Бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон иваз шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти Кумитаи мазкур дар ин робита хабар доданд, минбаъд ин сохтори давлатӣ Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Тоҷикистон ном бурда мешавад.

Ҳамчунин номи зерсохторҳои Кумита — "Шӯъбаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ" ба "Шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим" ва "бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ" ба "бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим" иваз карда мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.