Ба муносибати 10-умин солгарди таъсисёбии Минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) дар Тоҷикистон рӯзи 11 октябр дар шаҳри Хуҷанд Анҷумани байналмилалии иқтисодии “Суғд-2018” баргузор мешавад.

Чорабинӣ бо ташаббус ва ҳамдастиву ҳамкориҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Маъмурияти МОИ “Суғд” ва шарикони байналмилалии рушд созмон дода мешавад.

“Баргузории Анҷуман ҷиҳати фароҳам овардани замина барои барпо намудани алоқаҳои ҳамкорӣ бо доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузории ватаниву хориҷӣ, инчунин таҳлили дастовардҳои кунунӣ ва ояндаи пешрафти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон мусоидат менамояд”, - хабар медиҳад дафтари матуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, ғайр аз ин, дар муҳтавои масъалаҳои баррасишаванда, масъалаи омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи кишварҳои ҳамсоя дар ин соҳа басо муҳим арзёбӣ карда мешавад.

Дар кори Анҷуман аз иштироки наздик 200 нафар вакилон, аз ҷумла намояндагони минтақаҳои озоди иқтисодии кишварҳои хориҷи наздику дур, субъектҳои МОИ, намояндагони Вазорату идора ва доираҳои илмӣ, созмону ташкилотҳои байнулмилалӣ ва ҷамъиятӣ, бонкҳои тиҷоратӣ, соҳибкорони ватаниву хориҷӣ ва ВАО интизорӣ меравад.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон чор минтақаи озоди иқтисодӣ – “Суғд”, “Данғара”, “Панҷ” ва “Ишкошим” амал мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.