Саҳифаи асосӣ Русский | English | Тоҷикӣ Чун саҳифаи шурӯъ пазируфтан | Илова ба мунтахабот



Ном: Рамз:
Рамзро фаромӯш кардед? |
Ҷустуҷӯ:
Маҷмӯи хидматҳо Аксҳо Тамос Бойгонии мақолаҳо Робита бо мо
ХАТЛОН
Пахтакорони минтақаи Кӯлоб ба пардохти қарзи аз бонкҳо гирифтаашон барои мавсими соли 2009 шурӯъ карданд

29.07.2009 13:47

Муаллиф: Турко Дикаев

Кӯлоб. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Зиёда аз 10 хоҷагии деҳқонии ноҳияҳои Восеъ, Кӯлоб ва Фархор дар маҷмӯъ ҳудуди 600 ҳазор сомонӣ қарзи гирифтаашон барои мавсими соли ҷориро ба бонкҳо баргардониданд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Абдукарим Неъматов иттилоъ дод, феълан пахтакорон аз ҳисоби фурӯши дигар зироатҳо ба пардохтани қарз шурӯъ кардаанд. «Соли равон барои истеҳсоли пахта дар майдони 16 ҳазору 130 гектар ба хоҷагиҳои минтақа 20 млн. 402 ҳазору 302 сомонӣ маблағи қарз ҷудо карда шуд, ки 19 млн. 221 сомониаш қарзҳои ҳукуматӣ аст», - гуфт ӯ.

А.Неъматов афзуд, аз 27 млн. 482 ҳазору 288 сомонии қарзи соли гузашта то имрӯз 16 млн. 538 ҳазору 439 сомониаш ба бонкҳо баргардонида шудааст.


 


Система комментирования от Disqus

МАҚОЛАҲО
Бойгонии мақолаҳо
Маҷмӯи хидматҳо Аксҳо Тамос Бойгонии мақолаҳо Робита бо мо
PR-CY.ru Locations of visitors to this page free counters

© 1997 - 2010 Оҷонсии хабарии «ASIA-Plus» (Душанбе, Тоҷикистон).
Тамоми ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд. Зимни истифодаи хабару мақолаҳои сомона таъкид ба
www.asiaplus.tj дар шакли hyperlink ҳатмист.
Тел./Факс: (+992 37) 221-72-20, 221-78-63
agency@asiaplus.tj