Бонки миллии Тоҷикистон ширкати “Тоҷик Аудит Консалтинг”-ро аз рӯйхати ташкилотҳои аудиторӣ хориҷ намуд. Ин ширкат ба аудит (санҷиш)-и ташкилотҳои қарзии хурд машғул буд.

“Ширкат бинобар пешниҳод кардани хулосаи аудитории носаҳеҳ, риоя накардани қисми талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ ва Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ҳангоми гузаронидани аудити ташкилотҳои қарзӣ аз рӯйхат хориҷ шуд”, - омадааст дар маълумоти дафтари матбуоти Бонки миллӣ.

Гуфта мешавад, ҶДММ “Тоҷик Аудит Консалтинг” аз 3 октябри соли равон аз Рўйхати ташкилотҳои аудиторие, ки дорои ҳуқуқи гузаронидани аудити ташкилотҳои қарзӣ дар Тоҷикистон мебошанд, хориҷ карда шудааст.

Қаблан санаи 14 сентябр Бонки миллӣ иҷозатномаи ду ширкати баргузории аудит (санҷиш)-и ташкилотҳои қарзӣ - ширкатҳои “Аудитории Ш.Адолат” ва “БМҶ Аудит”-ро бозхонд карда буд. Барои ҳамин гуна камбудиҳо соли гузашта ширкати “Грант Торнтон” низ аз Рӯйхати ширкатҳои аудиторӣ хориҷ шуда буд.

Айни замон 10 ширкати аудиторӣ дар рӯйхати БМТ зикр шудаанд, ки ба онҳо барои гузаронидани аудити ташкилотҳои қарзӣ иҷоза дода шудааст: ҶДММ «Tоҷ-Аудит», ЧДММ «Делойт ва Туш», ҶДММ «Консультант аудит», ҶДММ «БДО», ҶДММ «Аудит-Консалтинг», ҶДММ «Бейкер Тилли Тоҷикистон», «Кроу Хорват ЭЙСИҶИ», ҶДММ «РСМ Тоҷикистон», ҶДММ «КРЕСТОН АС» ва Ernst & Young Ford Rhodes Sidat Hyder.

Боз як ширкати дигар – “Шарқ-Аудит” ба баргузор намудани аудити ташкилоҳои қарзии хурд ҳуқуқ дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.