Бонки миллии ҷумҳурӣ муроҷиати “Тавҳидбонк” (собиқ “Соҳибкорбонк”)-ро дар мавриди гирифтани иҷозатнома барои амалисозии фаъолияти бонки исломӣ баррасӣ дорад.

ҶСК “Тавҳидбонк” пас аз гузаштан аз бақайдгирии давлатӣ дар Кумитаи андоз моҳи июли соли равон бо ариза, ҳуҷҷатҳои таъсисотӣ ва маълумоти зарурӣ барои гирифтани иҷозатнома ҷиҳати амалисозии фаъолияти бонки исломӣ муроҷиат намуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Бонки миллии Тоҷикистон.

Зикр шуд, ки айни замон мутобиқати бастаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ба банди 1, моддаи 12 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонки исломӣ” мавриди баррасӣ қарор дорад.

Дар назар аст, ки муддати се моҳ аз замони пешниҳоди ариза Бонки миллӣ дар бораи мутобиқат ё номутобиқатии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ба талаботи қонунгузорӣ хулосаи худро медиҳад.

Дар Бонки миллӣ таъкид доштанд, ки бастаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломиро танзим мекунад, пурра таҳия ва қабул шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки расмиёти ба “Тавҳидбонк” табдили ном кардани “Соҳибкорбонк” бар асоси розигии пешакии Бонки миллӣ сурат гирифтааст.

Ёдрас мекунем, ки моҳи июни соли равон бо қарори маҷлиси солонаи саҳмдорони ҶСК “Соҳибкорбонк” ин муассиса ба ҶСК “Тавҳидбонк” табдили ном кард.

Ҳанӯз соли 2017 “Соҳибкорбонк” изҳор дошта буд, ки ният дорад нахустин дар Тоҷикистон бонки исломӣ шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.