Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ аз 27 корхонаҳои истеҳсолии шаҳри Хуҷанд, ки фаъолияташон қатъ шуда буд, 10-тоаш дубора фаъолияти худро барқарор намуданд, хабар дод ба журналистон раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода.

Айни замон ба сурати умум дар шаҳр 162 адад корхонаҳои истеҳсолии хурду миёна фаъолият доранд.

Нимаи аввали сол корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи умумии 589 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50,7 млн. сомонӣ ё худ ба андозаи 9,4% зиёдтар аст, қайд кард раиси шаҳр.

Аз ҷониби 11 корхонаи саноатии шаҳр ба кишварҳои хориҷи дуру наздик ба маблағи 93,3 млн. сомонӣ маҳсулот содирот шудааст. Дар 13 корхонаи навтаъсисёфта 164 ҷойи корӣ ва нимаи аввали сол дар маҷмӯъ беш аз 900 ҷойҳои нави корӣ таъси дода шудааст.

“Мутаассифона, ҳарчанд шумори корхонаҳои аз фаъолият бозмонда то 17 адад кам шуда бошад ҳам, шумори онҳо то ҳол зиёд боқӣ мемонад, - таъкид дошт Маъруф Муҳаммадзода. - Ду корхонаи ба хориҷиён тааллуқдошта фаъолияти худро қатъ намуданд. Се корхона самти фаъолияти худро тағйир доданд. Дигар корхонаҳо ба рақобат тоб наоварда, маҷбур шуданд, ки корашонро қатъ кунанд”.

Ба қавли раиси шаҳри Хуҷанд, се адад аз ин корхонаҳо аз рӯйхати маълумоти оморӣ хориҷ шудаанд, зеро барқарор кардани фаъолияти онҳо ғайриимкон аст.

Қобили зикр аст, ки корхонаи нисбатан бузурги “Лаъл” низ дар шумори корхонаҳои аз фаъолият бозмонда қарор дошта, айни замон корашро дубора барқарор намуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.