Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо пешниҳоди тағйири вақти оғози дарсҳо дар мактабҳои олӣ ва муассисаҳои касбӣ-техникии пойтахт ба ҳукумати ҷумҳурӣ муроҷиат карданист. Ин дафъа оғози дарсҳо соати 9-и субҳ пешниҳод мешавад.

Дар мақомоти шаҳрдории пойтахт ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ доданд, ки айни замон доир ба ин масъала ба унвони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон нома таҳия мешавад.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи августи соли равон Вазорати маориф вақти оғози дарсҳоро аз соати 7:30-и субҳ ба соати 8:00 тағйир дод.

Оғози дарсҳо соати 7:30-и субҳ дар замони сари мансаб будани собиқ раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев муқаррар шуда,сабаби онро субҳгоҳон аз сарбории хеле зиёд озод кардани нақлиёти ҷамъиятии шаҳр унвон карда буданд.

Ба иттилои манбаъ дар мақомоти шаҳрдорӣ, баъди ба соати 8:00 тағйир додани вақти оғози дарсҳо, мардум дубора ба мушкилот дар истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ дучор шуданд, зеро коргарону донишҷӯён дар як вақт ба кору дарс мераванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.