Дар суханронӣ бахшида ба ҷашни 21-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Конибодом Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ душманони миллати тоҷик бо дасти хоинону зархаридорони худ нақшаи ба сари мардуми мо таҳмил кардани фарҳангу мазҳаби бегона ва дар Тоҷикистон бунёд кардани давлати исломиро доштанд.

«Ҷанги даҳшатноки таҳмилӣ, ки қариб панҷ сол идома ёфт, боиси ба ҳалокат расидани беш аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони мо, гуреза шудани зиёда аз як миллион нафар ҳамватанонамон ва харобу валангор шудани даҳҳо ҳазор манзили зист, мактабу беморхона ва дигар муассисаҳои иҷтимоиву иншооти ҳаётан муҳим гардид», - таъкид дошт Сарвари давлат.

Президент қайд кард, ки дар натиҷаи гуфтушунидҳои тӯлонӣ бо Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин (ИНМ), ки дар гӯшаву канори гуногуни олам зиёда аз чил моҳ идома ёфтанд, чил санади барои миллат муҳим ба имзо расида, ниҳоят, баъд аз мухолифати мусаллаҳонаи зиёда аз панҷсола Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

1/15

«Ҳукумати Тоҷикистон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро рӯзи 27-уми июни соли 1997 бо Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик имзо кард, - ёдрас кард. Сарвари давлат. - Мо ҳеҷ вақт бо ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ягон ҳуҷҷат имзо накардаем. Ин нуктаи муҳимро тамоми мардуми тоҷик бояд донанд».

Президенти мамлакат аз мардуми кишвар даъват ба амал овард, ки «барои ноил шудан ба рӯзгори босаодати мардум ва иҷрои нақшаҳои муҳимми пешрафти кишвари маҳбубамон ҳамаи мо, яъне хурду бузурги Тоҷикистон вазифадорем, ки дастовардҳои бузурги таърихиамон - истиқлолияту озодӣ ва ваҳдати миллиро гиромӣ дорем, онҳоро ҳифз намоем, ояндабину дурандеш бошем ва Ватани муқаддасамонро ба мисли модари азизи худ дӯст дорем».