Навори видеои иҷрои суруди “Смуглянка” аз ҷониби тарбиятгирандагони кӯдакистони №6 “Гулшан”-и ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд миллионҳо нафар тамошобинонро дар шабака ҷалб намуд. Навор рӯзи 2 май дар шабакаи ютуби ТВ “Ғӯлакандоз” гузошта шуд.

Иҷрои суруд аз ҷониби шабакаи телевизиони маҳаллии “Ғӯлакандоз” ба ифтихори ҷашни Рӯзи Ғалаба ва ёдбуди хор (дастаи сарояндагон)-и ба номи Александров наворбардорӣ шудааст.

Навори видео аллакай дар ҳамаи шабакаҳои иҷтимоӣ гузошта шуда, танҳо дар “Одноклассники” онро наздики 4,5 млн. нафар тамошо кардаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.