Саҳифаи асосӣ Русский | English | Тоҷикӣ Чун саҳифаи шурӯъ пазируфтан | Илова ба мунтахабот



Ном: Рамз:
Рамзро фаромӯш кардед? |
Ҷустуҷӯ:
Маҷмӯи хидматҳо Аксҳо Тамос Бойгонии мақолаҳо Робита бо мо
Навгонии ширкатҳо
Бонки рушди Осиё бахши хусусии Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад

22.07.2009 11:37

Муаллиф: Фирдавс Муртазоев

            Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Зимни гуфтушуниди раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид бо намояндаи доимии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон Макото Оҷиро изҳор гардид, ки бонки мазкур бахши хусусии Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ПСС ҶТ иттилоъ доданд, гуфтушунид бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти бахши хусусии ҷумҳурӣ ва баррасии масоили ҳамкорӣ барпо гардид. «М.Оҷиро таъкид сохт, ки баҳри кор дар Тоҷикистон сармоягузорони хусусиро ҷалб хоҳад кард», - гуфт манбаъ.

            Бино ба иттилои манбаъ, дар навбати худ Ш.Саид таъкид сохтааст, ки аксари намояндагони бахши соҳибкории хурду миёна ва тиҷорати хусусӣ узви ПСС мебошанд ва мебояд маҳз онҳоро бо қарзҳои имтиёзнок таъмин намуд, зеро дар замони бӯҳрони молӣ таҷрибаи андӯҳтаи онҳо қобили истифода хоҳад буд.

 


 


Система комментирования от Disqus

МАҚОЛАҲО
Бойгонии мақолаҳо
Маҷмӯи хидматҳо Аксҳо Тамос Бойгонии мақолаҳо Робита бо мо
PR-CY.ru Locations of visitors to this page free counters

© 1997 - 2010 Оҷонсии хабарии «ASIA-Plus» (Душанбе, Тоҷикистон).
Тамоми ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд. Зимни истифодаи хабару мақолаҳои сомона таъкид ба
www.asiaplus.tj дар шакли hyperlink ҳатмист.
Тел./Факс: (+992 37) 221-72-20, 221-78-63
agency@asiaplus.tj