Саҳифаи асосӣ Русский | English | Тоҷикӣ Чун саҳифаи шурӯъ пазируфтан | Илова ба мунтахабот



Ном: Рамз:
Рамзро фаромӯш кардед? |
Ҷустуҷӯ:
Маҷмӯи хидматҳо Аксҳо Тамос Бойгонии мақолаҳо Робита бо мо
Инсон
Дар Душанбе масоили дастоварду камбудиҳои риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон баррасӣ мешаванд

05.08.2009 16:58

Муаллиф: Шонаврӯз Афзалшоев

            Душанбе. 5-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Пагоҳ дар «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе таҳти унвони «Дастовард ва камбудиҳои риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон» семинари дурӯза ба кор шурӯъ мекунад. Чорабинии мазкур аз ҷониби Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, ВКХ ҶТ, дафтари Комиссари Олии СММ оид ба риояи ҳуқуқи инсон, Дафтари риояи ҳуқуқи инсон ва Пажӯҳишгоҳи ҳуқуқи инсони Дания созмон дода шудааст.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дафтари САҲА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҷиҳати иштирок дар кори семинар намояндагони як қатор сохторҳои давлатии марказиву маҳаллӣ ва созмонҳои ҷамъиятии машғул ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқи инсон даъват шудаанд.

            Бино ба иттилои манбаъ, дар семинар чунин ҷанбаҳои ҳуқуқӣ, аз қабили масоили озодии эътиқод, ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, гурезагон ва аққалиятҳои миллӣ ба моликият, ҳуқуқ ба мурофиаи адолатноки судӣ, ҳуқуқҳои экологӣ, ислоҳоти низоми ҳуқуқ ва адлия, таъмини баргузории интихоботи озод ва шаффоф, ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот, пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон ва ғайра мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

            Зикр гардид, ки ин семинар марҳилаи омодагӣ барои иштирок дар  Машварати иҷрои ӯҳдадориҳо аз рӯи баҳодиҳӣ ба ҳуқуқи инсон мебошад, ки аз 28-уми сентябр то 9-уми октябр дар шаҳри Варшава баргузор мешавад ва дар кори ин семинар бо мусоидати Дафтари САҲА дар ҶТ ҳайати ҷумҳурӣ низ ширкат хоҳад варзид.  

 

МАҚОЛАҲО
  • Сангак Сафаровро тоҷик накушта буд
    03.08.2009 09:02
  • Сангак Сафаров: Пешвои фронти халқиро чаҳор соат мекуштанд
    27.07.2009 10:25
  • Сангак Сафаров: Таърихчаи силоҳгирии пешвои фронти халқӣ
    20.07.2009 10:12
  • Эшони Нуриддинҷон ва Ҳоҷӣ Мирзо олимони ангуштшуморанд
    20.07.2009 10:07
  • На ғарбиям, на шарқиям...
    13.07.2009 10:33
  • Салими Хатлонӣ: «Асрори куштори Искандари Хатлонӣ кушода хоҳад шуд»
    13.07.2009 10:29
  • Шоистатарин марди асри мо
    04.05.2009 10:13
  • Шиносномаи миллат
    27.04.2009 09:54
  • Устод Тоҳири Абдуҷаббор: лаҳзаҳое аз як абадият
    13.04.2009 11:13
  • Чаро донишҷӯдухтар худкушӣ кард?
    13.04.2009 11:08
  • Бойгонии мақолаҳо
    Маҷмӯи хидматҳо Аксҳо Тамос Бойгонии мақолаҳо Робита бо мо
    PR-CY.ru Locations of visitors to this page free counters

    © 1997 - 2010 Оҷонсии хабарии «ASIA-Plus» (Душанбе, Тоҷикистон).
    Тамоми ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд. Зимни истифодаи хабару мақолаҳои сомона таъкид ба
    www.asiaplus.tj дар шакли hyperlink ҳатмист.
    Тел./Факс: (+992 37) 221-72-20, 221-78-63
    agency@asiaplus.tj