- Баъди кӯшиши табаддулоти давлатии ду сол пеш Туркия то ҳол ба худ наомада, Тоҷикистон хеле зудтар оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва кӯшиши табадддулоти моҳи сентябри соли 2015 дар Душанберо паси сар намуд, - гуфт имрӯз зимни вохӯрӣ бо журналистон сафири Туркия дар Тоҷикистон Алӣ Рафъат Куксал.

«Ояндаи Тоҷикистонро дурахшон мебинам ва ба шумо итминон медиҳам, ки ҳеҷ яке аз ҷиняткоре, ки аз ҷониби Тоҷикистон мавриди ҷустуҷӯ эълон шудааст, дар Туркия паноҳгоҳ намеёбад», - изҳор дошт сафир ва илова намуд, ки имрӯз ҳамкории Душанбеи расмӣ бо Анқара дар бисёр бахшҳо, бахусус дар масоили таъмини амният хеле хуб аст.

Дипломати турк қайд кард, ки 15 июли соли 2016 аз ҷониби як гурӯҳи аъзои ФЕТО (Созмони террористии Фатҳуллоҳ Гюлен) кӯшиш ба харҷ дода шуд, ки табаддулоти давлатӣ ба амал барварда шавад, лекин ба ҳукумат бо дастгирии мардум муяссар шуд, ки ин амали нагинро пешгирӣ намояд.

«Табаддулоти давлатии 15 июли соли 2016 амали террористии бузургтарин дар таърихи Туркия аст. Дар ҷараёни кӯшиши табаддулот 249 нафар шаҳрвандон ҳалок ва 2 ҳазор нафар захмӣ шуданд», - қайд кард сафир.

Дар идома сафир таъкид дошт, ки Туркия минбаъд низ доимо бо созмонҳои террористиву ифротгаро мубориза бурда, ҳамеша ба давлати ҳуқуқӣ ва демократия арҷ хоҳад гузошт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.