Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аз мансаб барканор шудани се судя фармон ба имзо расонид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Соқизода Раҳмон аз вазифаи раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Раҳмонзода Мошариф аз вазифаи муовини якуми раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан ва Мирмахсумиён Исмоил Муродбек бинобар риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо аз вазифаи раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ озод карда шуданд.

Қобили зикр аст, ки раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён зимни вохӯрӣ бо журналистон изҳор намуд, ки аз оғози сол барои роҳ додан ба кирдори пастзанандаи шаъну эътибори судя, судяи Суди ноҳияи Панҷ Тоҷиддин Қурбониён аз вазифааш озод карда шуд. “Ӯ 1000 сомонӣ пора гирифта, ба қонуншиканӣ даст зад. Судя боздошт ва тафтишот аз рӯи ин далел идома дорад”, - гуфт Шоҳиён.

Ҳамчунин бо фармони Сарвари давлат Ҷалолов Мирзошариф, ки сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон аст, ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Бангладеш таъин карда шуд.