Саҳифаи асосӣ Русский | English | Тоҷикӣ Чун саҳифаи шурӯъ пазируфтан | Илова ба мунтахабот



Ном: Рамз:
Рамзро фаромӯш кардед? |
Ҷустуҷӯ:
Маҷмӯи хидматҳо Аксҳо Тамос Бойгонии мақолаҳо Робита бо мо
Изҳорот
Корманди масъули бахши низомии сафорати Фаронса дар ҶТ изҳороти ҷонибдорони собиқ сарвари КВДҲ «Тоҷик Эйр» Ҳокимшо Тиллоевро рад месозад

10.07.2009 17:18

Муаллиф: Аваз Юлдошев

Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Изҳороти ҷонибдорони собиқ сарвари КВДҲ «Тоҷик Эйр», ки рӯзи 30-юми июни соли ҷорӣ дар сомонаи ОИ «Азия-Плюс» интишор гардид ва дар он гуфта мешавад, ки бо ташаббуси ӯ (Ҳ.Тиллоев) ва дастгирии сарвари давлат нерӯҳои маҳдуди низомии мустақар дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе баҳри таҷдиду таъмири майдони парози фурудгоҳ ва ободонии қаламрави он маблағи зиёд ҷудо кардаанду худи мутахассисони фаронсавӣ ин маблағҳоро аз худ кардаанд, асоси воқеӣ надорад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» корманди масъули бахши низомии сафорати Фаронса дар ҶТ Стефан Самаран иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин изҳороти онҳо дар бораи он, ки гӯё то сари мансаб омадани Ҳ.Тиллоев нерӯҳои низомии фаронсавӣ дар фурудгоҳи Душанбе таври ройгон ҷойгир шуда буданд, низ ба ҳақиқат рост намеояд. «Ҳанӯз солҳои 2004-2005, яъне то сари мансаб омадани Ҳ.Тиллоев, нерӯҳои Фаронса ба ивази ба таври ройгон мустақар шудан дар фурудгоҳ корҳои таъмиру таҷдиди майдони парвози фурудгоҳро оғоз карда буданд», - афзуд С.Самаран.


 


Система комментирования от Disqus

МАҚОЛАҲО
Бойгонии мақолаҳо
Маҷмӯи хидматҳо Аксҳо Тамос Бойгонии мақолаҳо Робита бо мо
PR-CY.ru Locations of visitors to this page free counters

© 1997 - 2010 Оҷонсии хабарии «ASIA-Plus» (Душанбе, Тоҷикистон).
Тамоми ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд. Зимни истифодаи хабару мақолаҳои сомона таъкид ба
www.asiaplus.tj дар шакли hyperlink ҳатмист.
Тел./Факс: (+992 37) 221-72-20, 221-78-63
agency@asiaplus.tj