Имрӯз дар хатсайри №25-и нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе аз маҳаллаи “Зарафшон” то бозори “Меҳргон” автобусҳои нави тамғаи AKIA ба ҳараакат медароянд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар дод, ҳафт автобуси нав ба ҳалли мушкилоти мусофиркашонӣ дар ин хатсайр мусоидат мекунанд.

“Оғози равуои автобусҳо дар ин хатсайр маънои онро надорад, ки ҳаракати микроавтбусҳои “Мерседес” дар ин самт қатъ мешавад”, -қайд кард манбаъ.

Бино ба маълумоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, имрӯз дар роҳҳои пойтахт беш аз 2900 адад воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ба мусофирон хизматгузорӣ мекунанд, ки ҳудуди 80%-и онҳо хусусианд.

Дар тавозуни корхонаҳои коммуналии шаҳр 560 адад воситаҳои нақлиёти хизматгузор ба кашонидани муософирон қарор доранд.

“Автобусҳои ISUZU ва AKIA ба тавозуни мақомоти шаҳрдорӣ гузашта, корхонаҳои коммуналии пойтахт сатҳи хизматгузорӣ ба мусофирони шаҳрро беҳтару хубтар хоҳанд кард”, - итминон доданд ба “Азия-Плюс” дар дастгоҳи раиси пойтахт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.