Саҳифаи асосӣ Русский | English | Тоҷикӣ Чун саҳифаи шурӯъ пазируфтан | Илова ба мунтахабот



Ном: Рамз:
Рамзро фаромӯш кардед? |
Ҷустуҷӯ:
Маҷмӯи хидматҳо Аксҳо Тамос Бойгонии мақолаҳо Робита бо мо
Амният
Қатли роҳбари гурӯҳи ҷиноятпеша Неъмат Азизов

29.07.2009 12:05

Муаллиф: Наргис Ҳамробоева

            Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар минтақаи шарқи ҷумҳурӣ ҳангоми задухӯрди мусаллаҳона бо нерӯҳои низомии ҳукумат роҳбари гурӯҳи ҷиноятпеша Неъмат Азизов ба ҳалокат расид.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» дар яке аз мақомоти қудратӣ иттилоъ доданд, шаби гузашта дар мавзеи Миёнаду гурӯҳи боқимондаи ҷиноятпешаи Неъмат Азизов ошкор ва ба муҳосира гирифта шудааст. «Ҳангоми задухӯрди мусаллаҳона роҳбари гурӯҳ - Неъмат Азизов кушта шуд», - гуфт манбаъ.

            Аз ҷузъиёти дигари амалиёт алҳол чизи дигаре хабар дода нашуд.

            Айни замон дар мавзеи мазкур баҳри пайдо кардани дигар ҳаммаслакони Неъмат Азизов корҳои фаврии ҷустуҷӯӣ гузаронида мешаванд.

            Тибқи маълумоти мақомоти қудратӣ, сокини деҳаи Пастироғи ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз – Неъмат Азизови 41-сола солҳои ҷанги шаҳрвандӣ узви фаъоли нерӯҳои муттаҳидаи мухолифини тоҷик буд. Пас аз имзои созишномаи истиқрори сулҳ дар соли 1997, ӯ ба ҳайси фармондеҳи яке аз воҳидҳои Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Тавилдара ифои вазифа мекард.


 


Система комментирования от Disqus

МАҚОЛАҲО
  • Тавилдара: Кист дар бомаки ларзонаки мо?
    27.07.2009 10:29
  • Аз Мирзо кӣ норизо?
    27.07.2009 10:02
  • Мулло Абдулло, Ҷумъаи Намангонӣ ва мифи тошкандӣ
    15.06.2009 09:30
  • «Толибон» ҳушдор медиҳад ё хоҷагонаш?
    01.06.2009 09:59
  • Тавилдара ором аст!
    01.06.2009 09:57
  • Русҳо қонуни физикаро бекор карданд
    13.04.2009 11:05
  • Афтиши озоди амнияти миллӣ
    19.01.2009 10:29
  • Салафиён
    19.01.2009 09:50
  • Бойгонии мақолаҳо
    Маҷмӯи хидматҳо Аксҳо Тамос Бойгонии мақолаҳо Робита бо мо
    PR-CY.ru Locations of visitors to this page free counters

    © 1997 - 2010 Оҷонсии хабарии «ASIA-Plus» (Душанбе, Тоҷикистон).
    Тамоми ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд. Зимни истифодаи хабару мақолаҳои сомона таъкид ба
    www.asiaplus.tj дар шакли hyperlink ҳатмист.
    Тел./Факс: (+992 37) 221-72-20, 221-78-63
    agency@asiaplus.tj