Маводи парвандаи ҷиноӣ нисбати як сокини ноҳияи Панҷ, ки ба суд бо табар дарафтода буд, ба наздикӣ ба ихтиёри суд дода мешаванд.

Мувофиқи маводи парванда, гумонбаршуда аз қарори суд нисбати даъвои ҳамсараш норозӣ шуда, тасмим мегирад, ки барои ин судяро ҷазо медиҳад.

Тавре ба «Азия-Плюс» сардори шуъбаи тафтишоти парвандаҳои махсусан муҳими прокуратураи вилояти Хатлон Файз Султониён хабар дод, сокини 38-солаи ноҳияи Панҷ Диловар Олимов дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 32-104, қ. 2, банди «б» (қасди куштор) гумонбар дониста шуда, маводи парванда ба наздикӣ ба суд фиристода мешавад.

Ин воқеа нимаи дуюми рӯзи 31 август рух дод. Диловар Олимов бо табар ба раиси суди ноҳияи Панҷ Давлатманд Раҳимзода дар кабинеташ дарафтода, судя бо ҷароҳатҳо дар бемористон бистарӣ шуд.

Ҳамин рӯз Раҳимзода даъвои собиқ ҳамсари гумонбаршуда Ҷамила Нуралиеваро қонеъ намуда, барои ду фарзанд ба ӯ пардохти 260 сомонӣ алимент мукаррар кард. Олимов аз ин қарори суд норозӣ шуда, ба ҷои кораш, ошхонаи «Файз» меравад ва машрубот нӯшида, бо табар ба бинои суд бармегардад.

Раҳимзода гуфтааст, чӣ тавр ба наздаш даромадани Олимовро пай набурдаааст. Олимов ба судя наздик шуда, бо табар ба сараш зарба мезанад. Судя худро ҳимоя карда, зарбаҳои дигар ба дастонаш бармехӯранд.

Қаблан зимни мусоҳиба ба газетаи «Фараж» Раҳимзода зикр карда буд, ки Олимов аз аввал рафтори беадабона дошта, вақти мурофиа ҷанҷолу муноқиша ва ба занаш таҳдид мекард.

Айни замон ҷабрдида дар бемористон қарор дошта, гумонбаршуда ба наздикӣ назди суд ҷавоб мегӯяд.