Саҳифаи асосӣ Русский | English | Тоҷикӣ Чун саҳифаи шурӯъ пазируфтан | Илова ба мунтахабот



Ном: Рамз:
Рамзро фаромӯш кардед? |
Ҷустуҷӯ:
Маҷмӯи хидматҳо Аксҳо Тамос Бойгонии мақолаҳо Робита бо мо
НТМ
КВД «Талко» истеҳсоли алюминийро коҳиш медиҳад

24.12.2008 09:06

Муаллиф: Фирдавс Муртазоев

Душанбе. 24-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии Тоҷикистон («Талко») истеҳсоли алюминийро ба андозаи 10 дарсад коҳиш медиҳад.

            Тавре сухангӯи ширкат Саёҳат Қодирова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, иқдоми мазкур ба кам кардани истифодаи нерӯи барқ ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо барқу гармӣ дар мавсими зимистон равона гардидааст.

            Ба гуфтаи ӯ, коҳиши истеҳсоли алюминий ҳамчунин ба иллати паст шудани нархи он дар бозори ҷаҳонӣ, ки ба он бӯҳрони молиявӣ боис шудааст, сурат мегирад.

            Қобили зикр аст, ки дар корхона сол то сол афзоиши истеҳсоли алюминий ба мушоҳида мерасад. «Соли 2007 истеҳсоли алюминий то 421 ҳазору 450 тонна расонида шуд, ки нисбат ба соли 2006 беш аз 5 тонна бештар буд ва соли равон то 427 ҳазор тонна расонидани истеҳсоли он пешбинӣ гардида буд», - гуфт С.Қодирова.


 


Система комментирования от Disqus

МАҚОЛАҲО
Бойгонии мақолаҳо
Маҷмӯи хидматҳо Аксҳо Тамос Бойгонии мақолаҳо Робита бо мо
PR-CY.ru Locations of visitors to this page free counters

© 1997 - 2010 Оҷонсии хабарии «ASIA-Plus» (Душанбе, Тоҷикистон).
Тамоми ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд. Зимни истифодаи хабару мақолаҳои сомона таъкид ба
www.asiaplus.tj дар шакли hyperlink ҳатмист.
Тел./Факс: (+992 37) 221-72-20, 221-78-63
agency@asiaplus.tj