Духтари калонии Президенти Тоҷикистон, имрӯз 3 январ 40-сола мешавад. Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, роҳбари дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат Раҳмон Озода Эмомалӣ зодрӯзашро танҳо бо аҳли оилааш ҷашн мегирад.

Ёдрас мекунем, ки тибқи меъёри моддаи 8 Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Тоҷикистон», ҷашни зодрӯз бояд танҳо дар доираи оила таҷлил карда шавад.

Бино ба тағйироту иловаҳо ба моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, ки охири моҳи августи соли гузашта қабул шуд, барои риоя накардани талаботи қонуни танзим масъулияти мансабдорон ва шахсони ҳуқуқӣ пурзӯртар карда шуд.

Ҳамин тариқ, ҳаҷми ҷарима барои ин амал нисбати мансабдорон аз 250-270 нишондиҳанда барои ҳисоб, яъне аз 25-26 ҳазор сомонӣ то 700 нишондиҳанда ё худ 35 ҳазор сомонӣ афзуда шуд.

Раҳмон Озода Эмомалӣ 3 январи соли 1978 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ мебошад. Рутбаи дипломатии Сафири Фавқулода ва Мухтор дорад. Забонҳои русӣ ва англисиро медонад. Оиладор, соҳиби 5 фарзанд мебошад.

1/10

Солҳои 1995-2000 дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва солҳои 2004-2006 дар Донишгоҳҳои Ҷорҷтаун ва Мериленди ШМА (бахши забономӯзӣ) таҳсил намудааст.

Солҳои 2005-2007 ҳамчун атташе оид ба фарҳанг ва маорифи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка фаъолият намудааст.

Солҳои 2007-2009 дар вазифаи сардори Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2009-2014 ҳамчун муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2014-2015 ба ҳайси муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2016 Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Моҳи майи соли 2015 аз пойтахт узви Маҷлиси миллӣ интихоб шуд. Ҳамчунин 26 майи соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба духтараш Озода Раҳмон унвони мушовири давлатии адлия дод.