Дар Анқара рӯзи 5 август ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ба кори худ оғоз намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҳайати ҷониби Тоҷикистонро дар ин ҷаласа раиси Комиссия, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода раҳбарӣ намуд.

Гуфта мешавад, дар рафти ин нишаст ҳайатҳои корӣ масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни ду кишварро баррасӣ карданд.

mfa.tj

Зимнан зикр мегардад, ки Неъматулло Ҳикматуллозода дар чаҳорчӯби ин нишаст аз Парки фанноварӣ ва навоварии шаҳри Анқара дидан намуда, дар бораи имконияти ба роҳ мондани ҳамкориҳои минбаъда дар самтҳои мавриди эҳтимоми тарафайн бо роҳбарияти он парк табодули афкор намуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.