Семоҳаи аввали соли равон дар Тоҷикистон нархҳо ба маҳсулоти хӯрокворӣ – 2,3%, маҳсулоти ғайриозуқаворӣ – 0,1% ва хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ – 1,6% боло рафтанд, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.

Дар ҳамин давраи соли гузашта дар бахши истеъмолии кишвар ба андозаи 0,8% поинравии нархҳо ба қайд гирифта шуда буд.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки аз рӯи натиҷаҳои соли равон таваррумро дар сатҳи на бештар аз 7% нигоҳ дорад. Аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта мизони таваррум дар Тоҷикистон 5,4%-ро ташкил дода буд.

Кадом маҳсулоту хизматрасониҳо дар семоҳаи аввали соли 2019 аз ҳама бештар қимат шуданд?

Маҳсулоти хӯрокворӣ

карам – 32%

бехпиёз – 23%

орди навъи 1-ум – 5%

гӯшти гӯсфанд – 4%

гӯшти гов – 1,6%

Маҳсулоти ғайриозуқаворӣ

курта барои духтарбачаҳо – 18%

ҷӯроби пахтагини бачагона – 12%

туфлии чармини мардона – 6%

шифер – 4%

Хизматрасониҳои пулакӣ

равуо бо нақлиёти ҳавоӣ – 53%

равуо тариқи роҳи оҳан - 4%

хизматрасонӣ дар меҳмонхонаҳо – 1,2%

хизматрасонӣ дар сартарошхонаҳо – 0,4%.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.