Охири ҳафтаи гузашта шаш автомашинаи боркаш аз маркази маъмурии вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон - шаҳри Тирмиз бо хатсайри Душанбе, Ваҳдат, Кӯлоб, Қалъаи-Хумб, Хоруғ, Қулма (Тоҷикистон) – шаҳри Қошғар (Чин) ба сафар баромалданд, ки борҳои Ӯзбекистонро ба Ҷумҳурии Мардумии Чин мерасонанд.

Қатори автомашинаҳо аз дутогӣ автомашинаҳо аз Ӯзбекистону Тоҷикистону Чин иборат аст, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон.

Бино ба иттилои манбаъ, қатори автомашинаҳои боркаш ба сурати умум 1 ҳазору 422 километр масофаро тай мекунанд.

Агар озмоиш муваффақона анҷом пазирад, ин самти интиқоли бори Ӯзбекистон ба Чин мунтазам ба роҳ монда мешавад, қайд мешавад дар маълумот.

Гуфта мешавад, сафари автомашинаҳо тариқи хатсайрҳои қаламрави Ӯзбекистон - Тоҷикистон - Чин дар доираи фармони президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз 6 апрел “Дар такмили ҷиддии низоми ҳамлу нақли бор ва мусофирон” сурат гирифт.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.