Додситонии ҳарбии вилояти Хатлон зидди сарбози 18-сола Даниил Исломов, ки бо далели боварҳои динӣ аз пӯшидани либоси низомӣ ва ба даст гирифтани силоҳ худдорӣ мекунад, парвандаи ҷиноӣ боз карда, ба додгоҳ фиристодааст.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Исломов пайрави созмони мамнуи динии “Шоҳидони Яҳво” буда, моҳи апрели соли равон аз ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба хидмати ҳарбӣ дар як қисми низомии шаҳри Қурғонтеппа ҷалб шудааст, вале то ҳол аз пушидани либоси низомӣ бо баҳонаи мазҳабӣ худдорӣ мекунад.

Ҳоло додситонӣ зидди ин ҷавон бар пояи банди 376, қисми 1 (саркашӣ аз иҷрои вазифаҳои хидмати ҳарбӣ бо роҳи фиреб)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айб эълом кардааст.

"То ҳол боре либоси низомӣ ба бар накардааст. Мегӯяд, ки ин дар мазҳаби мо нест ва мо набояд либоси низомӣ пӯшем”, - гуфт додраси додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон Алишер Рафиқзода. Ба гуфтаи ӯ, Исломов боздошт нашудааст ва феълан дар қисми ҳарбӣ қарор дорад ва рӯзи мурофиаашро ҳам муайян накардаанд.

Исломов ҳанӯз дар комиссариати ҳарбӣ гуфтааст, ки аз рӯи боварҳои мазҳабиаш наметавонад либоси ҳарбӣ ба бар кунаду силоҳ ба даст бигирад ва бинобар ин ӯро ба хидмати ҳарбии алтернативӣ ҷалб кунанд, то корҳои ғайринизомӣ анҷом диҳад.

Аммо Оксана Исломова, модари Даниил ба хабаргузории мазҳабии “Форум 18” гуфтааст, ки мақомот ин дархости писарашро рад кардаанд.