Прокуратураи шаҳри Душанбе нисбати Диловар Гулови 26-сола, писари собиқ вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ парвандаи ҷиноӣ боз намуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти прокуратураи Тоҷикистон хабар дод, парванда мутобиқи моддаи 237, қисми 3-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (Авбошӣ бо истифодаи яроқ ё предмети ба сифати яроқ истифодашаванда) оғоз гардидааст.
«Ӯ ва чор нафар дӯстонаш, ки шоми рӯзи 8 июл дар лату кӯби афсари милитсияи 33-сола, корманди Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД Тоҷикистон Дилшод Нарзуллозода даст доштанд, ба ҳабс гирифта шуданд», - иттилоъ дод манбаъ.
Қобили зикр аст, ки барои содир намудани ҷиноят бо аломатҳои моддаи дар боло зикршуда таъини ҷазои аз 5 то 7 соли зиндон пешбинӣ мешавад.
Муноқиша миёни афсари милитсия ва Диловар Гулов шоми рӯзи 8 июл дар яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Душанбе ба вуқӯъ пайваст. Афсари милитсия мошинро боздошта, ба Гулов эрод мегирад, ки ӯ барои ҳаракати ронандагони дигар монеъа эҷод карда истодааст ва барои ин эродаш лату кӯб мешавад.
Пас аз муноқиша Гулов пинҳон шуда, мавриди ҷустуҷӯ эълон шуд, лекин рӯзи дигар худаш барои додани баёнот ба милитсия омад. Баъди бозпурсӣ таҳти баёноти тарк накардани манзил ӯ ҷавоб дода шуд.
Корманди милитсияи латукӯбшуда бо ҷароҳатҳои сатҳи миёна ба Маркази миллии тиббӣ оварда шуда, айни замон дар он ҷо муолиҷа мегирад. Бинии афсари милитсия шикаста, косахонаи сар ва манаҳаш ҷароҳат гирифтааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Саттор Турсун: “Миллате, ки китобхон нест, ояндаи он норӯшан аст”
Нашрияи ӯзбекзабони “Халқ овози” 90-сола шуд
Ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун имсол аз буҷет 222 млн. доллар ҷудо мешавад
Дар роҳи Душанбе-Хуҷанд 19 нафар ронандагонро ба макони бехавф интиқол доданд
Имсол ба шахсони воқеӣ истихроҷи тилло иҷоза мешавад
Сокини Истаравшан келини худро бо табар кушт
Саҳмдорони “Сангтӯда”-ро лозим меояд, ки каме сабр кунанд
Имсол дар Душанбе Наврӯз аввалин маротиба бо карнавали идона таҷлил мегардад
Рустами Эмомалӣ супориш дод, то мактаббачагонро барои боздид ба қисмҳои ҳарбӣ баранд
Ҳукми 30 соли зиндон ба сокини Хатлон барои омодагӣ ба таркиш дар пойгоҳи низомии Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста