Мақомоти пулиси Русия як шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистонро ба гумони даст доштан дар дуздӣ аз масҷиди ҷомеаи шаҳри Маскав боздошт намуданд.

Гуфта мешавад, ин шаҳрванд дар Маскав ҷои доимии зист надоштааст. Нисбати гумонбаршуда мутобиқи моддаи дуздӣ парванда оғоз шудааст.

Хабаргузории «Москва» бо истинод ба як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин робита менависад, як намояндаи корхонаи хусусии посбонӣ дар ин хусус ба мақомоти пулис муроҷиат кардааст.

Тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, соати 3:50 дақиқа ин марди дар бинои масҷид ҳузурдошта ба дуздии 9550 рубл даст задааст. Сипас ӯро посбонон боздошт мекунанд. Маълум мешавад, ки ин шахс манзили зист надошта, зодаи Тоҷикистон аст.