Бонки давлатии рушди Чин ба ширкатҳои воридкунандаи молу маҳсулоти Тоҷикистон қарзҳои имтиёзноки содиротӣ пешниҳод мекунад.

Ҳанӯз аввали ҳамин сол байни Бонки давлатии рушди Чин ва БДА “Амонатбонк” дар ин хусус тавофуқҳо ҳосил шуда буданд. Пешниҳоди қарзҳо пас аз ба имзо расидани санади ниҳоӣ, ки ояндаи наздик сурат мегирад, оғоз мегардад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз “Амонатбонк”.

Бино ба иттилои манбаъ, ин қарзҳо ба ширкатҳои воридкунандаи молу маҳсулот аз Чин, дар навбати аввал таҷҳизоту технология ва техникаи истеҳсоли ин кишвар пешбинӣ шудааст.

Дар “Амонатбонк” қайд карданд, ки муҳлати ин қарзҳо 3-5 сол ва меъёри фоизи солонаи он на бештар аз 12%-ро ташкил хоҳад дод.

Қарзро чӣ гуна метавон дастрас кард?

Тарзи пешниҳоди қарз тариқи зайл аст: ширкатҳои воридкунандаи молу маҳсулоти Тоҷикистон бо дархост ба “Амонатбонк” муроҷиат намуда, дар сурати ҷавобгӯ будани дархост ба ҳамаи талабаот, бонк ба онҳо мактуби кафолатнок медиҳад. Бо ин мактуб ширкатҳо аз истеҳсолкунандагони Чин маҳсулот гирифта, маблағи онро Бонки давлатии рушди Чин пардохт мекунад.

Соҳибкорони тоҷик қарзро бо сомонӣ ба “Амонатбонк” бармегардонанд. Дар навбати худ “Амонатбонк” маблағро ба асъори Чин мубодила карда, ба бонки Чин бармегардонад.

Зимнан зикр гардид, ки зимни гирифтани ин қарзҳо ба ширкатҳои воридкунанда муҳлати имтёзнок дода мешавад, яъне ду соли аввал онҳо танҳо фоизҳоро баргардонида, пардохти қарзи асосӣ аз соли сеюм (агар муҳлати қарз 5 сол бошад) шурӯъ мешавад. Муҳлати имтиёзнок барои соҳибкороне, ки ба муддати се сол қарз мегиранд, 1 солро ташкил медиҳад.

“Мо кӯшиш мекунем, ки миёнаравии долларро дар муносибатҳои мутақобила аз байн бардорем, зеро иштироки асъори амрикоӣ ҳам барои ҳарду бонк ва ҳам барои мизоҷони мо хатарҳои зиёд эҷод карда метавонад”, - изҳор дошт манбаъ.

Дар назар аст, ки Чин барои маблағгузории чунин муомилоти савдо 60 млн. юан (наздики 9 млн. доллар) воситаҳо ҷудо мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.