Саҳифаи асосӣ Русский | English | Тоҷикӣ Чун саҳифаи шурӯъ пазируфтан | Илова ба мунтахабот



Ном: Рамз:
Рамзро фаромӯш кардед? |
Ҷустуҷӯ:
Маҷмӯи хидматҳо Аксҳо Тамос Бойгонии мақолаҳо Робита бо мо
ХАТЛОН
«Корвони китоб» ба Кӯлоб ворид шуд

05.08.2009 11:34

Муаллиф: Турко Дикаев

            Кӯлоб. 5-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - «Корвони китоб», ки тайи се соли ахир ба ҳукми анъана даромадааст, ба Кӯлоб ворид шуд.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори муассисаи таъмину савдои «Китоб»-и назди Вазорати фарҳанги ҶТ Саидҷаъфар Сафаров иттилоъ дод, тавассути корвон ба китобхонаҳои вилояти Хатлон ба маблағи 81 ҳазор сомонӣ бо теъдоди 25 ҳазору 103 нусха 169 номгӯи китобҳо оварда мешаванд. «Дар чаҳорчӯбаи барномаи миллии рушди низоми китобдории ҷумҳурӣ барои солҳои 2006-2015 ҳамасола аз буҷаи кишвар барои харидории китобҳо ҳудуди 230 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад ва он тавассути «Корвони китоб» ба минтақаҳои гуногун тақсим карда мешавад», - гуфт ӯ.

            Ба гуфтаи Сафаров, пеш аз ифтитоҳи ярмаркаи китоб дар шаҳри Кӯлоб назди ҷамъомадагон шоирону нависандагон суханронӣ намуда, садҳо тамошобинон бо навгониҳои олами китоб ошно шуданд. «Корвон аз Кӯлоб ба ноҳияҳои тобеи марказ раҳсипор гардида, ахири сол озими Помир хоҳад шуд», - афзуд номбурда.

 


 


Система комментирования от Disqus

МАҚОЛАҲО
Бойгонии мақолаҳо
Маҷмӯи хидматҳо Аксҳо Тамос Бойгонии мақолаҳо Робита бо мо
PR-CY.ru Locations of visitors to this page free counters

© 1997 - 2010 Оҷонсии хабарии «ASIA-Plus» (Душанбе, Тоҷикистон).
Тамоми ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд. Зимни истифодаи хабару мақолаҳои сомона таъкид ба
www.asiaplus.tj дар шакли hyperlink ҳатмист.
Тел./Факс: (+992 37) 221-72-20, 221-78-63
agency@asiaplus.tj