Ҳалокати фоҷеавии шаҳрванди Полша дар дараи Варзоб
 10.08.2009 08:57
 Муаллиф: Наргис Ҳамробоева
Душанбе. 10-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дар дараи Варзоб шаҳрванди Полша, корманди Дафтари Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон Чеслав Бенявскии 49-сола ба таври фоҷиавӣ ба ҳалокат расид.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дафтари САҲА дар ҶТ иттилоъ доданд, Бенявски қобилияти кӯҳнавардӣ дошта, дирӯз ҳамроҳи дигар шаҳрвандони хориҷӣ ба кӯҳ мераванд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар километри 18-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд ӯ аз баландии 300 метр аз кӯҳ афтода, аз ҷароҳатҳои зиёди бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.


 Система комментирования от
|