй, ки аз онҳо чизеро фаҳмидан душвор буд, ба гӯш нарасид.
Дар ҳамин ҳол коршиносон ва намояндагони кишварҳои болооби Тоҷикистон ва Қирғизистон низ борҳо таъкид намуданд, ки обе аз ҷониби мо сӯи Узбакистон меравад, онҳо бештар истифода мебаранд. Ва шояд ҷониби Узбакистон мехоҳад, об дар кӯзаву мо ташналабон бигардем?!
- Ку далеле биоваранд, ки обро Қамбарота "фурӯ мебараду" об ба он ҷо дигар намеравад? - мегӯяд ҷониби Қирғизистон. Мо аллакай ба сохтмони Қамбарота-1 шурӯъ кардаем, сохтмон идома дорад ва онро ба охир мерасонем. Мо дар ин ҷода аз ҳеҷ ҷонибе маслиҳат пурсиданӣ нестем. Танҳо мехоҳем, ки ҳамсояҳои мо -Қазоқистону Узбакистон ҳам агар ҳамсояи некхоҳ бошанд, моро бифаҳманд. Оби мо чун харвақта сӯи кишварҳояшон равон аст ва агар ниругохҳои мо ба анҷом бирасанд, бар нафъи ин ҳамсоягон низ хаст. Ва чаро Узбакистон газ ё нафташро ба мо киматтар аз Қазоқистон медиҳад? Инро чӣ гуна бояд бифахмем? Вале дар посух ба ин ҳамсоядори мо ба онҳо чунин "ҷавоб" надодаем-ку?!
"Мо зидди қамбарота нестем!"
Аулбаев Булат - мудири шӯъбаи тадқиқотҳои сиёсати берунаи Институти Қазоқистонии тадқиқоти стратегии назди Президенти Қазоқистон диккати ҳозиринро бо роҳҳои илман асосноксозии ин мубоҳиса даъват намуда, дар баромади хеш муқобили сохтмони ниругоҳҳои барқии Тоҷикистону Қирғизистон чизе нагуфт. Ва ҳам нагуфт, ки "марҳамат бисозед, мо кӯмак мекунем...". Вале модоме ки муқобил нест, пас розист, ки ҳамсояҳо мардумашонро аз сардиҳо наҷот бахшанд ва иқтисодашонро тараққӣ диҳанд. Маълум мегардад, ки ин шахс ба воқеият нигоҳи тоза дорад ва ҳар гуна "хархашаи" беҳударо хоҳон нест. Аз ҷумла ӯ гуфт, ки дар мавриди Қамбарота-1 Қазоқистон Узбакистонро ҷонибдорӣ намекунад... Зеро нисбат ба Узбакистон дар ин масоил Қазоқистон "ҷабр" мебинад. Зеро оби Сирдарёро бештар замину обанборҳои Узбакистон "фурӯ" мебаранд ва ба Қазоқистон қариб "чакра" мерасад.
Гӯё Узбакистон барои кишти пахта заминҳояшро "кам кард". Қазоқистон метавонад, он аҳолии беобро ба ҷойи дигараш кӯчонад, вале Узбакистон ин имкониятро надорад...
-Нируи барқ- ин ҳама чиз аст. Ҳатто муддате ТАЛКО аз ин иллат аз кор бозмонд ва имрӯз бо 40 фисад иқтидор кор мекунад. Ҳама чиз ба барқ вобаста аст. Сохтани ниругохи барқӣ зарур аст, Туркманистрн ба ин масъала бетафовут аст ва коре надорад, - гуфт дар охири суханрониаш Булат Аулбаев.
Андешаҳои олими соҳаи барқу оби тоҷик Георгий Петров-мудири санҷишгоҳи институти масоили об, гидротехника ва экологияи назди Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, бароямон ҳайратовар намуд. У дар суханронии хеш назди иштирокдорон танҳо дар хусуси "одилона" тақсим намудани обҳои минтақа ибрози андеша намуду аз сохтани ниругоҳе дар Тоҷикистону Қирғизистон ҳарфе нагуфт. Ва сари як пиёла чой мо аз ин олими соҳа барои рӯшантар фаҳмидани "мавқеъашон" пурсон шудем. Пурсидем, ки чаро дар хусуси сохтмони ниругоҳҳо, ки барои минтақа гӯё "зарар доранд" ва ё фоида, чизе нагуфтед? Ва ҳам шунидем, ки дар Алмаато гӯё гуфта бошед, ки "Мо Роғунро намесозем?"...
Ӯ пиёлаи чойяшро ба миз гузошту гуфт, ки "ман ҳеҷ гоҳ зидди сохтмони ниругоҳҳо баромад накардаам. Ва ин гапе ки гӯё дар Алмаато... гуфта бошам, ин тӯҳмати душманони банда аст. Дар обҳои Тоҷикистон на танҳо се-чор, метавон бештар аз 80 ниругоҳи пуриқтидори барқӣ сохт. Фақат барои ин маблағ зарур асту халос, Бе барқу ниругоҳҳои азим наметавон ҳама гуна соҳаро таракҳӣ дод. Ман розиам, ки дар Тоҷикистони мо ниругоҳҳои зиёд ва пуриктидор сохта шаванд ва дар ин ҷода ҳар коре аз дастам биёяд, иҷро мекунам". Петров идомаи сӯҳбатро ба фардо дар ҷойи кораш ишора кард...
Суҳбат бо Георгий Петров дар пеш аст!
Шояд дигар андешаҳои ҷолиб ва барои пешрафти соҳа ҷаноби Петров дошта бошад. Барои ҳамин мо барои Петров беҳтар шинохтан розӣ шудем, ки дар мавриди наздиктарине сӯҳбати муфассалгар дошта бошем. Хуб мебуд ин гуна олимоне, ки худро мутахассису коршиносони забардасти соҳа мегиранд, чун олимо ну коршиносони қирғиз дар пеши мардум, ҷаласаҳо ва мизҳои мудаввар, дар ҳузури "чонибҳои мухолиф" ибрози андеша менамуданд, вале ҳайфо, ки ӯ дар "ҷойи даркорӣ" дигар чиз гуфту дар "паси парда"-пеши мани танҳо, чизи дигар. Вале дар назди намояндагону коршиносони минтақаи ба ин баҳс омада "табъи дили" хусусан ҷониби Қазоқистону Узбакистонро гуфт. Ва ё шояд ӯ нахост дили меҳмононро хафа кунад? Аммо ӯ аз ёд бурдааст, ки агар чи хақиқат талх аст, бояд гуфт, ки охирон меваи ширин ба бор меоварад!
Хеле кутоҳ мавқеашро коршиноси мустақил Парвиз Муллоҷонов (Тоҷикистон) иброз дошт, вале ҳар чизе ки ҷолибу ба манофеи мушаххаси ҷониби мо буд, рӯшан нагардид. Ҳамин кадар фаҳмидем, ки ин масоилро "ҷомаи сиёсй" пӯшонд... Яъне, ин масьалаест, ки ҳаллаш ба мо - коршиносон вобаста нест ва танҳо сиёсатмадорон онро ҳал карда метавонанду бас.
Ба "ишораҳои" шумо Парвиз Муллоҷонов ҳаминро "ишора" карданӣ ҳастем, ки; "барои ҳамон ашхоси сатҳи баландтар, маҳз он олимону коршиносони босаводу бовиҷдону ватанхоҳи асил мавод барои исботу ақцеша пешниҳод мекунанд, то онҳо бо дили пур дар ҳар ҷаласе, ки ҳаст иброз доранд. Гарчи худи онҳо низ аз бештари ин гуна коршиносону олимон дида, беҳтару бештар ин масоилро медонанд ва дарк мекунанд!"...
Чун коршиносони қирғиз, ки мавқеашон қатъӣ ва рӯшан аст; манфиати милллат аз ҳама болост! Ин аст, ки онҳо ҳам Қамбарота-1-ро сохта истодаанд ва Қамбарота-2-ро ҳам месозанд. Зеро мавқеашон устувор аст.
Олими шинохтаи тоҷик Ҳоҷимуҳаммад Умаров низ ки андешаҳояшро дар ин маврид борҳо шунидаам, андешаҳои муфид бахри аз "ин бумбаст" баромадан, иброз дошт, ки қобили қабули ҷонибҳо гардид.
Аз мавкеи имрӯзаи рӯзноманигорон, ки "ҳокимияти чоруманд", ва ё "ҳеҷ ҳокимияте надоранд", коршиносони дохилӣ ва хориҷӣ андешаҳои мухталиф иброз доштанд. Аз ҷумла Жумалиева Бахтҷон (Қазоқистон), Нуриддин Қаршибоев ва Марат Мамадшоев (Тоҷикистон) дар ин росто андешаҳои яхранг надоштанд. Онҳо бештар дар хусуси кампрофессионалии иддае аз рӯзноманигорон ибрози таассуф намуданд. Махз ин гуна рӯзноманигорон бо факту далели фтеъву муътамад пешниҳод накарданашон метавонанд афкори ҷомеаро ба ҳар гуна нофаҳмӣ ва калавиш равона кунанд. "Мустақилии" рӯзноманигор ва ё нашрияе на ба он маъност, т ӯ ҳар чизе бихоҳад рӯи когаз ва ё рӯи зфир барорад. Хосса, дар мавриди масоили обу барки баҳсбарангези имрӯз, ки атрофу акнофи паҳноварро фаро гирифта, - иброз доштанд ин ҳарсе.
Мавқеъҳо муайян шуданд... ки "хомуш" монд?
Мушоҳидаи якрӯзаи ин мизи гирд, бори дигар ёдрас аз он мекунад, ки қариб бештари рузноманигорони мо масъулияту дарки амиқи касби накарда, ба пешаи хеш аз рӯи ҳавову ҳавас ва манофеи ночизе амал менамоянд. Масалан, дар хамин ҳамоиши барои ҳамаи мо чун масъалаи рӯз ва асосӣ агарчи дар огози он чанде аз хабаргузориҳои давлатӣ ва хориҷи ҳам буданд, то нисфирӯзй ду-се нафари он монду дарохир, ки аз руи барнома нишасти матбуотӣ доир мегардид, ғайри Лола Олимова бо ҳамкораш ва нафаре аз "Азия Плюс", дигар касе намонда буд. Пас ин нишасти матбуотӣ барои кӣ будааст? Ду -се нафар рӯзноманигоре, ки пагоҳӣ ҳузур доштанд, аз даҳони иштирокдорон ду -се дақиқаӣ сабт карданду гурехта рафтанд. Магар ин масъулияти рӯзноманигор ва дарки ин масъалаи муҳим аст? Модоме ки мо рӯзноманигорон худро фарзанди вақту замони хеш мепиндорем, ин масъапа ба мо дахл надорад? Ва ё аз Интернет бофтаи каси дигареро рӯбардор мекунему болои саҳфаро пур, "ҷонамон халос" гуфта мегардем?
Ба хусус матбуоти давлати ва радиову телевизиони давлатй бояд аз ин гуна нишастҳо ба манофеи давлат гузоришҳои тахлилӣ таҳия кунанд.
Ҳар чи ҳам бигӯему бубинем, кори асосии мо модоме ки ба ин ҷаласаҳо рафтаем ва ё моро даъват кардаанд, бояд то охири он тоқат бикунему бишинем, зеро ин пешаи мост ва инмасъулиятро тақозо дорад.
Хуллас, мизи торди он рӯза рӯшан сохт, ки "компромисс" дар ин масъала дар ҳоле ба даст омада метавонад, ки тарафҳо бо якдигар худро дар як мавқеъ эҳсос бикунанду, яке нагӯяд, ки "аҳолии ман бештар асту майдони аслдавонии ман паҳнотар". Мову Кирғизистон бошем, нагӯем, ки "кӯхҳои мо баландтаранду обҳои мо бештару ширинтар"...
Ҳар чизе ки дорем, бо ҳам радду бадал кунем ва бидонем, ки модоме ҳамсоя сер аст, мо низ серем. Яъне, ҳамсоягиро бидонему ба кадри аз алии он бирасем.
Агар ки мо об дорем, ба давлатхои поёноб дода истодаем ва агар ки Тоҷикистону Қирғизистон боз ниругохҳои азимашонро сохтанд, албатта ба ҳамсояхои хеш арзонӣ медоранд. Ана, инро бояд хамсояҳои мо бидонанд ва бовар дорем, ки он рӯз дур нест, ки онҳо аз ин корҳои азиму муҳими мо истиқболхоҳанд кард.
Бовар дорем, ки коршиносони мо низ дар ҳар ҷодае хориҷ аз кишвар аз манофеи миллӣ ҳимоят хоҳанд кард, чун коршиносони миллатдӯсту ватанхоҳи қирғиз.
Ин хамоиш, ки даъваташ ба ҳамдигарфаҳмӣ буд, ҳисоб мекунем, ки ба 90 фисади мақсади хеш расид. Зеро аз онҳое ки дар ин баҳс ширкат доштанд, ҷонибе "пой дар як мӯза" иброз надошт, ки "Не, Шумо Қирғмзистону Тоҷикистон ниругоҳ насозед, ки мо аз беобӣ халқкоқ мешавем...". Яъне, "компромисс" ба қадре рӯ задааст... Аз ин нишаст, метавон хулоса баровард, ки "Се ҷониб Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон як-дигарро фаҳмиданд ва эҳтиром доранд, як ҷониб - Узбакистон танҳо монду ханӯз "хомӯш" аст"... Пас нишасти навбатӣ дар куҷо доир мегардаду ки боз дар танҳоиву "хомӯш" мемонад?!
Please enable JavaScript to view the comments powered by Disqus.
Система комментирования от