Ҳайати намояндагони Вазорати корҳои дохилии Афғонистон таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои дохилии Афғонистон Бахтиёр Абдулхалил аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон расман  боздид намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти АНМН, ба ин гурӯҳ намояндагон аз Шуъбаи назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Департаменти давлатии ИМА (INL) ва Раёсати мубориза бо маводи нашъаовари ИМА (DEA) дар Афғонистон ва Маркази минтақавии иттилоотии ҳамоҳангсозӣ дар Осиёи Марказӣ (ММИҲОМ) низ шомил буданд.

Гуфта мешавад, дар сухани ифтитоҳии худ Директори Агентӣ генерал-лейтенанти адлия Шерхон Салимзода меҳмононро оид ба вазъи вобаста ба маводи нашъаовар, тамоюл ва пешгӯии инкишофи он, роҳҳои асосии интиқоли маводи нашъаовар, бо тамоюли ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар, инчунин бо сохтори Агентӣ, оиди ҳамкории муштарак бо Вазорати корҳои дохилии Афғонистон шинос намуд.

Шерхон Салимзода иттилоъ дод, ки дар чорчӯбаи робитаҳои байналмилалӣ ҳамкории судманд бо сохторҳои қудратии Афғонистон, дар доираи созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба роҳ монда шуда, инчунин дар ҳамкорӣ бо ҳампешагони афғон танҳо дар ду соли охир 27 амалиёти муштарак гузаронида шуд, ки дар натиҷа аз муомилоти ғайриқонунӣ миқдори зиёди маводи нашъаовар мусодира гардид.

Роҳбари ҳайати Афғонистон зикр кард, ки  дар давоми чанд соли охир ҳамкории мутақобила дар мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ба роҳ монда шуда, дар ин самт дар Афғонистон амалиётҳо нисбати мусодира намудани маводи нашъаовар ва корҳои пешгирикунанда давом доранд.

Инчунин роҳбари гурӯҳи ИМА Патрик Танимура изҳори боварӣ намуд, ки дар оянда низ чунин ҳамкориҳо рушд меёбанд, чунки вазъи мавҷуда дар минтақа тақозо менамояд, ки тарафҳо дар якҷоягӣ ба зидди ин вабои аср мубориза баранд.

Зимнан зикр мегардад, ки меҳмонон инчунин дар маросими сӯзонидани маводи нашъаовар дар бухории махсуси Агентӣ иштирок карданд.