Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои марҳилаи аввали амалиёти «Кӯкнор-2017» машварат доир гардид.

Сардори Маркази матбуоти Агентӣ Хушнуд Раҳматуллоев ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки ба марҳилаи аввали амалиёт (20 май - 30 август) кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ ва намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии тамоми шаҳру навоҳӣ сафарбар карда шуданд.

Дар машварат қайд шудааст, ки дар ҷараёни марҳилаи аввали амалиёт 410 далели муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ошкор гардида, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 2 тоннаву 542,6 кило маводи нашъаовар ва 4,7 ҳазор дона ҳабҳои синтетикиро мусодира карданд. Ғайр аз ин, 1,3 млн. бех ниҳоли бангдонаи худрӯй низ ошкор ва сӯзонида шудааст.

Ба иттилои манбаъ, бо мақсади пешгирии нашъамандӣ нақшаи тадбирҳои муштарак таҳия гардида, байни аҳолӣ чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ, варзишӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки марҳилаи дуюми амалиёти «Кӯкнор-2017» то охири моҳи ноябр идома меёбад.