Саҳифаи асосӣ Русский | English | Тоҷикӣ Чун саҳифаи шурӯъ пазируфтан | Илова ба мунтахабот



Ном: Рамз:
Рамзро фаромӯш кардед? |
Ҷустуҷӯ:
Маҷмӯи хидматҳо Аксҳо Тамос Бойгонии мақолаҳо Робита бо мо
Иқтисод
Дар Душанбе намоишгоҳи «Рушди иқтисодии Афғонистон» муаррифӣ шуд

03.08.2009 08:33

Муаллиф: Фирдавс Муртазоев

            Душанбе. 3-юми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон маросими муаррифии намоишгоҳи «Рушди иқтисодии Афғонистон, ки пагоҳ дар маҷмааи «Кохи Борбад»-и пойтахт ифтитоҳ мегардад, баргузор шуд.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати ҶТ иттилоъ доданд, дар намоишгоҳи нахустини Афғонистон зиёда аз 120 ширкат бо ҳайати ҳудуди 300 намояндагон ширкат хоҳанд варзид. «Солҳои ахир муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон 2,5 маротиба афзуд», - гуфт манбаъ.

            Бино ба иттилои манбаъ, дар чаҳорчӯбаи баргузории чорабиниҳои намоишгоҳ вохӯриву гуфтушуниди соҳибкорону сармоягузорон баргузор мешавад. «Дар намоишгоҳ қолинҳо, маҳсулоти мавриди истифодаи умум ва маҳсулоти кишоварзии ширкатҳои шаҳри Кобул, вилоятҳои Балх, Қундуз, Қандаҳор, Ҳирот, Ҷалолобод ва Бомиён пешкаши мардум хоҳанд гардид», - афзуд манбаъ.

            Қобили зикр аст, ки намоишгоҳи мазкур бо ташаббуси Палатаҳои савдову саноати кишварҳо, Агентии сармоягузории Афғонистон ва мусоидати ҳукуматҳои ҳар ду давлат созмон дода мешавад.


 


Система комментирования от Disqus

МАҚОЛАҲО
  • Пули миллӣ 32 % беқурб шуд
    25.05.2009 10:39
  • Барои коҳиши таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ чӣ бояд кард?
    04.05.2009 10:05
  • Толлинг роҳи наҷоти ТАЛКО аз бӯҳрон?
    27.04.2009 09:37
  • Пешниҳоди андозсупорандагонро кӣ ба назар мегирад?
    20.04.2009 09:59
  • Ҳукумат зидди бӯҳрон тадбир меандешад?
    13.04.2009 10:58
  • Минтақаи озоди иқтисодӣ: барору нобарорӣ
    06.04.2009 09:56
  • Музояда: Талко-ро фурӯшем ё нафурӯшем?
    23.02.2009 11:00
  • Ширкатҳои мобилӣ: «Насиби якеву доғи ҳазорон»...
    16.02.2009 09:13
  • Оё мафияи бензин блокадаи Ӯзбекистонро дастгирӣ мекунад?
    09.02.2009 10:13
  • Бӯҳрон, яъне чӣ?!
    26.01.2009 09:53
  • Бойгонии мақолаҳо
    Маҷмӯи хидматҳо Аксҳо Тамос Бойгонии мақолаҳо Робита бо мо
    PR-CY.ru Locations of visitors to this page free counters

    © 1997 - 2010 Оҷонсии хабарии «ASIA-Plus» (Душанбе, Тоҷикистон).
    Тамоми ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд. Зимни истифодаи хабару мақолаҳои сомона таъкид ба
    www.asiaplus.tj дар шакли hyperlink ҳатмист.
    Тел./Факс: (+992 37) 221-72-20, 221-78-63
    agency@asiaplus.tj