Тоҷикистону Русия дар бораи эътирофи мутақобилаи натиҷаҳои азназаргузаронии гумрукӣ нисбати сабзавоту мева ба мувофиқа расиданд, аммо қарордод на ба ҳама гузарогоҳҳо дахл дорад.

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон дастур дода мешавад, ки протоколи аз ҷониби мақомоти кишварҳо баимзорасида дар бораи эътирофи мутақобилаи натиҷаҳои азназаргузаронии гумрукӣ нисбати навъҳои муайяни маҳсулот тасдиқ шавад.

Тавре аз замима ба протокол бармеояд, зери мафҳуми «навъҳои муайяни маҳсулот» сабзавоту мева дар назар дошта шудааст.

Ба сифати гузаргоҳҳое, ки дар доираи амалисозии протокол истифода мешаванд, нуқтаҳои азназаргузаронии гумрукӣ дар фурудгоҳҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоби Тоҷикистон ва фурудгоҳҳҳои русиягии Домодедово (Маскав), Пулково (Санкт-Петербург) ва Толмачёво (Новосибирск) зикр шудаанд.

Протоколро моҳи октябри соли гузашта сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон Абдуфаттоҳи Ғоиб ва роҳбари Хадамоти федералии гумруки Русия Владимир Булавин ба имзо расонида буданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.