Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи иттилоъи Агентии обуҳавосанҷии ҷумҳурӣ, аз 28 то 29-уми декабри соли равон роҳҳои кӯҳии мамлакатро хатари лағзиши тарма таҳдид мекунад.

«Ҳавои номусоиди ду рӯзи оянда хатар дар роҳҳои куҳиро бештар мекунад, имкони лағзиши тарма, яхбандӣ вуҷуд дошта, дар баъзе манотиқи куҳӣ тумани ғафс роҳҳоро печонад», - қайд мешавад дар маълумоти Кумита.

Гуфта мешавад, дар ин рӯзҳо ронандагон бояд беш аз ҳар вақти дигар эҳтиёткор буда, аз рафтуомадҳои бе зарурат дар роҳҳои куҳӣ худдорӣ намоянд.

Зимнан зикр мегардад, ки омадани тарма ҳаракати ҷаҳонгардон дар роҳҳои куҳӣ ва лижаронии варзишгарон дар ин роҳҳоро ба мушкили бештар рӯ ба рӯ хоҳад кард.

Кумита аз аз сайёҳон ва сокинони кишвар дархост намудааст, ки дар ин рӯзҳо ҳарчи бештар бодиққату эҳтиёткор бошанд.

Дар ҳамин ҳол, дар вилояти Суғд корҳои бартараф сохтани оқибатҳои шамоли пуршиддати шаби 26 ба 27 декабр идома дорад, ки бар асари он зеристгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли барқ, симчӯбҳо осеб дида, дарахтҳо чаппа ва боми чанде аз бинову хонаҳо барканда шуданд ва муддатҳои аввали ин офат аҳолӣ бебарқ низ монда буд. Арчаи солинавӣ дар Хуҷанд низ ба шамолу тунду тез тоб оварда натавонист.

1/12

Айни замон дар Хуҷанд ситоди кории рафъи оқибатҳои офати табиӣ амал карда, хадамоти коммуналӣ ва дигар сохторҳои марбутаи шаҳр шабонарӯзӣ баҳри анҷоми ин корҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд.