Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Муҳаммад Абдураҳмон ал-Абдуллоро қабул намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, баъд аз супоридани нусхаи эътимоднома мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири навтаъйини Давлати Қатар баргузор гашт, ки дар он масъалаҳои дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои нақлиёт, тиҷорату иқтисод ва гуманитарӣ муҳокима шуданд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин, оид ба ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.

Ёдрас мекунем, ки рисолати аввалин сафири Давлати Қатар дар Тоҷикистон Алӣ Муборак ал-Муҳаннадӣ охири моҳи июни соли ҷорӣ ба итмом расид. Ӯ моҳи сентябри соли 2013 ба ин вазифа таъин гардида буд.