Нимаи аввали соли равон ҳукумати Тоҷикистон бо сармоягузорон 5 созишнома ба имзо расонид. Боз 3 созишномаи дигар дар ҳоли баррасӣ қарор доранд.

Маҷмӯан дар доираи созишномаҳои сармоягузории номбаршуда 7 корхонаи нави истеҳсолӣ бунёд ва барои амалигардонии онҳо наздики 200 млн. доллар сармояи ватанию хориҷӣ ҷалб карда мешавад, хабар медиҳад Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, айни замон, Кумита ҷиҳати амалигардонии лоиҳаҳои сармоягузорӣ корбариро идома дода истодааст, ки дар мавриди мувофиқа ва тасдиқ гардидани онҳо боз 100 млн. доллар сармояи хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ дар солҳои минбаъда ҷалб карда хоҳад шуд.

Тибқи маълумоти Кумитаи мазкур, айни замон ба маблағи умумии 31,8 млрд. сомонӣ (3,3 млрд. доллар) 70 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ мавриди амалишавӣ қарор дорад.

Аз нисф зиёди маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои амалишаванда бар асоси қарз, 43% - бар асоси кумаки бебозгашт (грант) татбиқ шуда, ҳиссаи саҳмгузории ҳукумати Тоҷикистон ва дигар сарчашмаҳо 4,3%-ро ташкил медиҳад.

Дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда то 1 июли соли равон 15,9 млрд. сомонӣ (1,6 млрд. доллар) азхуд карда шудааст, ки ин 49,8 фоизи маблағи умумии онҳоро ташкил медиҳад.

Лоиҳаҳои мавриди амал қарордошта аз ҷониби Бонки осиёгии рушд, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки аврупоии таҷдиду рушд, Эксимбонки Чин, Бонки исломии рушд ва дигар сармоягузорон маблағгузорӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.