Саҳифаи асосӣ Русский | English | Тоҷикӣ Чун саҳифаи шурӯъ пазируфтан | Илова ба мунтахабот



Ном: Рамз:
Рамзро фаромӯш кардед? |
Ҷустуҷӯ:
Маҷмӯи хидматҳо Аксҳо Тамос Бойгонии мақолаҳо Робита бо мо
Сиёсат
Мақомоти раҳбарии ҶТ ҷонибдори зудтар ҳал гардидани масъалаи аломатгузорӣ дар марз бо Ӯзбакистон аст

23.07.2009 14:04

Муаллиф: Пайрав Чоршанбиев

            Душанбе. 23-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар ҷамъи рӯзноманигорон муовини вазири умури хориҷии ҶТ Абдулло Юлдошев изҳор дошт, ки чунин фикр кардан нашояд, ки гӯё миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон муносиботи махсуси на он қадр хуб мавҷуд аст. «Миёни кишварҳо муносиботи маъмули ҳамсоягӣ мавҷуд аст, ки метавонад ҳам ҷанбаҳои мусбӣ ва ҳам манфӣ дошта бошад», - гуфт ӯ.

            Ба гуфтаи муовини вазир, феълан дар марзи Тоҷикистону Ӯзбакистон 29 гузаргоҳ мӯътадил фаъолият дорад ва ин нишондиҳандаи муносиботи мӯътадили кишварҳо аст. «Дар мавриди ҷорӣ сохтани раводид миёни кишварҳо қайд карданиам, ки чунин шакли муносибат байни кишварҳо дар тамоми ҷаҳон маъмул аст ва арзиши раводид ҳам хеле ночиз аст», - изҳор дошт вай.

            Дар мавриди таркиши минаҳо дар марз ва ба ҳалокат расидани одамон бар асари он, А.Юлдошев гуфт, дар ин самт корҳо бурда мешаванд. «Дар марзи Тоҷикистон бо Ӯзбакистон ва Қирғизистон ҳанӯз ҳудуди 600 километри сарҳад аломатгузорӣ нашудааст ва мақомоти раҳбарии ҶТ ҷонибдори зудтар ҳал гардидани масъалаи мазкур аст», - афзуд А.Юлдошев.

 


 


Система комментирования от Disqus

МАҚОЛАҲО
  • Карзай бо Толибон оштӣ карданист!
    03.08.2009 09:10
  • Баёнияи Президентҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон
    31.07.2009 09:30
  • Бозии бузург
    27.07.2009 09:26
  • Пойгоҳ ва ҷойгоҳ
    20.07.2009 09:40
  • Муҳаббати харида бақо надорад
    13.07.2009 09:58
  • Имоми Аъзам ва ахлоқи умумиинсонӣ
    09.07.2009 09:01
  • Эҳтимоли нооромиҳо дар Ӯзбакистон
    06.07.2009 09:33
  • Се ҷониб ба « компромисс» омад, Ӯзбакистон «хомӯш» аст…
    22.06.2009 10:33
  • Қарори сиёсӣ ё қарори ҳуқуқӣ?
    15.06.2009 10:03
  • Суханронии Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон
    01.06.2009 09:29
  • Бойгонии мақолаҳо
    Маҷмӯи хидматҳо Аксҳо Тамос Бойгонии мақолаҳо Робита бо мо
    PR-CY.ru Locations of visitors to this page free counters

    © 1997 - 2010 Оҷонсии хабарии «ASIA-Plus» (Душанбе, Тоҷикистон).
    Тамоми ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд. Зимни истифодаи хабару мақолаҳои сомона таъкид ба
    www.asiaplus.tj дар шакли hyperlink ҳатмист.
    Тел./Факс: (+992 37) 221-72-20, 221-78-63
    agency@asiaplus.tj